Ватанро танҳо кадрҳои баландихтисосу соҳибмаърифат ва забондону дорои касбу ихтисоси ба талаботи замона ҷавобгӯ обод карда метавонанд.
Эмомалӣ Раҳмон
“Ҳунари воқеӣ ҳамеша муосир, муҳим ва муфид аст”. Ин суханони Достоевский ба заҳмат ва талошҳои маъмурият ва коллективи кормандони ДТМИК рост меояд. Тӯли солҳои фаъолият ДТМИК ба мардуми минтақа, вилояти Хатлон ва ҷумҳурӣ хизмати калоне карда истодааст.
Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб бо мақсади амалӣ намудани сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чораҳои заруриро андешида, ҳадафҳои созандаву инноватсиониро татбиқ намуда истодааст. Донишкада яке аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар вилояти Хатлон мебошад, ки мутахассисони варзидаро дар зинаи ихтисосҳои техникию технологияҳои муосири соҳавӣ тайёр намуда, барои таъмини корхонаҳои саноатӣ ва муассисаю идораҳо дар тадбиқи ҳадафи чоруми миллӣ саноаткунонии босуръати кишвар нақши муҳим мебозад.
Фаъолияти таълимӣ
Ҳоло дар Донишкада аз рӯи 38-ихтисос дар 5 факултет донишҷӯён ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Омода намудани мутахассисон таввасути 14 кафедраи Донишкада, аз ҷумла 10 кафедраи тахассусӣ амалӣ карда мешавад. Донишкада дар зинаи бакалаврият аз рӯи 38 ихтисос, зинаи магистратура аз рӯи 10 ихтисос ва зинаи PhD докторантура аз рӯи 10 ихтисос мутахассис тайёр менамояд, ки ҳамаи онҳо ба талаботи бозори меҳнати дохил ва хориҷи кишвар ҷавобгӯ ва рақобатпазир мебошанд. Танҳо дар соли 2021 10 – нафар унвонҷуёни Донишкада дар соҳаҳои гуногуни илм рисолаҳои илмии худро дифоъ намудаанд. Дар Донишкада 7 – нафар доктори илм, 27 – нафар номзади илм барои пешбурди фаъолияти таълимию методӣ ҷалб шудаанд.
Шумораи умумии донишҷӯён дар Донишкада ба ҳолати 01.04.2022 2494 нафарро ташкил медиҳад, аз ҷумла, дар шуъбаи рӯзона 1607 нафар, таҳсилоти фосилавӣ 813 нафар, магистратура 56 ва докторантура (PHd) 18 нафарро ташкил медиҳад. Аз шумораи умумии донишҷӯён 719 -нафарро донишҷӯдухтарон ва 1774 нафарашонро писарон ташкил медиҳанд. Дар донишкада 40 нафар донишҷӯён тибқи квотаи Президентӣ таҳсил менамоянд, аз ҷумла 16-нафарашонро духтарон ва 24 нафарашонро писарон ташкил медиҳанд. Шумораи донишҷӯёни тибқи шартнома таҳсилкунанда 1869 нафар, тариқи буҷавӣ 585 нафар ва гирандагони идрорпулӣ 341 нафар мебошанд, ки аз инҳо 125 нафарашон идрорпулии аъло, 147 нафар хубу аъло, 65 нафар хуб ва 2 нафар гирандагони идрорпулии Президентӣ ва 2 нафар гирандаи идрорпулии Раиси вилояти Хатлонро ташкил медиҳанд.
Дар доираи амалишавии шартномаҳои ҳамкории судманд таълимгоҳҳои олии Федератсияи Россия ҳамасола 2-3 нафар омӯзгорони соҳавӣ ва 5 нафар донишҷӯён барои бозомӯзӣ ба ин донишгоҳҳо фиристода мешаванд.
Теъдоди умумии хатмкардагони зинаи «Бакалавр» дар соли 2021 ҳамагӣ 460 нафар, аз ҷумла:19-нафар зинаи бакалаврро бо дипломи аъло бо муваффақият хатм намуданд. Соли 2021 зинаи магистратураро 28 нафар хатм намуданд, аз ҷумла: 9-нафарашон соҳиби дипломи аъло гардиданд.
Алмосшоҳ Шоев, ректори Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб, мегӯяд, – Боиси хушнудист, ки дар соли 2021 дар мувофиқа бо Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.09.2021 дар сохтори Донишкада факултети интеллекти сунъӣ ва таҳсилоти фосилавӣ, ки аз тарафи вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шералӣ Кабир тасдиқ гардидааст, таъсис дода шуд. Бояд тазаккур дод, ки факултети номбурда дар ҳамкорӣ бо таълимгоҳҳои олии Федератсияи Россия, аз ҷумла, Донишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии техникии Иркутск, Донишгоҳи давлатии техникии Уляновск ва Маркази инжиниринги Донишгоҳи давлатии техникии Брянск, ки дар сохтори худ чунин факултетҳо ва кафедраҳоро доранд, инчунин заминаи моддӣ-техникӣ, нерӯи кадрӣ ва таҷрибаи пешрафта доранд созмон дода шуд. Ҳамин тавр, дар соли 2022 шумораи 125 нафар довталабон ба ихтисосҳои Интеллекти сунъӣ қабул карда мешаванд.
Корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва инноватсионӣ
Дар соли 2021 мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.03.2021, №88 «Дар бораи Нақшаи баргузории чорабиниҳои илмӣ ва илмию-техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021» ва дигар нақша-чорабиниҳои корӣ дар Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб чорабиниҳои илмии сатҳашон гуногун баргузор гардид. Аз шумораи умумии чорабиниҳои илмии баргузоршуда, 2 конференсияи байналмилалӣ, 2 конференсияи ҷумҳуриявӣ, 1 семинари ҷумҳуриявӣ, 3 конференсияи умумидонишкадавӣ ва 1 конференсияи шаҳриро ташкил медиҳад. Дар доираи нақшаи кории семинарҳои илмӣ-таҳқиқотии Донишкада барои омӯзгорон, унвонҷӯён ва муҳаққиқон дар соли таҳсили 2020-2021 панҷ семинар-машваратҳо бо иштироки мутахассисон ва коршиносон гузаронида шуд:
Бахшида ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” (солҳои 2020-2040) санаи 23.04.2021, дар доираи ҳафтаи илмӣ дар ДТМИК байни донишҷӯён, магистрантон, докторантон аз рӯи ихтисос (PhD), унвонҷӯён ва омӯзгорон озмуни умумидонишкадавии «Илм-фурӯғи маърифат» ташкил ва гузаронида шуд. Аз рӯи 7 наминатсия 8 нафар донишҷӯён ва 2 нафар омӯзгорон соҳиби зинаҳои ифтихорӣ гардида, ба даври сатҳи вилоятии озмун роҳ ёфтанд. Дар олимпиадаи ҷумҳуриявии “Ҷоми Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар байни донишҷӯёни Муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ барои дарёфти Ҷоми Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар таърихи 12-13-и марти соли 2021 шуда гузашт 6-нафар донишҷӯёни Донишкада дар ин Олимпиада фаъолона ширкат намуда, 3-нафари онҳо ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд.
Дар даври ҷумҳуриявии озмуни илмӣ-таҳқиқотии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ “Донишҷӯ ва пешрафти илмию техникӣ дар соли 2021” 5 нафар донишҷӯёни Донишкада зинаҳои ифтихориро соҳиб гаштанд. Донишҷӯ Зоирзода Фахриддин иштирокчии фаъоли даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” гардид. Бояд ёдовар шуд, ки дар соли 2021 даҳ нафар омӯзгорони Донишкада диссертатсияи номзадии худро ҳимоя карда, соҳиби дараҷаи номзади илм гардиданд.
Дар соли таҳсили 2020-2021 дар Донишкада 3- озмоишгоҳи илмӣ-таълимӣ “Биотехнология ва технологияи маҳсулоти бебофт”, “Физика” ва “Химияи таҳлилӣ” кушода гардид. Ҳамчунин, дар муассиса айни замон амалишавии 3 лоиҳаи фармоишӣ ҷараён дошта, амалишавии 3 лоиҳаи дигар аз 01.01.2022 шурӯъ гардид.
Ҳамин тариқ, дар соли 2021 омӯзгорон ва олимони Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб 6 адад монография, 15 адад китобҳои дарсӣ, 147 адад мақолаҳои илмӣ ба табъ расонидаанд. Инчунин, бояд таъкид кард, ки 12 нафар омӯзгорон диссертатсияҳои номзадии худро пурра омода намуда, дар арафаи ҳимоя қарор доранд. Илова бар ин, айни ҳол лоиҳаи «Рушди хизматрасонӣ барои шахсони имконияташон маҳдуд» ки аз соли 2020 то соли 2023-ро дар бар мегирад дар донишкада амалӣ гардида истодааст.
Лоиҳаи нави ТЕМПУС ЭРАСМУС+ бо номи «Таъсиси марказҳои таълимӣ ва таҳқиқотӣ ва таҳияи курсҳо оид ба таҳлили интеллектуалии маълумот дар Осиёи Марказӣ», ки соли 2019 аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо дастгири гардид ва аз соли 2020 то соли 2023 дар донишкада амалӣ мегардад, ки ин яке аз дастоварди Донишкада мебошад.
Корҳои тарбиявӣ, тарғибот ва масоили иҷтимоӣ
Соли равон тибқи нақшаи чорабиниҳои департаменти тарбия, тарғибот ва масоили иҷтимоӣ чорабиниҳои гуногуни маърифатӣ – фарҳангӣ, мизҳои мудаввар, конференсияҳо суҳбату вохӯриҳоро доир гашт, ки дар баланд бардоштани тарбияи худшиносӣ, ватандӯстии донишҷӯён мусоидат намуд.
Тибқи маълумотҳо дар Донишкада дар соли 2021 дар доираи таҷлили санаҳои таърихӣ ва ҷашнҳо 15 конференсияи маърифатӣ – тарбиявӣ, 14 вохӯрӣ оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, пошхӯрии оилаҳои ҷавон, 5 чорабинии фарҳангӣ, як қатор мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ роҳандозӣ карда шуд. Бо мақсади таҷлил ва истиқболи 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи департаменти тарбия, тарғибот ва масоили иҷтимоӣ дар якҷоягӣ бо бахши ҷавон, занон, ятимон ва маъюбон, фарҳанг ва маънавиёт озмунҳои зерин дар донишкада дар сатҳи баланд гузаронида шуд, ки рафти ҳар як озмуни доир шуда, ба воситаи шабакаҳои телевизионӣ намоиш дода шуд. Аз ҷумла, озмунҳои “Маликаи чакан”; “ Модар-меҳвари меҳру вафо”; “Набзи шеър”; “Санъати суханварӣ”; “Муаррифгарӣ беҳтарин”; “Рақси беҳтарин”;“Рассоми беҳтарин”, дар мавзӯи “Тоҷикистон кишвари маҳбуби мо”; беҳтарин донандаи китоби “Тоҷикон” – ба номи Бобоҷон Ғафуров,“Донишҷӯи сол”, даври аввали ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, “Фурӯғи субҳи донои китоб аст”; Мусобиқаҳои “Шоҳмотбози беҳтарин”, “Футболи хурд” мебошанд.
Донишкада дорои маҷалаи илмӣ – оммавии бо номи «Илм ва технологияи асри ХХI» буда, шомили манъбаҳои маълумотии тақризшавандаи ISSN ва РИНЦ буда, олимону муҳақиққон ва донишҷӯён имконияти васеъи чопи мақолаҳои илмии худро доранд.
Дар Донишкада бо мақсади баланд бардоштани маҳорати касбии донишҷӯён Гушаи Амрикоӣ, Маркази омӯзишии забонҳо, Маркази рушди касбият ва дастгирии истеъдодҳо, Маркази муд ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, Маркази фарҳанг ва маънавиёт, Маркази таълимӣ – тренингии ташаккули маҳорати зеҳнӣ ва эҷодиёти техникӣ, Озмоишгоҳҳои таълимӣ – илмӣ истеҳсолии технологияи маводи хӯрока, химияи умумӣ, физика, технологияҳои компютерӣ, микробиология ва Парки инноватсионӣ-технологӣ амал менамояд. ДТМИК аз соли 2009 то ин ҷониб бо зиёда аз 50 донишгоҳҳои олии хориҷи кишвар, ки бештарашро донишгоҳҳои олии Федератсияи Россия ташкил медиҳад, шартномаҳо ва ҳамкориҳои судманд дорад. Дар доираи ин шартномаҳо донишҷӯёни тоҷик дар таълимгоҳои олии Федератсияи Россия тариқи ройгон ва шартномавӣ дар зинаи бакалаврият, магистратура таҳсили илм менамоянд. Инчунин, дар Донишкада мактаби муштараки илмии тоҷикӣ – россиягии “Технологияҳои дурнамои илмиасос дар саноат, иқтисодиёт ва комплекси агросаноатӣ” бо роҳбарии профессорони варзидаи кишвар ва ФР амал менамоянд.
– Баҳри ғанӣ гардонидани фонди захиравии китобхонаи илмии ДТМИК имсол ба Донишкада 1515 нусха китобҳои бадеӣ ва илмӣ- тахасусӣ ворид карда шуд. Аз ҷумлаи номгӯи китобҳо дар китобхона бо забони тоҷикӣ 6480 нусха, бо забони русӣ 7416, бо дигар забонҳо: англисӣ, немисӣ, фаронсавӣ ва форсӣ 2604 адад мавҷуданд. Ба миқдори 25000 сомонӣ китобҳои дарсӣ, таҷҳизотҳо ва реактивҳои химиявӣ барои озмоишгоҳҳо харидорӣ карда шуданд, ки аз ин миқдор 10000 сомонӣ барои китобҳои дарсӣ ва 15000 сомонӣ барои таҷҳизот ва реактивҳои химиявӣ сарф карда шуд. Дар китобхонаи илмии донишкада зиёда аз 20 адад компютер бо истифодаи технологияҳои нави таълимотӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Ҳамаи донишҷӯён имконияти истифодаи ройгон аз маводи электронии китобхонаро доранд. Дар айни ҳол китобҳои электронӣ зиёда аз 200000 номгӯи мавод оид ба барномасозӣ, забонҳо, нақшакашӣ, математика, физика, биология, технологияи иттилоотӣ, иқтисодиёт, педагогика, химия, фанҳои гуманитарӣ ва техникӣ китобҳои дарсӣ мавҷуд аст. Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар дар донишкада як толори фарҳангӣ, толори варзишӣ, парки технологӣ, лабараторияҳои фаннӣ бо тамоми шароитҳои замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, мавриди истифодаи васеъи омӯзгорон ва донишҷӯён қарор дорад, – қайд мекунад роҳбари донишкада А. Шоев.
Дар донишкада хобгоҳи замонавӣ барои писарон ва духтарон мавҷуд мебошад, ки дорои ҳамом, ошхона, ҳуҷраи хушкунии либос, китобхона, майдончаи варзишӣ мебошад.
№ | Рамзи
ихтисос |
Номгӯи ихтисосҳо | Шуъбаи рӯзона | Ҳамагӣ | Шуъбаи фосилавӣ ғоибона | Ҳамагӣ | |||||||||
Бӯҷавӣ | Шартномавӣ | Маблағ | Бӯҷавӣ | Шартномавӣ | маблағ | ||||||||||
тоҷикӣ | русӣ | тоҷикӣ | русӣ | тоҷикӣ | русӣ | тоҷикӣ | русӣ | ||||||||
Кластрери 1 | |||||||||||||||
1. | 1-380202 | Дастгоҳҳо ва низомҳои биотехникӣ ва тиббӣ (ФМТР ва ТДИ) | 25 | 3400 | 25 | 0 | |||||||||
2. | 1-560101 | Заминсозӣ | 5 | 20 | 3400 | 25 | 0 | ||||||||
3. | 1-740206 | Истеҳсол, нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти растанипарварӣ | 8 | 17 | 2800 | 25 | 0 | ||||||||
4. | 1-40030102 | Технологияи зеҳнии компютерии ҳифзи иттилоот | 5 | 20 | 3400 | 25 | |||||||||
5. | 1-400301 | Зеҳни сунъӣ | 5 | 20 | 3400 | 25 | |||||||||
6. | 1-40030104 | Технологияҳои зеҳнии компютерии таълими фосилавӣ | 5 | 20 | 3400 | 25 | |||||||||
7. | 1-54010105 | Метрология, стандартикунонӣ ва сертификатсия (саноати хӯрокворӣ) | 5 | 20 | 3400 | 25 | 25 | 2650 | 25 | ||||||
8. | 1-469010106 | Меъмории манзаравӣ | 5 | 20 | 3400 | 25 | 0 | ||||||||
9. | 1-50010101 | Ресидани нахи табиӣ | 8 | 17 | 2800 | 25 | 0 | ||||||||
10. | 1-500102 | Тарҳрезӣ ва технологияи маҳсулоти дӯзандагӣ | 8 | 17 | 2800 | 25 | 25 | 2650 | 25 | ||||||
11. | 1-44010303 | Ташкил ва бехатарии ҳаракат дар роҳ | 10 | 15 | 3400 | 25 | 25 | 2650 | 25 | ||||||
12. | 1-0801011101 | Таълимоти касбӣ (саноати сабук). Технологияи саноати нассоҷӣ ва саноати сабук | 8 | 17 | 2650 | 25 | 0 | ||||||||
13. | 1-400101 | Таъмини барномавии технологияҳои иттилоотӣ | 8 | 41 | 3400 | 49 | 25 | 2650 | 25 | ||||||
14. | 1-740605 | Таъмини энергетикии кишоварзӣ (аз рӯи самтҳо) | 10 | 41 | 3400 | 50 | 25 | 2700 | 25 | ||||||
15. | 1-400102 | Технология ва низоми иттилоотӣ (дар энергетика) | 5 | 20 | 3400 | 25 | 25 | 2650 | 25 | ||||||
16. | 1-52020101 | Технология ва таҷҳизоти маҳсулоти заргарӣ | 5 | 20 | 2800 | 25 | 0 | ||||||||
17. | 1-49010201 | Технологияи гушт ва маҳсулоти гуштӣ | 8 | 17 | 2650 | 25 | 0 | ||||||||
18. | 1-49010102 | Технологияи истеҳсоли маҳсулоти нонӣ, макаронӣ, қаннодӣ ва ғизоӣ бо роҳи махсус хушконидашуда | 8 | 17 | 2800 | 25 | 25 | 2650 | 25 | ||||||
19. | 1-74030302 | Технологияи коркарди маҳсулоти моҳӣ | 8 | 17 | 2650 | 25 | 0 | ||||||||
20. | 1-360101 | Технологияи мошинсозӣ | 5 | 20 | 2800 | 25 | 0 | ||||||||
21. | 1-500101 | Технологияи ришта, матоъ, насоҷӣ ва матои бетору пуд | 8 | 17 | 2800 | 25 | 0 | ||||||||
22. | 1-70020101 | Технология ва ташкили саноати сохтмонӣ | 5 | 20 | 3400 | 25 | 25 | 2650 | 25 | ||||||
23. | 1-50020102 | Технология маҳсулоти чарчинвории чармӣ | 10 | 15 | 2650 | 25 | 0 | ||||||||
24. | 1-49010202 | Технологияи шир ва маҳсулоти ширӣ | 8 | 17 | 2650 | 25 | 0 | ||||||||
25. | 1-020502 | Физика | 10 | 15 | 3400 | 25 | 25 | 2650 | 25 | ||||||
Кластери 2 | |||||||||||||||
26. | 1-25010805 | Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар саноат | 50 | 3400 | 50 | 25 | 2700 | 25 | |||||||
27. | 1-26010109 | Идораи лоиҳаи инвеститсионӣ ФМТРТДИ | 25 | 3400 | 25 | 0 | |||||||||
28. | 1-26020203 | Менеҷменти инноватсионӣ ФМТРТДИ | 5 | 20 | 3400 | 25 | 0 | ||||||||
29. | 1-25010410 | Менеҷменти молиявӣ | 50 | 3400 | 50 | 25 | 2650 | 25 | |||||||
30. | 1-250104 | Молия ва қарз ФМТРТДИ | 25 | 3400 | 25 | 25 | 2650 | 25 | |||||||
31. | 1-40010202 | Низом ва технологияҳои иттилоотӣ (дар иқтисодиёт) | 25 | 3400 | 25 | 0 | |||||||||
32. | 1-890101 | Саёҳат ва меҳмондорӣ | 5 | 16 | 3400 | 21 | 25 | 2650 | 25 | ||||||
Кластери 3 | |||||||||||||||
33. | 1-19010105 | Дизайн (костюм ва газвор) | 8 | 16 | 2650 | 25 | 25 | 2650 | 25 | ||||||
34. | 1-1901010202 | Дизайни дохилии бино | 8 | 17 | 2650 | 25 | 25 | 2650 | 25 | ||||||
Кластери 4 | |||||||||||||||
35. | 1-260102 | Идораи давлатӣ ва ҳуқуқ | 50 | 3400 | 50 | 25 | 2650 | 25 | |||||||
Кластери 5 | |||||||||||||||
36. | 1-48020102 | Технологияи таркиби дорувори, витаминхо ва ферментхо (ФМТРТДИ) | 10 | 40 | 3400 | 50 | 25 | 2650 | 25 | ||||||
37. | 1-31050103 | Химия (фаъолияти дорусозӣ) | 15 | 10 | 3400 | 25 | 0 | ||||||||
38. | 1-3101010121 | Биохимияи тиббӣ | 5 | 20 | 3400 | 25 | 0 | ||||||||
Довталабони гиромӣ! Агар хоҳед, ки соҳиби касбҳои замонавӣ гардида, аз технологияҳои инноватсионӣ бархурдор буда, ҳамқадами замон шуда, ба орзуҳои неки худ бирасед, пас Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлобро интихоб намоед! Интихоби Донишкадаи мо кафили ояндаи саодатбору дурахшони шумо. Рамзи мо дар ММТ таҳти №215.
Билоли Шамс, МТЖТ, шаҳри Кӯлоб