Аз 14 то 16-уми августи соли равон дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон Форуми байналмилалӣ дар мавзӯи “Нақши васоити ахбори омма дар пешгирии ифротгароии зӯроварӣ” баргузор гардид.

Ин чорабинӣ дар доираи лоиҳаи “Мусоидат ба субот ва сулҳ дар Осиёи Марказӣ”, аз ҷониби созмони Internews бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо гузаронида шуд.

Дар кори форум намояндагони васоити ахбори омма, созмонҳои ҷамъиятӣ ва коршиносони соҳаи ВАО аз кишварҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Русия, Белорус, Гурҷистон, Латвия, Чехия, Олмон, Британияи Кабир, Франсия, Юнон ва ғайра ширкат варзиданд.

Форуми мавриди назар платформаи инноватсионӣ ва таҷрибавӣ буда, амалан дар чор формат гузаронида шуд.

Дар формати аввал таҳти номи “Баҳс хоҳам кард!”, ки дар театри таҷрибавии «АRTиШОК»-и шаҳри Алмаато баргузор гардид, маърӯзакунандагон Диана Светличная, Татяна Ушакова (Қирғизистон) дар мавзӯи “Дар Интернет ҳама баробаранд: инҳо “ҳама” киҳоянд?”,

Юрий Исаев (Русия) дар мавзӯи “Бозиҳо ҳамчун воситаи боварӣ”,

Вазир Далибаев (Қирғизистон) дар мавзӯи “Саводнокии ВАО барои кӯдакон: муҳофизат аз буҳтон, сохтакорӣ ва суханронии зишт”,

Евгений Волков (Русия) дар мавзӯи “Чӣ тавр буҳтонро бояд кушт”,

Михаил Мункин (Қирғизистон) дар мавзӯи “Саводнокии ВАО: зарурат ҳаст ё не?!”, Елизавета Кучерова (Олмон) дар мавзӯи «ВАО ҳам ғизо аст. Бубин, ки чӣ мехӯрӣ!», Алёна Талалаева (Белорус) дар мавзӯи “Дониши рӯзноманигории худро баланд мебардорем, ё чӣ тавр бибиам дар навори расонаҳо таблиғотро ошкор кард” ва Александр Головин дар мавзӯи “Сохтакории далели илмӣ” суханронӣ намуданд.

Дар формати дуввум лоиҳаҳои беҳтарини кормандони васоити ахбори омма аз Осиёи Марказӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ, ки аз ҷониби бурси ҷудокардаи Internews дастгирӣ мешаванд, муаррифӣ гардид.

Иштирокдорон Гамзат Бияров (Қазоқистон) дар бораи лоиҳаи «OYLA», Айнур Коскина (Қазоқистон) дар бораи шаҳрвандоне, ки таҳти таъсири ҷараёнҳои харобиовар афтодаанд, инчунин дар бораи офиятбахшии одамон, Даря Османова, Болот Темиров, Хуршед Улмасов (Қирғизистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон) дар бораи лоиҳаи «Ар-ар»,

Кокул Арипова (Қирғизистон) – силсилаи гузоришҳо дар бораи пешгирии ифротгароӣ ва терроризм дар байни ҷавонон,

Бахтигул Бурбаева (Қазоқистон) – лоиҳаи “Тақдирҳои тасвиршуда”,

Ашилова Мадина (Қазоқистон) – лоиҳаи “Дар канори роҳ”,

Ҷамшед Маъруфов (Тоҷикистон) – лоиҳаи “Гӯшаи ВАО”,

Азим Азимов (Қирғизистон) – лоиҳаи “Интихоби мушкил” – филми интерактивӣ, Зебо Исақова, Дина Толепберген (Ӯзбекистон, Қазоқистон) – лоиҳаи «Шуълаи умед», Константин Агафонов (Ӯзбекистон) – лоиҳаи «Марзҳои боз», Жайлообек Жакшиликов, Иброҳимҷон Муллоҷонов (Қирғизистон, Тоҷикистон» дар мавриди лоиҳаи «Оилаи нави ман» маълумот доданд.

Гуфтан бамаврид аст, ки ҳамаи лоиҳаҳои пешниҳодшуда аз ҷониби коршиносони соҳа ва ҳозирин хуб пазируфта шуданд, аммо ба лоиҳаҳои пешниҳодкардаи Гамзат Бияров (Қазоқистон), Бахтигул Бурбаева (Қазоқистон), Ҷамшед Маъруфов (Тоҷикистон) ва Жайлообек Жакшиликов, Иброҳимҷон Муллоҷонов (Қирғизистон, Тоҷикистон) коршиносон баҳои баланд доданд.

Дар формати сеюм Конфронс дар мавзӯи “Нақши васоити ахбори омма дар пешгирии ифротгароии зӯроварӣ” баргузор гардид, ки дар он устодону коршиносони соҳа Саймон Хэйслок (Британияи Кабир), Диана Окремова (Қазоқистон), Бахтиёр Бобоҷонов (Ӯзбекистон), Нургул Эсаманова (Ӯзбекистон), Робин Форесте-Уокир (Al Jazeera English), Валери Гаурит (Франсия), Жанагул Журсин (Қазоқистон), Марат Мамадшоев (Тоҷикистон), Питер де Туа (Юнон), Асомиддин Атоев (Тоҷикистон), Қутбиддин Мухторӣ (Тоҷикистон), Якуттхон Маматова (Ӯзбекистон), Айгул Омурканова, Элнура Казакбаева (Қирғизистон) бо маърӯзаҳои пурмуҳтавои худ суханронӣ намуданд.

Дар формати чаҳорум коршиносони иттилооти рақамӣ Ника Алексеева (Латвия) ва Этери Бузиашвили (Гурҷистон) барои иштирокдорони форум дар мавзӯи амнияти иттилооти рақамӣ маърӯза карда, озмунеро

ҷиҳати ошкор кардани хабару расмҳои фейкӣ миёни иштирокдорон роҳандозӣ намуданд. Дар ин озмун гуруҳи №9, таҳти сарварии Парвина Ибодова ва ҳайати даста аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон фаъолона иштирок намуда, ғолиби озмун гардиданд.

Маврид ба зикр аст, ки қабл аз ин, дар дигар озмун иштирокдорон аз Тоҷикистон А. Кенҷаев, Ҷамшед Маъруф, Гузал Маҳкамова ва Иброҳимҷон Муллоҷонов ширкат варзида, ғолиб ва соҳиби мукофот шуда буданд.

Ёдовар мешавем, ки ҳадафи баргузории форум муҳокимаи нақши васоити ахбори омма дар пешгирии ифротгароӣ дар кишварҳои минтақа буда, ташаббусҳои ВАО барои пешгирии ифротгароии зӯроварӣ, таҳкими ҳамкориҳои миллӣ ва минтақавӣ ҷиҳати густариши муколама дар минтақа равона гардидааст.

 

Абӯалӣ НЕКРӮЗОВ,

Душанбе-Алмаато-Душанбе

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь