Китоб яке аз муҳимтарин ихтироьҳои инсоният аст, ки таьрихи онро метавон ҳазорсолаҳо пеш пайгирӣ кард. Аввалин шаклҳои китоб дар шакли лавҳаҳои гилӣ,  пусти гов пустлохи дарахт ва ғаираҳо буд.

Дар Месопоталия (тақрибан 3000 пеш аз милод) ва папирусҳои Мисри қадим паӣдо шуданд. Баъдтар дар Юнони қадим ва Рими қадим китобҳо ба шакли кудаксҳо (роллҳо) инкишоф ёфанд.

Бо мурури замон бо паӣдоиши коғаз дар Чин (асри 2 пеш аз милод) ва васеъ шудани истифодаи он дар Аврупо дар асри 12 шакли китоби муосир ба вуҷуд омад.Чопи китоб пас аз ихтироъи мошини чопии Иоган Гутенберг дар асри 15 густариш ёфт.

Китобҳо таҷриба ва донишҳои инсонро нигоҳ дошта, онҳоро ба наслҳои оянда интиқол медиҳад ва ба ташаккули ахлоқ ва ҷаҳонбинии одамон кӯмак мекунанд.

Бо тарҷума ва паҳн шуданаш фарҳангҳо ва миллатҳоро бо ҳам мепайвандад ва яке аз қадимтарин воситаҳои нигаҳдорӣ ва интиқоли дониш ба ҳисоб меравад.

Ин аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба озмуни ҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда ,онро ҳамчун иқдоми муҳим , рушди маънавиёти ҷомеа ва баланд бардоштани завқи китобхонӣ арзёбӣ намуданд. Бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат ин озмун ҳамасола баргузор гардида, барои ҷалби қишрҳои гуногуни ҷомеа ба мутолиаи адабиёти классикӣ ва муосир мусоидат менамояд. Соли 2025 низ бо мақсади тақвияти нерӯи зеҳнӣ ва арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ бо амри Президенти кишвар озмуни мазкур баргузор гардида истодааст.

Бо мақсади бедор намудани шавқу рағбати китобхонӣ ва рушди маънавии хонандагон, дар Муассисаи таълимии хусусии ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ “ҳафтаи китоб! бо шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор гардид.Ин чорабинии чандрӯза  бо барномаҳои гуногун, шавқовар ва омӯзанда ғанй гардонида шуд.

Яке марҳилаҳои ҷолиб ва хотирмон сафари хонандагон ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон буд. Дар ин сафар, хонандатон бо бойгонии бузурги китобҳо, таърихи китоб ва муҳити орому илҳомбахши китобхона шинос шуданд.

Дар давоми ҳафта викторинаҳо ва бозиҳои тарбиявӣ баргузор гардиданд, ки дониши хонандагонро дар мавзӯи китобу китобдорӣ санҷид ва афзуд. Бозии “калимаёбак” барои хонандагони синфи 1 фазои шод ва омӯзандаро фароҳам овард, дар ҳоле ки бозии “мизи мудаввар” барои синфҳои болоии ибтидоӣ имкони мубодилаи андеша ва афкори созандаро дод.

Хонандагони синфҳои 3 ва 4 бҳунару истеъдоди худро дар шеърхонӣ ва суханронӣ дар васфи китоб намоиш доданд, Онҳо муҳаббати худро ба китоб бо суханони самимӣ ва шеьрҳои дилангез ифода карданд. Хонандагони синфи 4 бошанд, навори ҷолиб оиди пайдоиши китоб омода намуданд, ки бо эҷодкорӣ ва муҳтавои худ тамошобинонро ба ҳайрат овард.

Яке аз бахшҳои муҳими ҳафта намоиши китобҳои Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд. Ин намоиш натанҳо доираи донишҳои хонандагонро васеъ кард, балки дар қалби онҳо эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва фарҳанги китобдориро таҳким бахшид.

Ҳафтаи китоб инчунин омодагии хонандагон ба озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” – ро фаро гирифт.Дар доираи омодагӣ, хонандагони бо китобҳои гуногун шинос шуда, малакаи хондан, фаҳм ва таҳлилро такмил доданд. Баргузории чунии чорабиниҳо бешубҳа дар рушди зеҳнӣ, таҳкими муҳаббат ба китоб на ташаккули шахсияти фарҳангии наврасон нақши муҳим мебозад.

Шерова  ҲИЛОЛА, омӯзгори  синфҳои ибтидоии МТХУ Абдураҳмони Ҷомӣ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь