Чӣ тавр давлат ва халқҳои мо ба туфайли китобу мактаб ва муаллимон бо ҳам наздик мешаванд

Таҳсилоти русӣ дар Тоҷикистон нуфузу обрӯи баланд дорад. Барои бисёре аз ҷавонон донистани забони русӣ на танҳо сармояи фарҳангӣ, балки як бартарии муҳими рақобатӣ мегардад, ки дарҳои донишгоҳҳои пешсафи Русияро боз карда, барои пайдо кардани кори бонуфуз ва даромаднок, чӣ дар дохил, чӣ дар хориҷи кишвар имконият медиҳад.

Китобҳо ҳамчун пули дӯстӣ

Ба ду мактаби вилояти Хатлони Тоҷикистон (дар Кӯлоб ва Баҳманрӯд) бо кӯмаки намояндагии “Россотрудничество” беш аз 450 нусха адабиёти таълимӣ ва бадеӣ дастрас карда шуд. Ин иқдом як ҷузъи барномаи васеъмиқёс оид ба таҳкими ҳамкориҳои башардӯстонаи Русия ва Тоҷикистон гардид. Мактаби миёнаи №1 ба номи С. Аюбии шаҳри Кӯлоб фонди китобхонаи худро бо китобҳои нави дарсии фанҳои асосӣ, инчунин асарҳои адабиёти классикӣ пур кард. Имрӯз дар дар ин мактаб ҳудуди 2500 нафар хонандагон таҳсил мекунанд,  470 нафари онҳо дар синфҳои русӣ аз рӯи барномаҳои ба стандартҳои таълимии Русия мувофиқкардашуда таҳсил мекунанд. Соли 2024 30 нафар хатмкунандагони ин мактаб ба донишгоҳҳои Русия дохил шуданд.

То оғози соли хониш аз ҳисоби буҷети Русия 150 ҳазор китоби дарсӣ аз забони русӣ барои хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумии кишвар нашр ва дастрас карда шуд. Дар солҳои оянда нашри боз як миллиону 500 ҳазор адад китоби дарсӣ барои мактабҳои русӣ ба нақша гирифта шудааст.

Бастаи дигари китобҳо ба мактаби №24-и деҳаи Баҳманрӯди ноҳияи Темурмалик фиристода шуд. Ин мактаб соли 1979 таъсис ёфта, дар он кӯдакони аз синфҳои 1 то 11-ум ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Айни ҳол дар ин мактаб беш аз 100 нафар хонандагон таҳсил карда, 13 нафар омӯзгорон фаъолияти омӯзгорӣ мебаранд. Дар ин мактаб забони русӣ ҳамчун фанни алоҳида таълим дода мешавад ва ин барои хонандагон уфуқҳои нави таълимӣ боз мекунад.

Дар соли 2024 ҳамкориҳои Русия ва Тоҷикистон дар соҳаи маориф натиҷаҳои назаррас доданд, ин ҳамкориҳо ба таҳкимёбии мавқеи забони русӣ дар ҷумҳурӣ равона карда шудаанд. Дар доираи созишномаи дуҷониба китобҳои дарсии забони русӣ барои синфҳои 1-11 мактабҳои русзабон  ва барои мактабҳои таҳсилоти умумии тоҷикӣ (синфҳои 2-11) аз нав коркард карда шуданд.

Моҳи ноябри соли 2023 президентони Русия ва Тоҷикистон Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди ҳамасола ҷудо кардани 200 миллион рубл барои таъмин кардани мактабҳои ҷумҳурӣ бо китобҳои дарсӣ ба мувофиқа расиданд. Илова бар ин, дар соли 2024 намояндагии Россотрудничество дар Тоҷикистон ба кӯдакистонҳо, мактабҳо, донишгоҳҳо ва марказҳои таълимии ҷумҳурии мо беш аз 14,3 ҳазор нусха адабиёти таълимӣ ва бадеӣ дастрас намуд ва ин иқдом дар соли 2025 низ идома меёбад.

Ҳар бинои 5 мактаби русӣ-тоҷикӣ ба меъёрҳои қатъии устувории сейсмикӣ ҷавобгӯ буда, ба заминларзаи 9 баллӣ тобовар мебошад. Синфхонаҳо бо технологияҳои навтарин муҷаҳҳаз шудаанд: лавҳаҳои интерактивӣ, лабораторияҳои рақамӣ, дастрасӣ ба манбаҳои интернетӣ.

Оянда аз мактаб оғоз меёбад

Имрӯз дар кишвар панҷ мактаби муштараки русиву тоҷикӣ фаъолият мебаранд, ки аз ҳисоби буҷети федеролии Русия сохта шудаанд. Дар ин муассисаҳо, ки дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Бохтар ва Турсунзода ҷойгиранд, зиёда аз 4800 нафар хонандагон таҳсил мекунанд. Ин муассисаҳо на танҳо мактаб, балки комплексҳои замонавии таълимие мебошанд, ки бо назардошти таҷрибаи пешқадами кишварҳои ҷаҳонӣ сохта шудаанд.

Дар мактаби русӣ-тоҷикии ба номи Чехови шаҳри Хуҷанд аз моҳи декабри соли 2024 маркази “Кванториум” амал мекунад. Дар ин марказ самтҳои зерин амал мекунанд: Хайтек-квантум, Робоквантум, IT-квантум, Аэроквантум, Медиаквантум (маркази нашрия ва студияи телевизионӣ), VR/AR Квантум.

Раванди таълим аз рӯи барномаҳои русӣ, ки ба шароити маҳаллӣ мутобиқ карда шудаанд, ба роҳ монда шудааст: хонандагон на танҳо фанҳои асосӣ, балки забони тоҷикӣ, таърих ва географияи кишварамонро меомӯзанд. Ҳамин тариқ, ҳам заминаи илмӣ ва ҳам фарҳангии барои инкишофи мутаносиби шахсият зарурӣ ташаккул меёбад. Муҳимаш он аст, ки дар ин мактабҳо 166 омӯзгори рус фаъолият мебаранд, зимнан онҳо на дар доираи барномаҳои муваққатӣ, балки ҳамчун кормандони доимӣ фаъолият мекунанд, ки ин сифат ва устувории таҳсилро кафолат медиҳад. Ба туфайли ҳузури (иштироки) мутахассисони рус ҷорӣ кардани стандарту усулҳои таълимии Русия дар мактабҳои тоҷикӣ имконпазир мегардад.

Илова бар ин, Русия як лоиҳаи навро амалӣ мегардонад – сохтмони боз як мактаби русӣ, ки маркази кӯдакони лаёқатманди аз рӯи намунаи маркази русии «Сириус» сохташударо дар бар мегирад. Ин марказ як майдони беназир барои дастгирии мактаббачагони боистеъдод аз минтақаҳои гуногуни кишвар хоҳад гардид. Дар ин марказ ҳар моҳ то 500 нафар наврасони аз 12 то 17 сола, ки дар соҳаҳои кимиё, биология, технологияҳои рақамӣ, муҳандисӣ, робототехника ва дигар соҳаҳои технологияҳои баланд қобилият доранд, таҳсил карда метавонанд.

Ҳамзамон дар соли 2024 дар ҳамаи панҷ мактаби русӣ паркҳои технологии кӯдаконаи «Кванториум» кушода шуданд. Владимир Гудков, директори мактаби русию тоҷикии ба номи Ю. Гагарин, қайд мекунад, ки парки технологии кӯдаконаи «Кванториум» дар чаҳорчӯби лоиҳаи миллии «Маориф»-и Федератсияи Русия таъсис дода шудааст. “Ин фазоест, ки ба хонандагон барои илмомӯзи тавассути амалия ва татбиқи воқеии дониши худ имконият фароҳам меорад. Дар доираи “Кванториум” се самти асосӣ амал мекунанд: Робоквантум, Промдизайнквантум ва Аэроквантум.

Робоквантум фазоест, ки дар он кӯдакон робототехникаро – аз васл кардани механизмҳо то навиштани барномаҳо барои идоракунии онҳоро меомӯзанд. Дарсҳои амалӣ бо истифода аз маҷмӯаҳои таълимии робототехникӣ, ки ба рушди тафаккури муҳандисии хонандагон мусоидат мекунанд, гузаронида мешаванд.

Промдизайнквантум – ин якҷоякунии рафтори муҳандисӣ ва тафаккури тарроҳӣ мебошад. Дар ин ҷо мактаббачагон таҳлили масъалаҳои ҳамарӯза, пешниҳод кардани роҳҳои ҳалли ғайристандартӣ, таҳияи консепсияҳо ва амсилаҳоро меомӯзанд.

Аэроквантум ба хонандагон имкон медиҳад, ки саргарми (ғарқи) дунёи ҳавопаймоҳои бесарнишин шаванд. “Хонандагон принсипҳои идоракунии дронҳоро меомӯзанд, наворбардории ҳавоӣ анҷом медиҳанд ва барои маркази расонаии мактаб мундариҷаи беназири визуалӣ эҷод мекунанд”, – мегӯяд Владимир Гудков.

Роҳбари “Кванториум” финалисти озмуни умумироссиягии «Дили худро ба кӯдакон мебахшам», муаллими таҳсилоти иловагӣ Маъруф Исломов мебошад.

Соли 2025 хонандагони синфи 10 Маъруфҷон Ниёзов ва Сулаймон Солеҳов таҳти роҳбарии Маъруф Исломов иштирокчии даври ниҳоии (финали) озмуни умумирусиягӣ бо иштироки байналмилалии «Стартапҳои рақамӣ» гардиданд, ки аз ҷониби Донишгоҳи давлатии омӯзгории Олтой баргузор шуда буд. Стартап-лоиҳаи онҳо махсусан аз ҷиҳати навоварӣ ва сатҳи баланди тафаккури рақамӣ қайд карда шуд. Абӯбакр Мақсудов лоиҳаи «Таълими интерактивии математика дар асоси зеҳни сунъӣ»-ро муаррифӣ карда, иштирокчии даври ниҳоии конфронси XX байналмилалии илмии ҷавонон таҳти унвони «Хонишҳои Королев: мактаббачагон» гардид.

“Моҳи апрели соли ҷорӣ дар форуми байналмилалии ICT WEEK-2025 як дастаи навоварони ҷавон лоиҳаи 3D – сайёҳат ба Душанберо муаррифӣ карданд. Алиса Борисова, Нозофарид Баротзода ва Амирҷон Сафаров бо роҳбарии омӯзгор Никита Косырев дастури (роҳнамои) интерактивии виртуалиро оид ба пойтахтамон таҳия намуданд, ки мавзеҳои тамошобоб, аз ҷумла “Кохи Наврӯз”, маҷмааи “Истиқлол”, масҷиди Абӯҳанифа Имоми Аъзамро бо унсурҳои иловашудаи воқеият дар бар мегирад. Лоиҳа дар байни иштирокчиёни форум таваҷҷӯҳи зиёд ба бор овард, Хусусияти хоси ин лоиҳа – дастрас будани мероси фарҳангӣ барои маъюбон ва мактаббачагон аз минтақаҳои дурдаст мебошад», – иброз дошт директор.

Кванториумҳо лабораторияҳои мукаммали инноватсионӣ мебошанд, ки бо таҷҳизоти муосири муҳандисӣ муҷаҳҳаз шудаанд. Дар ин ҷо кӯдакон лоиҳасозӣ ва ҳалли масъалаҳои ихтироъкориро азхуд мекунанд. Махсусан ба рушди 4K – салоҳиятҳо, аз ҷумла иртибот, тафаккури интиқодӣ, эҷодкорӣ ва кори гурӯҳӣ тамаркуз карда мешавад.

Дар Кванториум мунтазам, ҳатто дар рӯзҳои таътил чорабиниҳо гузаронида мешаванд. Ҳамин тариқ, дар рӯзҳои таътили зимистона барои хонандагони синфҳои 5–8 чорабиниҳои таълимӣ ташкил карда шуданд. Хонандагон бо технологияҳои муосир дар соҳаи робототехника, 3D-амсиласозӣ ва барномасозӣ аз наздик шинос шуданд. Барнома ба инкишоф додани шавқу рағбати мактаббачагон ба фанҳои муҳандисӣ ва илмию техникӣ, инчунин дастгирии равияи касбии онҳо равона карда шудааст. «Кванториум»-и мактабӣ ҳамчунин ба як майдони табодули таҷриба табдил ёфт: дар доираи ҳамкориҳо хонандагони мактаби русӣ-тоҷикии ба номи Д.И.Менделееви шаҳри Турсунзода аз “Кванториум” дидан карданд. Меҳмонон бо имкониятҳои истифодаи технологияҳои таълимӣ дар муҳити таълим аз наздик шинос шуданд, инчунин аз планетариуми интерактивӣ дидан карда, дар бораи кайҳон ва мероси Юрий Гагарин маълумоти бештар пайдо карданд.

Владимир Гудков, директори мактаби русию тоҷикӣ ба номи Ю. Гагарин: «Мақсади асосии мактаби Кванториуми мактаби мо – ин ташаккул додани заминаи мустаҳкам барои кӯдакон дар соҳаҳои фанҳои табиӣ, математика ва технологияҳои иттилоотӣ, инчунин рушди тафаккури мантиқӣ, эҷодкорӣ ва малакаҳои кор дар муҳити лоиҳавӣ мебошад».

Ҳамкории Русия ва Тоҷикистон дар соҳаи маориф танҳо бо мактабҳо маҳдуд намешавад. Аз ҳисоби буҷети Русия даҳҳо ҳазор китобҳои дарсӣ чоп ва ба Тоҷикистон таҳвил карда мешаванд, теъдоди квотаҳо барои таҳсил дар донишгоҳҳои Русия зиёд карда мешавад, инчунин дар Тоҷикистон филиалҳои донишгоҳҳои пешрафта, аз қабили Донишгоҳи давлатии Маскав, МИСиС, Донишкадаи энергетикии Маскав амал мекунанд.

Аз ҷониби Русия корҳои зиёди ҳамоҳангшуда ва васеъмиқёс барои дастгирии соҳаи маориф дар Тоҷикистон анҷом дода мешавад, ки ин амали якдафъаина нест, балки стратегияи дарозмуддат аст, ки ба таҳкими робитаҳои башардӯстонаи байни ду кишвар мусоидат карда, барои омода кардани насли нави мутахассисони сатҳи ҷаҳонӣ ва маҳаллӣ заминаи мустаҳкам фароҳам меорад. Дар ҷаҳоне, ки имрӯз дар он дониш ба воситаи асосии пулӣ табдил ёфта истодааст, ба туфайли чунин ҳамкориҳо  рушду суботи тамоми минтақаро метавон таъмин кард.

Матлубаи Қ.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь