Мактабу маориф дар ҳама давру замонҳои таърихӣ масъалаи мубрам ба ҳисоб рафта, он ҳамчун омили пешбарандаи ҷомеи инсонӣ дониста мешуд. Дар таърих давлату миллатҳои гуногун ба масъалаи таълиму тарбият диққати ҷиддӣ дода, онро яке аз пояҳои муҳими давлатдорӣ ва омили асоси рушди ҷомеа медонистанд. Бояд гуфт, ки маориф яке аз соҳаҳои муҳими ҳаёти ҷамъиятӣ ба шумор рафта, рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ аз рушди маориф вобаста аст. Ҳукумати кишвар бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ибтидои соҳибистиқлолӣ барои таъмин намудани пешрафти соҳаҳои илму маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ аз тамоми имкониятҳо васеъ истифода бурда, баҳри пешрафти ин соҳаи бисёр ҳам зарурӣ талош намудааст.

Миллати тоҷик дар замонҳои қадим то ба имрӯз соҳиби китобу илму дониш будааст, ки инро ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳам таъйид мекунад. Чун фарзонафарзандони миллати тоҷик осору ганҷинаҳои илмеро эҷоду кашф кардаанд, ки натанҳо ба миллати худ, балки ба тамоми инсоният то имрӯз хидмат мекунад. Аз ин лиҳоз, донишу хирад ва илм барои миллати тоҷик аз арзишмантарин чизҳое ҳастанд, ки барои азхуд карданаш тамоми ҳастии худро сарф мекунанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳояшон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми кишвар ба рушди соҳаи маориф ва илм, ки яке аз ҳадафҳои афзалиятноки сиёсати давлат эълон шудааст, диққати махсус дода, ояндаи кишварро аз фаъолияти омӯзгорон ва рушди доимии илму маориф вобаста дониста, қайд мекунанд, ки “Пешрафти давлат, таҳкими иқтисодиёти миллӣ ва рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа бидуни ширкати мутахассисони варзида ғайриимкон аст…”. Нақши муассисаҳои таълимӣ дар рушду нумуи соҳаи маорифи кишвар аҳамияти бештар дорад, чунки тамоми мутахассисони оянда аз ин даргоҳи илму маърифат таълиму тарбия мегиранд. Бинобар ҳамин омӯзгорони муассисаҳои таълимиро мебояд низоми таълиму тадрисро ба таври зарурӣ ба роҳ монда, саҳми хешро дар пешрафти соҳаи илму маориф гузоранд ва шогирдонро дар руҳияи хештаншиносӣ ва худогоҳии миллӣ тарбият намоянд.

Вобаста ба ин андешаву пиндор хабарнигори МТЖТ барои аз наздик аз фаъолият Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии 19-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо директор ва омӯзгорони ин муассиса ҳамсуҳбат гардид ва чӣ тавре, ки директори муассисаи мазкур Наимзода Сафарбек Наим изҳор дошт, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, чун дигар муассисаҳои миёнаи умумӣ ва олии касбӣ нақши худро дар пешрафти соҳаи илму маориф гузошта, ба бисёр дастовардҳои назаррас ноил гардид ва ин аз он шаҳодат медиҳад, ки воқеан ҳам омӯзгорони ин муассисаи таълимӣ фаъолияти худро хуб ба роҳ мондаанд. Хонандагону омӯзгорони муассиса дар ҳама озмуну олимпиадаҳо, чорабиниҳо пайваста саҳмгузор буданду фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён гаштаанд.

Ифтихормандӣ

Мавсуф ҳамчунин, изҳор дошт, ки “дар даври сеюми озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯги маърифат” омӯзгори фанни химия Суноатова Муниса ғолиби даври ҷумҳуриявӣ, омӯзгори фанни география Ғафурова Ҷамила ғолиби озммуни Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе дар даври ноҳия сазовори ҷойи дуюм, Омӯзгори фанни суруд ва мусиқӣ Пиронов Некруз ғолиби озмуни “Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе ғолиби даври якуми ноҳиявӣ, Миров Маъруф хонандаи синфи 9-Г ғолиби даври шаҳрии Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе  як нафар хонандаи синфи 6-“Ё” Бобоева Робия  ғолиби озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ, китоб аст” даври ҷумҳуриявӣ аз фанни забон ва адабиёти тоҷик бо  тӯҳфаҳои  хотиравию  пулии  Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  сарфароз  гардонида шуданд.  Гадоева Субҳия  хонандаи синфӣ 10-Д ғолиби “Иншои беҳтарин” дар мавзӯи Коррупсия, ғолиби даври шаҳрӣ ва хонандаи синфӣ 11-А Қурбонова Мадина дар мусобиқаи “Ҷудо”,Зиеёв Абдураҳмон хонандаи синфӣ  10-Д дар мусобиқаи “ Муҳорибаи тан ба тан” сазовори ҷойи дуӣ даври ноҳиявӣ Аминова Руфина хонандаи синфӣ  11-Гдар мусобиқаи  “Вазнбардорӣ” ғолиби даври ҷумҳуриявӣ, Комрони Валӣ хонандаи синфӣ 8-Ғ дар мусобиқаи “Гушти зюдо” сазовори ҷойи якум гардид”. Инчунин аз ҷониби шӯъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе якҷоя бо Муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Сино” олимпиадаҳои фаннии даври ноҳиявӣ баргузор гардид. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз рӯйи номинатсияи “Даҳгонаи беҳтарини муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии дар ҳаракати олимпӣ фаъоли ноҳия” ғолиб гардида, барои фаъолияти назаррас дар рушди соҳаи маориф, ҳаракати олимпӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои иштироки фаъолона ва дастовардҳои хонандагони муассиса дар даври ноҳиявии олимпиадаҳои фаннӣ бо Ифтихорнома ва ҷоиза сарфароз гардонида шуд.

Сохтори муассиса

Дар идомаи суҳбат номбурда тазаккур дод, ки маъмурияти Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба маълумоти Шумо мерасонад, ки муассисаи мазкур 1-уми сентябри соли 2024 аз ҷониби Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохта ба истифода дода шудааст, ки  аз 5 бинои 4-ошёна, биноҳои А, Б, В, Г, Д барои ғунҷоиши 3500 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.

Таҳхона, синфхонаҳо- 75-адад, кабинетҳои хизматрасонӣ- 14-адад, кабинетҳои фаннӣ- 9-адад, синфхонаи компютерӣ- 2-адад, китобхона бо толори хониш дорои 100 ҷойи нишаст, ҳуҷраи омӯзгорон- 11-адад, ҳуҷраи радио, майдончаи варзишӣ- 2-адад (толори варзишӣ), толори маҷлисгоҳ дорои 462-нафар ҷойи нишаст, нуқтаи тиббӣ аз ҳуҷраҳои зерин иборат аст: ҳуҷраи ёрирасон, ҳуҷраи стоматология, толори маҷлисгоҳ дорои 462-нафар ҷойи нишаст, ошхона дорои 300-нафар ҷойи нишаст иборат мебошад.

Базаи кадрӣ ва хонандагон

Мавсуф инчунин, афзуд, ки шумораи умумии омӯзгорон- 103-нафар, Аълочии маориф 9 нафар, шумораи умумии хонандагон- 2257-нафар дар ду баст, иштирокунандагони озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ, китоб аст” -1 нафар, иштирокунандагони озмуни “Илм-фурӯғи маърифат”- 1 нафар, иштирокунандагони озмуни “Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм”- 2 нафар, иштирокунандагони озмуни “Ту қалби Тоҷикистони Душанбе”- 1 нафар, иштирокунандагони озмуни “Шоҳмот”- 2-нафар, гирандагони Стипендияи Президентӣ- 6 нафар, гирандагони Стипендияи шаҳрӣ- 2 нафар, гирандагони Стипендияи ноҳия- 2 нафар, олимпиадаи дохилимуассисавӣ- 260 нафар, олимпиадаи даври ноҳиявӣ- 180-нафар, роҳхат ба даври сеюми олимпиадаи шаҳрӣ- 38 нафар мебошанд.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19- и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар “Даҳгонаи муассисаҳои беҳтарин” дар сатҳи ноҳия қарор дорад.

Ташрифи Пешвои миллат

Дар мавриди ташрифи Пешвои миллат ба муассиса ҳамсуҳбати мо сухан карда, қайд кард, ки 1 сентябр Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, дар рӯзи Дониш ва оғози тантанавии соли нави таҳсили 2024-2025 иштирок намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин иншооти зебои замонавиро ифтитоҳ намуда, онро дар рӯзи оғози соли нави хониш туҳфаи арзандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аҳли маориф ва насли хуштолеъи кишвар номиданд.

Иншоот бо дастгирӣ аз сиёсати ободкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сарманзил”, соҳибкори ватандӯст Маҳмуд Муродов дар зарфи як сол бунёд ёфтааст.

Мавриди зикр аст, ки ҳамасола дар арафаи соли нави хониш бо ҷонибдорӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар муассисаҳои нави таълимӣ бо шароити муосиру ҷавобгӯи талабот бунёду мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд, то насли имрӯзу оянда соҳибилму донишманд гарданд ва барои рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳмгузор бошанд.

Дар муассисаи тозабунёд Сарвари давлат бо раванди фаъолияти барномаи электронии “eDonish”, ки тули 5 сол инҷониб дар муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе амалӣ мешавад, шинос шуданд.

Барномаи “eDonish” бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар доираи “Консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамӣ дар ҷумҳурӣ” аз соли 2020 тарҳрезӣ ва мавриди татбиқ қарор дошта.

Муассиса бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯи талаботи меъмориву сохтмонӣ бо сифати баланд сохта шуда, ҳамаи синфхонаҳои таълимӣ бо мизу курсӣ ва айёниятҳои хониш таъмин мебошанд.

Роҳбари давлат зимни шиносоӣ аз раванди таҳсил ва суҳбати самимӣ бо омӯзгорону хонандагон таъкид намуданд, ки дар шароити пешрафти босуръати илму технология насли хушбахти даврони истиқлол бояд донишманду босавод бошанд ва барои рушди Ватани азиз саҳми арзандаи худро гузоранд.

Дониш андар дил чароғи равшан аст

Номбурда тазаккур дод, ки барои фаро гирифтани хонандагон бо омӯзиши касбҳои гуногун  синфхонаҳои касбомӯзӣ амал менамояд, ки бо тамоми шароит таъмин гардидааст. Ин тадбир ба хонандагон имкон медиҳад, ки дар баробари омӯзиши илм ҳамзамон касбҳои гуногунро аз худ намоянд.

Толори хониш дорои шароити мусоиди китобхонӣ буда, дар ин ҷо дар як вақт 100 нафар метавонад асарҳои адибони муосиру класикӣ ва китобҳои тозанашрро мутолиа намоянд.

Мавриди зикри хос аст, ки бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат, ҷонибдории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ҳамдилии соҳибкорони ватанӣ бо сиёсати созанда ва маорифпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи рӯзи дониш танҳо дар пойтахти кишвар 6 иншооти муосири соҳаи маориф бо беш аз 12 ҳазор ҷойи нишаст ба истифода дода шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун анъанаи накӯ дар Рӯзи дониш бо кормандони соҳаи маориф мулоқоти самимӣ доир намуданд.

Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи кормандони соҳаи маорифи кишвар, устодону омӯзгорон, донишҷӯёну хонандагон ва иштирокдорони мулоқотро бо фарорасии соли нави таҳсил самимона шодбош гуфтанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки дар даврони истиқлоли давлатӣ дар оғози соли таҳсил таҷлил намудани Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилоти низоми маорифи кишвар ба яке аз анъанаҳои неки умумимиллӣ дар Тоҷикистон табдил ёфтааст.

Мулоқоти Пешвои миллат ба ифтихори соли нави таҳсил ва Рӯзи дониш дар бинои навбунёди муассисаи таҳсилоти умумии рақами 19-и шаҳри Душанбе, ки яке аз калонтарин муассисаҳои таълимӣ дар пойтахти кишвар ба шумор меравад, дар он беҳтарин шароити илму донишомӯзӣ муҳайё карда шудааст, баргузор гардид.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз талошҳои Ҳукумати кишвар нисбат ба рушди соҳаи маориф ва дастгирии соҳибкорон аз сиёсати созанда дар ин самт андешаронӣ карданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки ин ҳама пешрафту ободиҳо ва ғамхорӣ дар ҳаққи наслҳои наврас самараи истиқлолу озодии давлат, сулҳу оромии кишвар ва азму иродаи созандаи сокинони пойтахт мебошад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ оид ба аҳамияти бо дарси сулҳ оғоз намудани соли таҳсил андешаронӣ карда, таъкид доштанд, ки амалӣ гардидани ниятҳои неки ҳар як инсон ва нақшаву барномаҳои созандаи давлату ҷомеа фақат дар шароити сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ имконпазир мегардад.

Бинобар ин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарур донистанд, ки ҳар як шаҳрванди кишвар сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллии ба қимати ҷони даҳҳо ҳазор ҳамватанонамон бадастомадаро ҳифзу эҳтиёт карда, дар шароити бесуботи ҷаҳон барои ҳимояи истиқлолу озодии давлат ва Ватани маҳбубамон ҳамеша кӯшишу талош намоянд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавонони саодатманди кишварро ба илм омӯхтан, соҳибкасбу забондон ва вориси шоистаи гузаштагони некном ва имрӯзиён шудан ҳидоят намуданд.

Ба таъкиди Сарвари давлат ҳар коре, ки Ҳукумати кишвар ба анҷом мерасонад, фақат ба хотири имрӯзу фардои босаодати насли оянда мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз устодону омӯзгорон ва падару модарон талаб намуданд, ки ба масъалаи таълиму тарбияи наслҳои наврас, яъне фарзандон эътибори ҷиддӣ диҳанд, барои онҳо шароити беҳтарин муҳайё созанд, то ки онҳо бесавод намонанд, соҳиби илму дониш ва касбу ҳунар шаванд, дар оянда муҳтоҷи дигарон нагарданд ва Тоҷикистони азизамонро соҳибӣ карда, онро ободу пешрафта сохта тавонанд.

Давлату миллат аз мо омӯзгорону устодон умеду итминон калон доранд, ки ин рисолати хешро минбаъд низ аз сидқи дил ба ҷо оварда, дар таълиму тарбияи насли соҳибмаърифат, хушахлоқ, соҳиби касбу ҳунар, ватандӯсту ватанпараст ва ба миллату Ватани хеш содиқ саҳми муносиб мегузорем.

 МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь