Мактабу маориф дар ҳама давру замонҳои таърихӣ масъалаи мубрам ба ҳисоб рафта, он ҳамчун омили пешбарандаи ҷомеаи инсонӣ дониста мешуд. Дар таърих давлату миллатҳои гуногун ба масъалаи таълиму тарбият диққати ҷиддӣ дода, онро яке аз пояҳои муҳими давлатдорӣ ва омили асоси рушди ҷомеа медонистанд. Бояд гуфт, ки маориф яке аз соҳаҳои муҳими ҳаёти ҷамъиятӣ ба шумор рафта, рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ аз рушди маориф вобаста аст. Ҳукумати кишвар бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ибтидои соҳибистиқлолӣ барои таъмин намудани пешрафти соҳаҳои илму маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ аз тамоми имкониятҳо васеъ истифода бурда, баҳри пешрафти ин соҳаи бисёр ҳам зарурӣ талош намудааст.
Миллати тоҷик дар замонҳои қадим то ба имрӯз соҳиби китобу илму дониш будааст, ки инро ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳам таъйид мекунад. Чун фарзонафарзандони миллати тоҷик осору ганҷинаҳои илмеро эҷоду кашф кардаанд, ки натанҳо ба миллати худ, балки ба тамоми инсоният то имрӯз хидмат мекунад. Аз ин лиҳоз, донишу хирад ва илм барои миллати тоҷик аз арзишмандтарин чизҳое ҳастанд, ки барои азхуд карданаш тамоми ҳастии худро сарф мекунанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳояшон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми кишвар ба рушди соҳаи маориф ва илм, ки яке аз ҳадафҳои афзалиятноки сиёсати давлат эълон шудааст, диққати махсус дода, ояндаи кишварро аз фаъолияти омӯзгорон ва рушди доимии илму маориф вобаста дониста, қайд мекунанд, ки “Пешрафти давлат, таҳкими иқтисодиёти миллӣ ва рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа бидуни ширкати мутахассисони варзида ғайриимкон аст…”. Нақши муассисаҳои таълимӣ дар рушду нумуи соҳаи маорифи кишвар аҳамияти бештар дорад, чунки тамоми мутахассисони оянда аз ин даргоҳи илму маърифат таълиму тарбия мегиранд. Бинобар ҳамин омӯзгорони муассисаҳои таълимиро мебояд низоми таълиму тадрисро ба таври зарурӣ ба роҳ монда, саҳми хешро дар пешрафти соҳаи илму маориф гузоранд ва шогирдонро дар руҳияи хештаншиносӣ ва худогоҳии миллӣ тарбият намоянд.
Вобаста ба ин андешаву пиндор хабарнигори МТЖТ барои аз наздик аз фаъолияту дастовардҳои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 16-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо директор ва омӯзгорони ин муассиса ҳамсуҳбат гардид ва чӣ тавре, ки директори муассисаи мазкур Ҳимматова Фирӯза изҳор дошт, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 16-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, чун дигар муассисаҳои миёнаи умумӣ ва олии касбӣ нақши худро дар пешрафти соҳаи илму маориф гузошта, дар соли таҳсили сипаришуда, яъне соли таҳсили 2023-2024 ба бисёр дастовардҳои назаррас ноил гардид ва ин аз он шаҳодат медиҳад, ки воқеан ҳам омӯзгорони ин муассисаи таълимӣ фаъолияти худро хуб ба роҳ мондаанд. Хонандагону омӯзгорони муассиса дар ҳама озмуну олимпиадаҳо, чорабиниҳо пайваста саҳмгузор буданду фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гаштанд ва мехоҳем инҷо қисмате аз дастовардҳои муассисаи таълимиро дар соли таҳсили 2023 – 2024 зикр намоем.
Дастовардҳо
Чунончи дар боло директори муассиса изҳор дошт, аз дастовардҳои толибилмон изҳор хоҳад дошт, мавсуф дар ин боб, қайд кард, ки дар озмуни ҷумҳуриявии “Маснавихонӣ” Аймаҳмадов Аҳмадҷон, хонандаи синфи 11 “А” дар даври ноҳиявӣ ва шаҳрӣ сазовари ҷойи 1-ум ва дар даври ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойи 2-юм гардид, омӯзгори фанни суруд ва мусиқӣ муассисаи таълимӣ- Сангмадов Исмоил ба медали Аълочии фарҳанг сарфароз гардид. Дар озмуни “Иншои беҳтарин” Асоева Марҷона, хонандаи синфи 10 “А” сазовори ҷойи 2-юм дар ноҳия гардид. Директори муассиса аз он муждагонӣ дод, муассисаи таълимии рақами 16-и ноҳияи Шоҳмансур ба “Панҷгонаи беҳтарин” дар ҳаракати самти олимпӣ, ки 49 нафар хонандаи муассисаи таълимӣ ба даври шаҳрии Олимпидаи фаннии мактаббачагон роҳ ёфтанд, ворид гардид. Ҳамчунин, ҷойи 1-ум дар мусобиқаи варзишӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ, байни давлатҳои Иттиҳоди мустақил аз рӯи гуштини тарзи озод, хонандагон Назаров Муҳаммадсаид, синфи 9 “Б” ва Назаров Сиддиқ, синфи 8 “З” ба даст оварданд. Дар мусобиқаи тирандозӣ бошад Кенҷаев Абубакр, хонандаи синфи 10 “Б” ва Сатторов Раҳматуллоҳ, хонандаи синфи 11 “Б” дар даври шаҳрӣ сазовари ҷойи 2-юм гардиданд.
Дар озмуни “Ман ихтироъкор”, хонандаи синфи 6 “Ғ” Муминов Билолҷон сазовори ҷойи 2-юм шуд ва дар озмуни даставии “Забондонӣ – саёҳати беохир” дастаи хонагдагони муассисаи таълимии №16-и ноҳияи Шоҳмансур сазовори ҷойи 2-юм гардид. Иштирок ва сазовори ҷойи ифтихорӣ гаштани хонандаи синфи 11 “А” Аймаҳмадов Аҳмадҷон дар озмуни байналмилалии “100-ЧЕҲРАИ МУВВАФАҚ” ҳам барои мо ифтихор аст.
Дар олимпиадаи байналмилалии “GLOBUS” 4 нафар хонанда сазовори ҷойҳои 2-юм ва 3-юм, инчунин 30 нафар хонандаи дигар сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гаштанд. Дар озмуни шаҳрии “Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм” хонандаи синфи 11″А” Аймаҳмадов Аҳмадҷон сазовори ҷойи 1-ум дар ноҳия гардид.
Дар озмуни ҷумҳуриявии” Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст ” дар умум 7 нафар аз муассисаи таълимӣ дар даври ноҳиявӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гашта, ба даври дигар роҳ ёфтанд: омӯзгори фанни забони давлатӣ, Назирова Насима аз рӯи номинаи хондан ва азбар намудани осори адабиёти муосири тоҷик, сазовори ҷойи 2-юм, Аймаҳмадов Аҳмадҷон, хонандаи синфи 11 “А”, аз рӯи номинаи хондан ва азбар намудани осори адабиёти классикии тоҷик, сазовори ҷойи 1-ум, Абдураҳмонзода Малика, хонандаи синфи 10 “Б”, аз рӯи номинаи хондан ва азбар намудани осори адабиёти классикии тоҷик, сазовори ҷойи 3-юм, Маҳмадшоев Амирҳамза, хонандаи синфи 7 “Г”, аз рӯи номинаи хондан ва азбар намудани осори адабиёти бачагона, сазовори ҷойи 2-юм, Хуршедзода Муслиҳиддин, хонандаи синфи 3 “А”, аз рӯи номинаи хондан ва азбар намудани осори адабиёти бачагона сазовори ҷойи 3-юм, Ёрова Насиба, хонандаи синфи 3 “Г”, аз рӯи номинаи хондан ва азбар намудани осори адабиёти бачагона, сазовори ҷойи 2-юм ва Салимзода Сумая, хонандаи синфи 3 “Д”, аз рӯи номинаи хондан ва азбар намудани осори адабиёти бачагона сазовори ҷойи 3-юм гардиданд. Дар олимпиадаи фаннии мактаббачагон бошад 4 нафар хонандаи муассисаи таълимӣ дар ҷумҳурӣ сазовори ҷойҳои намоён гаштанд, Умарова Азиза, хонандаи синфи 7 “З”, аз фанни забони давлатӣ, сазовори ҷойи 3-юм, Сироҷиддинова Мубина, хонандаи синфи 8 “З”, аз фанни забон ва адабиёти рус, сазовори ҷойи 3-юм, Юсупова Марям, хонандаи синфи 9″Б”, аз фанни забони давлатӣ, сазовори ҷойи 2-юм ва Аймаҳмадов Аҳмадҷон, хонандаи синфи 11″ А”, барои иштироки фаъолона, сазовори ҷойи ифтихорӣ гардиданд.
Дар конференсияи ҷамъияти илмӣ – эҷодии хонандагон 2 нафар хонандаи муассисаи таълимӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гаштанд, ки онҳо Пирзода Нозанин, хонандаи синфи 8″Г”, аз рӯи равияи забон ва адабиёти тоҷик дар даври шаҳрӣ, сазовари ҷойи 2-юм, Сироҷиддинова Мубина, хонандаи синфи 8 “З” аз рӯи равияи забон ва адабиёти рус, сазовори ҷойи 2-юм гариданд, мебошанд. Дар озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” 2 нафар хонандаи муассисаи таълимӣ сазовори ҷойҳои намоён гаштанд: Ҷӯраев Иброҳим, хонандаи синфи 8 “Ғ”, аз фанни технологияи иттилоотӣ, сазовори ҷойи 3-юм дониста шуд ва Кенҷаев Абубакр, хонандаи синфи 10 “Б”, аз фанни технологияи иттилоотӣ ҷойи намоёнро соҳиб гардид. Дар мусобиқаи варзишӣ оид ба “Панкратион” хонандагон- Назаров Муҳаммадсаид, синфи 9 “Б” ва Назаров Сиддиқ, синфи 8 “З” дар сатҳи ҷумҳурӣ сазовори ҷойи 1-ум гардиданд. Ҳамзамон, дар ин соли таҳсил 10 нафар хонандагони синфҳои 9-ум сазовори Аттестати аъло гаштанд. Инчунин, ду нафар хонандаи синфи 11-ум Аймаҳмадов Аҳмадҷон ва Каримова Омина барои дарёфти Аттестати аъло бо медали тилло ва нуқра талош доранд ва маъмурияти муассисаи таълимии рақами 16-и ноҳияи Шоҳмансур умед дорад, ки ин шогирдон барои дарёфти аттестати аъло ва медал муваффақ мегарданд. Маъмурияти муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 16-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, барои аз ин ҳам беҳтару хубтар намудани фаъолияташ дар солҳои минбаъдаи таҳсил кӯшиш намуда, саҳми худро дар пешрафту тараққиёти соҳаи илму маориф мегузорад.
Илмат ба амал чу ёр гардад
Дар мавриди дастовардҳои соли хониши 2024-2025 ҳамсуҳбати сухан гуфта, аз ҷумла тазаккур дод, ки санаи 21 декабри соли 2024 дар толори фарҳангии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маросими ҷоизасупории ғолибони даври дуюми олимпиадаи фании хонандагон баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур намояндагон аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои шаҳри Душанбе ва шуъбаи маорифи ноҳияи Шоҳмансур ҳузур доштанд. Дар рафти чорабинӣ ба синфҳои 11-уми муассисаҳои таълимӣ, ки ғолиби Олимпидаи фаннӣ гардидаанд, аз ҷониби тадорукот ифтихорнома, медал ва туҳфаҳо тақдим карда шуд. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 16-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо касби 52 нафар ҷойи намоён дар байни муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳияи Шоҳмансур сазовари ҷойи аввал гардид, ки сарравал ба директори муассисаи таълимии рақами 16-и ноҳияи Шоҳмансур Ҳимматова Фирӯза Ҷабборовна дипломи дараҷаи 1 тақдим гардид. Ҳамзамон, Қаҳҳоров Шаҳриёр ҳамчун роҳбари ҳаракати самти олимпӣ бо ифтихорномаи фахрӣ аз ҷониби тадорукот сарфароз гардонида шуд. Ёдовар мешавем, ки дастовардҳои муассисаи таълимии рақами 16-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе аз самти ҳаракати олимпӣ сол то сол зиёд гардида, ба дастовардҳои назаррас ноил мегардад.
Директори мактаб изҳор дошт, ки аз ин фурсати муносиб истифода карда, ин дастоварди аз ҳама муҳиму заруриро ба роҳбарияти муассисаи таълимии рақами 16-и ноҳияи Шоҳмансур, омӯзгорону хонандагон ва волидони онҳо табрик мегӯям ва умед дорем, ки хонандагони муассисаи таълимӣ бо донишу заковаташон дар давраҳои минбаъдаи олимпиадаи мазкур низ муввафақ мегарданд.
Тайи чанд соли охир озмуни шаҳрии “Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе” баргузор мегардад, ки ҳадаф аз роҳандозии озмун, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон ва васфи пойтахти азизамон шаҳри Душанбе мебошад. Ҳамасола дар озмуни мазкур хонандагони муассисаи таълимии №16 иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд. Соли гузашта дар ин озмун хонандаи синфи 11-уми муассиса Ҳамроева Самира сазовари ҷойи 2-юм гардид, ки бо диплому 20 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ гардид. Соли ҷорӣ низ Исматова Сулҳия, хонандаи синфи 8 “Г” дар озмуни мазкур аз рӯи номинаи “Эҷоди назм дар васфи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе” баромад намуда, дар даври ноҳиявӣ сазовари ҷойи 3-юм гардид, ки бо диплому ифтихорнома сарфароз гардонида шуду ба даври шаҳрии озмун роҳ ёфт.
Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, дар якҷоягӣ бо Федератсияи футболи Тоҷикистон, ҳамзамон Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе марҳилаи шаҳрии мусобиқаи варзишӣ оид ба футбол барои дарёфти клуби “Тӯби ЧАРМИН” – ро байни хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе баргузор намуд. Дар мусобиқаи мазкур дастаи футболи хонандагони муассисаи таълимии рақами 16-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе фаъолона баромад намуда, дар ҳудуди ноҳияи Шоҳмансур сазовари ҷойи 1-ум ва дар шаҳри Душанбе сазовари ҷойи 2-юм гашт, ки бозигарон бо медалу ифтихорномаҳои фахрӣ қадрдонӣ шуданд. Ёдовар мешавем, ки дастаи футболи муассисаи таълимиро омӯзгори фанни тарбияи ҷисмонӣ, Иноятов Илҳом роҳбарӣ менамояд. Боварии комил дорем, ки дастаи футболи муассиса дар даври ҷумҳуриявии ин мусобиқаи варзишӣ низ дастболо мегардида, мақоми муассисаро боз ҳам боло мебардоранд.
Хонандагони муассисаи таълимии рақами 16-и ноҳияи Шоҳмансур, Назаров Муҳаммадсаид синфи 9 “Б” ва Назаров Сиддиқ синфи 8 “З” дар якчанд мусобиқаҳои варзишии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда, сазовори ҷойи 1-ум гардиданду парчами меҳанро дар сатҳи байналмилалӣ (соли гузашта дар мусобиқаи байналмилалии ҷумҳурии Қазоқистон) муаррифӣ намуданд. Ва боз имрӯз ҳарду хонанда дар мусобиқаи варзишии оид ба “Панкратион” баромад намуда, ҳарду сазовори ҷойи 1-ум гардиданд, ки ин муваффақияти аввалини онҳо нест, балки онҳо чандин маротиба дар чунин мусобиқоти варзишӣ иштирок доштанду сазовори ҷойҳои намоён гаштаанд.
Омӯзгори сол
Ҳамсуҳбати мо афзуд, ки озмуни “Омӯзгори сол” ҳамасола баргузор карда мешавад, ки дар озмуни мазкур омӯзгорони соҳибтаҷрибаву дастовардҳои зиёддошта иштирок менамоянд. Омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 16-и ноҳияи Шоҳмансур Атоева Шукрона Бозоралиевна, ки ҳамчун омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик дар муассисаи таълимӣ фаъолият менамоянд, аз ҷониби коллективи омӯзгорони муассисаи таълимӣ ҳамчун омӯзгори сол пешниҳод гардид. Номбурда дар ҳама самту соҳаи маориф қариб дастовардҳои назаррас дошта, шогирдонаш ғолибони озмуну олимпиадаҳои сатҳи шаҳриву ҷумҳуриявӣ гаштаанд. Атоева Шукрона ҳамчун омӯзгори пешқадаму соҳиби дастовардҳои зиёд дар даври ноҳиявии озмуни “Омӯзгори сол” иштирок варзида, сазовори ҷойи 1-ум гашт, ки ин боиси сарфарозии аҳли коллективи омӯзгории муассисаи таълимӣ мебошад.
Конференсияи ҷамъияти илмӣ – эҷодии хонандагон аз ҷониби Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо ҳамасола баргузор карда мешавад, ки дар ин конфронс хонандагон мавзуеро вобаста ба равия интихоб намуда, кори илмӣ менамояд. Пирзода Нозанин, хонандаи синфи 8 “Г” аз рӯи равияи забон ва адабиёти тоҷик дар мавзуи “Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ ва осори адабии ӯ” кори илмии худро зери роҳбарии омӯзгораш Абдуллоева Сураё таҳия намуда, дар даври ноҳиявӣ сазовори ҷойи 2-юм ва дар даври шаҳрӣ сазовари ҷойи 3-юм гардид, ки бо диплому медал қадрдонӣ карда шуд. Ҳамзамон, Сироҷиддинова Мубина низ, хонандаи синфи 8″ З” аз рӯи равияи забон ва адабиёти рус кори илмии худро таҳия намуда, дар даври ноҳиявӣ сазовори ҷойи 3-юм гардид, ки бо ифтихорномаи фахрӣ сарфароз гардонида шуд.
Бояд ёдовар шавам, ки азбаски нисбати соҳаи маориф ва илм таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар беш аз пеш афзудааст ва дастгирии ҳамаҷонибаро барои рушди маориф равона кардааст, мо омӯзгоронро водор мекунад, ки тарбияи наврасону ҷавононро ҷиддитар намоем ва баҳри пешрафти соҳаи маориф саҳми арзандаи худро гузорем… Зеро бузургони илму адаби тоҷик беҳуда нагуфтаанд:
Дониш талабу бузургӣ омӯз,
То беҳ нигарад рӯзат аз рӯз.
Шаҳзода АШУРАЛИЕВА