Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти Донишгоҳи технологии Тоҷикистон хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо ректори муассисаи мазкур Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои техникӣ Амонзода Илҳом Темур суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.

Мавсуф дар оғози суҳбат ба мо изҳор дошт: Соҳаи маориф дар ҳаёти ҷомеа нақши калидӣ дорад, аз ин рӯ, дар Паёми навбатии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд: “Дар даврони соҳибистиқлолӣ мо бунёди маорифи миллӣ ва ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалиро ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор додем.

Зеро мо чунин мешуморем, ки бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад”.

Ин нуктаҳои хеле арзишманду дурбинонаи Пешвои муаззами миллат моро водор месозад, ки аз ҳар вақта бештар баҳри рушду нумӯи соҳаи маориф ва илм талошу заҳматҳо ба харҷ диҳем”.

Амонзода Илҳом Темур ҳамчунин, қайд намуд: Дар Паём аз ҷониби Пешвои муаззами миллат эълон гардидани солҳои 2022-2026, Солҳои рушди саноат ба мо бештар имкон медиҳад, ки мо соҳаи саноатро пеш аз беш рушд диҳем ва саҳми арзандаи хешро дар густариш додани ин соҳаи ҳаётан муҳим гузошта бошем”.

Ҳамзамон, мавсуф изҳор дошт, ки “Раёсат ва коллективи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар қатори халқи шарафманд ва соҳибхиради ҷумҳурӣ фахр аз он дорад, ки таҳти роҳбарии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Қарор, Фармоиш ва дастурҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди таълиму тарбияро роҳандозӣ намуда, саъю кӯшиши худро ба самти расидан ба сифати баланди омодасозии мутахассисони дар бозори меҳнати ҷаҳонӣ рақобатпазир равона намудааст”.

Дар рафти суҳбат ҳамсуҳбати мо изҳор дошт, ки Раёсати Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва тамоми сохторҳои он баҳри иҷрои дастуру супоришҳои мақомотҳои болоӣ масъул буда, дар заминаи ин дастурҳо ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълиму тарбия кӯшиш намуда истодааст ва ҷараёни иҷроиш ва татбиқи ин санадҳои муҳим ҳамеша дар маркази диққати роҳбарияти ДТТ қарор дода шудааст.

Дар давоми соли таҳсили 2020 – 2021 аз ҷониби Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати ҶТ, Вазорати маориф ва илми ҶТ, Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ ва мақомотҳои иҷроияи давлатии маҳаллӣ ва шаҳрвандон 1487 мактуби расмӣ ворид шуда, раванди татбиқи ин супоришҳо ҳамеша дар зери назорати роҳбарияти донишгоҳ қарор дорад.

Такмили сохтор ва идораи донишгоҳ

Амонзода Илҳом Темур дар мавриди сохтор ва идораи донишгоҳ ба мо иттило дод, ки дар сохтори донишгоҳ 8 факултет, 19 кафедра, 2 марказ, инчунин Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб, филиали донишгоҳ дар шаҳри Исфара, Гимназия дар шаҳри Кӯлоб ва Литсейи инноватсионии «Душанбе» фаъолият доранд. Теъдоди донишҷӯёни таълимгоҳ 5140 нафарро ташкил медиҳад, ки тибқи низоми кредитӣ таълим гирифта истодаанд.

Ҳоло дар сохтори асосии донишгоҳ, аз рӯи 49 ихтисос дар зинаи бакалавр, аз рӯи 36 ихтисос дар зинаи магистратура, аз рӯи 9 самти илмӣ аспирантура ва аз рӯи 8 самти илмӣ докторантура аз рӯи ихтисос PhD мутахассис тайёр мекунад.

Таъминоти кадр ва базаи моддӣ-техникӣ

Мавсуф дар хусуси кадрҳои баландихтисос ва миқдори онҳо дар донишгоҳ сухан намуд ва аз ҷумла, қайд намуд, ки имрӯз дар донишгоҳ раванди мунтазами таълимро 257 нафар устодону профессорон таъмин намуда истодаанд, ки аз онҳо 142 нафарашон дорои дараҷа ва унвон илмӣ, ки ин 55,2 %-ро ташкил медиҳад, ба ҳисоб мераванд. Аз ҷумла, 14 нафар докторони илм ва 128 нафар номзадони илм ба раванди таълим ҷалб гардидаанд.

Теъдоди умумии кормандони штатӣ ба 196 нафар баробар буда, 76,2 %-ро ташкил менамоянд. Аз онҳо – 110 нафар дорои дараҷа ва унвони илмӣ (10 нафар доктори илм, 95 нафар номзади илм, 5 нафар доктор аз рӯйи ихтисос (PhD)) ба ҳисоб мераванд, ки 56,1 % -и теъдоди кормандони штатиро ташкил менамояд. Теъдоди устодони штатии дорои дараҷа ва унвони илмӣ дар соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли таҳсили гузашта ба 6,1 % зиёд шудааст.

Соли ҷорӣ аз ҷониби КОА ба 10 нафар унвони илмии дотсент дода шуд. Бояд зикр намуд, ки қариб нисфи теъдоди омӯзгоронро ҷавонон ташкил мекунанд (45,7%).

Дар донишгоҳ дар 294 гуруҳи академӣ 5140 нафар донишҷӯ ба таълим фаро гирифташуда, аз ин шумора 3986 (77,5 %) донишҷӯи шӯъбаи рӯзонаи зинаи бакалавриат, 116 нафар (2,2 %) зинаи магистратура, 1038 нафар (20,1 %) донишҷӯёни факултети таҳсилоти фосилавӣ-ғоибона мебошанд. Аз миқдори умумии донишҷӯён 3791 нафар тариқи шартномавӣ (73,7 %), 1256 нафар тариқи буҷавӣ (24,0 %) ва 93 нафар тариқи квота ва бурсияҳо (1,8 %) таҳсил менамоянд.

Дар раванди таҳким баҳшидани пояи моддиву техникии ҷараёни таълим дар донишгоҳ – 24 синфхонаи компютерӣ, 29 синфхонаи махсусгардонидашуда, 64 адад тахтаи электронӣ, 4 адад трибунаи электронӣ, 108 адад проектор ва дигар таҷҳизоти мултимедиявию аккустикӣ мавриди истифода қарор дода, айни замон дар ҷараёни таҳсилот 898 (нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 73 адад зиёд) адад компютерҳо истифода бурда мешаванд.

Раванди таълим

Номбурда бар ин назар аст, ки баланд бардоштани сифати таълим дар донишгоҳ ҳамчун яке аз мақсадҳои стратегии донишгоҳ пазируфта шудааст.

Дар зимн ҳамсуҳбати мо изҳор дошт, ки Донишгоҳи технологии Тоҷикистон барои баланд бардоштани сатҳи сифати таълиму тарбия, ҷавобгӯ будани он ба стандартҳои байналмилалии таҳсилоти олии касбӣ чандин нақша ва чорабиниҳо таҳия намуда, онҳоро зина ба зина амали намуда, мавқеъи худро дар фазои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он баланд намуда истодааст. Агар дар соли 2018 ДТТ дар рейтинг байни 40 МТОК ҶТ ҷойи 12-умро ишғол намуда бошад, пас донишгоҳ дар соли 2021 мақоми 8-умро ишғол менамояд, ки нисбат ба соли 2018 чор зина боло рафтааст.

Дар айни замон се барномаи таълимии донишгоҳ аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузашта, соҳиби Шаҳодатномаи байналмилалӣ мебошанд ва дипломҳои хатмкардагони ин барномаҳои таълимӣ дар кишварҳои Аврупо пазируфта мешаванд.

Инчунин, бо назардошти таъмини рушди инноватсионии ҶТ раёсати донишгоҳ барои кушодани ихтисосҳои равияи 1-40 03 – “Системаҳои зеҳнии компютерӣ” тамоми ҳуҷҷатҳои заруриро тайёр намуда, барои гирифтани Иҷозатнома ба Агентии давлатии назорат дар соҳаи маорифи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш намудааст.

Дар арафаи сессияи имтиҳонии зимистонаи соли таҳсили 2020-2021 дар шуъбаи рӯзона аз курси 1 то курси 4 ҳамагӣ 4299 нафар ва дар шуъбаи магистратура 253 нафар донишҷӯ таҳсил менамуданд.

Марҳилаи асосии сессияи зимистонаро 3501 нафар донишҷӯёни шуъбаи рузона ва 214 нафар шуъбаи магистратура бомуваффақият ҷамъбаст намуданд.

Дар натиҷа, бо назардошти натиҷагирӣ аз имтиҳонҳои такрорӣ дараҷаи азхудкунӣ дар нимсолаи тирамоҳонаи соли таҳсили 2020-2021 дар зинаи бакалаври шӯъбаи рӯзона 97,0 % дар зинаи магистратура 92,9 % – ро ташкил намуд.

Дар соли 2021 Донишгоҳи технологии Тоҷикистонро аз рӯи 39 ихтисос дар умум 1384 нафар хатм намуданд, ки аз он 888 нафар (64,0%) зинаи бакалаври шӯъбаи рӯзона, 411 нафар (29,6 %) зинаи бакалаври факултети таҳсилоти фосилавӣ-ғоибона ва 85 нафар (6,1%) зинаи магистратураро хатм намудаанд.

Агар шакли таҳсили хатмкардагонро таҳлил намоем аз 1299 нафар хатмкардагони зинаи бакалавр 906 нафар тариқи шартномавӣ, 347 нафар дар асоси буҷавӣ ва 46 нафар тариқи квота таҳсил менамуданд.

Дар зинаи магистратура аз 90 нафар хатмкунанда 85 нафар бомуваффақият рисолаҳои магистриро ҳимоя намуданд.

Дар соли 2021 – 18 нафар хатмкунандагони зинаи бакалавр ва 7 нафар хатмкунандагони зинаи магистратура донишгоҳро бо дипломи аъло ҷамбаст намуданд.

Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар тӯли фаъолияташ зиёда аз 14901 мутахассисонро ба соҳаҳои гуногуни иқтисоди кишвар тайёр намудааст, ки зиёда аз 621 нафарашон донишгоҳро бо дипломи аъло хатм кардаанд.

Таҳия ва чопи китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимӣ, асарҳои илмӣ ва дастурҳои методӣ таҳти назорати мунтазами раёсати донишгоҳ қарор додо шудааст. Дар соли таҳсили 2020-2021 аз ҷониби омӯзгорон ва профессорони донишгоҳ 18 китоби дарсӣ, 24 дастури таълимӣ, 14 асари илмӣ ва 66 дастури методӣ аз чоп бароварда шудааст.

Раванди тарбия дар донишгоҳ

Ҳамсуҳбати мо раванди тарбияро дар донишгоҳ сифатан хуб арзёбӣ намуда, аз ҷумла қайд намуд, ки Раёсати донишгоҳ бо мақсади самаранок ба роҳ мондани кор дар самтҳои гуногуни тарбияи миллӣ, хештаншиносӣ ва худогоҳии миллӣ, ватанпарастӣ ва маърифатӣ, тарбияи ахлоқӣ ва маънавӣ, тарбияи ҳуқуқӣ ва гумманистӣ, зебоипарастӣ, тарбияи меҳнатӣ ва касбинтихобкунӣ, экологӣ ва тарзи ҳаёти солим, тарбияи таҳаммул ва тоқатпазирӣ дар робитаи зич бо мақомотҳо, сохторҳо, вазоратҳо ва муассисаҳои дигари таълимӣ фаъолият намудааст.

Дар солҳои 2021-2022 беш аз бо 284 волидайн дар тамос шуда, зиёда аз 30 волидайни донишҷӯён барои суҳбат ба донишгоҳ таклиф шудаанд.

Дар хобгоҳи донишҷӯён 13 маротиба рейдҳои экологӣ ва 15 вохӯрӣ гузаронида шуд.

Бо усули факултет ба факултет дар давраи ҳисоботӣ 12 вохӯрӣ оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба терроризм ва экстремизм баргузор карда шуд. Ҳамзамон, бо иштироки намояндагони ҳифзи ҳуқуқ аз сохторҳои дахлдор 4 ҷаласа доир ба мавзӯъҳои терроризм ва экстремизм доир карда шуд.

Раёсат ва устодону донишҷуёни донишгоҳ дар 8 ҷаласа бо донишҷӯёни тибқи квотаи Президентӣ таҳсилкунанда, 7 мизи мудаввар дар мавзӯҳои мубрами рӯз, 11 – фестивал, 5 – семинари илмӣ – амалӣ, 8 – ҳамоиш дар мавзӯҳои гуногун, 4 – ҷаласа вобаста ба пешгирии коррупсия, 11- мусобиқаҳои варзишӣ, 4 маротиба вохӯрӣ бо кураторони гуруҳҳои академӣ ташкил ва гузаронида шуд.

Аз ҷониби кормандони Сектори барномаҳои телевизионӣ-таълимии «Маърифат»-и Донишгоҳи технологии Тоҷикистон зиёда аз 76 барномаҳои радиоӣ ва 58 барномаҳои телевизионӣ таҳия ва пахш гардидааст. Ҳафтаномаи «Фановар» дар ин давра – 6 шумораро аз чоп баровардааст: Чопи мақолаҳо дар рӯзномаи “Фановар” зиёда аз 80 ададро ташкил медиҳад, ки нисбат ба солҳои гузашта 20 мақола зиёдтар мебошад.

Бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18.03.2020, №АП-1365, иҷрои супориши Сарвазири ҶТ аз 8.09.2020, №2К/74 – 75 ва дастурҳои Ситоди ҷумҳуриявӣ, раёсати Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар самти пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва паҳншавии сирояти нави коронавирус – COVID-19 мунтазам чораҳои мушаххас андешида шуд.

Аз он ҷумла, зиёда аз 30 аксияву чорабиниҳои зиддиэпидемиологӣ доир намудем.

Баҳри сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, ҷиҳати ба “шаҳри сабз” табдил додани пойтахти кишвар, бо ҷалби кормандону донишҷӯён дар соли ҳисоботӣ зиёда аз 29 маротиба шанбегию ҳашарҳо ташкил карда шуда, дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе зиёда аз 100 ниҳоли гуногун ва гулҳои ороишӣ шинонида шуд.

Дар ҷашни 30 – солагии Истиқлолияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар барномаи театркунонидашудаи “30 ахтари дурахшон” 500 нафар донишҷӯёни донишгоҳ, дар роҳпаймоии осоишта 450 нафар кормандону донишҷӯён ва дар роҳпаймоии осоишта 1000 донишҷӯёну кормандони донишгоҳ ширкат намуданд.

Ҷамъ, дар ин давра аз ҷониби масъулони корҳои тарбиявии ДТТ зиёда аз 230 чорабиниҳо, вохӯриҳо, аксияҳо ва семинарҳо баргузор карда шуд.

Рушди илмӣ

Дар рафти суҳбат мавсуф изҳор дошт, ки илм дар ҳаёти иҷтимоӣ ва моддии ҷомеаи мо муҳимияти хосро доро мебошад, аз ин рӯ, дар донишгоҳ мо мекӯшем соҳаи илм бештар рушд намояд, аз ҷумла, ҳамсуҳбати мо зикр дошт, ки дар соли таҳсили 2020-2021 12 нафар омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ бомуваффақият рисолаҳои докторӣ, доктори PhD, доктор аз рӯйи ихтисос ва номзадиашонро дар шӯроҳои диссертатсионии КОА ҶТ ва ФР дифоъ намуданд.

Дар соли ҳисоботӣ дар донишгоҳ 12 мактаб ва 1 семинари илмӣ ва дар назди кафедраҳо 19 маҳфилҳои илмӣ-эҷодӣ фаъолият мекунанд.

Дар назди донишгоҳ шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-039 оид ба додани дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисос ва номзади илм амал менамояд.

Дар соли таҳсили 2020-2021 аз тарафи Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-039 5 рисолаҳои диссертатсионии унвонҷӯён барои ҳимоя қабул шудааст. Аз онҳо 3 нафарашон аз рӯйи ихтисоси 05.19.02 ва 2 нафар барои дарёфти дараҷаи доктори фалсафа (PhD)-и аз рӯйи ихтисоси 6D072700 дифоъ кардаанд.

Инчунин, дар соли таҳсили 2020-2021 ҳайати омӯзгорон соҳиби 3 патент оид ба ихтирооти ҶТ ва 4 натиҷаи мусбат оид ба гирифтани патент ноил гардиданд. Қайд кардан ҷоиз аст, ки ҳоло барои дарёфти 3 патент дархост ба ММПИ ирсол шудааст, ки аз он 2-тоаш барои гирифтани патенти Авруосиёгӣ мебошад.

Натиҷаҳои КИТ олимони донишгоҳ дар 7 корхона натиҷаи корҳои худро татбиқ намуданд, ки он бо санадҳои татбиқӣ тасдиқ шудаанд.

Дар ДТТ соли таҳсили 2020-2021 дар умум зиёда аз 25 семинар, конференсияю симпозиуми илмӣ ва илмию амалии донишгоҳиву ҷумҳуриявӣ баргузор намуд, аз он ҷумла 5 конференсия, 14 семинарҳои илмӣ ва 8 мизи мудаввар.

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби олимону омӯзгорони донишгоҳ 319 адад мақолаҳои илмӣ, ки аз онҳо 65-тоаш дар нашрияҳои аз ҷониби КОА ФР ва ҶТ тавсияшуда ба чоп расонида шуданд. Инчунин, аз ҷониби ҳайати омӯзгорону профессорони донишгоҳ 15 монография навишта шуда, аз чоп бароварда шуд.

Дар олимпиадаи фаннии барои дарёфти ҷоизаи “Ҷоми Академияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” байни донишҷӯёни макотиби олии ҷумҳурӣ толибилмони донишгоҳ дониши мукаммал нишон дода, аз фанни физика сазовори ҷои 2-юм ва аз фанни химия сазовори ҷои 3-юм гардиданд ва соҳиби диплому ифтихорномаҳо шуданд.

Рузи 9-уми июни соли 2021 дар гимназияи №74 н. Фирдавсии ш. Душанбе даври дуюми (ноҳиявии) Озмуни ҷумҳуриявии”Илм – фурӯғи маърифат” баргузор гардид. Дар байни донишҷӯён дар номинатсияи физика – ҷои якум, дар номинатсияи математика -ҷои якум, дар номинатсияи технологияҳои иттилоотӣ -ҷойи дуюм, дар номинатсияи навоварӣ ва ихтироъкорӣ – ҷойҳои якум ва дуюмро ишғол намуданд. Дар байни омӯзгорон дар номинатсияи навоварӣ ва ихтироъкорӣ – ду омӯзгори донишгоҳ ҷойҳои дуюм ва сеюро соҳиб гаштанд ва ба даври сеюм (шаҳрӣ) пешниҳод гаштанд.

Пурзур намудани базаи моддию техникӣ ва раванди таълим

Дар идомаи суҳбат мавсуф изҳор дошт, ки дар самти мустакам намудани базаи моддию техникии донишгоҳ амалисозии нақшаҳо дар доираи лоиҳа ва грантҳо ва аз ҳисоби донишгоҳ идома дода шуд.

Дар доираи Лоиҳаи грантии “Таҳсилоти духтарон ва рақобатпазирии онҳо дар бозори меҳнат” 10 адад компютер харидорӣ карда шуда, дар факултети иқтисодиёт ва молия 1 синфхонаи компютерӣ барои донишҷӯдухтарон ташкил карда шуд. Бо истифода аз ин таҷҳизотҳои компютерии харидорӣ кардашуда, як маркази таълимии «Технолог» ташкил карда шуд, ки барои баланд бардоштани касбияти донишҷӯдухтарон дар самти технологияҳои муосир мусоидат хоҳад намуд.

Дар соли 2020-2021 дар самти баланд бардоштани дараҷаи касбияти омӯзгорону кормандон якчанд курсҳои бозомӯзии касбӣ ташкил карда шуд. Ба монанди: оид ба истифодаи тахтаи электронӣ зиёда аз 130 нафар, истифодаи барномаи MS Excel зимни омӯзиши фанҳои тахассусии равияи иқтисод 15 омӯзгорон соҳиби сертифакат гаштанд. Дар доираи лоиҳаи ELBA санаи 21.11.2020 курсҳои омӯзиши забони англисӣ барои омӯзгорону кормандони самти ТИК-и донишгоҳ оғоз гардид. Курси мазкур 4 моҳ идома ёфта, теъдоди 60 нафар аз омӯзгорону кормандони донишгоҳро дар се зинаи таҳсил ба омӯзиши забони англисии касбиро бомуваффақият хатм намуданд. Дар доираи лоиҳаи “Модернизатсияи системаи таҳсилоти олӣ дар Осиёи Марказӣ тавассути технологияҳои нав – HiEdTech”-и барономаи ERASMUS+ баъди ба анҷом расидани курсҳои такмили ихтисоси муаллимон оид ба татбиқи технологияҳои таълимии инноватсионӣ дар ҷараёни таълим, ба зиёда аз 50 нафар омӯзгорон сертификатҳо супорида шуд. Дар нимсолаи ҳисоботӣ зиёда аз 70 нафар кормандону донишҷӯён курсҳои сертификатсионии донишгоҳро хатм намуданд.

Дар самти мустаҳкам намудани алоқа бо истеҳсолот ва фароҳам овардани шароит барои таҷрибаомӯзии истеҳсолии донишҷӯён дар нимсолаи ҷорӣ зиёда аз 15 адад шартномаҳои ҳамкорӣ бо корхонаю муассисаҳо баста шуданд.

Фаъолияти байналмилалии донишгоҳ

Ҳамчунин, ҳамсуҳбати мо дар идомаи суҳбат зикр намуд, ки Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тибқи ҳуҷҷатҳои аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо гардида, дар бобати рушди ҳамкориҳои судманди соҳаи маориф бо муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои узви ИДМ, ЕвроАзЭС, Иттиҳоди Аврупо, Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ва дигарҳо як қатор корҳоро ба сомон расонида истодааст.

Дар соли таҳсили 2020-2021 Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо 23-муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, созмону ширкатҳои хориҷӣ ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои байналмилалӣ шартнома ва созишномаҳои тарафайн ба имзо расонидааст.

Мавриди зикр аст, ки дар соли таҳсили 2020-2021 донишгоҳ дар амалӣ гардидани 8- лоиҳаи Барномаи ЭРАСМУС+ Иттиҳоди Аврупо, фаъолона иштирок намудааст, ки амалишавии бештари онҳо дар солҳои оянда низ идома доранд.

Ҳамкори бо Созмони Ҳамкориҳои байналмилалии Олмон (GIZ ) ва барномаи «Маълумоти касбӣ ва такмили ихтисос дар Осиёи Марказӣ» марҳилаи 3-юм чунин арзёби мегардад. Дар доираи барномаи GIZ дар базаи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Маркази интиқоли технология, таҳсилот ва соҳибкорӣ (МИТТС) кушода шуд.

Дар натиҷаи ҳамкорӣ бо ташкилоти Кореягии WTIT( Интиқоли ҷаҳонии технологияҳои иттилоотӣ ) соли ҷорӣ донишгоҳ доираи фаъолияти худро васеъ гардонида, як синфхонаи компютерии замонавӣ бо теъдоди 25 адад ноутбукҳои нав, як синфхона барои таҳрезии лоиҳаҳои самти ТИК ва озмоишгоҳи махсус оид ба Роботсозӣ таъсис дод.

Ба ғайр аз ин, ташкилоти мазкур дар ҳамкори бо шарикони Кореягии худ, махсусан ташкилоти кореягии GoodNeighbors ( Ҳамсояҳои хуб) лоиҳаи нави “Таълимоти барвақтии барномасозӣ барои наврасон ”-ро роҳандозӣ намуданд, ки бо иҷозати расмии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 6 мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва литсейҳо курсҳои пилотӣ дар заминаи барномаи SCRATCH гузаронида шуда истодаанд.

Тадбиқи Лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ»-и Бонки Ҷаҳонӣ зери унвони “Таҳсилоти духтарон ва рақобатпазирии онҳо дар бозори меҳнат” дар донишгоҳ идома дорад.

Дар давраи ҳисоботи ҳамкориҳои Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо намояндагони Кореяи Ҷанубӣ барои муҳокима оиди лоиҳаи таъсиси “Маркази илмӣ-таълимии тоҷикӣ-кореягӣ дар соҳаи нассоҷӣ “, аз ҷумла, бо Директори ҳамкориҳои форуми Корея дар Осиёи Марказӣ Лим Чеол-Ву, ноиби президенти фонди Корея Сеонг-Ин Ким, ҳамоҳангсози лоиҳа дар донишгоҳи DYTEC Томас Юн идома ёфта ва ин ҳамкориҳо албатта, судман арзёбӣ гардиданд.

Дар фарҷоми суҳбат Амонзода Илҳом Темур изҳор дошт, ки бояд зикр намуд, ки дар ин давра, вобаста ба паҳншавии бемории сироятии COVID-19 раванди ҳамкориҳои байналмилалӣ ва хоса имкони иштироки омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ дар семинару тренингҳо ва ҳамоишҳои байналмилалӣ муваққатан манъ гардида буд. Дар соли таҳсили 2020-2021 дар раванди ҳамкориҳои байналмилалӣ ба Донишгоҳ 26 нафар олимону мутахассисони хориҷӣ ташриф оварданд.

Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон 109 нафар донишҷӯён хориҷӣ таҳсил менамоянд.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь