Соҳаи маориф дар мадди аввали сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат қарор дошта, Пешвои миллат пайваста таъкид мекунанд, ки «Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи аввалиндараҷа медиҳад».

Дар Паёми навбатии худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам соҳаи маорифро дар сиёсати давлатдории худ муҳим арзёбӣ карданд ва изҳор доштанд, ки «Бо вуҷуди корҳои то имрӯз дар соҳаи маориф амалигардида, ба Ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илм ва роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода мешавад, ки бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ ва зиёд гардидани шумораи кӯдакону наврасон тадбирҳои мушаххас андешанд.

Яъне дар панҷ соли оянда бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва бо дарназардошти ҳадафи гузошташуда барои фарогирии 50 фоизи кӯдакони синну соли томактабӣ бунёди 800 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва беш аз 1000 муассисаи таҳсилоти умумиро таъмин намоянд.

Роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар панҷ соли оянда, бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ, барои дар ҳар як маҳалли аҳолинишин, ки 100 оила зиндагӣ мекунад, ҳатман бунёд кардани як муассисаи томактабӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Имрӯз дар соҳаи маорифи мамлакат ҳашт барномаи давлатӣ ва ду стратегияи дарозмуддат татбиқ шуда истодааст, ки ба рушду инкишофи таълиму тарбия, амалигардонии ислоҳоти соҳа, дастгирии мактабу омӯзгор, таълифи китобҳои дарсии насли нав ва такмили мазмуну мундариҷаи таҳсилот мусоидат менамояд».

Аз ин лиҳоз, бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак хабарнигори МТЖТ бо мудири шуъбаи мазкур Ҳайдарзода Садбарг суҳбати ихтисосӣ анҷом дод ва фишурдаи он пешкаш мегардад.

Номбурда нахуст қайд кард, ки соҳаи маориф калидест, имкон медиҳад, ки ҳадафҳои рушди устувор ва боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ба даст оварда шавад. Бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад. Бинобарин ин, ғамхориҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати соҳаи маориф ба хотири рушди неруи инсонӣ мебошад.

Мавсуф ҳамзамон изҳор дошт, ки раиси шаҳри Норак Мирзозода Иброҳим, ки аз мактаби давлатдории Пешвои муаззами миллат таълиму тарбия гирифтааст, нисбати соҳаи маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунад.

Муждагони он аст, ки чанд рӯз пеш дар озмуни вилоятӣ “оид ба муайян намудани беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳалли аҳолинишин ва хонаи истиқоматӣ” дар номинаи “шаҳри беҳтарин” шаҳри Норак сазовори ҷои дуввум гардид ва ин дастовард албатта, ихтихори ҳар як сокини шаҳри Норак мебошад.

Таълимгоҳҳо ва таълимгирандагон

Мавсуф изҳор дошт, ки дар тобеияти шуъбаи маориф 39 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла: 21 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 3 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 4 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 1 гимназияи давлатии №1, 1 литсейи давлатии “Нурбахш”, 1 муассисаи таҳсилоти иловагӣ, 1 муассисаи давлатии Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо, 1 маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия, 5 муассисаи таҳсилоти томактабӣ, 1 филиали мактаби №83-и шаҳри Ногинскийи Федератсияи Руссия фаъолият мекунанд.

Дар давоми соли 2024 дар муассисаҳои таълимии шаҳр 17130 нафар хонандагон, аз ҷумла 8306 нафар духтарон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли 2023, 380 нафар хонандагон, аз ҷумла 257 нафар духтарон зиёд мебошанд.

Базаи кадрӣ

Дар идомаи суҳбат ҳамсуҳбати мо афзуд, ки дар муассисаҳои таълимии шаҳри Норак айни ҳол 940 нафар омӯзгорон ба таълиму тарбияи насли наврас машғул мебошанд, ки аз онҳо 778 нафарашонро занон ташкил медиҳанд. Аз зумраи омӯзгорон 688 нафар (73,2 %) дорои таҳсилоти олӣ, 192 нафар (20,4 %) дорои таҳсилоти миёнаи махсус ва 60 нафар (6,4 %) дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошанд, ки нисбати ҳамин давраи соли 2023, 38 нафар омӯзгорон зиёд мебошад.

Дар моҳи августи соли гузашта 66 нафар ба кор қабул карда шудаанд.

Шуруъ аз моҳи августи соли таҳсили 2024-2025, 17 нафар мутахассисони ҷавон тибқи роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи маорифи шаҳри Норак ба кор равон карда шуда буданд, ки 13 нафар бо ҷойи кор ҳозир гардида, ба кор таъмин карда шуданд. Оид ба амалӣ намудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.07.2015, №433 «Дар бораи муқаррар намудани иловапулӣ барои мутахассисони ҷавоне, ки дар деҳот кор мекунанд», дар соли 2024 ба 11 нафар мутахассисони ҷавон иловапулӣ ба маоши онҳо ба миқдори 10% пардохт карда мешавад.

Барои амалӣ намудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.05.2006, №197 «Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо барои омӯзгорони ҷавон» 4 нафар мутахассиси ҷавон барои гирифтани қарзи имтиёзнок муроҷиат намудаанд, ки мувофиқи қонунгузорӣ дар давоми соли ҷорӣ талаботи онҳо қонеъ карда шудааст.

Дар давоми соли 2024 мувофиқи нақшаи тақвимии курсҳои такмили ихтисос ва курсу семинарҳои махсус дар соли 2024, 170- нафар кормандони соҳаи маориф аз курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ гузаронида шуданд, ки 116 %-и нақшаро ташкил медиҳад.

Кадрҳои фардо

Ҳамчунин мавсуф тазаккур дод, ки баъд аз хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар соли 2024 аз шумораи 899 нафар хатмкунандагони синфҳои 11-уми муассисаҳои таълимӣ 552 нафар ба муассисаҳои миёна ва олии касбӣ тариқи Маркази миллии тестӣ дохил шудаанд, ки нисбати соли гузашта 103 нафар хонанда зиёд мебошад. Инчунин 60 нафар ба хориҷи кишвар, 10 нафар ба мақомотҳои қудратӣ ва 21 нафар тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишгоҳу донишкадаҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ихтисосҳои гуногун ба ҳайси донишҷӯ дохил шудаанд, ки 82%-и хатмкардагони синфи 11-умро ташкил медиҳад. Аз шумораи 21 нафар хонанда, ки тибқи квотаи Президентӣ дохил шудаанд, 11 нафарашонро духтарон ва 10 нафарашон писарон мебошанд.

Натиҷагирӣ

Мавсуф иттило дод, ки оид ба гузаронидани “Рӯзҳои методӣ”, “Рӯзи маориф” дар назди муассисаҳои таълимӣ, муассисаҳои томактабӣ ва марказҳои назди шуъбаи маориф ба мақсади расонидани ёрию тавсияҳои методӣ аз тарафи мушовирони кабинети методӣ.

Дар давоми соли 2024 дар ҳамаи муассисаҳои таълимии шаҳри Норак семинарҳои доимоамалкунандаи методӣ аз тарафи мушовирон ва кормандони шуъбаи маорифи шаҳр гузаронида шуда, ба омӯзгорон ва кормандони муассисаҳои таълимӣ ёриҳои методӣ расонида шуда, корҳо дар ин самт идома дорад. Ҳамзамон, мувофиқи фармоиши мудири шуъбаи маориф рӯзҳои 21-22 август дар 19 бахшҳои фаннӣ машваратҳои августӣ гузаронида шуд. Дар ин машваратҳо зиёда аз 74 мавзуъҳои ба машваратҳои фаннӣ пешниҳодшуда мавриди барррасӣ ва омӯзиш қарор дода шуданд.

Инчунин, рӯзи 28 август маҷлиси васеи кормандони соҳаи маориф баргузор гардид, ки зиёда аз 140 нафар омӯзгорони навовару эҷодкор ва муваффақ, ки дар кори таълиму тарбияи хонандагон саҳми назаррас гузоштаанд, қадрдонӣ гардиданд.

Ҳамчунин дар давоми соли 2024 омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, дар озмуни “ Омӯзгори сол” ва “ Мураббии сол” иштирок намуда, ҷойҳои ифтихориро соҳиб гаштанд.

Дар ин самт кори хуби мушовирони шуъбаи маориф аз ҷумла, мудири кабинети методӣ Толибов Исматулло мушовири синфҳои ибтидоӣ Пиров Маҳмадҷон, мушовири фанҳои забон ва адабиёти тоҷик Солиева Зайнаб, мушовири фанҳои забонҳои русӣ ва англисӣ Гурезова Света, мушовири фанҳои дақиқ Абдуллоев Абдулмуъмин ва мушовири тарбиявӣ Забирова Салимаро қайд кардан ба маврид аст. Ҳамчунин дар асоси дастуру супоришҳои вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон шуруъ аз 1.09.2024 то 31.12.2024 дар ҳамаи муассисаҳои таълимии шаҳр “Рӯзи маориф” гузаронида шуд, ки дар он мудири шуъбаи маориф ва дигар кормандони шуъбаи маориф иштирок намуда, раванди таълиму тарбияро дар муассисаи таълимӣ омӯзиш карда, ба омӯзгорон ва кормандони муассисаҳои таълимӣ ёрии методии худро расониданд. Бо дастгирии вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 нафар омӯзгорони забонҳои русӣ ва англисӣ аз семинарҳои омӯзишӣ дар бораи истифодаи технологияи ҳозиразамон, кабинетҳои лингафонӣ аз курсҳо гузаронида шуданд.

Дар рафти омӯзиш ва расонидани ёрию тавсияҳои методӣ кори хуби як қатор омӯзгорони муассисаҳои таълимиро барои паҳн намудани таҷрибаи пешқадамашон самт ба самт ба назар гирифта шуд.

Дар ҳамин замина рӯзҳои 26 ва 27 ноябри соли 2024 рӯзҳои Раёсати маорифи вилояти Хатлон дар шаҳри Норак шуда гузашт, ки бевосита Сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Абдулзода Зиёдулло иштирок ва натиҷагирӣ намуда, фаъолияти муассисаҳои таълимиро қаноатбахш гуфта, баҳри боз ҳам беҳтар намудани сифати таълиму тарбия дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Ҷашнҳои миллӣ- худшиносии миллӣ

Чӣ тавре, ки мудири маорифи шаҳри Норак зимни суҳбат изҳор дошт, бахшида ба сазовор ҷашн гирифтани рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳамаи муассисаҳои таълимии шаҳр барномаҳои фарҳангӣ ташкил ва гузаронида шуд. Ҳамчунин “Рӯзи китоб”, ҳафтаи “Рӯдакихонӣ”, “Ҷалолиддини Балхӣ”, “Рӯзи забони давлатӣ”, “Рӯзи омӯзгорон”, “30-солагии Кониститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “32 солагии Иҷлосияи тақдирсоз”, “16 ноябр – Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва 24- ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд дар шуъбаи маориф ва ҳамаи муассисаҳои таълимӣ гузаронида шудааст.

Дар тарбияи истеъдодҳо

Номбурда зикр кард, ки муассисаи давлатии Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои шаҳри Норак шуруъ аз 16 то 21- уми сентябри соли ҷорӣ бо мақсади дарёфти хонандагони соҳибистеъдоду болаёқат ва дастгирии минъбадаи онҳо баргузории ҳафтаи “ БОЗЁФТ” тибқи фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, гурӯҳи корӣ ташкил намуда, бо хонандагон ва падару модарони онҳо суҳбату мулоқот ва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд. Бо мақсади дарёфти хонандагони болаёқат ва соҳибистеъдод озмунҳои фаннӣ ташкил намуда, як гурӯҳ хонандагони лаёқатмандро ба Марказ ҷалб намуданд. Айни ҳол, 389 нафар хонандагон дар маҳфилҳои Марказ бо омӯзгорони ботаҷриба барои тайёрӣ ба олимпиадаҳо машғулиятҳо мегузаронанд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки имсол 14 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр дар олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ ва 103 нафар дар олимпиадаҳои байналмилалӣ ғолибиятро ба даст овардаанд. Хушбахтона, 6 нафар хатмкунандагони муассисаҳои таълимии шаҳр соли таҳсилро бо аттестати аъло ва медали тилло хатм намуданд ва дар миқёси вилоят ва ҷумҳурӣ шаҳри Норак дар ҷойи аввал қарор гирифт. Аз тарафи раиси вилояти Хатлон ба ҳар яки онҳо маблағи 10 000 сомонӣ ва ба директорони муассисаҳои таълимӣ 3000 сомонӣ маблағҳо туҳфа карда шуд.

Иштирок дар озмунҳо

Дар ҷараёни суҳбат мавсуф қайд кард, ки инчунин баҳри дар сатҳи баланд гузаронидани озмунҳои ҷумҳуриявӣ “Илм- фурӯғи маърифат” ва “Фӯрӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар шуъбаи маориф ва муассисаҳои таълимии шаҳр чорабиниҳо ба нақша гирифта шуда, дар сатҳи хуб гузаронида шуданд. Дар даври аввали озмуни “ Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар муассисаҳои таълимӣ зиёда аз 4900 нафар омӯзгорону хонандагони соҳаи маорифи шаҳр иштирок намуда, аз онҳо 900 нафарашон ба даври дуюм, яъне ба даври шаҳрӣ роҳ ёфтанд. Аз шумораи болзикр 52 нафар ба даври вилоятии озмун роҳ ёфта, аз ин 5 нафар ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат гирифтанд, ки як нафар хонандаи синфи 11-уми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11 ба номи Ҳалим Қурбони шаҳри Норак Қаҳорзода Аслам сазовори ҷойи ифтихории 3-юм аз номинатсияи адабиёти бачагона гардида, бо бист ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ сарфароз гардонида шуд.

Дар озмуни “ Илм- фурӯғи маърифат” бошад, дар даври аввал дохилимуассисавӣ зиёда аз 3000 хонандагону омӯзгорон иштирок намуда, аз ин шумора 51 нафар ба даври вилоятии озмун роҳ ёфта, аз инҳо 2 нафар хонанда ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифт.

Дар озмуни “Тоҷикистон ватани азизи ман” хонандаи синфи 8-уми муассисаи таълимии № 28 дар номинатсияи “Расомӣ” сазовори ҷойи ифтихорӣ гардид.

Инчунин бо пешниҳоди раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид ва фармоиши сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон аз 28.05.2024, № 5/11 “Дар бораи гузаронидани озмуни вилоятии “Китобхони беҳтарин” дар байни кормандони соҳаи маорифи вилоят озмуни “Китобхони беҳтарин” гузаронида шуд, ки дар даври аввали он яъне дохилимуассисавӣ зиёда аз 500 нафар омӯзгорони фанҳои гуногун иштирок намуда, аз ин шумора 11 нафар ба даври вилоятии озмун роҳхат гирифта, дар он иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.

Рушди соҳаи маориф

Номбурда афзуд, ки шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак дар асоси қарори раиси шаҳри Норак аз 30 декабри соли 2020,№531 қарори раиси вилояти Хатлон аз 27 ноябри соли 2020,№321 “Оид ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 2020, №526 “Дар бораи Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” корҳои муайянеро ба анҷом расонидааст.

Маҳз бо мақсади ноил шудан ба ин ҳадаф тули солҳои соҳибистиқлолӣ шуъбаи маориф ба масъалаи баланд бардоштани нақши илму маориф ва мақоми устоду омӯзгор таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намуда, ба бунёди мактабҳои типи нав ҳамзамон бо ин, барои мутобиқ гардорнидани раванди таълиму тарбия ба талаботи замони муосир эътибори ҷиддӣ зоҳир менамояд.

Оид ба рафти иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 08.01.2020, №9, оид ба рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2019, №599 “Дар бораи Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030” дар шуъбаи маорифи шаҳри Норак ва муассисаҳои таълимии он. Дар шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак ҷиҳати иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2019, №599 “Дар бораи Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030” дар давоми соли 2024 як қатор корҳо ба сомон расонда шудааст.

Шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак ба маълумоти шумо мерасонад, ки рафти иҷрои Қарори мазкур ҳамасола дар Шӯрои шуъбаи маорифи шаҳр баррасӣ карда шуда, нақша – чорабиниҳои тасдиқкардашудаи шуъбаи маориф дастраси муассисаҳои таълимӣ гардонида мешаванд.

Дар асоси нақшаи таълимии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли таҳсили 2023-2024 ва солҳои минбаъда дар муассисаҳои таълимӣ фанни асосҳои давлат ва ҳуқуқ дар синфҳои 8-9 ҳафтае як соатӣ ва фанни ҳуқуқи инсон дар синфҳои 10-11 низ ҳафтае як соатӣ аз рӯи нақшаи таълимӣ ҷудо карда шудааст, ки 27 нафар омӯзгорони дорои таҳсилоти олӣ таълим медиҳанд.

Шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми июли соли 2020, №427 “Дар бораи эълон намудани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф” дар соли 2024 як қатор корҳоро роҳандозӣ намуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ таъкид доштанд, ки ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020- 2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шуд.

Шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак баҳри иҷрои нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак аз 10-уми ноябри соли 2020 барои амалишавии нақша-чорабиниҳои вилояти Хатлон аз 20-уми августи соли 2020 ва нақша-чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми июли соли 2020, №427 “Дар бораи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” дар соҳаи илму маориф” корҳои зиёдеро ба анҷом расонидааст. Дар Шуроҳои шуъбаи маориф Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2020, №1445 нақша-чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июли соли 2020, №427 ва нақша -чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак аз 10-уми ноябри соли 2020 “Дар бораи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” мавриди баррасӣ ва омӯзиш қарор дода шуд. Инчунин рафти амалишавии нақша-чорабиниҳо дар Шуроҳои шуъбаи маориф масъалагузорӣ карда шуда, баҳри рафти камбудиҳои ҷойдошта дар муассисаҳои таълимӣ, қарорҳои дахлдор қабул гардидаанд.

Дар назди муассисаи таълимии №22 бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва кумитаи падару модарон 4 синфхонаи иловагӣ барои 150 нафар хонанда дар ду баст таҷдид карда шуда, ба истифода дода шудааст. Инчунин дар назди муассисаи таълимии №15 – 4 синфхонаи иловагӣ, дар назди муассисаи таълимии №9 – 6 синфхонаи иловагӣ сохта ба истифода дода шуд.

Дар назди ҳамаи муассисаҳои таълимӣ мизу курсиҳое, ки таъмирталабанд таъмир карда шудаанд. Аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ бо маблағи 422200 (чорсаду бистуду ҳазору дусад) сомонӣ дар соли 2024 102 адад ҷевон дар назди муассисаҳои таълимии №1,2,3,5,7,8,9,11,12,13,15,17,22,27, 1876 ҷуфт мизу курсӣ дар назди муассисаҳои таълимии №1,2,3,5,7,8, 9,12,13,17 таъмин карда шуд.

Кабинетҳои фаннӣ

-Дар давоми соли 2024 мувофиқи нақша 17 номгӯи кабинетҳои фаннӣ бояд ташкил карда мешуд, аз шумораи 17 номгӯи кабинетҳо фаннӣ айни ҳол дар назди муассисаҳои таълимии №,1,7,15, 10 ва литсей 5 номгӯи кабинетҳои фаннӣ ташкил карда шудааст. Дар назди муассисаи таълимии №1 ва 7 (кабинети физика), №15 ва литсей (кабинети химия), №10 ( кабинети математика), инчунин бо дастгирии Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон 15 кабинети фаннӣ ба муассисаҳои таълимӣ дастрас карда шуданд. Ҳамзамон аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи ноябр ба муассисаҳои таълимӣ боз таҷҳизотҳо барои 15 кабинетҳои фаннӣ дастраси муассисаҳои таълимӣ гардонида шуданд,-изҳор дошт номбурда.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь