Ҳукумати кишвар ҳамеша бар он мекӯшад, ки баҳри наслҳои ояндасоз ва кадрҳои баландихтисос, хусусан, дар соҳаҳои илму техника шароити созанда ва мусоид фароҳам орад. Махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба ин нукта таъкид мекунанд. Дар суханронии Пешвои миллат дар Рӯзи дониш оид ба ин масъала чунин таъкид карданд: “Ҳукумати мамлакат ҳанӯз аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳалли масъалаҳои рушди соҳаи маориф ва илм, фароҳам овардани шароити муосир барои таълиму тарбияи наслҳои ояндасози Ватан ва омода намудани кадрҳо барои иқтисоди миллӣ то имрӯз бисёр иқдомоти созанда ва ба оянда нигаронидашударо амалӣ гардонид.

Зеро давлатро танҳо мутахассисони соҳибтаҷриба ва шахсони дорои дигар ихтисосҳои замонавӣ, яъне кадрҳои баландихтисос обод мекунанд.

Дар шароити пешрафти босуръати илм ва техникаву технологияҳо танҳо кишварҳое рушд мекунанду мақому ҷойгоҳи сазовори худро нигоҳ дошта метавонанд, ки мардуми босаводу соҳибмаърифат, олимону донишмандон, кадрҳои баландихтисосу ихтироъкор ва техникаву технологияҳои ба талаботи замона ҷавобгӯй дошта бошанд”.

Яке аз чунин кадрҳои баландихтисос ва парвадаи даврони Истиқлол декани факултети иқтисод ва бизнеси Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Нурализода Амрулло Назрулло мебошад. Ӯ иброз медорад, ки бо ибтикор ва дастгирии Пешвои миллат дар замони соҳибистиқлолӣ ба таври бесобиқа иншооти соҳаи маориф ва мактабҳои сохти нав бунёд гардиданд, ки хонандагони аксари онҳо Тоҷикистонро дар озмунҳои байналмилалӣ ва ҷаҳонӣ муаррифӣ менамоянд. Албатта ин боиси ифтихори мо – кормандони соҳа буда, дар баробари ин, моро водор ба кору талоши бештар ҷиҳати рушду пешрафти соҳа мегардонад.

Нурализода Амрулло Назрулло хатмкардаи шуъбаи рӯзонаи факултети баҳисобгирии иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (соли 2006) мебошад. Фаъолияти кориро баъди хатми донишгоҳ ба ҳайси ассистенти кафедраи умумидонишгоҳии назарияи иқтисодии ДМТ оғоз намудааст. Солҳои 2007-2013 ба ҳайси муовини декан оид ба таълими факултети иқтисод ва идораи ДМТ, солҳои 2014-2016 сардори раёсати таълим ва маркази бақайдгирии низоми таҳсилоти кредитии ДМИТ, солҳои 2016-2018 декани факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёти ДМИТ, солҳои 2018-2020 муовини якум, муовини ректор оид ба таълими Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, солҳои 2020-2023 декани факултети молия ва қарзи донишгоҳи мазкур фаъолият карда, аз 17-уми майи соли 2023 декани факултети иқтисод ва бизнеси Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон мебошад.

Мавсуф донандаи забонҳои русӣ ва англисӣ буда, бо ин забонҳо озодона муколама мекунад. Ӯ дар баробари фаъолияти омӯзгорӣ ва вазифаҳои пурмасъулияти дигар, инчунин ба тадқиқоти илмӣ ва навиштани мақолаву китобҳои дарсӣ низ машғул шудааст. “Уровень жизни населения: теория, мониторинг и пути повышения” (Монография Душанбе – 2012. 160 саҳ.), “Технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт” (Китоби дарсӣ, Душанбе, 2019. 354 саҳ.), “Логистика” “Китоби дарсӣ, Душанбе, 2020. 454 саҳ.), “Региональные особенности формирования и развития часного сектора в сельском хозяйстве гисарской зоны Таджикистана” (Монография Душанбе – 2019. 160 стр.), “Технологияҳои иттилоотии идоракунӣ дар иқтисодиёт” (Китоби дарсӣ, Душанбе, 2021. 356 саҳ.), “Молияи корпоративӣ” (Китоби дарсӣ, Душанбе, 2021. 350 саҳ.), “Иқтисодиёти рақамӣ” (Китоби дарсӣ, Душанбе, 2022. 340 саҳ.) аз ҷумлаи китобҳои навиштаи ӯ буда, мақолаҳои илмии зеринро дар маҷаллаҳои илмии дохилӣ ва хориҷӣ ба нашр расонидааст: «Роль частного сектора в развитии социальных услуг в сельской местности Республики Таджикистана» (Вестник ТНУ №2/9 (218), Душанбе, Сино 2016 стр. 182-184),  «Пути улучшение занятости населения и повышение на этой основе доходов семьей как основной источник повышения благосостояния» (Международний журнал Экономика и науки в России и зарубежом. №10, 2018. Vol. 45. С. 146-152), “Assessment of role of enterprises in improving services and welfare” (Оценка роли малых и средних предприятий в улучшении бизнес-услуг и благосостояния населения в Таджикистане) (web of science and scopus Журнал The European Proceedings of Social & Behavioural Sciences EpSBS Volume том lxxvi – sctcmg 2019, Pages: 3685 – 3695. 28 December 2019. ISSN: 2357-1330), “Андозагирии сифати зиндагии аҳолии минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити муосир” (Паёми ДМТ №1 (218), Душанбе, Сино 2020 с. 188-196 саҳ.), “О возможностях применения компьютерного моделирования для планирования работы транспорта на примере Республики Таджикистан” (ISSN 2411-6467 doi: 10.31618/esu.2413-9335.2020.6.77 Евразийский союз ученых (ЕСУ) Ежемесячный научный журнал № 8 (77) / 2020 6 часть стр. 4-9), “Применение программы sigma plot   для прогнозирования работы транспорта  в условиях Республики Таджикистан” (Американ Журнал. ASJ “ASJ” № (40) / 2020 Vol.2 DOI: 10.31618/asj.2707-9864.2020.2.40  ISSN – 2707-9864 стр.58-63), “Баҳодиҳии нишондиҳандаҳои сатҳи зиндагии аҳоли дар  ҶТ” (Паёми АМИТ бахши илмҳои иҷтимоӣ-иҷтисодӣ,  шумораи №4, ш. Душанбе, 2021с. саҳ. 258-268).

Ҳангоми суҳбат бо қаҳрамони матлаб аз давраи фаъолияташ дар вазифаи декани факултети молия ва қарзи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон (аз соли 2020 то моҳи майи соли равон) пурсон шудем. Ӯ чунин изҳор дошт:  Аз соли 2020 то соли 2023-юм ба ҳайси декани факултети молия ва қарз кор карданам аз тарафи ҳайати устодон ва профессорони факултет соҳиби дастовардҳои назарас гардидаем, ки  чунини мебошанд: Маводҳо таълимӣ, ҳимояи рисолаҳои илмӣ ва навиштани мақолаҳо дар маҷаллаҳои дохилӣ ва байналмилалӣ ва аз қарорҳои Шурои илмӣ методии Донишгоҳ ва қарорҳои мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида ва ба чоп тавсия карда шудаанд.

20 – нафар устодони факултет рисолаҳои номзадӣ ва доктории худро бо мувафақият ҳимоя намудаанд. Аз ин 18-нафар номзадӣ ва 2-нафар рисолаи докторӣ ҳимоя намудаанд.

20 – адад китобҳои дарсӣ аз қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаштааст.

22 – адад монографияи илмӣ аз қарори Шурои илмӣ-методии донишгоҳ гузаштааст.

21 – адад васоитҳои таълимӣ аз қарори Шурои илмӣ-методии донишгоҳ гузаштааст.

25- нафар донишҷӯёни факултет дар олимпиадаҳои дохилӣ, байналмилалӣ ва озмунҳои ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойҳои 1-ум, 2-юм ва 3-юм гардидаанд. Бояд тазаккур диҳам, ки дар олимпиадаи муассисахои таҳсилоти олии касбии ҶТ дар соли 2022 аз фанни назарияи иқтисодӣ донишҷӯи факултети молия ва қарз Чихонов Сунатулло Абдураҳмонович сазовори ҷои якум ва соҳиби медали тилло гардид.

800 – адад мақолаҳои илмӣ устодон ва професорони факултет дар маҷалаҳо ва журнаҳои сатҳи Ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ (ВАК ва Скобус) аз чоп баромадаанд.

1- ихтисоси факултетро аз Акредитатсияи байналмилалӣ бо муввафақият гузаронида соҳиби сертификат гардидем.

– 20-уми декабри 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт бинои нави таълимии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистонро ба истифода доданд. Бо таъсиси бонки таълимӣ дар бинои нави таълимии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар асоси талаботи замони муосир сифат ва самаранокии дониши амалии донишҷӯёни соҳаи молия ва бонкдорӣ ба маротиб баланд бардошта мешавад. Ҳадаф аз ин бонки таълимӣ дар сатҳи зарурӣ омода намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи молия ва бонкдорӣ ва ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ будан мебошад. Таъсиси ин бонки таълимӣ имкон медиҳад, ки маҳорати амалии донишҷӯён сайқал дода шуда, дар истеҳсолот ба ҳайси мутахассиси тайёр сафарбар карда шаванд.

Ҳамсуҳбатамон афзуд, ки танҳо дар давоми 2022 аз тарафи устодони факултет 317 маводи илмӣ-методӣ, аз он ҷумла, 6 китоби дарсӣ, 12 монография, 3 васоити таълимӣ, 4 дастури таълимӣ-методӣ (ШИМ-и донишгоҳ), 107 мақолаи сатҳи ҷумҳуриявӣ, 88 мақола дар КОА ба чоп расонида шудааст.

Инчунин, дар факултети мазкур зермаҳфили доимамалкунандаи “Зеҳн” фаъолият менамояд, ки дар ҷаласаҳои он мутахассисон аз Вазорату идораҳо даъват мегарданд ва дар онҳо мавзуъҳои мубрами рӯз баррасӣ мегарданд, ки барои пайваст намудани донишҳои назарияӣ ба амалия ва пешниҳодҳои ҷолиб барои ҷоринамоии усулҳои нав дар раванди таълим пешниҳод мегарданд. Ғайр аз ин, ба устодони ҷавон барои дуруст ба роҳ мондани усулҳои тадқиқот ё интихоб намудани самти дуруст барои пешбурди корҳои илмию тадқиқотӣ пешниҳоду тавсия ироа  мегарданд.

Дар баробари ин, дар назди кафедраҳои факултет семинар ва маҳфилҳои доимамалкунандаи илмию таълимӣ, аз қабили маҳфили илмии донишҷӯён ва семинари илмию методӣ  ва маҳфили илмии донишҷӯён бо номи “Молиячиёни ҷавон”, “Бонкдор” ва “Бозори фандӣ ”таъсис дода шудаанд, ки мунтазам ҷорабиниҳои илмӣ дар сатҳи омӯзгорон  ва донишҷӯён баргузор мекунанд.

– Доир ба натиҷаҳои иштироки донишҷӯёни факултет дар олимпиадаҳо ва озмунҳо метавонам ҳаминро гӯям, ки донишҷӯёни факултет иштирокчӣ ва ғолибони олимпиада, озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ мебошанд, – зикр кард А. Нурализода ва афзуд, ки соли 2021 дар даври шаҳрӣ ва ҷумҳуриявии озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” донишҷӯёни факултет Муқимов Ҷамолиддин аз номинатсия география ва Давлатова Диана аз номинатсия биология сазовори ҷои 3-юм ва диплом гардиданд. Соли 2022 Давлатзода Аниса, донишҷӯи курси 3-юм аз номинатсияи ихтироъкорӣ дар даври шаҳрии озмуни мазкур сазовори ҷойи 3-юм гардида, ба даври ҷумҳуриявӣ роҳ ёфт ва сазовори ҷойи ифтихорӣ гардид. Инчунин Муқимов Ҷамолиддин дар даври ноҳиявии ин озмун аз номинатсияи география сазовори ҷойи 1-ум ва  Анисҷони Нусратулло донишҷӯи курси 2-юм аз номинатсияи химия сазовори ҷойи 3-юм гардиданд. Ба Давлатзода Аниса донишҷӯи курси 3-юм барои ихтироот аз идораи патентӣ  шаҳодатномаи ихтироъкории “Торти парҳезии ДИЕТОП”дода шуд, ки он дар феҳристи давлатии ихтироъҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст.

Дар факултет шаҳрвандони хориҷӣ низ ба таълим фаро гирифта шудаанд, ки шумораи онҳо сол то сол афзоиш ёфта, дар соли таҳсили 2022-2023 шумораи донишҷӯёни хориҷи кишвар ба 678 нафар расид. Дар баробари ин, ҳамкориҳои донишгоҳ бо донишгоҳҳои хориҷи кишвар дар доираи барномаи мубодилаи донишҷӯён вусъат ёфта, ҳамасола 8-10 нафар донишҷӯи фаъол ба хориҷи кишвар равона мегарданд.

Амрулло Нурализода ҳамчун олими ихтироъкор дорандаи шаҳодатномаҳои зерин дар бораи бақайдгирии давлатии захираи иттилоотии Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» мебошад:

  1. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот». Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии захираи иттилоотӣ. Номгӯй манбаи маълумоти «Хобгоҳи электронӣ» дорандаи он. Нурализода А.Н., Воҳидов А., Воҳидов У. № қайди давлатӣ №1201700357 аз 29.05.2017.
  2. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот». Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии захираи иттилоотӣ. Номгӯй Сомонаи факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт: http://tii-feit.tj дорандаи он Нурализода А.Н., Воҳидов У., Додоҷонзода Ф. № қайди давлатӣ №1201700358 аз 29.05.2017.
  3. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот». Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии захираи иттилоотӣ. Манбаи маълумотии «Низоми идоракунии автоматии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ» дорандаи он Наимов С.С., Нурализода А.Н. рақами қайди давлатӣ №3201700363 аз 23.01.2018.
  4. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот». Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии захираи иттилоотӣ. Манбаи маълумотии «Низоми идоракунии автоматии садорати факултет» дорандаи он Нурализода А.Н., Наимов С.С., рақами қайди давлатӣ №3201800375 аз 30.04.2018.

Устод Нурализода то имрӯз беш аз 110 мақолаҳҳои илмӣ, 3 адад монография, китоби дарсӣ 5 адад, васоити таълимӣ 8 адад, дастурҳои методӣ ва маҷмуаи барномаҳо 20 адад эҷоду таълиф кардаанд. Ҳамчунин, устод Нурализода беш аз 65 мақолаҳои илмӣ-оммавӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кардаанд ва баромадҳои ихтисосии хеле зиёд низ дар симову садо анҷом додаанд.

Зери роҳбарии устодон Нурализода А. ва Тоиров то имрӯз 3-аспиратон ва доктор PHD аз рӯи ихтисос рисолаҳои илмии худро ҳимоя намудаанд.

Мавсуф Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин,  Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, аз соли 2019 профессори фахрии Донишгоҳи давлатии Кокшетау ба номи Ш. Уалихановаи Ҷумҳурии Қазоқистон мебошад. Ҳамчунин, аз тарафи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо медал барои шуҷоат сарфароз гардонида шудааст.

Нигора САИДБЕКОВА,

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь