Падарам бо мардуми Шуғнон аз рӯи вазифаи хизматиашон робитаи хуби дӯстӣ доштанд. Ҳамасола як бору ду бор сафари шаҳри Хоруғ менамуданд ва дар Институти такмили ихтисоси муаллимон дарси касбу кор меомӯхтанд. Онҳо дар сари дастархони оилавиамон мавридҳои аҷоиберо сӯҳбат мекарданд, ки барои мо фарзандон мазмуни пандро доштанд. Нақл мекарданд, ки дар давраҳои хонишашон дар шаҳри Хоруғ ҳар пагоҳ аз мағозаҳо шир мегирифтанд, мағозадор набуданд ва шири оварда дар бастаҳо дар берун то омадани мудири мағоза нигоҳ дошта мешуданд. Саҳар барвақт мерафтанд ва ширро мегирифтанд ва пулашро дар қуттичае назди мағоза мегузоштанд, касе ба ин қуттӣ ва дохили он кор надошт. Мегуфтанд, ки дар он давра мардуми шаҳри Хоруғ фиребкорӣ ва хиёнатро намедонистанд ва онро нисбати касе раво намедиданд ва ҳар кас аз рӯи виҷдон кору зиндагӣ мекард. Ҳамин ҳолат ва муносибат дар мағозаи собун ва молҳои дигари рӯзғор низ мавҷуд буд ва ба касе, ки собун даркор мешуд, пулашро мегузошту эҳтиёҷашро буд мекард. Аз ин сӯхбатҳо чӣ мехостанд мӯйсафед? Хулосаашон сари он буд, ки ин мардум бо боварӣ ва дасти пок зиндагӣ ва муносибат доштанд ва моро насиҳат мекарданд, ки “помириҳо” покӣ ва поквиҷдониро дӯст медоранд ва фиребу хиёнатро қабул надоранд.

Ман, ки асосан ҳайёти ҷавониамро баъди донишгоҳ дар ин сарзамин ва бо ин мардум гузаронидаам, дар амал дидам, ки мӯйсафеди падарам дар ҳақиқат рост мегуфтанд, ин мардум дасту домони пок доштанд ва дар зиндагӣ борҳо дар байни ҷомеа гуфтаам, ки дар “ҷомаи ин мардум намоз гузорӣ” мешавад. Бо ин мардум бо покдории муносибатҳои кориам шукри худованд соҳиби хона шудам, гармии зиндагиро аз ин мардум ва ин сарзамин пайдо кардам, соҳиби косаю табақ гаштам, то дараҷае дар ин ҷамъият мавқеъамро дар зиндагии хеш пайдо намудам.

Метавонам бо аҳли оилаам аз зиндагӣ ва рӯзгори доштаамон дар шахри Хоруг ёдовар шавам ва барои хонандаи мӯҳтарам низ мисол оварам, ки дари хонаам қулф надошт, ҳамеша кушода буд, дар давоми зиндагии доштаам касе сӯзанеро аз хонаам берун накард, касе фарзандамро бегона нахонд ва касе худамро омада ва нохонда ҳисоб накард. Давраҳое буданд, ки аҳли оилаам ба ноҳияи Дарвоз ва ё ба шаҳри Душанбе ба муддати тӯлонӣ мерафтанд ва ман танҳо бо кори идораам дар Хоруғ мемондам, бисёртари вақт дар сафари корӣ будам ва ба хона дер бармегаштам. То ба Хоруғ, ба хонаам мерасидам, ки аллакай бозори шаҳр баста буд ва бароям нон лозим мешуд, мерафтам назди мағоза, дар мағоза бевақатии шаб нон пайдо намекардам ва соҳиби мағоза ин ҳолати маро пай мебурд ва мегуфт, ки даме истам ва баъди чанде нони хостаамро пайдо менамуд ва пулашро намегирифт, ҳарчанд мегуфтам, вале қабулдори пули нон намешуд, мегуфт, ки агар чизи дигар бошад, майлаш, вале мардуми мо нонро аз рӯи одати ниёгонамон дар ин ҳолатҳо намефурӯшанд ва модарвор гуселам мекард.

Аз рӯи зистам ва кору муносибати доштаам дар минтақаи Бадахшон хулоса дорам, ки мардуми помиризабон аз касе ғайри луқмаи ҳалолашон зиёдатиро талаб надоранд ва мардуми росткору ҳақиқатҷӯй мебошанд ва ин урфу одат дар ин мардум дар хуни онҳост ва ин масъаларо ҳатман бояд ҳамагон бо худ гирем ва муносибат намоем ва барои исботи ин суханам мисоли дигареро пешкаши хонандаи мӯҳтарам месозам.

Ман дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ низ дар бахши кишоварзӣ ва пешбурди ҷомеа кор кардаам ва имрӯз ҳам сару кор дорам ва аз рӯи мақсади корам барояшон тухмӣ, нурӣ, ниҳол мебарам ва дарси идоракунии кишоварзӣ меомӯзам. Дар вақти муносибатҳои корӣ ин мардум пеш аз ҳама нисбати сифати молашон ва миқдори он таваҷҷӯҳ менамоянд, барои мисол агар мувофиқи ҳуҷҷаташон микдори 5222 ниҳол талабнома медоштанд, то расонидани як адади охирон мунтазират мебошанд, агар 50 кг тухмӣ мегирифтанд, паллаи тарозуро то вазни охиринаш назорат мекарданд ва ман ба худ хулоса мекардам, ки онҳо ҳақи ҳалолашонро талаб доранд ва роҳи пешовардаи онҳо роҳи покӣ, ҳақиқат ва инсоф аст. Дар ҷараёни ин муносибатҳо ва равиши кор ҳамеша кӯшиш мекардам, ки дар дигар минтақаҳои ҷумҳуриамон ин муносибат ва рафтори пок ва намунавии ин сарзаминро истифодаи амал созам.

Акнун боз мисолҳое низ ҳастанд, ки онҳо нисбати ин мардум имрӯз бегона ҳастанд ва мехоҳам сари онҳо низ чанде қалам кашам. Баъди шикасти сохти Шӯравӣ сараввал муносибатҳое пеш омаданд, ки аз набудани қонун ва тартибот характери бархе аз нафарон тағйир ёфт ва дар минтақаи Бадахшон, бахусус дар шаҳри Хоруғ низ ин муносибатҳо дар байни алоҳида гурӯҳҳо реша давонид, шахсиятҳои пайдо гаштанд, ки барои дигар “ифлосандешон” бозича гаштанд ва аз рӯи камсаводӣ ва маҳдудияти андеша ҳеҷ волоияти қонунро намехостанд, эътироф намекарданд ва аз беқонунию бесарҳадӣ манфиатҷӯӣ менамуданд ва дар ҷомеаи онрӯза мавқеъи устувор гирифтанд ва дар охир ин тундравиро дар хунашон ҷой намуданд. Маҳз имрӯз ин қабилаҳо дар минтақа каме боқӣ мондаанд ва идомаи бенизомиро мехоҳанд ва бояд ин оқибати кор набошад, ҷомеаи имрӯза  мисли солҳои пеш тоза ва мисли аҷдоди поки мардуми ин диёр бошад. Мо бо бузургони ин сарзамин аз гузашта ва имрӯзаашон фахр дорем, ки дар таърихи гузашта ва имрӯза дар қатори дигар фарзандони барӯманди тоҷик, қаҳрамон ва бунёдгари давлати Тоҷикистон мебошанд.

Мехоҳам хонандаи азизамро сари максади асосӣ кашонам ва оварданиям, ки имрӯз тариқи шабакаҳои интернетӣ нафароне овоз баланд кардан доранд, ки таърих ва фарҳанги худро нагз намедонанд ва аз ҷомеашиносӣ низ дуранд. Андозаи дӯстию рафоқат, меҳру муҳаббати доштаи замони начандон қадимро байни шоҳи Дарвоз- Шоҳмансур ва шоҳи Шуғнонзамин Муҳаммадшоҳро намедонанд,  мазмуни ибораи таърихии маъмули “омад омади Шоҳи Дарвоз”-ро сарфаҳм намераванд, ки чӣ хел шоҳи Шуғнон мунтазири кӯмаки шоҳи Дарвоз нисбати берунсозии душманони марзшиканаш буданд, ҷӯянда нестанд, ки замини бостонии Ванҷ бо Шуғнонзамин дар байн чӣ алоқамандии таърихие доранд. Имрӯз гурӯҳе дар муқобили таърих мехоҳанд ғаразҳоеро пеша ва равиши созандаи минтақаро сӯзанда созанд, худнамоишӣ намоянд ва нооромиҳои минтакавиро пеш оваранд, аз мансабу минбарҳо истифодаи нодуруст ва бемантиқ намоянд. Хулоса дорам, ки зарурате набуд, ки бархе фаромӯш аз истифодабарии мухторияти қонунии ин минтақа ва доштани иловапулиҳои баланди музди меҳнат дар солҳои тӯлонӣ, истифодабарии кӯмакҳои башардӯстонаи махсус таъинсохтаи Ҳукумат дар давраҳои мушкилоти минтақа имрӯз таҳдиди ҷудоиандозиро дар суханрониҳояшон аз минбар пеша созанд ва ҳама ҳалли масъалаҳои ноҷӯри бамиёновардаи қонуншиканонро, ки имрӯз ба авбошӣ расидаанд, худ фаромӯш созанд ва ба гардани дигарон бор намоянд. Хуб мешуд, ки онҳо ин ноҷӯрӣ ва қонуншиканиҳои сарзада ва саркӯб кардани авбошонро аз рӯи вазифа ва ӯхдадориҳо бо ҳам медиданд ва дар чораҷӯиҳои асосӣ иштирок менамуданд.

Гуфтанӣ ҳастам, ки ин ҳолатҳо ва ин қабил авбошон дар минтақаи Рашту Хатлон низ буданд ва ҳамагон нисбати решакан намудани ин тоифаҳои қонуншикан ва тундрав ва ҷилавгирии он саривақт кор бурданд ва муваффақ шуданд ва волоияти қонун дар ин ҳудуд хуб ва устувор таъмин гашт ва имрӯз ҳама аз паи зиндагии осоишта ва созанда мебошанд. Дар минтақаи Бадахшон бояд ба ҳисоб гирем, ки аз давраи пайдоиши ин гурӯҳи авбош аз тарафи баъзе роҳбарони боломақоми вақт рафтори ношоиста ва қонуншиканиҳои ин гуруҳ пардапӯш гашт ва аз ҳисоби ин авбошон манфиат низ доштанд ва мардуми поксиришти ин минтака аз кардаи аслӣ ва нияти нопоки ин муносибатҳо бо авбошон бехабар монданд ва маҳз имрӯз ҷомеаи Бадахшон мӯҳтоҷи он аст, ки ин доғи рӯз аз ҳаёти имрӯзаи ҷомеа дар минтақа, бахусус шаҳри Хоруғ решакан карда шавад ва баракати покӣ ва ҳақиқаткориҳои ин мардуми сарбаланд ба пуррагӣ барқарор гардад. Дар ёд дошта бошем, ки мардуми минтақаи Бадахшон аз Дарвоз сар карда то Мурғоб аз як сарчашма об менӯшанд ва як занҷираи зиндагӣ доранд ва бояд ин занҷира халалдор нагарданд. Дар ин бобат сухани як бузургамон аз рӯи ин муносибатҳо барои мардуми  вилояти Бадахшон ба мавқеъ оварда шудааст:

Зи ҷӯе, ки хӯрдӣ аз он оби пок,

Нашояд фикандан дар он сангу хок.

Дар хулосам оварданӣ ҳастам, ки гулзорҳо бо гуногуниашон базеб ҳастанд ва касе, ки вориди гулзор мегарданд, маҳз рангу таровати гуногунии гулҳо ба инсон қуввату рӯҳи тоза мебахшад ва вилояти Бадахшон низ дар ҳудуди Тоҷикистон ҳамин гулзорро мемонад. Гуногунии забони шевои тоҷикӣ, лаҳҷаҳои минтақавӣ, урфу одат ва гуногунмаданиятӣ мансуби ин “гулистон” мебошанд.

Мо мардуми Тоҷикистон ҳамеша бо шоирон ва бузургони гузаштаамон фахр менамоем ва аз рӯи маърифати воло дар минбару маҳфилҳо иқтибоси шеър менамоем. Зебанда ҳаст, ки сухани яке аз бузургворамон бологири ин гуфтаҳо бошанд, зеро он ҷавобгӯи асосии масъалаи пешоварда барои ҳамагон мебошад ва бузургии сухан низ дар ҳамин ҷумлаҳо ниҳон аст.

Сухан дониста гӯй то дӯстро душман нагардонӣ,

Зи ҳарфи бетаҳаммул ошно бегона мегардад.

Мизроб Амирбекзода

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь