Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон, – шаҳри Бохтар 23 муассисаи таълимӣ, 21 муассисаи томактабӣ, 5 литсей ва 1 гимназия фаъолият мекунад, ки ҳамаи онҳо бо дасгирии мақомоти маҳаллӣ, кумитаи падару модарон ва соҳибкорону шахсони саховатманд  ба соли нави хониш пурра омода шудаанд.

Саҳми кумитаи падару модарон дар таъмири мактабҳо

Мудири Шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар Шаъмигул Шарифзода гуфт, ки ҳукумати шаҳри Бохтар ва маорифчиёни шаҳр ҳама талошҳои худро баҳри дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани соли нави таҳсили 2022-2023 равона карда, 23 муассисаи таълимӣ, 21 муассисаи томактабӣ,  5  литсей ва 1  гимназияро ба соли нави хониш омода карданд.

Ӯ гуфт, ки муассисаҳои соҳаи маорифи шаҳр аз ҳисоби буҷети шаҳр ва шахсони саховатманду кумитаи падару модарон таъмир гардиданд.

Гуфтаҳои мудирро роҳбарони муассисаҳои таълимии №3, №6, №10  ва  №11-и шаҳр  тасдиқ карда, қайд карданд, ки аллакай муассисаҳояшон пурра ба соли нави хониш омода шудааст.

Саломат Эргашева, директори мактаби № 3 – и шаҳр гуфт, ки омодагӣ ба соли нави хониши 2022-2023 дар муассиса хуб пеш рафта истодааст.

-Аз ҳисоби буҷети шаҳр барои таъмири мактаб 14 ҳазору 800 сомонӣ ҷудо карда шуд, ҳамчунин падару модарон барои таъмири мактаб зиёда аз 28 ҳазор сомонӣ кумак карданд,- илова кард номбурда ва гуфт, ки дар мактаб 38 синфхона мебошад, ки ҳамаи онҳо аз таъмир бароварда шуданд.

Мавсуф афзуд, ки “ҳоло дар мактаб қабули  хонандагони синфи якум рафта истодаст, ки тибқи нақша бояд 180 нафар қабул карда шавад, ва то имрӯз 120 нафарашро қабул кардем ва то ҳол қабули хонандагон  идома дорад”.

Директори муассисаи таълимии № 6- и шаҳр Маҳмадалӣ Сафарализода низ қайд кард, ки дар муассиса 2 ҳазору 795 хонанда дар 48 синфхона таҳсил мекунанд, ки синфхонаҳо ва роҳравҳои мактаб   бо маблағгузории буҷети шаҳри Бохтар ва кумитаи падару модарон пурра аз таъмири ҷорӣ  бароварда шуда, ба соли нави хониш омода гаштааст.

Номбурда илова кард, ки дар таъмири мактаб саҳми волидони хонандагон назарас мебоашд, зеро онҳо барои таъмири мактаб  66 ҳазор сомонӣ кумак кардаанд. Ҳамчун аз буҷети шаҳр барои рангу бори беруни мактаб 14 ҳазору 900 сомонӣ ҷудо гардидаст.

-Имсол мактаби № 6 бояд 300 хонандаро ба синфи якум қабул кунад ва аз ин теъдод 250 нафарашон аллакай қабул гардидаанд.

Роҳбари мактаб иттилоъ дод, ки ҳоло дар саҳни мактаб сохтмони бинои 5 ошёна барои 640 хонанда бо маблағгузории ҳукумати шаҳри Бохтар рафта истодааст.

Гулистон Қуватова, роҳбари муассисаи таълимии  № 11- и шаҳр гуфт, ки мактаб аз 3 бино ва 48 синфхона иборат мебошад, ки синфхона, роҳрав ва толору утоқи кории омӯзгоронро бо дастгрии  ҳукумати шаҳр, волидон ва шахсони саховатманду соҳибкорон пурра аз таъмир бароварда,  ба соли нави хониш омода кардем.

Номбурда боз қайд намуд, ки имсол мактаб имкони қабули 150 нафар хонандагони синфи якумро дорад ва алакай бештари онҳоро қабул кардаем ва қабули  хонандагони синфи якум ҳоло  ҳам идома дорад.

Зубайдов Фарух, директори мактаби № 8 низ гуфтаҳои ҳамтоёнашро тасдиқ карда, илова кард, ки бо дастгирии кумитаи падару модарон ва  ҳукумати шаҳр муасссиаи таълимро пурра аз таъмири ҷорӣ бароварда, барои соли нави хониш омода кардем.

Ҳамчунин 21 муассисаи томактабӣ, 5 литсей ва 1  гимназияи шаҳри Бохтар пурра ба соли нави хониши  2022-2023  омода шудаанд.

Бунёди се мактаб

Ба гуфтаи Шаъмигул Шарифзода, мудири Шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар, айни замон дар муассисаҳои таълимии шаҳр   27 ҳазору  480 хонанда  таҳсил мекунанд ва имсол тибқи нақша 3 ҳазору 166 кӯдак ба синфи як қабул карда мешавад.

Мудир илова кард, ки соҳаи моарифи шаҳр солҳои охир бамаротиб рушд карда, тӯли шаш моҳи соли ҷорӣ ду муассисаи замонавӣ  бунёд гардида,  дар рӯзи дониш яъне якуми сентябри соли ҷорӣ  боз  як муассисаи дигар, ки дар он таълим бо забони русӣ ба роҳ монда мешавад, барои беш аз 1200 хонанда ба фаъолият оғоз мекунад.

Ӯ қайд кард, ки маорифчиёни шаҳр ҳама талошҳои худро баҳри дар сатҳи баланд ба таълиму тарбия фаро гирифтани муҳасиллин равона карда, барои онҳо тамоми шароитҳоро фароҳам меоварад.

86 дарсад маблағи таъмир ҷудо шуд

Шуҳрат Бозорзода, мутахассиси пешбари Раёсати молияи шаҳри Бохтар иттилоъ дод, ки дар соли 2022 барои таъмири муассисаҳои соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети шаҳр ва суратҳисоби махсуси муассисаҳои соҳа маориф 2 миллиону 781 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шуда буд, ки аз ин то имрӯз 1 миллиону 546 ҳазор сомониаш, яъне 68 фоизаш ҷудо карда шудааст.

Раҳмоналӣ Додархӯҷаев,

“Фараж”

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here