Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар омода намудани мутахассисони дар бозори меҳнат рақобатпазир нақши муассир дорад. Аз таърихи 68 – солаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ аён аст, ки муассисаи мазкур моҳи январи соли 1956 нахуст ҳамчун Институти политехникии Сталинобод таъсис дода шуда, дар соли аввал дар се факултет аз рӯйи 8 ихтисос ҳамагӣ 200 нафар донишҷӯён қабул шуда буданд. Соли 1961 Институти политехникии Сталинобод Институти политехникии Тоҷикистон номгузорӣ шуд. Бо соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон дар соли 1992 Институти политехникии Тоҷикистон ба Донишгоҳи техникии Тоҷикистон табдили ном кард ва бо мақсади пос доштани хизматҳои шоёни аввалин ректори он Муҳаммад Осимӣ дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №70 аз 07.02.1997 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ номгузорӣ шуд. Ҳоло барои фаъолияти таълимӣ-методӣ ва илмӣ дар 46 кафедраи донишгоҳ 466 нафар омӯзгорон, аз ҷумла 1 нафар академик, 3 нафар узви вобастаи Академияи милллии илмҳои Тоҷикистон, 36 нафар доктори илм, 237 нафар номзади илм фаъолият менамоянд. Маврид ба таъкид аст, ки Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ ҳамчун донишгоҳи базавӣ дар самти омодасозии кадрҳои илмию муҳандисӣ саҳми босазо дорад. Зеро донишгоҳ дорои нерӯи пуриқтидори кадрӣ ва илмӣ – техникии ҷавобгӯ ба талаботи муосир аст. Дар ин муассисаи олии бонуфуз вобаста ба рушди соҳаи нақлиёт ва коммуникатсия, энергетика, технологияи иттилоотӣ, шабакаҳои алоқа, сохтмон ва меъморӣ, радиотехника, металлургия, технологияи кимиёвӣ мутахассисон омода карда мешаванд.

Онҳое, ки мехоҳанд худро ҳамчун муҳаққиқи ҷавону умедбахш ва муҳандиси моҳиру кордон бубинанд, дар тавсеаи ҷаҳонбинии техникӣ ва иттилоотиву иртиботии хеш муваффақ гарданд, ихтироъкори технологияҳои навини саноативу сохтмонӣ ва муҳандисиву конструкторӣ бошанд, бо донишу малакаи хеш дар таъмини истиқлоли энергетикии кишвар, таъсиси долонҳои бузурги транзитӣ ва саноатикунонии босуръати он мавқеи калидӣ дошта бошанд, конструктори дастгоҳу таҷҳизот ва мошинолотҳои гуногун бошанд, меъмори касбӣ ва офарандаи муъҷизаҳои сохтмонӣ гарданд, мутахассиси баландихтисоси соҳаи роҳу нақлиёт ва технологияҳои иттилоотию инноватсионӣ бошанд, пас Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ онҳоро интизор аст.

Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ махзани илму маърифат ва боргоҳи асосии кашфиёту ихтироот аст!

Равобити хориҷии донишгоҳ

Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ пайваста ҳамкории байналмилалиро бо кишварҳои гуногун идома медиҳад. Ҳоло донишгоҳ бо зиёда аз 120 муассисаи таҳсилоти олӣ ва марказҳои илмию таълимӣ аз 30 мамлакати ҷаҳон дар соҳаи тайёр намудани мутахассисон аз рӯйи барномаҳои гуногуни таълимӣ ва ӣлмӣ – амалӣ ҳамкорӣ дорад.

Донишгоҳ бо таҷрибаи зиёди ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаҳои маориф узви фаъоли Ассотсиятсияи донишгоҳҳои техникии ИДМ, Ассотсиатсияи донишгоҳҳои бинокории ИДМ, Ассотсиатсияи донишгоҳҳои меъмории ИДМ, Ассотсиатсияи донишгоҳҳои техникии Осиёи Миёна, Урал ва Сибир, Ассотсиатсияи донишгоҳҳои муҳандисии давлатҳои исломӣ, Ассотсиатсияи байналмилалии таълимии автомобил ва роҳ, инчунин узви комилҳуқуқи Донишгоҳи Созмони ҳамкории Шанхай (УШОС) мебошад. Дар доираи ҳамкории байналмилалӣ дар соли 2011 факултети муштараки муҳандисӣ-техникии Донишгоҳи миллии техникии Беларус ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ ташкил шудааст. Дар соли 2016 бошад, факултети муштараки дигар бо Академияи давлатии ҳавопаймоии Беларус ташкил гардид.

Кафедраи ҳарбӣ

Дар байни кафедраҳои донишгоҳ кафедраи ҳарбӣ низ мақоми арзандаро доро мебошад, ки хатмкунандагони он ҳамчун афсарони эҳтиётии қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд. Хатмкардагони зиёди кафедра ҳарбиёни соҳибтаҷриба гардида, дар сафи Артиши миллӣ имрӯз софдилона ифои вазифа намуда, ҳифзи мудофиавии мамлакатро таъмин менамоянд. Кафедра дар бинои алоҳида ҷойгир буда, дорои 8 синфхона-озмоишгоҳи муҷаҳҳаз мебошад. Кафедра аз соли 1993 то имрӯз зиёда аз 12 000 афсаронро барои Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон омода намудааст.

Парки технологӣ

Дар донишгоҳ парки технологӣ таъсис дода шуда, ҳадафи он пайвастани натиҷаҳои илм бо истеҳсолот мебошад. Вобаста ба ин донишҷӯёни донишгоҳ имкон доранд, ки бо истифода аз базаи моддиву техникии парки технологӣ ва машаварати олимону муҳаққиқони донишгоҳ ҷаҳонбинии техникии худро такмил дода, ғояҳои инноватсиониро дар амал татбиқ намоянд. Бо ҳамин мақсад дар доираи парки технологӣ озмунҳои гуногуни лоиҳаҳои инноватсионӣ баргузор карда мешаванд, ки ҳадафи асосӣ ҷалби донишҷӯён ба фаъолияти ихтироъкорӣ ва мусоидат ба рушди иқтидори зеҳнии онҳо мебошад.

Шаҳраки донишҷӯён

Дар донишгоҳ 8 хобгоҳ фаъолият менамояд, ки шароити беҳтарин барои иқомату фароғати донишҷӯён муҳайё карда шудааст: хонаҳои барҳаво, ошхона, хона барои хизмати маишӣ ва истироҳати донишҷӯён. Як бинои хобгоҳ барои донишҷӯёни хориҷӣ бо тамоми шароити зист пешниҳод гардидааст.

Татбиқи технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ

Дар муассисаи таҳсилоти олии касбии ҳозиразамон татбиқи технологияҳои иттилоотӣ дар раванди таълим ва идоракунӣ яке аз шартҳои рақобатпазирии он ба ҳисоб рафта, истифодаи самараноки технологияҳои нав дар раванди таълим барои баланд бардоштани сифати таҳсилот ва тайёр кардани мутахассисони соҳибкасб аҳамияти хос дорад.

Барои таъмини ҷараёни бонизоми раванди таълим, баланд бардоштани масъулияти машғулиятгузаронӣ раёсати донишгоҳ дар доираи имкониятҳои мавҷуда заминаи моддии донишгоҳро тадриҷан нав кардааст, ки то имрӯз 1500 компютер, 379 принтер, 53 сканер, 9 сервер, 183 тахтаи интерактивӣ, 223 проектори мултимедӣ, 21 телевизор, 216 камераи назоратӣ, 11 турникет, 225 сканери изи ангушт, 2 видеоэкрани калон, 1 сатри равон барои раванди таълим ва идоракунии самаранок истифода шуда истодаанд.

Варзиш гарави саломатист

Дар донишгоҳ се майдончаи варзишӣ, се толори варзишӣ бо таҷҳизоти ҳозиразамон муҳайё карда шудааст. Бояд қайд намуд, ки устодон, кормандон ва донишҷӯён дар мусобиқаҳои варзишии сатҳи шаҳрӣ, ҷумҳуриявӣ, спартакиадаи байни факултетҳои донишгоҳ ва раёсати он фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён мегарданд.

Таъмини хатмкунандагон бо ҷойи кор

Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ Маркази рушди касбият таъсис дода шудааст. Яке аз нишондодҳои асосии ихтисоснокии мутахассисони ҷавони дар мактабҳои олӣ таҳсилкунанда баъди хатм ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ будани онҳо мебошад ва зина ба зина рушди ихтисоснокӣ, мартабаи касбии онҳо ба ҳисоб меравад.

Ҳамчунин, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ бо ниҳодҳои мухталифи Тоҷикистон – Вазорати энергетика ва захираҳои об, Вазорати нақлиёт, Саридораи геология, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, НБО-и «Роғун», НБО-и «Норак», НБО-и «Варзоб», НБО-и «Сангтӯда-1», «Маркази барқу гармидиҳӣ», Корхонаи «Сементи Тоҷик», «Тоҷиктелеком», «Тоҷик-нақбсоз», , Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии сохтмон ва меъморӣ, ШСХК «Барқи тоҷик», КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ», «Ганҷ-Нашриёт», «Комбинати полиграфӣ», Комплекси табъу нашри «Шарқи озод», «Ноқили ТАЛКО», «ЛОИҲАКАШ», Иттиҳоди истеҳсолии «Нассоҷии Тоҷик», «Коргоҳи мошинасозӣ», «Ширкати алюминийи тоҷик», «Сомонтаҷҳизот» ва ғайра ҳамкорӣ дорад.

Китобхонаи илмӣ-техникӣ

Таърихи ташкили китобхонаи илмӣ-техникӣ якҷо бо ташкили донишгоҳ рост меояд. Айни замон фонди захиравии китобхона зиёда аз 585 ҳазор китобро дар бар мегирад, ки аз китобҳои илмӣ, техникӣ, иктисодӣ, забономӯзӣ ва бадеӣ иборат аст. Бо дастгирии пайвастаи роҳбарияти донишгоҳ имрӯз китобхонаи илмӣ-техникӣ ба яке аз китобхонаҳои бузург табдил ёфта, дар Маркази миллии маълумотӣ-патентӣ ворид карда шудааст.

Аз соли 2006 дар донишгоҳ китобхонаи электронӣ фаъолият дорад. Фонди умумии захираҳои электронии донишгоҳ то имрӯз тақрибан 235 ҳазор маводи электрониро дар сервери китобхона маҳфуз намуда, 80 ҳазор маводи электронии китобхонаҳои электронии дигарро, ки дастрасӣ ба онҳо аз шабакаи донишгоҳ таъмин шудааст, дар бар мегирад.

Устохонаи Лубан – маркази таҷрибавӣ ва таълимоти касбии Тоҷикистону Чин

Ҳамчунин, дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ маркази таҷрибавӣ ва таълимоти касбии Тоҷикистону Чин – Устохонаи Лубан фаъолият менамояд. Ин марказ дар миқёси Осиёи Марказӣ ягона мебошад. Дастгоҳ ва таҷҳизоти муосир, ки қисми зиёдаш то ҳол дар минтақаи Осиёи Марказӣ мавриди истифода қарор нагирифтаанд, барои устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ ва шарикони рушд дастрас шуданд.

Воқеан ҳам, раванди ҷаҳонишавӣ ба система ва усулҳои муассири машғулиятҳои таълимӣ дар муассисаҳои олӣ навовариҳои зиёд ворид кард. Раёсати Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар самти татбиқи техника ва технологияҳои муосир, инчунин, барномаҳои нав дар раванди таълим чораҳои муассир роҳандозӣ менамояд. Дар муддати кутоҳ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд як қатор лоиҳаҳо амалӣ гардиданд, ки дар натиҷа озмоишгоҳҳои замонавӣ, аз ҷумла озмоишгоҳи таълимӣ-истеҳсолии ба номи Исмоил Ҷазерӣ, озмоишгоҳи моделсозӣ дар сохтмон, озмоишгоҳи иқтисоди рақамӣ ва 5 маркази таълимии инноватсионӣ бунёд карда шуда, татбиқи дигар лоиҳаҳо давом дорад.

Ҳамин тавр, барои бештар мутобиқ намудани раванди таълим ба стандартҳои байналмилалӣ, тақвият додани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, баланд бардоштани сатҳи касбияти устодон ва донишҷӯён, ҳамзамон, тавсеаи тафаккури техникии муҳассилини донишгоҳ бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ Устохонаи Лубан бунёд ёфтааст.

Устохонаи Лубан бренди ҷаҳонӣ дар соҳаи маориф ва илм мебошад. Устохонаи Лубан ба номи ҳунарманд, муҳандис ва ходими барҷастаи ҳарбиву давлатии Чин, ки 2500 сол пеш зиндагӣ кардааст, номгузорӣ шудааст.

Бо мусоидати шарикон аз Ҷумҳурии Мардумии Чин мутахассисони сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳайати илмӣ-педагогии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон истифодаи пурраи дастгоҳ ва таҷҳизотҳои замонавиро омӯзонида, дар баробари бамаротиб беҳтар кардани раванди таълим дар донишгоҳ барои кишвари мо мутахассисони баландихтисоси сатҳи ҷаҳониро омода менамоянд.

Алоҳида саҳми Устохонаи Лубанро дар рушди фаъолияти моделсозӣ қайд кардан бамаврид аст. Платформаи истеҳсоли маълумоти базавии геоинформатсияи SmartGIS Survey (истеҳсоли ширкати «Нанфан») ҳамчун системаи махсусгардонидашудаи истеҳсоли маълумоти асосии геоинформатсионӣ, ки бо нармафзори идоракунии маълумоти GIS муттаҳид карда шудааст, барои боркунӣ, табдилдиҳӣ, коркард, назорати сифат, тақсимот ва баромади маълумоти асосии геофазоӣ амалиётҳои мушаххас иҷро карда, имконияти тартиб додани харитаҳои бузурги топографиро доро аст.

Барномаи моделсозӣ дар Устохонаи Лубан барои гузаронидани озмоишҳои виртуалии моделсозӣ, ба пуррагӣ бозсозӣ кардани муҳити виртуалии сеченака (3D) ва ҷамъоварии маълумот барои гузаронидани корҳои таълимӣ-методӣ ва таълими малакаҳои ибтидоии касбӣ шароити мусоид фароҳам оварда, ба омӯзгорон имкони ба роҳ мондани раванди таълимро дар асоси технологияҳои зеҳнӣ ва иттилоотию коммуникатсионии муосир медиҳад.

Дар баробари имкониятҳои нав дар соҳаҳои болозикр, оғози фаъолияти устохона барои мустаҳкам кардани робитаҳои судманд миёни Тоҷикистон ва Чин дар бахши иқтисод, маориф ва илм, техника ва технология, саноат, сохтмон ва энергетика заминаҳои нав эҷод намуда, риштаи дӯстии кишварҳои бародар Тоҷикистон ва Чинро мустаҳкамтар мекунад.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь