Маоши хуб ва имтиёзҳои зиёд аз зумраи тадбирҳое ҳастанд, ки муаллимро ба мактаб бармегардонанд
Солҳои охир масъалаи норасоии омӯзгорон дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ ба як масъалаи хеле ҷиддӣ таблид ёфтааст.
Чаро ин тавр аст ва барои рушди соҳаи маориф ва ҷалби омӯзгорони соҳибихтисос ба мактаб бояд чӣ корҳоро анҷом дод?
Вақтҳои охир соҳибназарон оид ба норасоии омӯзгорон дар мактабҳо тавассути матбуот бонги изтироб заданд. Бадбахтона, ин воҳима набуда, баъзе маълумотҳои оморӣ низ норасоии омӯзгоронро тасдиқ мекунанд.
Банда дар Ҷаласаи Шӯрои ТИК-и назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 30 декабри соли 2021 оид ба норасоии омӯзгорони фанни технологияи иттилоотӣ ва фаъолияти Шӯрои ТИК-и Раёсати вилоятии маорифи вилоятҳои ВМБК, Суғду Хатлон, шуъбаҳои маорифи шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Шаҳринав баргузор гардид, ширкат доштам.
Аз баромади Сардорони раёсатҳои маорифи вилояти Хатлон, вилояти Суғд, мудирони шӯъбаи маорифи шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Шаҳринав маълум шуд, ки яке сабабҳои асосии ақибмонии хонандагон аз фанни информатика ва технологияи компютерӣ ин норасоии муаллимони фанни информатика ва технологияи компютерӣ аст. Муовини сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон иброз дошт, ки дар вилояти Хатлон фақат аз фанни информатика ва технологияи компютерӣ 314 нафар муаллимон намерасад. Роҳбарияти мактабҳо маҷбуранд, ки ба ин фан муаллимони ғайриихтисосро ҷалб намоянд. Танҳо дар шаҳри Ҳисор 40 омӯзгори соҳибихтисос аз ин фан намерасад. Дар вилояти Суғд низ норасоии муаллимони фанни мазкур тасдиқ шуд. Оид ба норасоии муаллимони фанни информатика ва технологияи компютерӣ мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Шаҳри нав низ гуфт.
Аз баромади роҳбарони раёсатҳои маориф ва мудирони маориф маълум шуд, ки компютерҳо бинобар набудани мутахассис зуд корношоям мегарданд. Вақте кадр нест, ҳама хароҷот ба дарё меравад. Муалимони зиёде, ки аз фанни информатика ва технологияи компютерӣ дарс мегӯянд, аксар дорои маълумоти миёнаи махсусанд, на олӣ. Ин як хулосае буд, ки дар ин ҷаласа мушкилоти норасоии омӯзгорони фанни информатика ва технологияи компютериро матраҳ кард. Вале омӯзиш нишон дод, ки норасоии омӯзгорони фанҳои забони русӣ, англисӣ ва дигар фанҳои маъмул низ ҳатто дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе намерасанд. Дар шаҳру ноҳияи дигар низ чунин мушкилот вуҷуд дорад
Дар маводе бо номи “Омӯзгор ва мушкилоти ӯ”, ки ба қалами Бахтиёр Раҳматуллоев тааллуқ дорад ва чанде пеш дар ҳафтаномаи “Самак” чоп шуд, муаллиф қайд мекунад, ки танҳо дар ноҳияи Деваштич дар як сол 450 нафар омӯзгор тарки касби худ кардаанд. Раҳмоналӣ Додархӯҷаев бошад, дар ҳафтаномаи “Фараж “аз номи мудири маорифи ноҳияи Ёвон А. Боев овардааст, ки дар ин ноҳия дар як сол 311 омӯзгор корро тарк кардаанд.
Чунин “тарккуниҳо” рӯ ба афзоиш аст ва норасоии муаллимон дар тамои ҷумҳурӣ сол ба сол ба ҷои кам шудан, бештар мешавад. Дар шаҳри Душанбе дар МТМУ №59 дар як синф то 50-55 нафар хонандагон таҳсил мекунанд. Ҳол он ки тибқи қонун аз 25 нафар зиёдтар дар як синф таҳсил карданаш ғайриимкон ва ҳатто номумкин аст. Зеро дар чунин синфҳо на муаллим метавонад ҳама хонандагонро фаро гирад ва на хонанда метавонад дарсро ҳаматарафа аз худ намояд. Агар чунин синфҳо ба гурӯҳҳо тақсим карда шаванд, он гоҳ норасоии муаллимон як баробар бештар хоҳад шуд.
Чаро муаллимон тарки пеш мекунанд?
Мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ёвон А. Боев қайд мекунад, ки “ҳамасола ба назар расидани эҳтиёҷоти кадрӣ амри табиӣ буда, дар раванди таълим бо назардошти фавт, расидан ба синни ниҳоии нафақа, рухсатии ҳомиладорӣ, рухсатии дарозмуддати нигоҳубини кӯдак, тағйири касб, муваққатан дар давраи таътили тобистона ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтан ва чанде дигар омилҳо ба миён меояд, ки аз ҳисоби хатмкунандагони ихтисосҳои омӯзгории муассисаҳои таҳсилоти касбии кишвар дар соли нави таҳсил бартараф карда мешавад”. Вале чунин ба назар мерасад, ки омилҳои номбурда наметавонанд сабаби воқеии нораисии муаллимон бошанд. Зеро ҳамасола донишгоҳу донишкадаҳои кишварро донишҷӯёни зиёде хатм мекунанд ва имкони пур кардани ҷойҳои холӣ ҳамеша вуҷуд дорад.
Мудири шуъбаи маорифи шаҳри Ҳисор дар ҷаласаи Шӯрои ТИК иброз дошт, ки моҳи сентябри соли 2021 барои кор ба шаҳри Ҳисор бояд 155 нафар хатмкунанда ирсол мешуд, вале ҳамагӣ 105 нафар барои кор ба шӯъбаи маориф муроҷиат карданд ва ба кор қабул карда шуданд.
Муаллимӣ – касби занона?!
Саволе ба миён меояд, ки чаро ҷавонон барои кор дар мактабҳо ҳавасманд нестанд. Бо ин савол мо ба худи омӯзгорон ва чанде хатмкардагони мактабҳои олӣ муроҷиат кардем. Аз сӯҳбат бо онҳо маълум шуд, ки яке аз сабабҳои асосие, ки ҷавононро барои кор дар мактаб ҳавасманд намекунад, ин пеш аз ҳама маоши паст аст. Барои он ки муаллим дар мактаб кор кунад ва 1000 сомонӣ маош гирад, ӯро зарур меояд, ки на камтар аз 30 соат дарс гирад. Танҳо муаллиме, ки дорои категорияи олӣ аст, метавонад бо 30 соати дарс, яъне 1,5 ставкаи корӣ то 1700 сомонӣ маош гирад. Муаллимони дорои категорияи хурдтар бошанд, маоши камтар ва омӯзгорони бе категория, маоши хеле ҳам аз ин камтар мегиранд. Ҳадди ниҳоии дарс низ дар мактабҳо 30 соат муайян карда шудааст.
Маҳз маоши паст муаллимонро аз мактаб дур ва муаллимиро ба як касби занона табдил дода истодааст ва боиси аз ин пеша даст кашидани мардон мегардад. Масалан, Бахтиёр Раҳматуллоев аз забони Моҳинисо ном муаллимае, ки тарки муаллимӣ кардааст, мегӯяд: “Дар мактабе, ки ман кор мекунам, ҳамагӣ се нафар мард фаъолият мекунанд, боқимонда занҳо. Ду нафар аз мардҳо шахсони калонсол ва як нафари дигараш бошад, як ҷавонест, ки нав ба кор омадааст”.
10 соли меҳнат барои оиладоршавӣ…
Маоши паст имкон намедиҳад, ки муаллимони ҷавон ба кор ҷалб шаванд ва феълан муаллимони дигар бошанд, маҷбур мешаванд, тарки пеша карда, бартариятро ба муҳоҷират диҳанд. Албатта, ин бесабаб нест. Масалан, агар кадри ҷавон баъди хатми таҳсил ба мактаб ояд, барои он ки оиладор шавад, ӯро зарур аст, ки на камтар аз 10 сол пул ҷамъ кунад. Зеро барои оиладор шудан бо ҳама риояи танзимҳо зарур маояд, ки ӯ на камтар аз 50 ҳазор сомонӣ ҷамъ кунад. Оё мактаб ба ӯ чунин имкониятро медиҳад? Ҳаргиз!
Агар як илоҷе карда, бо кӯмаки волидайн ва атрофиён ӯ оиладор шавад ҳам, магар имконияти дар мактаб кор карда, соҳиби хонаву дар шуданро ба даст меорад? Албатта, не. Зеро муаллими пойтахт барои он ки як якхонагӣ харидорӣ кунад, на камтар аз 250 ҳазор сомонӣ зарур аст. Бо 1000 сомонӣ маош ӯ ин маблағро дар чанд сол ҷамъ меорад? Агар ӯ тамоми умр дар мактаб кору фаъолият кунад ҳам, бо пули муаллимӣ, ҳеҷ гоҳ соҳиби хонаву дар намешавад.
Муаллиме гуфт: “Ман 900 сомонӣ маош мегирам ва ин барои муаллимон маоши баланд ба ҳисоб меравад. Агар бо 15 сомонӣ субҳона, бо 20 сомонӣ хӯроки нисфирӯзи ва 15 сомонӣ хӯроки шомро хӯрам, ин маблағ дар як рӯз 50 сомониро ташкил медиҳад. Агар ин 900 сомонӣ маоши маро ба 50 сомонӣ тақсим кунем, ҳамагӣ барои 14 рӯзам басандагӣ мекунад. Ман 16 рӯзи дигар чӣ кор кунам? Фарзандонамро чӣ гуна хӯрондаву пӯшонам? Чӣ гуна доруворӣ гирам? Бинобар ин роҳи ягона барои ман тарки пеша кардан ва муҳоҷиратро интихоб кардан боқӣ мемонад.
Аксари ҳамсӯҳбатони дигари мо низ маҳз норасоии маошро сабаби норасоии муаллимон дар мактаб медонанд. Ба қавли онҳо боз ҳамин маоши ночизро низ пурра намегиранд. Обунаву дигару дигар хароҷотҳо низ дорад.
Муҳимтарин шарти нашъунамои маънавии муаллим – вақти холии ӯст
Чизи дигаре, ки дар мактабҳои мо феълан барои муаллим намерасад, ин истироҳат аст. Солҳои пеш муаллим ба ғайр аз рӯзи истироҳат боз як рӯз рӯзи махсус дошт, ки ба фаъолияти эҷодӣ машғул мешуд. Имрӯз бошад, муаллимонро ҳатто ба таътилҳои тирамоҳиву зимистона ва ё баҳорӣ ҷавоб намедиҳанд. В. А. Сухомлинский гуфта буд: «Муҳимтарин шарти нашъунамои маънавии муаллим, пеш аз хама, вақти холии муаллим аст. Муаллим ҳар кадар вақти холии кам дошта бошад, ба ҳар гуна нақшаҳо, ҳисоботҳо, маҷлисҳо ҷалб карда шавад, ҷаҳони маънавии вай ҳамон қадар бештар хароб мешавад. Он гоҳ ӯ ба талабагон чизе дода наметавонад. Вақт – ин сарвати бузурги маънавии муаллим аст. Эҷодиёти педагогӣ кори душворест, ки сарфи бузурги қувваро талаб мекунад ва агар қувваҳо, барқарор нагардад, муаллим нафастанг мешавад ва ба кор намебарояд”. Барои ҳамин ҳам фикр мекунам, ба муаллим дар баробари кору вазифаҳои бештар, мо бояд истироҳат ҳам диҳем ва шароити бештарро барои корҳои эҷодии ӯ фаро оварем.
Чӣ бояд кард?
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ иброз дошт, ки “Бе рушди соҳаи маориф ягон қадам пеш рафта наметавонем”. Пас саволи матраҳ ин аст, ки барои рушди соҳаи маориф ва ҷалби омӯзгорони соҳибихтисос ба мактаб мо бояд чӣ корҳоро анҷом диҳем ва чӣ иқдомҳоро пиёда кунем?
Аз сӯҳбат бо омӯзгорон ва таҳлили вазъи ба амаломада ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунам, ки барои ҷалби ҳаматарафаи омӯзгорон ба мактаб ва баланд бардоштани сифати таълиму тарбия бояд як барномаи қӯтоҳмуддат ва дарозмуддатеро таҳия намояд, ки дар лоиҳаи он ҳатман масъалаи баланд бардоштани маоши муаллимон ва додани имтиёзҳои зиёде ба онҳо пешбинӣ карда шавад.
Барнома бояд чунин давраҳоро дар бар гирад:
1.Давраи аз соли 2022 то соли 2025.
Дар ин давраи сесола пешниҳод карда шавад, ки маоши миёнаи омӯзгор то ба 3000 сомонӣ расонида шавад.
- Давраи дуюм аз соли 2026 то соли 2030.
Дар ин давра ба таври ҳарсола на камтар 1000 сомонӣ маоши муаллим баланд бардошта шуда, он то ба 8 000 сомонӣ расонида шавад.
- Давраи сеюм аз соли 2031 то соли 2035.
Дар ин давра ҳадди миёнаи маош бояд то ба 10 000 сомонӣ расонида шавад.
Имтиёзҳо
Масъалаи дуюме, ки дар лоиҳаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт меёбад, ин пешбинӣ кардани имтиёзҳои гуногун ба омӯзгорон бояд бошад. Зеро мушкилоти норасоии омӯзгорон аз як тараф агар бо роҳи бардоштани маош ҳал шавад, роҳи дуюми ҷалби муаллимон ба мактаб ин додани имтиёзҳо ба онҳост. Имтиёз дар пардохти барқ, имтиёз дар хизматрасониҳои коммуналӣ, имтиёз дар нақлиёт ва пеш аз ҳама имтиёз дар таъмини муаллим бо хона. Ё ҳадди аққал бо ҷорӣ намудани имтиёзҳои бонкӣ – додани қарзҳои бефоизи дарозмуддат барои харидории хона. Барқарор кардани истироҳатҳо ва муқаррар кардани ставкаи дарсӣ дар ҳаҷми 14 соат, чи тавре, ки дар замони шӯравӣ буд.
Албатта мо намегӯем, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муаллимон хонаҳои ройгон диҳад. Ин амал танҳо дар замони Шӯравӣ имконпазир буду имрӯз давлат чунин фондҳои манзил барои омӯзгорон надорад, вале баланд бардоштани маош ва додани имтиёзҳои гуногун, аз ҷумла қарзи дарозмуддати ипотекӣ метавонад мушкилоти манзилро барои омӯзгор ҳал намояд.
Агар чунин иқдомҳо дар амал татбиқ карда шаванд, ман бовар дорам, ки мудирони маориф ва сарварони мактабҳо ба ҷустӯҷӯи муаллим намебароянд, балки муаллимони ҷавону соҳибистеъдод худ ба мактаб бармегарданд. Агар мо соҳаи маорифро рушд додан хоҳем бояд ин иқдомҳоро пиёда кунем.
Холиқи Муҳаммадназар