Бо фарорасии фасли тобистон, таътили мактаббачагон оғоз меёбад. Падару модаронро лозим меояд, ки барои фарзандон дар ин давра реҷаи мусоиди фароғату истироҳат тартиб дода, дар баробари ин ба болоравии донишу маърифати онҳо таваҷҷуҳ намоянд.
Алалхусус, хуб мешуд, барои ба маҳфилҳои забономӯзӣ (русӣ, англисӣ, немисӣ…) рафтани онҳо шароит фароҳам оранд, зеро агар кас раванди омӯзиши забони хориҷиро 2-3 моҳ қатъ намояд, бисёр калимаю ибораҳои омӯхтааш фаромӯш мешавад.
Барои кӯдакону наврасоне, ки дар деҳот зиндагӣ мекунанду маҳфилҳои забономӯзӣ вуҷуд надорад, мутолиаи китобҳои бадеӣ муфид аст. Омӯхтани илму маърифат бояд шуғли асосию якумдараҷаи насли наврас бошад.
Дар ин хусус Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ чӣ хуб фармудааст:
Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм,
Қуфлкушои ҳама дарҳост илм.
Дар талаби илм камар чуст кун,
Даст зи ашғоли дигар суст кун!
Ҳар як падару модар мехоҳад фарзандаш ҳунарманду доно ва оқилу боадаб ба воя расад.
Дар ин бобат волидайн масъулиятҳои зиёде бар дӯш доранд. Чунончӣ, дар моддаи 16-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» таъкид шудааст, ки падару модар уҳдадоранд кӯдакро дар руҳияи эҳтиром ба Ватан волоияти қонун, арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, эҳтиром ба шахсияти худ ва атрофиён, оила, урфу одат, анъанаҳо, фарҳанги миллӣ ва халқҳои дигар, инчунин, бартарии манфиатҳои миллӣ тарбия намоянд, оид ба рушди маърифати ахлоқӣ, эстетикӣ, санитарӣ ва экологии кӯдак чораандешӣ карда, асосҳои гигиенаи шахсӣ, фарҳанги шаҳрнишинӣ ва муоширатро ба ӯ омӯзанд.
Дар руҳияи хайрхоҳӣ ва дилсӯзӣ тарбия намудани насли наврас вазифаи муқаддаси на танҳо омӯзгорону волидайн, балки тамоми аҳли ҷомеа аст. Барои дар ин роҳ тарбия кардани кӯдакон бояд калонсолон намунаи ибрат бошанд. Масалан, дар нақлиёт ба ашхоси аз худ калон ҷой додан, ба касе барои некиаш арзи сипос намудан, бори вазнини шахсони калонсолу имконияташон маҳдудро то масофаи муайян бурдан намунаи беҳтарини фарҳанги баланд аст. Дар ин хусус Носири Хусрави Қубодиёнӣ мефармояд:
Чу марҳам хастаро роҳатрасон бош,
Ба сахтӣ чораи бечорагон бош.
Бояд ба кӯдакон фаҳмонем, ки муомилаи хуб бо атрофиён, некӣ кардан, аз рафтори ношоям дур будан баландтарин дараҷаи инсонист. Ҳеҷ кас аз кори нек пушаймон намешавад, балки қадру обрӯи инсон аз некӣ кардан меафзояд. Чунончӣ, Асадии Тӯсӣ фармудааст:
Пушаймон нагардад кас аз кори нек,
Накӯтар зи некӣ чӣ чиз аст нек?
Имрӯз бисёриҳо аз қабеҳгуфтории наврасону ҷавонон шикоят мекунанд. Дар ин бобат айби падару модарон низ ҳаст, ки на танҳо ба фарзандон одоби муоширатро ёд намедиҳанд, балки худ фаҳшгуфторӣ мекунанд. Камолиддин Биноӣ дар ин хусус маслиҳат медиҳад, ки шахси оқил пеш аз гуфтор бояд андеша кунад, ки чӣ мегӯяд ва суханаш чӣ оқибат меорад:
Суханеро, ки дар мақол орӣ,
Аввал он беҳ, ки дар хаёл орӣ.
Пасу пеши сухан назора кунӣ,
Гар киноят бувад, канора кунӣ.
Низомии Ганҷавӣ низ дар ин маънӣ фармудааст:
Сухандон ба андеша ронад калом,
Ки бе фикр бошад сухан нотамом.
Бисёр вақт шоҳид шудаем, ки аз як сухани бад ва бемавқеъ ҷангу ҷидол сар зада, боиси дилсиёҳиҳо мегардад. Бинобар ин, ба кӯдакон тарзи дурусти сухан кардан, бе кинояву фаҳшгӯӣ баён кардани фикрро таълим диҳем. Ҳаким Носири Хусрав ин нуктаро чӣ хуб таъкид намудааст:
Хоҳӣ, ки наёрӣ ба сӯи хеш зиёнро
Аз гуфтаи нохуб нигаҳ дор забонро.
Адабиётшиноси маъруфи тоҷик, академик Муҳаммадҷон Шакурӣ дар хусуси нақши панду ҳикмат дар тарбияи насли наврас чунин навиштааст: «Меҳри махсуси панду ҳикмат дар дили мардуми мо дар давоми ҷустуҷӯи ҳақиқат, ҷустуҷӯи моҳияти ҳаёт ва оламу одам пайдо шуда буд. Мардум натиҷаи ҳамин ҷустуҷӯҳои маънавиро ба шакли панду ҳикмат ба наслҳои оянда талқин мекарданд».
Аз ин рӯ, бо мақсади самаранок гузаронидани таътили тобистона хуб мешуд, ки волидайн ба фарзандонашон китобҳои классикон, махсусан «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, «Насиҳатнома»-и Унсурулмаолӣ Кайковус, «Калила ва Димна», «Гулистон» ва «Бӯстон»-и Саъдии Шерозӣ, «Баҳористон»-и Ҷомӣ, «Хористон»-и Маҷди Хофӣ, «Ёддоштҳо»-и Садриддин Айнӣ ва ғайраҳоро, ки пур аз панду ҳикматанд, дастрас намоянд. Мутолиаи ин китобҳо дар зеҳну шуури насли наврас некӣ кардан, хушгуфторӣ, эҳтиром ба падару модару устодон, аз худ номи нек гузоштанро ҷой медиҳад. Муҳим ин ки дониши онҳо зиёд мешавад. Фарзанде, ки бо илму дониш мешавад, боиси ифтихор ва сарбаландии падару модар хоҳад гашт. Ба қавли Фирдавсӣ:
Касе кӯ ба дониш тавонгар бувад,
Зи гуфтору кирдор беҳтар бувад.
Лайло ҒУЛОМШОЕВА,
омӯзгори МТМУ №4-и ноҳияи Дӯстӣ