Ҷиҳати шиносоӣ бо фаъолияти раёсати маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо сардори ниҳоди мазкур Иқболи Неъматулло суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.

Дар оғози суҳбат мавсуф қайд кард, ки 23-юми декабри соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ қайд карданд, ки «Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолӣ пешрафти бомароми соҳаҳои муҳими ҳаёти ҷомеа – ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, илму маориф, тандурустӣ ва фарҳангро яке аз самтҳои асоситарин ва афзалиятноки сиёсати худ қарор дода, барои расидан ба ин ҳадафҳо ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст».

Ҳамзамон, Пешвои миллат зикр намуданд: «Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем. Зеро агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад».

Шумораи муассисаҳо ва хонандагон

Дар идомаи суҳбат номбурда афзуд, ки дар ноҳия 126 муассисаи таҳсилоти умумӣ фаъолият менамояд. Аз шумораи умумии муассисаҳои таълимӣ 1-2 адад муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (аз ҷумла, 2 гимназия, 1 литсей), 30 адад муассисаҳои таҳсилоти умумии асосӣ (аз ҷумла, 2 мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ) ва 4 адад муассисаҳои таҳсилоти умумии ибтидоӣ мебошад, ки нисбат ба соли гузашта ду адад мактаб зиёд мебошад.

Дар таълимгоҳҳо 102577 нафар хонандагон (аз ҷумла, 49390 нафар духтарон) ба таълим фаро гирифта шудаанд, ки нисбат ба соли 2021 қариб 3000 нафар зиёд мебошад.

Базаи кадрӣ

Дар таълимгоҳҳои ноҳия ба хонандагони муассисаҳо 4433 нафар омӯзгорон, аз ҷумла, 3234 нафар занон дарс медиҳанд.

Дар шумораи умумии омӯзгорон 2747 (ё ба 62%) нафар таҳсилоти олӣ, 1556 (ё 35%) нафар таҳсилоти миёнаи касбӣ дошта, 130 (ё 3%) нафар ғоибхонони донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ мебошанд, ки ин нисбат ба соли 2021 хело зиёд мебошад.

Сармоягузорӣ баҳри рушди маориф

Дар рафти суҳбат мавсуф изҳор дошт, ки соли 2022 барои соҳаи маорифи ноҳия 145 миллиону 407 ҳазору 250 сомонӣ, аз ҷумла, барои харидани таҷҳизоти мактабӣ 4 миллиону 288 ҳазору 572 сомонӣ ҷудо гардидааст, ки нисбат ба соли 2021 12 миллиону 353 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Танҳо барои харидани таҷҳизоти кабинетҳои фаннӣ дар соли 2022 ҳафсад ҳазор сомонӣ маблағ пешбинӣ шудааст ва маблағгузорӣ мутобиқ ба талаботи меъёрҳо амалӣ мешавад. Бо ин маблағ таълимгоҳҳои ноҳия 64 адад кабинети фаннӣ оид ба фаннҳои химия, физика, биология, география, математика, техналогияи иттилоотӣ, суруд ва мусиқӣ харидорӣ намуданд, ки нисбат ба соли гузашта 47 адад зиёд мебошад.

Савияи дониш ва иштирок дар озмуну олимпиада

-Соли 2022 сатҳу сифати дониши хонандагон нисбати соли қаблӣ чанд зина баланд бардошта шуд. Ва дар давраи ҷумҳуриявии олимпиада аз фаннҳои таълимӣ 77 нафар хонандагони синфҳои 5-11 ширкат варзида, 25 нафар ғолиб омада, соҳиби 3 медали тилло, 10 медали нуқра, 12 медали биринҷӣ ва 4 ҷойи ифтихорӣ шуданд, ки ин муваффақияти калони таълимгоҳҳои ноҳия мебошад.

Дар соли 2022 оид ба низоми импиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаю олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия кори назаррас ба ҷо оварда шуд,- изҳор дошт мусоҳиб.

Дар ҷараёни суҳбат номбурда қайд кард, ки барои дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаю олии касби Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омӯзишӣ баргузор гардид. Ғайр аз ин, оид ба масъалаи мазкур бо хатмкунандагони синфҳои 9 ва 11-и таълимгоҳҳои ноҳия вохӯриҳои кормандони Раёсати маорифи ноҳияи доир гардиданд. Дар ин вохӯриҳо хатмкунандагон оид ба низоми дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаву олии касбии ҷумҳурӣ тавассути Маркази миллии тестӣ маълумоти зарурӣ гирифтанд.

Аз 1 марти соли 2022 қабули ҳуҷҷатҳои довталабон дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Ва аз 7365 нафар хатмкунандагони синфи 9-и муассисаҳои таълимии ноҳия 2017 нафар, аз 3350 нафар хатмкунандагони синфи 11 1467 нафар ба Маркази миллии тестӣ ҳуҷҷат супориданд.

Аз хатмкардагони синфи нуҳ 749 нафарашон ба коллеҷҳо, 121 нафар ба литсейҳо ва 1147 нафарашон ба курсҳои кӯтоҳмуддат дохил шуданд.

Аз хатмкардагони синфи 11 885 нафарашон ба донишгоҳҳо, 517 нафар ба коллеҷҳо 65 нафар ба литсейҳои ҷумҳурӣ ва 58 нафар ба донишгоҳҳои хориҷӣ кишвар дохил шуданд.

Соли 2022 биситу чор нафар ( 12 нафар писар, 12 нафар духтар)- хатмкардагони таълимгоҳҳои ноҳия тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касби ҷумҳурӣ дохил шуданд. Ҳолатҳои аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ хориҷ кардани донишҷӯёне, ки тибқи квотаи президентӣ аз ноҳиямон дохил шудаанд вуҷуд надорад.

Соли 2022 ёздаҳ нафар собиқ хатмкунандагони таълимгоҳҳои ноҳия тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳуриро хатм карда ва ба ноҳия ба кор омаданд.

Бунёдкорӣ

-Ба мустаҳкамкардани пояи моддиву техникии таълимгоҳҳои ноҳия эътибори ҷиддӣ дода мешавад. Ба ин мақсад дар соли 2022 бо маблағгузории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои нави таълимӣ дар ҳудуди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №46 барои 240 хонанда, бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бинои муассисаи таъсилоти асосии №87 барои 144 хонанда, бо дастгирии соҳибкорони ватандӯст бинои муассисаи таълимии №173 барои 240 нафар хонанда ва бинои муассисаи таълимии №123 барои 240 нафар хонанда, бинои таълимгоҳҳои нав барои 144 ҷойи нишаст, дар деҳаи Турдиеви Ҷамоати шаҳраки М. Турсунзода- 4 синфхонаи иловагӣ барои 100 ҷойи нишаст дар назди муассисаи №136, толори варзиши дар назди муассисаи №47 сохта, ба истифода дода шудаанд,-афзуд номбурда. Ҳамзамон, илова намуд ҳамсуҳбати мо, ки саҳми соҳибкорони маҳалллӣ низ дар ин раванд назаррас аст. Дар ин давра бо дастгирии соҳибкорон барои 540 нафар хонанда синфхонаҳои иловагӣ дар назди таълимгоҳҳои ноҳия ва майдончаи варзишӣ дар назди муассисаи № 81 сохта, ба истифода дода шудааст.

Ҳоло бо маблағгузори Мақомоти иҷроияи ҳокимияди давлати ноҳия сохтмони биноҳои нави таълимии муассисаҳои №3 барои 640 ҷой дар як баст, №40 барои 240 ҷойи дар як баст, бо дастгирии соҳибкорони ватандӯст бинои муассисаҳои таҳсилоти умумии асосии №138 барои 240 ҷойи нишаст дар як баст, бинои нави муассисаи таъсилоти миёнаи умумии №84 ва бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои Раёсати маориф ва толори варзишии гимназия –парваришгоҳҳои ба номи Б. Ғафуров идома дорад. Ва дар ояндаи назди ба истифода дода мешаванд. Ғайр аз ин дар назди бисёр муассисаҳои таълимӣ сохтмони синфхонаҳои иловагӣ идома дорад.

Моддӣ-техникӣ

Мавсуф дар идомаи суҳбат гуфт, ки муассисаҳои таълимии ноҳия дар ин давра 1242 адад мизу курсӣ барои хонандагон, 141 адад миз ва 147 адад курсӣ барои омӯзгорон 175 адад тахтаи синфӣ, 121 адад ҷевон, 56 адад миз барои компютер, 123 адад кати хоби дуқабата барои кӯдакистонҳо, 93 адад тахтаи электронӣ, 93 проектор ва дигар таҷҳизот гирифтанд.

Масъалаи бо компютерҳо таъмин кардани таълимгоҳҳо дар маркази диққати кормандони раёсати маориф меистад. Бо мақсади таъмин намудани муассисаҳои таълимии ноҳия бо компютер бо ҷалби маблағҳои буҷаи ноҳия, соҳибкорон ва шахсони алоҳида ба таълимгоҳҳои ноҳия 2514 адад компютер ва 519 адад принтер дастрас гардидааст. Ғайр аз ин, дар таълимгоҳҳои ноҳия 98 тахтаи электронӣ, 98 видео проектор мавҷуд буда, 102 муассиса ба воситаи модем ба шабакаи интернет пайваст карда шудааст.

Дар соли 2022 кормандони маркази техналогияи иттилоотӣ ва коммуникатсияи раёсати маориф 91 адад компютер, 13 адад принтери таълимгоҳҳоро таъмир намуданд. Кабинети фанни техналогияи иттилоотӣ муассисаҳои №6 -ро ҷиҳозониданд. Муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия барои амалӣ намудани талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №433 аз 29.09.2017  “Дар бораи Барномаи давлатии амалӣ намудани техналогияи итттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 -2022“ тадбирҳо меандешанд ва дар соли 2022, 409 адад компютер, 8 адад принтер,  41 адад видео проектор ва 58 тахтаи электронӣ харидорӣ намуданд.

Озмуни “Фурӯғи субҳи донои китоб аст”

Номбурда тазаккур дод, ки аз 5 то 17 декабр дар китобхона 10 нафар иштирок карданд. Ба даври ҷумҳуриявӣ хонандаи синфи 7 МТМУ №35 Зокирова Сабрия номинатсияи адабиёти классик ҷойи сеюм ба 2000 маблағ сарфароз гардид. Холов Халилуллоҳ синфи 2 МТМУ №1 номинатсияи адабиёти классик байни синфҳои 1 -4 ишғол намуд. Саъдиева Садбарг омӯзгори МТМУ №74 номинатсияи адабиёти халқи ҷаҳонро ғолиб омад. Каримова Марям синфи 3 номинатсияи адабиёти бачагонаи байни синфҳои 1-4 ғолиб омад. Саъдуллоева Мунавара синфи 11 МТМУ №54 номинатсияи адабиёти насро ғолиб омад. Натиҷаи ҷамъбасти даври сеюми озмуни “Илм-фурӯғи маърифат” дар ш. Ҳисор, ки 24-25 сентябри 2022 баргузор гардид ба даври чоруми озмуни ҷумҳуриявӣ 7 нафар ғолиб омаданд:

-Санаи 10.12.2022 дар Литсейи давлатӣ аз рӯи равияи амиқи омӯзиши фанҳои табиатшиносию дақиқ барои синфҳои 9 – 11 даври ноҳиявӣ баргузор гардид. Дар ин давр 675 хонанда иштирок намуда 240 нафар соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.

Санаи 17.12.2022 дар МТМУ № 5 (фанҳои табиӣ ва риёзӣ) ва МТМУ 9 (фанҳои ҷамъиятиву гуманитарӣ) барои наврасон – сиинфҳои 5 – 8 даври ноҳиявии олимпиадаи фаннӣ баргузор гардид. Дар ин давр 1506 хонанда иштирок намуда, 152 нафар соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд,-баён дошт мавсуф.

Дар ҷараёни суҳбат номбурда изҳор доштанд, ки дар умум дар даври ноҳиявии олимпиадаи фанни хонандагон барои синфҳои 5 то 11 – 2181 хонанда иштирок намуда, 392 нафар сазовори ҷойи ифтихорӣ гардиданд.

Мадина Рустамзода МТМУ №3 синфи 11 аз фанни биология ҷойи 2 –ро бо маблағи 1500 сомони ишғол намуд. Саидҷони Одибҷон МТМУ №5 синфи 11 аз фанни физика ҷойи 2-ро бо маблағи 1500 сомонӣ ишғол намуд. Суюнов Абос МТМУ №11 синфи 7 аз фанни Ихтирокорони навовар ҷойи 2-ро ба маблағи 1500 сомонӣ ишғол кард.  Асоев Юсуфҷон МТМУ №166 синфи 6 аз фанни Ихтирокорони навовар ҷойи якумро бо маблағи 2000 сомонӣ ишғол кард.  Бо дипломи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиб гардид. Ёров Абубакр МТМУ №17 синфи 5 аз фанни Ихтирокорони навовар ҷойи сеюмро ба маблағи 1000 сомонӣ ишғол намуд. Аз тарафи Академияи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳалимов Хуршед МТМУ №17 омӯзгори аз фанни Ихтирокорони навовар ҷойи якумро бо маблағи 2000 сомонӣ ишғол намуд.

Бояд қайд намоям, ки раванди таълимро тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат беш аз пеш равнақ дода, баҳри пешрафти соҳаи маориф мекӯшем саҳми арзандаи худро гузорем.

Нигора САИДБЕКОВА,

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here