Пайравӣ ба ҳидоятҳои Пешво

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии кишвар пайваста таъкид менамоянд, “… барои расидан ба ҳадафҳои неки созандаву бунёдкорона аз устодону омӯзгорон ва дар маҷмуъ, аз тамоми кормандони соҳаҳои илму маориф тақозо мешавад, ки пеш аз ҳама, бо донишҳои муосири илмиву техникӣ мусаллаҳ бошанд ва шогирдону таълимгирандагонро ба омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар сафарбар карда, ин қишри фаъоли ҷомеаро дар руҳияи баланди худшиносӣ ва худогоҳӣ тарбия намоянд”.

Маҳз ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумат роҳбарону масъулони соҳаи маорифи кишварро водор менамояд, то сатҳу сифати таълимро баланд бардошта, ҷиҳати боло рафтани савияи донишу маърифатнокии хонандагон тадбирҳои иловагии судмандро роҳандозӣ намоянд ва ҳамзамон бо ин, ба тарбияи насли наврас диққати бештар дода, баҳри амалӣ гардидани Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зарурӣ андешанд.

Тарбияи насли хештаншинос

Кормандони Шуъбаи маорифи ноҳияи Ёвон дар пайравӣ аз сиёсати созандаву дурбинонаи Ҳукумати мамлакат, бахусус, аз ҳидояту иқдомҳои наҷибонаву ғамхориҳои ҳамешагии Пешвои миллат талош бар он меварзад, то дар омода кардани кадрҳои лаёқатманду соҳибмаърифат, ватандӯсту ватанпарвар, худогоҳу хештаншинос ва содиқ ба Ватан ва миллат боз ҳам бештар саҳмгузор бошад.

Тавре зимни суҳбат бо хабарнигори Маркази тадқиқоти ҷурналистии Тоҷикистон мудири Шуъбаи маорифи ноҳияи Ёвон Шарифхонзода Исломиддин Шарифхон иброз дошт: “Бешак, қабули як қатор барномаву консепсияҳои муҳими давлатӣ барои татбиқи ислоҳоти соҳаҳои илму маориф ва дар ин замина беҳтар намудани шароити кори омӯзгорон ба сатҳу сифати таълиму тарбия дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот такони ҷиддӣ бахшид. Маҳз чунин ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумат ва билхосса, Пешвои муаззами миллат мо – аҳли маорифро водор месозанд, ки дар тарғиб ва ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, таблиғу ташвиқи арзишҳои маънавӣ ва ба ин восита дар замири насли наврас таҳким бахшидани ҳисси миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва омода будан ба ҳифзи манфиатҳои Тоҷикистони азизамон саҳми арзанда дошта бошем. Аз ин лиҳоз, тарбияи хонандагони ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир ва мутобиқ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ аз ҳадафҳои муҳиме ба шумор мераванд, ки бояд ба таври доимӣ дар маркази таваҷҷуҳи омӯзгорон қарор гиранд”.

Хишти аввали таълиму тарбия

Исломиддин Шарифхонзода дар идомаи суҳбат афзуд, ки Шуъбаи маорифи ноҳияи Ёвон фаъолияти худро баҳри иҷрои талаботҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳо ва дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармонҳо, дастурҳои ҳидоятии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бахусус, Паёми барномавии ҳамасолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишу мактубҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амру қарорҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон равона намуда, корҳои назаррасро ба сомон расонид.

Ба қавли И. Шарифхонзода:

– Шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон дар нуҳ моҳи соли 2022 фаъолияти худро ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни суханрониашон бахшида ба Рӯзи дониш дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино 1-уми сентябри соли 2022 баён доштанд, инчунин, иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Сарвари давлат, ки дар ҷаласаи васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон 24 феврали соли 2022 иброз дошта буданд, равона намуда, нишондодҳои назаррасро дар самти амалӣ намудани сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат ноил гардид.

Мушкилотро Ситод зери назорат мегирад

Дар идома Исломиддин Шарифхонзода афзуд: “Ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва масъалаҳои нигароникунандаи ҷойдошта, ки Пешвои миллат қайд намуданд дар шуъбаи маориф бо фармоиши мудири шуъбаи маориф аз 4 марти соли 2022, № 26 Ситоди доимоамалкунанда ва аз 9 июни соли 2022, № 62 нақшаи чорабинии шуъбаи маориф ва ҷадвали баргузории ҷамъомаду вохӯриҳо дар муассисаҳои таълимию томактабӣ таҳия карда шуд. Дар ин замина аъзои ситод дар муассисаҳои таълимӣ ва муассисаҳои томактабӣ вохӯриҳо бо омӯзгорон, хонандагон, мураббиён ва дигар кормандони соҳа ва падару модаронро гузаронида, ба масъала ва мушкилоти ҷойдошта диққати ҷиддӣ дода, тибқи мактуби Раёсати маорифи вилояти Хатлон аз 25 феврали соли 2022, №142 ситоди ноҳиявӣ ба таври доимӣ ба ситоди доимамалкунандаи вилоятӣ ҳар ҳафта рӯзи ҷумъа гузориш пешниҳод менамояд”.

Тавре мавсуф дар ҷараёни суҳбат иброз намуд, дар баробари ситоди доимоамалкунанда дар назди шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон Ситод оид ба ҳозиршавии мутахассисони ҷавон ба муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва Ситод оид ба пардохти маблағи иҷораи китобҳои дарсӣ ва маводи таълимӣ амал менамояд, ки натиҷаи фаъолияти онҳо ҳар рӯз тариқи онлайн аз тарафи муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат карда мешавад.

Рӯзи дониш бо раиси ноҳия

– Қобили тазаккур аст, ки рӯзи 1 сентябри соли 2022 дар 85 муассисаи таълимии ноҳия бо иштироки омӯзгорону хонандагон оғози соли таҳсил, тамошои дастаҷамъонаи пахши мустақими телевизионӣ аз ҷараёни баргузории Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ, ки бо иштироки Пешвои миллат дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино баргузор гардид, ташкил карда шуд. Ҳамзамон, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 80  соли нави таҳсил – Рӯзи дониш бо иштироки раиси ноҳия Саидзода Ҷамшед Ҳамро, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Зоирзода Умед, муовинони раиси ноҳия, мудирони шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия гузаронида шуд, ки онҳо дар баромадҳояшон хонандагону омӯзгоронро ба соли нави таҳсил табрику муборакбод намуда, барояшон дар раванди таълиму тарбия ва азхудкунии донишҳои замонавӣ комёбиҳо хостанд, – бо итминон ва қаноатмандӣ гуфт И. Шарифхонзода.

Дар талоши ҳалли мушкилоти синфхонаҳо

Ногуфта намонад, азбаски ба 1 сентябри соли 2022 шумораи хонандагон аз 62515 нафар ба 65180 нафар расида, нисбати соли таҳсили гузашта 2665 нафар толибилм зиёд гардидааст, дар ноҳия ба сохтмони бино ва синфхонаҳои иловагӣ аҳмияти ҷиддӣ дода шуда, бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, маблағҳои падару модарон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 47, деҳаи Ҳамза, ҷамоати деҳоти Ҳаёти нав 6 синфхонаи иловагӣ барои 150 нафар хонанда дар як баст, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 7, деҳаи Озодӣ ҷамоати деҳоти ба номи Ҳ. Ҳусейнов 3 синфхонаи иловагӣ барои 75 нафар хонанда, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12, деҳаи Чормағзак ҷамоати деҳоти ба номи Ҳ. Ҳусейнов 4 синфхонаи иловагӣ барои 100 нафар хонанда ва дар деҳаи Гулистон – 3 ҷамоати деҳоти Даҳана бинои муассисаи таълимии рақами 82 ба истифода дода шуд. Ҳамзамон, дар назди 12 муассисаи таълимӣ сохтмони 76 синфхонаи иловагӣ бо маром идома дорад, ки дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35 – солагии Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  зина ба зина  ба истифода дода мешаванд.

Дар пайи таъмини мизу курсӣ ва асбоби хониш

Тайи 9 моҳи соли ҷорӣ бобати таъмини хонандагони муассисаҳои таълимӣ бо миз ва курсии талабагӣ корҳои назаррас ба анҷом дода шуда, ба ҳолати 1 сентябри соли 2022 дар доираи омодагиҳо ба соли нави таҳсили 2022- 2023 аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 210 миз, 420 курсӣ, 20 тахтаи синфӣ,  20 ҷевони китобмонӣ, 20 ҷевони либос, 20 ҷуфт мизу курсии омӯзгорон дастрас гардид. Ҳамзамон, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 1, 45, 56, 54, 17, 7, 8, 32, 69, 65 ба миқдори умумии 252 миз ва 504 курсӣ, 15 адад тахтаи синфӣ, 15 ҷевони китобмонӣ, 9 ҷевон барои либос, 5 мизу 10 курсӣ барои омӯзгорон бо маблағгузорӣ аз буҷаи маҳаллӣ харидорӣ шуд, ки  дар умум хонандагонро бо ҷойи нишаст пурра таъмин менамояд.

Дар маҷмуъ, дар доираи омодагиҳо ба соли нави таҳсили 2022- 2023 дар 1352 синфхонаи таълимӣ таъмири асосӣ ва ҷорӣ гузаронида шуда, бо ин мақсад аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ 1 765 849 сомонӣ, аз ҳисоби падару модарон 372 400 сомонӣ, аз ҳисоби сарпарастон 31 100 сомонӣ, ҷамъ 2 169 349  сомонӣ масраф гардид.

Сатҳи таъмини таълимгоҳҳо бо мутахассисон

Ҷиҳати таъмини муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорон, оиди ин масъала ситоди шуъбаи маориф дар моҳи майи соли 2022 вохӯрии кормандони масъули шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон, директорони муассисаҳои таълимӣ бо хатмкунандагони 15 донишгоҳ, донишкада ва коллеҷҳои равияи омӯзгорӣ доштаи шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Панҷакент, Кӯлоб, ноҳияҳои Данғара, Рӯдакӣ ва Раштро ташкил намуда гузаронид, ки асосан муҳтавояш ҷалб ва даъвати  ҷавонон барои кор дар муассисаҳои таълимии ноҳияро фаро мегирифт.

Бояд тазаккур дод, ки бобати ҳозиршавии мутахассисони ҷавон тибқи роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022 ҳамагӣ 57 нафар номнавис шуда, 47 нафар ба ноҳия омада, дар муассисаҳои таълимӣ бо ҷойи кор таъмин гардиданд. Ҳамзамон, тибқи квотаи президентӣ 9 нафар ва берун аз роҳхат 4 нафар ба кор қабул карда шуда, тадбирандешиҳо дар мавриди қабули омӯзгорон аз ҳисоби собиқ омӯзгорони дар муҳоҷирати меҳнатибуда ва омӯзгорони нафақахӯр, ки имкониятҳои дарс доданро доранд, идома дорад.

Муассисаҳои таълимӣ ба зимистон омодаанд

Дар мавриди вусъат бахшидани корҳои зимистонгузаронӣ, назорат аз болои қарорҳои қабулгардида рӯзи 30 сентябри соли 2022 дар ҷаласаи Шӯрои шуъбаи маориф масъалаи “Ҷараёни амалишавии қарори мушовараи раёсати маорифи вилояти Хатлон аз 28.05.2022, “Дар бораи тасдиқ намудани Нақшаи чорабиниҳои раёсати маорифи вилояти Хатлон оид ба татбиқи қарори раиси вилояти Хатлон аз 29.04.2022, ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2022 “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони соли 2022-2023” мавриди  баррасӣ қарор дода шуда, масъулини соҳа вазифадор карда шуданд, ки ба мавсими зимистонгузаронӣ омодагии ҳаматарафа бинанд.

Дар ин раванд ҷиҳати омодагӣ, ташкили фаъолияти мунтазам ва самарабахш ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023 дар муассисаҳои таълимии ноҳия  дар соли 2022 барои 1084 тонна ангишти нақшавӣ бо ҶДММ  “Соҳибкор Алиев Н” шартномаи дутарафа ба имзо расонида шуда, он пурра ба муассисаҳои таълимӣ дастрас карда шуд. Нақшаи захираи ҳезум дар соли 2022 1084 метри кубӣ буда, 1084 метри кубӣ (100.4%) захира гардидаст. Таъмини сӯзишвории дизелӣ 684 литр пешбинӣ шуда, тибқи шартнома 684 литр аз нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар мавсими зимистон харидорӣ карда мешавад.

Хатмкардагон дар куҷоянд?

Бояд иброз дошт, ки соли тахсили 2021 – 2022  2830 нафар синфи 11-ро хатм карданд (духтарон 1262 нафар), ки аз ин миқдор 1112 нафарашон ба донишгоҳҳо, (духтарон 403 нафар), 344 нафарашон ба коллеҷҳо (духтарон 215 нафар), 56 нафар ба литсейҳо (духтарон 16 нафар), 55 нафар ба донишгоҳҳои хориҷи кишвар (духтарон 2 нафар), дохил гардида, 80 нафар ба хизмати ҳарбӣ ҷалб шуда, 527 нафар ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтанд ва 656 нафар (241 нафар духтарон) дар истеҳсолот кору фаъолият карда истодаанд.

Дар ҳамин ҳол, хамкунандагони синфи 9 бошад, дар соли 2022 -юм 4409 нафарро (духтарон 2123 нафар) ташкил доданд, ки аз ин миқдор 3005 нафарашон таҳсилро дар синфи 10 идома дода (духтарон 1359 нафар), 467 нафарашон ба коллеҷҳо (духтарон 228 нафар), 328 нафарашон ба литсейҳо (духтарон 170 нафар),  дохил гардида,  165 нафар (духтарон 150 нафар) дар курсҳои кутоҳмуддат ва 444 нафар (духтарон 1561 нафар) дар истеҳсолот кору фаъолият карда истодаанд.

Дар якҷоягӣ аз ҳисоби хамкунандагони синфҳои 9 ва 11-и соли таҳсили 2022, 1112 нафар (403 нафар духтарон) ба донишгоҳу донишкадаҳо, 811 нафар (духтарон 443 нафар) ба коллеҷҳо, 384 нафар (духтарон 186 нафар) ба литсейҳо, 55 нафар (духтарон 2 нафар) ба донишгоҳҳои хориҷи кишвар, 17 нафар тибқи квотаи Президентӣ, 165 нафар дар курсҳои кутоҳмуддат ва 23 нафар ба  муассисаҳои таълимии мақомоти қудратӣ дохил гардидаанд. Дар умум аз 2830 нафар хатмкунандагони соли таҳсили 2022 -2567 нафарашон (90,7 фоиз) ба макотиби олии дохил ва хориҷи кишвар, коллеҷу литсейҳо дохил гардиданд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба  соли таҳсили гузашта (84,4 фоиз) 6,3 фоиз зиёд мебошад.

Муҳим – расонидани иттилои фаврӣ

Бобати назорат ва иҷрои «Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ- коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022», самаранок истифодабарии сомонаҳои интернетӣ ва дар ин замина ташкил намудани тарғиби дастовардҳои соҳа, инъикоси воқеъбинонаи фаъолияти ҳамарӯзаи шуъбаи маориф, чорабиниҳои баргузор гардида, дар шуъбаи маориф насби воситаҳои муосири воситаҳои пайвастшавии локалии интернетӣ ташкил карда шуда, ҳамаи директорони муассисаҳои таълимӣ ва кормандони шуъбаи маориф тариқи WI- FI ба интернет пайваст карда шуда, аз тарафи директори МДРИ ва директори МТИК -и назди шуъбаи маориф, ки ба ин масъала вобаста гардидаанд, ҳамаи иттилооту гузоришҳо, хабару мақолаҳо, расм ва нигораҳо тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ инъикос карда мешаванд.

Чорабиниҳои ҳарбӣ – ватандӯстӣ

Дар давраи ҳисоботӣ тибқи мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 феврали соли 2022 чорабиниҳои варзишӣ ва ҳарбӣ – ватандӯстӣ дар байни хонандагони синфҳои 10-11, гузарондани озмунҳои таҳияи рӯзномаи деворӣ, қадамзанӣ зери навои сурудҳои ҳарбӣ – ватандӯстӣ, аз ҳам ҷудо ва дубора ҷамъ намудани қисмҳои аслиҳаи таълимии ҳарбӣ, мусобиқаҳои варзишӣ, турниккашӣ, гурзбардорӣ, давидан ба масофаҳои муайян, ҷаҳидан аз рӯйи монеаҳо гузаронида шуда, дар Шӯрои шуъбаи маориф санаи 30.09.2022 масъалаи “Ҷараёни амалӣ гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадориҳои ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” аз 29 январи соли 2021, № 753, омӯзиши таълими фанҳои омодагии ибтидоии ҳарбӣ ва тарбияи ҷисмонӣ дар муассисаҳои таълимии ҳудуди ҷамоати деҳоти Обшорон мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Баргузории ингуна чорабиниҳои ватандӯстона ба таври доимӣ мавриди назар қарор доранд.

Бо меҳри Ватан

Тавре Исломиддин Шарифхонзода зикр намуд, “Албатта, ҷое, ки кор ҳаст, камбудӣ низ ҷой дорад. Ва албатта, ин нуқсонҳоро танҳо метавон бо бозомӯзӣ ва пайгирӣ метавон аз байн бурд. Вале дар баробари ин, мо – маорифчиёнро зарур аст, ки назорати азхудкунии донишҳои замонавиро низ вусъат бахшида, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намуда, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшида ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем. Дар ин раванд мо маҳз роҳнамоиҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, амру фармоишҳои Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати маорифи вилояти Хатлон ва Раиси ноҳияи Ёвонро сармашқи фаъолияти худ қарор дода, пайваста бо меҳри Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлол ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор мекунем ва фаъолиятамонро идома дода, барои ҳимояи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, некӯаҳволии мардуми кишвар ҳамеша ҷаҳду талош намуда, ҷашни 30 – солагии Иҷлосияи таърихии 16 –уми Маҷлиси олиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол мегирем”.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь