Аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ то имрӯз масъалаҳои мактабу маориф ва омӯзгору хонанда таҳти таваҷҷуҳу ғамхории аввалиндараҷаи Ҳукумати мамлакат қарор дошта, раванди ислоҳоти соҳаи маориф ва таҷдиду навсозӣ дар ҳама самтҳои он бомаром идома дорад.

То имрӯз бо мақсади ба танзим даровардани фаъолияти соҳа садҳо санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардида, амалӣ шуда истодаанд.

Дар замони соҳибистиқлолӣ маблағгузории соҳаи маориф сол ба сол зиёд карда шуда, вазъи соҳа ва кормандони муассисаҳои таълимӣ мунтазам беҳтар гардида истодааст.

Эмомалӣ Раҳмон

Раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакӣ дар нуҳмоҳаи соли 2024 фаъолияти худро мутобиқ ба талаботҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, амру фармон ва дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишҳои вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру қарорҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ, Низомномаи Раёсати маориф ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳаи маориф ба роҳ монда, ҷиҳати пешбурди кори таълиму тарбия ва рушду нумӯи ҳамаҷонибаи соҳаи маориф фаъолияти мунтазам дорад ва баҳри таъмини иҷрои нақшаи таҳрезишуда тадбирҳои мушаххас меандешанд.

Чунончи, бузургони илму адаб мегӯянд:

Илмат ба амал чу ёр гардад,

Қадри ту яке ҳазор гардад.

Аз ин лиҳоз, Раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакӣ ва муассисаҳои зертобеи он аз имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, барои иҷрои нақшаҳои корӣ дар нуҳмоҳаи соли 2024 тадбирҳоро амалӣ намуда, дар ин давра комёбиҳои назаррасро соҳиб шуданд. Дар давраи ҳисоботӣ 8 ҷаласаи ҳайати мушовара (32 масъала), 20 ҷаласаи назди сардори раёсат (22 масъала) ва 9 ҷаласаи назоратии назди муовини сардори раёсати маориф (35 масъала) баргузор гардид. Дар ин муддат ба раёсати маорифи ноҳия 430 адад қарору фармоишҳо ва мактубу дархостҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар муассисаю идораҳо ворид гардида, тибқи муқаррароти қонунгузорӣ ба онҳо ҷавоб гардонида шуд. Аз раёсати маорифи ноҳия ба дигар ташкилотҳо ва соҳаҳои дахлдор 365 адад мактуб, дархост ва пешниҳод ирсол гардид.

Дастовардҳо аз фаъолияти пурсамар шаҳодат медиҳанд

Дар ноҳияи Рӯдакӣ 144 муассисаи таълимӣ фаъолият мекунад, ки аз ин шумора 123 адад миёнаи умумӣ (2 гимназия ва 1 литсей), 19 адад умуми асосӣ (2 мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ) ва 2 адад таҳсилоти ибтидоӣ мебошанд.

Дар ноҳия 4603 нафар омӯзгор фаъолият доранд, ки аз ин шумора 3316 нафар зан мебошад.

Бо мақсади таъмин намудани муассисаҳои таълимии ноҳия бо компютер бо ҷалби маблағҳои буҷаи ноҳия, соҳибкорон ва шахсони эҳсонкор ба муассисаҳои таълимии ноҳия 2790 адад компютер ва 538 адад принтер дастрас гардидааст. Инчунин, дар муассисаҳои таълимии ноҳия 105 адад тахтаи электронӣ, 105 адад видеопроектор ва 1260 ҷуфт мизу курсии махсуси компютерӣ таъмин гардида, 104 муассисаи таълимӣ ба воситаи МОДЕМ ба шабакаи Интернет пайваст мебошад.

Ҳамзамон, 46 кабинетҳои фаннӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия харидорӣ гардида, дастраси муассисаҳои таълимӣ гардонида шуд.

Дар озмуни ҷумҳуриявии даври сеюм (минтақавӣ) ва даври чорум (ҷумҳуриявӣ)-и “Илм-фурӯғи маърифат” 16 нафар иштирок намуда, 2 нафар ғолиб гардиданд.

Дар озмуни ҷумҳуриявии даври сеюм (минтақавӣ)-и “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” 12 нафар иштирок намуда, ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.

Дар даври олимпиадаи фаннии хонандагон дар даври минтақавӣ 96 нафар сазовори ҷойҳои намоён гардида, дар даври ҷумҳуриявӣ 30 нафар ғолиби ҷойҳои намоён шуданд.

 Рӯ ба сӯи маърифат

Қобили зикр аст, ки дар таърихи 22.05.2024 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон даври сеюми озмуни қабули хонандагон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тибқи квотаи президентӣ баргузор гардид. Дар озмуни мазкур 105 нафар хонанда, аз ҷумла, 55 нафар духтар ғолибони даври ноҳиявӣ иштирок намуда, ба 24 нафар хонанда, аз ҷумла, 12 нафар духтар ба донишгоҳу донишкадаҳои интихобкардаашон аз ҷониби комиссия роҳхат дода шуд.

Вобаста ба ин фармони Президенти ҶумҳурииТоҷикистоназ 31.01.2020, №1445 “Дар бораи Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф эълон гардидани солҳои 2020- 2040” ба тасвиб расидааст.

Хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия аз фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар олимпиадаҳои фаннӣ фаъолона иштирок намуданд. Дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаи фаннӣ, ки моҳи апрели соли 2024 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, 6 нафар хонандагони муассисаҳои таълимӣ аз фанҳои мазкур ғолибият ба даст оварданд.

Озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат”, ки дар асоси талаботи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф “ ба роҳ монда шудааст, дар даври ноҳиявии ин озмун хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия фаъолона иштирок намуданд. 173 фаъолона иштирок намуда, ғолибият ба даст оварданд ва ба даври минтақавии озмуни мазкур роҳхат гирифтанд.

Хурсандиовар аст, ки дар соли таҳсили 2023 – 2024 омӯзгори фанни химияи гимназия-парваришгоҳи ба номи Бобоҷон Ғафуров Саидаи Абдуллозода дар даври минтақавии (шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ) озмуни “Муаллими соли Тоҷикистон” (соли 2024) фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойи аввал гардид.

Дар муассисаҳои таълимии ноҳия маҳфили физикони ҷавон 47 то, химикони ҷавон 36 то, биологони наврас 53-то, математикони ҷавон 67 то, техникони ҷавон 33 то, ихтироъкорони наврас 27 то ва ғайраҳо фаъолият доранд, ки ба онҳо шумораи 1106 хонандагон ҷалб гардидаанд. Чунин маҳфилҳо дар Маркази эҷоди кӯдакон ва наврасони ноҳия низ амал мекунад.

 Дониш талабу бузургӣ омӯз

Аз 1 марти соли 2024 қабули ҳуҷҷатҳои довталабон дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид ва дар соли таҳсили 2023-2024 дар муассисаҳои таълимии ноҳия 105 ҳазору 659 нафар, аз ҷумла, 50 ҳазору 788 нафар духтар ба таҳсил фаро гирифта шуд. Аз онҳо 8632 нафар хонандаи синфи 9, аз ҷумла, 4310 нафар духтар, 3065 нафар хонандаи синфи 11, аз ҷумла, 1095 нафар духтар мебошад.

Дар соли таҳсили 2023-2024 шумораи умумии хонандагони синфи нӯҳ 8632 нафар, аз ҷумла, 4308 нафар духтар мебошад, ки аз онҳо 1070 нафар,аз ҷумла, 790 нафар духтар аз қайди ММТ гузаштаанд. Ҳамзамон, дар соли ҷорӣ шумораи умумии хатмкунандагони синфи ёздаҳ 3065 нафар, аз ҷумла, 1095 нафар духтарро ташкил дода, аз инҳо 2140 нафар, аз ҷумла, 830 нафар духтар аз қайди ММТ гузаштаанд.

Баргузории чорабиниҳо

Омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар 9 моҳи соли 2024 дар чорабиниҳои гуногуни ноҳиявӣ, аз ҷумла, таҷлили ҷашнҳои Сада, Рӯзи таъсисёбии Артиши миллӣ, Рӯзи модар, Наврӯз, Рӯзи ғалаба, Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдак, Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Рӯзи Дониш, 33-солаги Истиқлолияти давлатӣ ва дигар чорабиниҳо фаъолона иштирок намуданд. Ғайр аз ин, дар ин давра омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия шанбегиҳо баргузор намуда, корҳои ободонию кабудизоркуниро ба ҷо овардаанд ва то имрӯз дар назди муассисаҳо гулу буттаҳои ороишӣ, дарахтони сояафкан, ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида мешаванд.

Бунёдкорӣ барои фардои дурахшон

Ба муносибати ҷашни 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳидоят ва дастгириҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди муассисаҳои таълимии ноҳия 136 синфхонаи иловагӣ барои 3400 нафар хонанда сохта ба истифода дода шуд.

Чунончи, аз хабаргузории сомонаи Президенти кишвар хабар дода шудааст, 26 октябри соли равон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ҳаёти нави деҳоти Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 20-ро ба истифода супориданд.

Корҳои сохтмонии бинои иловагӣ соли 2023 оғоз гардида, барои сохтмону таҷҳизонидани он бештар аз 4 миллиону 200 ҳазор сомонӣ сарф шудааст.

Дар асоси лоиҳа бинои иловагӣ барои 650 нафар дар 2 баст пешбинӣ гардидааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо шароити таълимии синфхонаҳо шинос шуда, омӯзгоронро ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ҳидоят намуданд.

Бинои иловагии дуошёнаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами-20 дорои 13 синфхона ва 2 ҳуҷраи корӣ мебошад.

Бо фаъол гардидани бинои иловагии мактаб, дар маҷмуъ 28 омӯзгор фаъолияти пурсамар менамоянд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ дар кишвар шумораи мактабҳои шакли нав афзоиш ёфтанд ва ин имкон медиҳад, ки шароити таълиму тадрис беҳтар гардад.

Омӯзгорону хонандагон дар навбати худ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии ҳамаҷониба ва ғамхориҳои падарона изҳори сипосу қадрдонӣ карданд.

Баъди ифтитоҳи бинои иловагии мактаб дар ҳамин ҷо Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шакли фосилавӣ боз як муассисаи тозабунёд – «Мактаби санъати бачагона»-и ба номи Мухтор Ашрафии ноҳияи Рӯдакиро низ ифтитоҳ намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ ва фаъолияти самараноки муассисаҳои нави соҳаи маориф, аз ҷумла дастовардҳои соҳавиро натиҷаи таваҷҷуҳи пайваста ба рушди ин соҳа ва беҳдошти сатҳи таълиму тарбияву ҷалби фарзандон ба таҳсил арзёбӣ намуданд.

Ҳамзамон, 26 октябри соли ҷорӣ дар идомаи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Рӯдакӣ бинои зебои Муассисаи таҳсилоти томактабии рақами 9-и назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2 дар шаҳраки Сомониён мавриди истифода карор дода шуд.

Бинои Муассисаи томактабии №9 бо тарҳи зебову замонавӣ бунёд шуда, аз 4 ҳуҷраи корӣ, толори бозии кӯдакона ва ошхона иборат буда, барои 160 кӯдак пешбинӣ гардидааст.

Ин иншооти таълими томактабӣ дорои майдончаи бозии кӯдакона ва суҳбаткадаҳо мебошад, ки ҷолибу назаррабо сохта шудаанд.

Пешвои миллат зимни суҳбат бо масъулин ва мураббиён онҳоро ба ватандӯсту худшинос тарбия намудани насли наврас ва истифода аз имкониятҳои фароҳамгардида, дар ин муассисаи навбунёд ҳидоят намуданд.

Ҳамчунин дар ин рӯз бо ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин муассисаи таҳсилоти томактабӣ дар деҳаи Охтоқи деҳоти Қиблаӣ ба таври фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Дар ин муассисаи томактабӣ низ шароити мусоид барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани кӯдакон мавҷуд аст.

Бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 26 октябри соли равон дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 дар деҳаи Мадади деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ 2 бинои нави иловагии таълимиро ифтитоҳ намуданд.

Биноҳои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва саҳми сокинону соҳибкорони маҳаллӣ сохта шуда, аз 2-ошёна иборат мебошад ва барои 650 нафар хонанда дар ду баст, пешбинӣ шудааст.

Иншооти мазкур аз 13 ҳуҷра барои таълиму тарбия, 2 ҳуҷраи корӣ барои омӯзгорон ва толор барои машғулиятҳо иборат буда, тамоми синфхонаҳо бо аёниятҳои донишандӯзӣ муҷаҳҳаз мебошанд.

Ҳангоми шиносоӣ бо шароити таълиму тарбия дар бинои навтаъсиси таълимӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди чунин муассисаҳоро дар сатҳи деҳот намунаи хуби дастгирии сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати кишвар маънидод карданд.

Дар шафати бинои иловагии навтаъсиси таълимӣ майдончаи тобистонаи варзишӣ пас аз навсозӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Майдончаи варзишии мазкур барои бозии футбол, волейбол ва дигар намудҳои варзиш пешбинӣ шуда, заминаи хубест барои тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби хонандагон ба бозиҳои гуногуни варзишӣ.

Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 2 бинои нави иловагии таълимӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами №73 дар деҳаи Охтоқи деҳоти Қиблаӣ ва бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №83 дар деҳаи Мавҷи шаҳраки М.Турсунзодаро ба таври фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Зимни муаррифии бинои нави иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №73 ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки он 2-ошёна буда, сохтмонаш соли 2024 шуруъ гардида буд ва ҳоло бо сифати баланд ва шароити замонавӣ омода шудааст.

Бинои иловагӣ дорои 20 синфхонаи барҳавои таълимӣ ва 2 ҳуҷраи корӣ буда, барои 1000 хонанда дар ду баст бо саҳми сокинону соҳибкорони ватандӯсти маҳаллӣ ва дастгириҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар пайравӣ аз сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд гардидааст.

Бинои 2-ошёнаи иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №83 дар деҳаи Мавҷи шаҳраки М.Турсунзода бошад, аз 8 синфхонаи барҳаво, ҳуҷраи омӯзгорон ва иншооти ёрирасон иборат буда, аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ ва аҳолии деҳа бунёд шудааст.

Дар 3 иншооти навбунёди таълимӣ, ки дар заминаи таваҷҷуҳи доимии Роҳбари давлат барои дар шароити мусоид ба таҳсил фаро гирифтани хонандагон сохта шудаанд, барои 2050 хонанда заминаи хуби донишандӯзӣ фароҳам оварда шуд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароит ва имкониятҳои фароҳамгардида дар биноҳои навбунёди таълимиро қаноатбахш арзёбӣ намуда, аз хонандагон омӯзиши илмҳои замонавӣ, рӯ овардан ба таъриху тамаддуни пурғановати миллати тоҷик ва аз омӯзгорон бо масъулияти баланд фаъолият намуданро тақозо карданд.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь