Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон муассисаи таълимиест, ки дар фазои таълимоти кишвар ва хориҷ аз он ҷойгоҳи хоса дорад. Донишгоҳ бонуфузарин маркази илмию таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, даспарварони ин боргоҳи илму маърифат дар пешрафти давлати мустақили Тоҷикистон саҳми арзанда мегузоранд. ДДМИТ асосан мутахассисони соҳаи молия, иқтисод, ҳуқуқ ва IT – технологияҳоро омода месозад. Он дорои 5 бинои таълимӣ, 6 факултет, 19 кафедраи тахассусӣ ва 8 кафедраи умумидонишгоҳӣ мебошад. Дар Донишгоҳ заминаи муосир ва мукаммали моддию техникӣ фароҳам оварда шуда, айни замон дорои беш аз 2100 таҷҳизоти муосири информатсионию коммуникатсионии навъи гуногун, марказҳои интернетӣ ва забономӯзӣ, синфхонаҳои компютерӣ, кабинетҳои лингафонӣ, озмоишгоҳи таълимӣ, китобхонаи илмӣ ва электронӣ, осорхона, бунгоҳи тиббӣ ва маҷмаъаву майдончаҳои варзишӣ мебошад. Дар Донишгоҳ беҳтарин хобгоҳҳои муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосир барои донишҷӯён ва омӯзгорони ватанию хориҷӣ мавҷуд аст. Таъминоти кадрии раванди таълим, аз ҷумлаи масоили марказии такмили сифати таълим ба ҳисоб рафта, айни замон дар донишгоҳ 22 доктор ва профессор, 127 номзади илм, 216 муаллими калон ва ассистент, дар маҷмуъ 363 устодон ба фаъолияти таълимӣ машғуланд.
Раванди таълим тавассути барномаи автоматикунонидашудаи рақамӣ ба роҳ монда шудааст. Имрӯз теъдоди умумии донишҷӯён зиёда аз 9000-ро ташкил медиҳад, ки бо фарогирии дараҷаҳои академӣ, бакалавр, мутахассис ва магистратура ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Таҳсил дар ДДМИТ бо 3 забон-тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шуда, беҳтарин омӯзгорони дараҷа ва унвони илмӣ дошта ба машғулиятҳои дарсӣ сафарбар гардидаанд.
Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти худро ба роҳ монда, дар самти таълим, фаъолияти илмию инноватсионӣ, робитаҳои байналмилалӣ, корҳои ташкилию тарбиявӣ ва тавсеаи базаи моддию техникӣ дар рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ки аз ҷониби Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда мешавад, мақоми 4-умро ишғол менамояд.
Бо мақсади таъмини сифати баланди таҳсилот ва фаъолияти корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, тайёр намудани кадрҳои баландихтисос дар сатҳи байналмилалӣ, Донишгоҳ аз давраи ташкилшавӣ дар рушди фаъолияти байналмилалӣ диққати махсус зоҳир намуда, то имруз бо зиёда аз 153 донишгоҳ ва ташкилотҳои дохилӣ ва хориҷи кишвар шартномаи ҳамкорӣ бастааст. Дар доираи шартномаҳои ҳамкории баимзорасида масъалаҳои табодули академӣ ва ҳамкорӣ дар самти корҳои таълимӣ ва таҳқиқотҳои илмӣ барррасӣ гашта, ташрифи меҳмонони хориҷӣ ба Донишгоҳ ба роҳ монда шудааст.
Байналмилаликунонии таҳсилот яке аз ҳадафҳои асосии ДДМИТ ба шумор рафта, вобаста ба ин дар Донишгоҳ сафари хизматии устодону донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилотии кишварҳои хориҷӣ ва ҳамзамон, даъвати профессорону омӯзгорон аз хориҷи кишвар ҷиҳати омӯзиши таҷрибаи пешқадам ва хондани лексияҳо тақвият ёфта истодааст.
Ҳамасола шуъбаи робитаҳои байналмилалии ДДМИТ барои донишҷӯёни дараҷаи бакалавр “Барномаи мубодилаи донишҷӯён”-ро амалӣ менамояд, ки дар доираи он донишҷӯён дар асоси суҳбат ва санҷиши сатҳи забондонӣ ба донишгоҳҳои хориҷи кишвар фиристода мешаванд.
Дар Донишгоҳ айни ҳол беш аз 341 донишҷӯи хориҷӣ аз Ҷумҳурии Узбекистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Туркманистон, Ҷумҳурии Афғонистон, Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Федератсияи Россия дар зинаҳои гуногун таҳсил намуда истодаанд.
Имрӯз ДДМИТ макони бузурги баргузории форуму ҳамоишҳо, конференсияву мизҳои мудаввар ва симпозиумҳои байналмилалӣ гардидааст.
Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон чун макони илму дониш ва маърифат дар самти омодасозии кадрҳои баландихтисос ҳамеша дари худро ба рӯйи ташнагони илм боз намуда, дар пешрафти самтҳои асосии молиявию иқтисодии мамлакат ҳиссагузор мебошад.
Бо интихоби ихтисосҳои ДДМИТ шумо метавонед ба таълими хушсифат ва шароитҳои мусоиди таҳсил дастрасӣ пайдо карда, барои таъмини ояндаи нек замина гузоред.
ИНТИХОБИ ДДМИТ- КАФИЛИ МУВАФФАҚИЯТҲОИ ШУМО!
НАРХНОМАИ ТАҲСИЛ ДАР ГУРӮҲҲОИ ШАРТНОМАВӢ АЗ РӮИ ИХТИСОСҲО ДАР СОЛИ ТАҲСИЛИ 2025-2026
№ | Номгӯи ихтисосҳо | Номгӯи рамзҳо | Бакалавр | Фосилавӣ бакалавр | Магистр | Маълумоти дуюм |
1 | Кори реклама | 1-230102-0304 | 3675 | – | – | – |
2 | Ҳуқуқи иқтисодӣ | 1-240103 | 4725 | 3675 | 5670 | 3675 |
3 | Танзими ҳуқуқи молия ва қарз | 1-24010302 | 4725 | 3675 | – | – |
4 | Иқтисодиёти таҳлилӣ | 1-25010201 | 3890 | – | – | – |
5 | Иқтисодиёти молиявӣ ва бонкӣ | 1-25010202 | 5250 | 4200 | ||
6 | Иқтисоди ҷаҳон | 1-250103 | 4725 | 4000 | 4400 | 4620 |
7 | Инвеститсияи байналмиллалӣ | 1-25010305 | 4200 | – | – | – |
8 | Молия ва қарз | 1-250104 | – | – | 4725 | – |
9 | Молия | 1-25010401 | 5350 | 4200 | – | 3675 |
10 | Кори бонкӣ | 1-25010402 | 5350 | 4200 | 4620 | 3675 |
11 | Андоз ва андозбандӣ | 1-25010403 | 5350 | 4200 | 4410 | 3675 |
12 | Суғурта | 1-25010404 | 3890 | 3255 | – | – |
13 | Молия ва қарз дар фаъолияти иқтисодии берунӣ | 1-25010407 | 4200 | 3885 | 4200 | |
14 | Бозори фондӣ | 1-25010408 | 3675 | – | – | – |
15 | Молия ва назорат дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ | 1-25010409 | 5350 | 4455 | 4200 | – |
16 | Менеҷменти молиявӣ | 1-25010410 | 4410 | 3360 | ||
17 | Омор | 1-250105 | 3675 | – | – | – |
18 | Аудит ва ревизия | 1-250111 | 5040 | 4200 | 4410 | – |
19 | Информатикаи иқтисодӣ | 1-250112 | 3675 | 3360 | – | – |
20 | Иқтисодиёт ва идора дар корхонаҳои хурду миёна | 1-25010728 | 3675 | 3465 | – | – |
21 | Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит | 1-250108 | 5350 | – | 4410 | 3675 |
22 | Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар бонкҳо | 1-25010801 | 4935 | 4200 | ||
23 | Баҳисобгириибухгалтерӣ,таҳлил ва аудит дар муассисаҳои буҷетӣ ва илмӣ | 1-25010803 | 5350 | 4200 | ||
24 | Идораи давлатӣ | 1-26010101 | 3675 | 3100 | 3200 | |
25 | Танзими давлатии иқтисодиёти миллӣ | 1-26010301 | 4200 | 3675 | ||
26 | Идоракунии молияи давлатӣ | 1-26010303 | 4410 | – | 4200 | – |
27 | Бизнес-маъмуриятчигӣ | 1-260201 | – | – | 4725 | |
28 | Менеҷмент | 1-260202 | 4515 | 3360 | 4200 | 3150 |
29 | Менеҷменти байналмилалӣ | 1-26020202 | 4200 | 3880 | – | – |
30 | Менеҷменти инвеститсионӣ | 1-26020208 | 385 | – | – | – |
31 | Менеҷмент дар соҳаи сайёҳии байналмилалӣ | 1-26020210 | 3675 | – | – | – |
32 | Логистика | 1-26020323 | 3675 | – | – | – |
33 | Технологияҳои иттилоотии низомҳои молиявӣ | 1-31030407 | 4410 | 3500 | – | – |
34 | Технологияҳои иттилоотӣ-идоракунӣ дар иқтисодиёт | 1-3103060104 | 4410 | – | – | – |
35 | Низоми технологияи иттилоотӣ | 1-400102 | – | – | 4000 | |
36 | Технология ва низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт | 1-40010202 | 4410 | 3675 | 3700 | 3150 |
37 | Технологияи иттилоотии ҳисоби бухгалтерӣ | 1-4001020201 | 4410 | – | – | – |
38 | Хадамоти гумрук | 1-960101 | 5250 | 4200 | 4650 | 3675 |
39 | Таъмини ҳуқуқии фаъолияти гумрукӣ | 1-96010101 | 5250 | 4200 | ||
40 | Таъмини иқтисодии фаъолияти гумрукӣ | 1-96010102 | 5350 | – | – | – |
41 | Иқтисодиёти рақамӣ | 1-25011026 | 4410 | – | – | – |
42 | Бехатарии иқтисодӣ | 1-96010103 | 4200 | – | – | – |
43 | Идораи мақомоти маҳаллӣ | 1-26010101 | 4200 | – | – | – |
44 | Кибернетикаи иқтисодӣ | 1-31030602 | 4200 | – | – | – |
45 | Амнияти компютерӣ | 1-98010101 | 4200 | – | – | – |
46 | Идораи давлатӣ ва иқтисодиёт | 1-260103 | 4725 | – | 4000 | – |
47 | Назорати давлатии молиявӣ | 1-25010412 | 4725 | 4300 | 4000 | – |
48 | Иқтисодиёт ва идора дар корхона | 1-250107 | 5000 | 4300 | 4000 | – |
Маълумоти муфассалро дар сомонаи донишгоҳ ва саҳифаҳо дар сомонаҳои иҷтимоӣ дастрас намоед: www.tgfeu.tj
Нишонӣ: 734067, ш.Душанбе, кӯчаи Нахимов 64/14.
Тел.: 231-08-43, 918-75-76-68
Нақлиёт: автобуси №18, 20, 29, 10. Троллейбуси №5.
Микроавтобусҳои №2, 10, 14, 19, 54, 45, 56, 6.
Истгоҳи ДДМИТ