Маркази тадқиқоти жуналистии Тоҷикистон иқдомеро ба роҳ мондааст, ки аз бахшҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои кишвар дидан намуда, роҷеъ ба дастовардҳо ва саҳми соҳаи маориф дар рушду нумӯи Тоҷикистони соҳибистиқлол маводҳо омодаву дар нашрияҳои «Фараж» ва «Самак» нашр карда, манзури хонандагон мегардонад.
Аз шуъбаи маорифи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе иттило доданд, ки дар соли хониши 2024-2025 пешбарандагони соҳаи маориф ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд ва чунончи гуфта шуд, кормандони шуъбаи мазкур баҳри дар амал тадбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастуру ҳидоятҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, қарору фармоишҳои вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе тамоми дониш ва малакаи худро истифода бурда, бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати дониши хонандагон ва бо муваффақият ба анҷом расонидани соли таҳсили 2024-2025 кӯшиш намуда истодаанд.
Бо раҳнамоиҳои шуъбаи маорифи ноҳияи Шоҳмансур аз фаъолияти Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №55 дидан намуда, бо директори муассисаи мазкур Ғаффорова Саида суҳбат атрофи дастоварду фаъолияти муассиса намудем.
Нахуст, номбурда қайд кард, ки Пешвои муаззами миллат маорифро ҳамаҷониба дастгирӣ мекунанд ва ин боис шуда, ки сол аз сол маорифи кишвар рушд карда истодааст ва худи Пешвои миллат ҳам таъкид мекунанд: Дар марҳалаи кунунии пешрафти Тоҷикистон ба соҳаҳои илму маориф афзалияти аввалиндараҷа дода мешавад, зеро онҳо дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калидӣ мебозанд.
Вобаста ба ин, пешниҳод гардидани ташкил ва гузаронидани озмуни “Илм – фурӯғи маърифат” дар байни мардуми кишвар, ки ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврасон дар партави эълон гардидани “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” барои солҳои 2020-2040, амали хирадмандонаву саривақтии Пешвои миллат мебошад.
Чунончи, мавсуф афзуд, аз ин лиҳоз, мо, кормандони соҳаи маорифро зарур аст, ки дар баробари дастгириҳои ҳаматарафаи давлат сатҳу сифати таълимро дар муассисаи таълимӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баланд бардорем. Инчунин, назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр гардонида, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоем, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшида ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем.
Мо, масъулони соҳаро зарур аст, ки сатҳу сифати таълимро баланд бардошта, ҷиҳати боло рафтани савияи донишу маърифатнокии хонандагон тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоем ва ҳамзамон бо ин, ба тарбияи насли наврас диққати бештар дода, барои амалӣ гардидани Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зарурӣ андешем. Вобаста ба ин, ҳар сол озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ”-ро баргузор намуда, ба он доираи ҳарчи васеътари хонандагон ва омӯзгоронро ҷалб намоем.
Низоми ҳаёт аз низоми маориф,
Мақоми милал аз мақоми маориф.
Базаи моддӣ-техникӣ
Мавсуф изҳор дошт, ки омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №55-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон руҳу илҳоми тоза гирифта, дар амалӣ гардидани нақшаҳои ислоҳоти соҳаи маориф тадбирҳои зарурӣ андешиданд.
Базаи моддӣ-техникии муассиса ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ буда, 31 кабинетҳои фаннӣ бо тахтаи электронӣ муҷаҳҳазонида шудааст. Инчунин барномаи компютеркунонӣ дар муассиса 126% иҷро гардидааст, ки дар муассиса 188 адад компютер таъмин буда, кабинетҳои технологияи иттилоотӣ ба шабакаи интернет пайваст мебошад. Баҳри баланд бардоштани дониши техникии омӯзгорон дар таътили тирамоҳӣ, зимистона ва баҳорӣ курсҳои омӯзишӣ аз ҷониби омӯзгорони технологияи иттилоотӣ ташкил карда шуд.
Пояи кадрӣ ва таълимгирандагон
Дар идомаи суҳбат ҳамсуҳбати мо тазаккур дод, ки дар соли сипаригашта дар муассиса 116 нафар омӯзгорон кору фаъолият намуданд, ки аз онҳо 53 нафар бо дараҷаи тахассуси олӣ (47%), бо дараҷаи тахассуси якум 20 нафар (17%), дараҷаи тахассуси дуюм 9 нафар (9%) ва 35 нафар бетахассус мебошанд. Қобили қайд аст, ки 7 нафар омӯзгорони муассиса дар моҳи январ дар аттестатсияи тахассуси олӣ, 3 нафар барои гирфтани тахасуси якум ва 6 нафар дараҷаи тахассуси дуюм иштирок намуда, бомуваффақият гузаштанд. Дар аввали сол дар муассиса ҳамчунин омӯзгорони ҷавон Саидова Хатича (омӯзгори забони русӣ), Ашурова Мадина (омӯзгорони фанни химия), Саидзода Меҳрона (омӯзгори фанни санъати тасвирӣ), Собирова Азиза (мураббии инкишофи кӯдак), Лапкова санам (омӯзгори фанни технологияи иттилоотӣ) ва Баротова Машҳура (омӯзгори фанни биология) ба қайд гирифта шуданд, ки ба омӯзгорони собиқадор вобаста гардиданд. Дар тарбия намудани мутахассисони ҷавон фаъолияти мураббиҳо Сатторова Дилдор, Абдиева Ш., Шералиева Т. ва Норбутаева М. самараноку назаррас буд.
Теъдоди хонандагон дар аввали соли таҳсил дар 81 синф 2928 нафар таҳсил намуда, дар бақайдгирии фарогирии хонандагон ба муассиса ягон хонанда дар ҳудуди ба муассиса вобасташуда аз таҳсил дур намондааст.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №55-и ноҳияи Шоҳмансур муассисаи таълимии базавии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ДҶТИБКСМ мебошад, ки ҳамасола дар гузаронидани машғулиятҳои намунавӣ ҷиҳати паҳн намудани таҷрибаи пешқадами омӯзгорони муассиса ва дар қабули шунавандагони курсҳои гуногуни кормандони маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми назаррас мегузорад. Дар соли сипаригашта шунавандагони курсҳои бозомӯзии маркази такмили ихтисоси шаҳри Душанбе ва ДҶТИКСМ аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, забони русӣ, технологияи информатсионӣ, география, омодагии ибтидоии ҳарбӣ, математикҳо, физика, химия ва синфҳои ибтидоӣ дар муассиса таҷриба омӯхта, ба фаъолияти иттиҳодияи методии муассиса баҳои баланд доданд. Дар ин самт саҳми омӯзгорони соҳибтаҷриба Бойбобоева С.Ю., Ибрагимова Р., Назаров А., Ҳаловатова И., Хайруллоева Н., Шоназарбекова П., Акобирова С.М., Сайфиддинова А., Маматқулова М., Ниёзова Д., Абдиева Ш.Р., Камолова Ш. назаррас мебошад.
Дар асоси нақшаи солонаи муассиса чорабиниҳои ташкилию педагогӣ бо ҳамкорӣ бо иттифоқи касабаи муассиса ба роҳ монда шуда, талаботи ягонаи кори муассиса дар Шӯрои педагогӣ тасдиқ карда шуд.
Дастовардҳо
Дар ҷараёни суҳбат номбурда афзуд, ки дар моҳи октябр даври якуми олимпиадаи фаннии мактаббачагон дар муассиса гузаронида шуд, ки 76 нафар ғолибони даври якум ба даври дуюм роҳхат гирифтанд. Дар аввали моҳи ноябр дар даври дуюми олимпиада (ноҳиявӣ) 31 нафар хонандагони муассиса ҷойҳои ҷоизавиро ба даст оварда, дар ноҳия дастаи олимпии муассиса сазовори ҷойи дуюм гардид ва бо тӯҳфаи хотиравии Маркази рушди истеъдодҳои ноҳия ва Ифтихорномаи мудири шуъбаи маорифи ноҳия сарфароз гардиданд.
Инчунин дастаи олимпии муассиса дар даври шаҳрии олимпиадаи фаннӣ низ дастболо шуда, бо гирифтани 35 ҷойи ҷоизавӣ дар байни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр ҷойи аввалро ба даст оварда, ба даҳгонаи беҳтарин дастаи олимпии хонандагони шаҳри Душанбе шомил шуданд.
Дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаи фаннии хонандагон 8 нафар хонандагони синфи 10- Имомова Шаҳноза, аз фанни забони русӣ- ҷойи дуюм, хонандаи синфи 8- Имомова Шаҳзода, аз фанни забони русӣ- ҷойи дуюм, хонандаи синфи 7- Имомова Нушофарин, аз фанни забони русӣ – ҷойи сеюм, Пирматов Муҳаммад, хонандаи синфи 8, аз фанни забони англисӣ- сазовори ҷойи сеюм ва хонандаи синфи 10- Салимов Муҳаммад, аз фанни физика- ҷойи сеюмро ишғол намуданд, ки боиси ифтихори муассиса мебошанд. Инчунин дар озмуни ҷумҳуриявӣ низ олимпиадаи наврасон аз фанҳои мухталиф натиҷаи назаррасро нишон дод. Дар олимпиадаи наврасон хонандагони зерин дар даври ҷумҳурӣ ҷойҳои зеринро ишғол намуданд:
№ | Ном ва насаби хонанда | Синф | Фанни таълимӣ | Ҷойи ишғолкарда |
1 | Имомова Шаҳзода | 8 | Забони русӣ | 2 |
2 | Аминов Юсуф | 8 | Забони англисӣ | 2 |
3 | Солиев Талабшо | 8 | Биология | 2 |
4 | Имомова Шаҳноза | 10 | Забони русӣ | 1 |
5 | Пирматов Муҳаммад | 8 | Забони англисӣ | 2 |
6 | Муродова Нилуфар | 10 | Забон ва адабиёт | 3 |
7 | Анушервони Бахтиёр | 11 | География | 3 |
8 | Салимов Муҳаммад | 11 | Физика | 3 |
Ҳамаи ғолибони олимпиада бо Диплом ва медалҳои Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
Қобили қайд аст, ки дар даври сеюми озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” хонандаи синфи 11- Салимов Муҳаммад аз фанни физика сазовори ҷойи 2 гардида, бо тӯҳфаи хотиравию пулии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуд ва дар даври чоруми озмун бошад номбурда иштирок намуда, сазовори ҷойи ифтихорӣ гардид.
Дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, низ хонандагони муассисаи таълимӣ иштирок намуда, дар даври чоруми озмун сазовори ҷойи ифтихорӣ гардида, бо ифтихорномаи Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Т оҷикистон қадрдонӣ карда шуданд.
Дар соли сипаригашта 3 нафар хонандагон- Абдиқодиров Мунис, хонандаи синфи 9, Қосимзода Дилафрӯз, хонандаи синфи 9 ва Пирматов Муҳаммад, хонандаи синфи 9 ғолиби гирандагони Стипендияи Президентӣ мебошанд. Хонандаи синфи 8- Имомова Нушофарин, Имомова Шаҳзода- синфи 9, Амонов Муҳаммад- синфи 9 ғолиби озмуни гирандаи Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе шуданд. Дар озмуни гирандаи Стипендияи раиси ноҳия хонандаи синфи 9- Абдиқодиров Мунис, Боқишоева Бибиҳоҷар- синфи 9, Ҳукмиддинзода Мавлона- хонандаи синфи 9 ғолиб омаданд.
Ҳамчунин, Шокирова Мавзуна, хонандаи синфи 11, аз фанни таърихи халқи тоҷик- сазовори ҷойи 2, Имомова Шаҳноза, хонандаи синфи 9, аз фанни забони русӣ- сазовори ҷойи 2, Имомова Шаҳзода, хонандаи синфи 7, аз фанни забони русӣ- сазовори ҷойи 1, Имомова Нушофарин, хонандаи синфи 6, аз фанни забони русӣ- сазовори ҷойи 2, Пирматов Аҳмад, хонандаи синфи 7, аз фанни забони англисӣ- сазовори ҷойи 2, Пирматов Муҳаммад, хонандаи синфи 6, аз фанни забони англисӣ- сазовори ҷойи дуюм, Солиев Талабшо, хонандаи синфи 7, аз фанни биология- сазовори ҷойи 3, Сайдалиева Моҳира, хонандаи синфи 7, аз фанни забони англисӣ- сазовори ҷойи сеюм, Абдухолиқова Моҳирабону, хонандаи синфи 11, аз фанни география- сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.
Масъулитшиносӣ
Мавсуф инчунин, қайд кард, ки яке аз омилҳои асосии баланд гардидани сифати дониши хонандагон ин пурра таъмин намудани муассиса бо кадрҳои педагогӣ мебошад.
Дар омода намудани дастаи олимпии муассиса ҳамкорӣ ва саҳми Маркази рушди истеъдодҳои ноҳияи Шоҳмансур ва шаҳри Душанбе хеле назаррас мебошад.
Ташкили корҳои методӣ ва баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорон дар муассиса ба дӯши Шӯрои методии муассиса вогузор карда шудааст. Дар соли таҳсили 2023-2024 даҳ омӯзгор ба курси такмили ихтисос равона карда шуданд. Бо мақсади паҳн намудани таҷрибаи пешқадами омӯзгорон дар иттиҳодияҳои методии синфҳои ибтидоӣ, забон ва адабиёти тоҷик, забони русӣ, математика дарсҳои кушод ташкил ва гузаронида шуд. Боиси хушнудист, ки дар ҷодаи чопи мақола ва дастурҳои методии омӯзгорон дар маҷаллаву рӯзномаҳои соҳавӣ назаррас мебошад.
Фаъолияти иттиҳодияҳои методии забон ва адабиёти тоҷик, забони англисӣ ва забони русӣ биология, химия, география ба талабот ҷавобгӯ мебошад.
Дар назорати умумӣ ва рафти ҳолати ҳуҷҷатнигорӣ нақшаҳои муовинони директор, китобхона, шӯрои духтарон, Созмони хонандагон саривақт ба роҳ монда шудааст. Санҷиши супоришҳои дар таътил додашуда аз ҷониби роҳбарони синф назорат карда шудааст. Тафтиши дафтарҳои даврӣ, рӯзномаи хонандагон на ҳама омӯзгорон саривақт иҷро намуданд. Ҳолати ошхонаи муассиса ҳамеша дар зери назорати маъмурияту иттифоқи касаба қарор дошта, ба талаботҳои санитарию гигиенӣ мутобиқат мекард.
Фаъолияти китобхонаи муассиса дар соли таҳсили сипаригашта қаноатбахш буда, 2567 нафар хонандагон аъзо мебошанд. Инчунин дар омода намудани хонандагон ба озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст…” назаррас мебошад. Китобхонаи муассиса бо ташкилоти ғайридавлатии ЮСАИД “Ҳамроҳ бихонем” ҳамкорӣ намуда истодааст. Инчунин дар озмуни “Китобхонаи беҳтарин” иштирок намуда, дар шаҳр сазовори ҷойи якум гардида, бо диплом ва туҳфаи хотиравӣ аз тарафи Раиси шаҳр сарфароз карда шуд. Хонандагон бо китобҳои дарсӣ таъмин мебошанд.
Шаҳзода АШУРАЛИЕВА, МТЖТ