Қонунгузорӣ дар соҳаи об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мисли дигар қонунхои кишвар аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад. Дар моддаи 13 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон обро моликияти истисноии давлат муайян мекунад ва давлат истифодаи самараноки онро ба манфиати халқ кафолат медиҳад.

Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав, ки 2-уми апрели соли 2020 қабул  гардид, ки онҷо низ муносибатҳоро вобаста ба об бо мақсади таъмини идоракунии устувор ва истифодаи самараноки об барои эҳтиёҷоти аҳолӣ дар соҳаҳои гуногуни соҳаҳои хоҷагии халқ ба танзим медарорад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов” низ кафолатҳои давлатии таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов, инчунин сифат ва бехатарии онҳоро муқаррар  намудааст.

Дар баробари қонунҳои дар боло зикр гардида, боз чандин қонуну қарорҳо ва барномаҳои давлатӣ ва соҳавӣ қабул гардидаанд, ки ҳамаи онҳо муносибат бо обро дар самтҳои гуногун ба танзим медароранд. Дар аксар санадҳои сатҳи ҷаҳонӣ, минтақавӣ ва миллӣ ва стратегияҳои рушд, об ҳамчун омилҳои муҳими рушди устувор нишон дода шудааст. Дар барномаи Ҳадафҳои рушди устувор ҳалли паҳлуҳои гуногуни мушкилоти об ҳамчун вазифаи муҳим эътироф гардидааст. Аммо бидуни маблағгузории саривақтӣ ба ҳадафҳои ин барнома расидан мушкил аст. Имрӯз барои беҳтар намудани идоракунии захираҳои об дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ аз 15 то 30 млрд доллари амрикоӣ лозим аст. Ин маблағгузорӣ дар оянда метавонад, то 60% фоида биёрад.

Ҳарчанд Тоҷикистон дар саргаҳи обҳои ширин ҷойгир ҳам бошад, вале норасоии оби тозаи ошомиданиро қисме аз шаҳрвандон эҳсос мекунанд. Ҳаҷми обе, ки истифода бурда мешавад, тақрибан 405 млн.м (3) -дар як сол мебошад. Дар умум ниёзи истифодабарандагони об ва санитария қариб 5% сатҳи истифодабарандагони обро дар тамоми ҷумҳурӣ ташкил медиҳад. Барои обёрии боғҳои истироҳатӣ ва об задану тоза кардани роҳу гулгаштҳо 101,455 млн.м.(3) об сарф мешавад. Меъёри амалкунандаи об барои сокинони шаҳр дар як шабонарӯз 180 литр ва барои мардуми деҳот 50 литр муқаррар карда шудааст.

Барнома кадом мушкилотро амалӣ мекунад?

Норасоии об барои аҳолии сайёра имрӯз мушкилрти глобалӣ ба ҳисоб меравад. Талаботи аҳолӣ ҳамасол дар дунё ба оби тоза ба қадри 64 миллион метри кубӣ меафзояд. Норасоии об бошад то соли 2030 нисфи аҳолии ҷаҳонро таҳдид мекунад.

Аз охирҳои асри гузашта то ба имрӯз дар сартосари ҷаҳон  корҳои зиёде ба анҷом расонида шудааст. Дар Тоҷикистон низ 20 соли охир як қатор лоиҳаҳо амалӣ гаштанд. Тоҷикистон дар чор ташаббуси сатҳи ҷаҳонӣ оид ба об саҳми бевосита дорад. Аз ин рӯ, масъалаи таъминоти аҳолӣ бо оби тоза яке аз вазифаҳои асосӣ барои ҳукумати кишвар аст. Ин муддат номгӯи зиёди санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз он ҷумла 15 барнома, стратегия ва нақшаи амал оид ба таъмини аҳолӣ бо об таҳия ва қабул гардидааст. Новобаста аз ҳама корҳои анҷомёфта, дар даҳсолаи охир дар самти таъминоти об, амалӣ намудани барномаю нақшаҳои давлатӣ проблеммаҳо боқӣ мондаанд. Барои ҳалли проблемаҳо дар соҳаи оби нӯшокӣ маблағҳои зиёд лозиманд. Чунки набудани сарчашмаҳои молиявӣ яке аз омилҳои ҳал нагардидани проблемаҳост. Маблағхо аз буҷети кишвар ва аз хизматрасониҳои коммуналӣ нокифоя мебошанд. Аз ин рӯ, Ҳукумати Тоҷикистон ҳамеша кушиш мекунад, ки барои таъмини аҳолӣ бо оби ошомиданӣ маблағҳои созмонҳои байналмилалӣ, донорҳо ва сармоягузорони хориҷиро низ ҷалб менамояд. Имрӯз амалӣ гаштани Барномаҳои давлатӣ дар ин самт аз ҳисоби маблағҳои мутаммаркази ҷумҳуриявӣ, буҷетҳои маҳаллӣ, сармоягузорон ва маблағҳои худии корхонаҳо мебошад.

Вале имрӯз ҳастанд, омилҳое, ки  мушкилоти соҳаи обро бештар намудааст. Ин пеш аз ҳама афзоиши аҳолӣ, коҳиши захираҳои об бо таъсири тағйироти иқлим ва боз чанд омили дигар мебошад. Барои ҳалли мушкилоти соҳа бошад, маблағгузорӣ кофӣ нест.

Мушкилоти дигар ин дар таъмини оби нӯшокӣ ва санитария мебошад. Агар имрӯз мо ба маълумотҳои оморӣ назар кунем, 51,4% аҳолии Тоҷикистон, аз ҷумла 86,9% аҳолии шаҳрҳо, 61,5% аҳолии шаҳракҳо ва 43,4% аҳолии деҳот, бо оби ошомиданӣ таъминанд. Қисми зиёди аҳолии деҳот обро аз  чашма 12,7%, дарёҳо 3,3%, каналу ариқҳо 12, 9%, аз чоҳҳо 3,7% тариқи насосоҳо 4,5 % оби кашонидашуда 3,6% ва оби борону барф 0,2 % истифода мебаранд. Аз шабакаҳои фозил ва шароити хуби санитарӣ 79,8%, аҳолии шаҳрҳо, 18,2%   аҳолии шаҳракҳо ва ва 0,2% аҳолии деҳот бархурдоранд. Яъне ҳар як дуюм фард дар ҷумҳурӣ ба оби тозаи нӯшокӣ дастрасӣ надорад. Мувофиқи маълумоти омори ҷаҳонӣ, тақрибан 1 млрд. аҳолӣ дар дунё аз норасоии оби ошомиданӣ азият мекашанд ва 2,5 млрд. нафар оби ғализро истеъмол менамоянд.

Тибқи «Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025» талафоти об дар системаҳои обтаъмикунӣ зиёд буда, он дар шаҳрҳои калон аз 60%, шаҳрҳои миёна ва шаҳракҳо зиёда аз 20%-ро ташкил медиҳад. Дар як сол талафоти оби нӯшокӣ ба ҳисоби миёна маблағи солонаи он 3-4 млн. сомониро ташкил медиҳад.

Мушкилии дигари соҳа ин фарсудашавии иншоотҳои обтаъминкунӣ мебошад. Иншоотҳои асосии системаҳои обтаъминкунӣ асосан дар солҳои 60-80-и асри гузашта бунёд гардида буданд. Имрӯз дар шаҳрҳо шаҳракҳо танҳо 68%-и инфрасохти оби ошомиданӣ дар ҳолати корӣ қарор дошта 32%-и онҳо дар ҳолати корношоямӣ қарор доранд. Дар деҳот бошад, танҳо 40% инфрасохтори мавҷуда дар ҳолати корӣ  мебошад.

 Кадом чораҳо андешида шуданд?

Айни замон барои бартараф намудани мушкилоти дастрасии аҳолӣ бо оби нӯшокӣ дар кишвар Барномаи беҳтар намудани таъминоти аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби тозаи нӯшокӣ барои солҳои 2008-2020, Барномаи рушди бахши об барои солҳои 2010-2025, Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025 амалӣ  шуда истодаанд. Тибқи Барномаи рушди бахши об барои солҳои 2010-2025 то соли 2025 таъмини аҳоли бо оби нӯшокӣ бояд ба 96,53% расад. Тибқи барнома бо дарназардошти афзоиши демографӣ, дар ин давра 96% аҳолии деҳот ва 98%-и аҳолии шаҳр бояд бо оби нӯшокӣ таъмин карда шаванд. Тибқи пешгӯиҳо соли 2025 аҳолии кишвар ба 12 млн. баробар хоҳад шуд, ки ин ба ояндабинии вазъи оби нӯшокӣ низ таъсири худро мерасонад. Ҳаҷми истифодаи оби нӯшоки тибқи пешгӯии мутахассисон то соли 2030 дар як сол қариб ба 757 млнбм (3) мерасад.

Барои амалишавии ин барнома ҳудуди 3 324 843,7 сомонӣ дар назар дошта шудааст. Бояд зикр намуд, ки аз ин маблағҳо 2327391 ҳазор сомонӣ, яъне 70%-ро сармоягузориҳои хориҷӣ ташкил хоҳад дод.

Роҳи ҳалли мушкилот кадом аст?

Имрӯз ҳама медонанд, ки барои бартараф намудани мушкилот дар соҳаи оби нӯшокӣ маблағгузории зиёд лозим аст. Дар баробари ин мутахассисон ва коршиносони соҳа як қатор мушкилиҳоро барои ҳал ба масъули соҳа пешниҳод намудаанд. Ин пеш аз ҳама таҳия ва татбиқи чораҳои самарабахши баҳисобгирии об, камшавии об дар шабакаи обтаъминкунӣ, насби ҳисобкунакҳои об, сохтмони иншоотҳои обгирӣ дар деҳот мебошад. Барои ҷалби сармояҳои хусусӣ ва шароити имтиёзнок барои иттиҳодияҳое, ки мақсади таъсис додани системаҳои худии обтаъминкуниро доранд, бояд шароити ҳуқуқӣ ва иқтисодиро фароҳам оваранд. Баланд бардоштани маърифати ҷомеа ва масъулияти онҳо оид ба истифодабарии об, тарғиби риояи талаботҳои санитарию гигиенӣ, тариқи ВАУ низ ба пешравии соҳа мусоидат мекунад. Барқарору таҷдид ва тавсеаи шабакаҳои мутамаркази обтаъминкунии шаҳрҳо ва шаҳракҳо дар асоси лоиҳаҳо бояд сурат бигиранд. Хулоса, имрӯз дар вазъи дастрасӣ бо оби нӯшокӣ мушкилиҳои зиёде ҷой доранд, вале ҳалли онҳо имконпазир аст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь