Ҷиҳати шиносоӣ бо фаъолияти муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11 ноҳияи Ҷаббор Расулов хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо директори муассисаи мазкур Ғаниев Адҳам Абдукаримович сӯҳбати ихтисосӣ анҷом дод.
Дар оғози сӯҳбат Ғаниев Адҳам Абдукаримович аз Пешвои миллат сипосгузорӣ намуд, ки ҳамеша омӯзгоронро пуштбонӣ мекунанд ва дар ҳама баромадҳояшон омӯзгоронро таърифу тавсиф менамоянд ва дар Паёми навбатиашон низ зикр намуданд: «Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем. Зеро агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад».
-Устод лутфан мегуфтед, ки МТМУ №11 соли чанд таъсис ёфтааст ва аз чанд синфхонаҳо иборат аст?
-Нахустин бинои муассиса дар соли 1928 таъсис ёфтааст. Бинои асосии муассиса 1972-1975 бунёд ёфта, 4 январи соли 1976 ба истифода дода шудааст. Муассисаи таълимӣ дорои бинои асосӣ, бинои синфҳои ибтидоӣ ва бинои иловагӣ, 8 роҳрав, 50 синфхонаҳои таълимӣ, толори варзиш, майдончаҳои варзишӣ, толори маҷлисгоҳ, китобхона, ошхона, кабинетҳои технологияи иттилоотӣ, ҳуҷра барои гузаронидани корҳои лабораторӣ озмоишгоҳҳои фанни физика ва химия, кабинети технология барои духтарон ва писарон мавҷуд аст.
-Дастовардҳои хонандагони муассисаи мазкур дар озмун ва олимпиадаҳои фаннӣ оё назаррас аст?
-Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11 яке аз муассисаи бонуфузи ноҳия ба ҳисоб меравад. Аҳли кормандони муассиса хусусан, омӯзгорону хонандагон дар озмунҳои гуногун ва чорабиниҳо фаъолона иштирок мекунанд. Хонандагони муассиса дар олимпиадаи фаннӣ ва дар олимпиадаҳои байналмилалӣ пай дар пай ҷоизаи аввалро ишғол карданд.
Ғолибони олимпиадаи ҷумҳуриявии фаннӣ:
Тоҷиев Аслиддин- аз фанни таърих- ҷойи якум.
Абдуллоев Асилбек- аз фанни химия- ҷойи сеюм.
Абдураҳмонов Боҳирҷон- аз фанни таърих- ҷойи сеюм.
Қосимова Райҳона- аз фанни забони давлатӣ- ҷойи дуюм.
Қирғизбоева Маҳинабону-аз фанни забони англисӣ- ҷойи дуюмро ишғол намудааст.
Гирандагони стипендияи Президентӣ ва иштирок дар озмун
Номбурда дар давоми сӯҳбаташ илова намуд, ки дар соли таҳсили 2021-2022 хатмкунандаи муассиса- Қирғизбоева Садбарг тибқи Квотаи Президентӣ ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дохил шудааст ва 9 нафар хонандагони болаёқату истеъдоди муассиса барои гирифтани Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мушарраф шудаанд:
Ашӯрова Роҳила, хонандаи синфи 11-А.
Каримова Дурдона, хонандаи синфи 11-А.
Солиҷонов Уринбек, хонандаи синфи 10-А.
Раҷабова Гулюз, хонандаи синфи 10-А.
Суюнова Шоҳзода, хонандаи синфи 10-В.
Абдукаримов Асадбек, хонандаи синфи 9-Б.
Абдуваҳобова Афсонахон, хонандаи синфи 9-Б.
Солиев Озодбек, хонандаи синфи 9-Б.
Раҳматуллоев Исомиддин, хонандаи синфи 9-Г.
Дар озмуни ҷумҳуриявии “Илм- фурӯғи маърифат” хонандаи синфи 11-А Ҳасанбоева Меҳринисо ва хонандаи синфи 10-Б Ахмедов Юлдошбой инчунин, дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” хонандаи синфи 9-Б Умарова Мавзуна дар даври вилоятӣ фаъолона ширкат варзидаанд. Дар “Академияи хурди илмҳо” дар даври ҷумҳуриявӣ хонандагони синфи 11-А Каримова Дурдона ва хонандаи синфи 11-Б Болтабоев Бобурмирзо иштирок карда, ғолибиятро ба даст дароварда, бо Ифтихорномаҳо ва тӯҳфаҳо қадрдонӣ карда шудаанд.
Кабинетҳои фаннӣ ва ободонӣ
Нилуфар Худоёрова, муовини директор оид ба таълим дар ин тақвияти гуфтаҳои директор зикр намуд, ки дар муассиса дар асоси нақшаи чорабиниҳо соатҳои синфӣ, соатҳои тарбиявӣ, дарсҳои кушод баргузор шуда, дар он хонандагони муассиса фаъолона иштирок мекунанд. Кабинетҳои фаннӣ, хусусан, кабинети фанни химия, физика, технологияи иттилоотӣ дар асоси талаботи муосир таҷҳизонида шуда, дарсҳо дар кабинет бо воситаи компютер ва проектор гузаронида мешавад.
Қайд кардан бамаврид аст, ки дар муассиса корҳои ободониву созандагӣ низ хуб ба роҳ монда шудааст, ки дар муассиса гармхона мавҷуд буда, дар он ниҳоли лимӯ парвариш карда мешавад.
Аҳли коллективи омӯзгорони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11-и ноҳияи Ҷаббор Расулов якҷоя бо директори муассисаи мазкур Ғаниев Адҳам ва муовини директор оид ба таълим Нилуфар Худоёрова дар самти таълиму тарбия ва корҳои ободонӣ ва фароҳам овардани шароит баҳри таҳсил талош ва кӯшиш карда истодаанд.
Нигора САИДБЕКОВА,
МТЖТ