(Тарҷумонӣ асло аз байн намеравад)

Рушди илму техника кори инсониятро даҳҳо, садҳо ҳатто ҳазорҳо маротиба осон кардааст. Аммо дар солҳои наздик фаъолияти киҳо “қурбони” қудрати технология мешуда бошад?! Суолест дар шароити кунунӣ.  Ҳамин тавр не?

Воқеан онҳое, ки аз технология ва илми замонавӣ бархурдор ҳастанд, мегӯянд, ки яке аз он касбҳое, ки дар солҳои наздик аз байн меравад, ин касби тарҷумонӣ аст, зеро “техно-тарҷумонҳо” аз қабили “Гугл-тағо”, “Онлайн-TRANS” ва ғайраву ва ҳоказо майдони фаъолияти тарҷумониро то дараҷае танг кардаанд. Лекин мо бояд як чизро дуруст қабул ва ҳазм карда тавонем, ки ҳамаи бофтаву сохтаҳо ин маҳсули фикри инсон ҳастанд. Ҳеҷ як техникаву технология ҷойи инсонро куллан иваз карда наметавонад.

Албатта ёрии технологияи муосир барои якояки мо бисёр хуб аст, аммо аз тарафи дигар шумо медонед, ки мо чи қадар танбал шудем? Фарбеҳӣ, қанд, камбинӣ ва ғайраҳо ҳама офати ана ҳамин технология ва техника мебошанд. Дуруст истифода бурдан хуб аст.

Тарҷумони ҳаргиз аз байн намеравад. Ин 100 дар 100 дуруст аст. Дирӯз як воқеаи аҷиб шуд: Ҳамроҳи яке аз ҳамкурсҳоям корамон ба мегафон афтоду ба идорааш назди бинои М/С “Тоҷикистон”(Сум) рафтем. Вақте ки ба онҷо даромадем, дар идора навбат бениҳоят зиёд буд. Чизе ки моро бисёр хушҳол кард, ин дидани шаҳрвандони хориҷии зиёд дар ин идора буд. Фикр мекардед ба кадом як давлати Аврупо афтодаед. Албатта фақат русҳо не, балки намояндагони чандин миллати дигарро низ вохӯрдем. Махсусан, як шаҳрванди Нигерия бо номи Габриел кораш ба мегафон афтода буду бо мушовирони мегафон ҳеҷ ба тафоҳум расида наметавонист. Албатта мушкилӣ дар забон буд: Мушовир тоҷикиву русиро нағз медонист, аммо англисиро на. Габриел бошад, ангилисиро бо тамоми санъаташ медонист, суханашро бо ҳар роҳу восита фаҳмонда ҳам метавонист, аммо ин ду ҳеҷ ба тафоҳум намерасиданд. Ману ҳамкурсам пештар гузаштем ва хостем то дараҷае аз асли масъала огоҳ шавем. Як чизи дигарро бояд қайд кунам, ки русҳо бисёр мардуми хуб будаанд, зеро вақте мо пеш мегузаштем, “Онҳо донишҷу ҳастанд, тоҷиканд” – гуфта роҳ мекушоданд, то мо пештар гузарем.(?) Воқеан дар офис 50-70 нафар одам буд.

Аз рӯйи гуфтаҳои Габриел ки бо англисӣ бисёр гуворо ҳарф мезад, масъала чунин будааст, ки симкорти басташудаашро кушодан мехостааст, аммо шиносномаи тоҷикиаш ҳанӯз тайёр нашуда будааст, вале бар ивази он аз шӯъбаи кор бо донишҷӯёни хориҷии Донишгоҳи ба қавли худи Габриел “Ависена” маълумотномае додаанд. Мушовири чаққон аз асли мавзӯъ огоҳ шуда буд, вале чӣ гуна фаҳмонданро намедонист, зеро ягона матлаби Габриел барқарор кардани симкорташ буду бар ивазаш ҳеҷ гуна раддияро қабул надошт. Мо мудохила карда риштаи суханро ба дасти худ гирифтему як нақши тарҷумонро бозӣ карда дидем.

Хонандаи гиромӣ албатта фикр намекардагистед, ки ман худситоӣ дорам, зеро мақсадам фақат баёни нақши забондонисту халос. Забондонии мо инҷо кор доду ба Габриел фаҳмонда тавонистем, ки бе нусхаи аслии шиноснома ҳеҷ гуна масоили ҳуқуқӣ ҳаллу фасл намегардад. Агарчи кори Габриел комилан ҳал нашуда бошад ҳам, лекин мо коре кардем, ки ҳам “лаъл ба даст омаду ҳам ёр наранҷид”. Яъне дуруст фаҳмонда тавонистем, ки вай бояд баъди барқарор шудани шиносномааш муроҷиат кунад. Вай ҳам сипос гуфту мушовири ҳамзамон серкори Мегафон ҳам ташаккур хонд. Дигарон низ, ки ҳар як амали моро мушоҳида карда истода будаанд, ногоҳ қарсак зада фиристоданд. (Мо ҳатто нафаҳмидем, ки диққати мардум ба мо аст).

Дар аввал худамонро гум карда мондем, вале зуд худамонро ба даст гирифтему аз кори кардаамон фахр кардагӣ барин як ҳиссиёт моро фаро гирифт. Президенти Кишвар дар нишасти охирин, махсусан, масъалаи забондониро қайд карданду ман ҳам ана акнун комилан фаҳмидам, ки нақши тарҷумон (умуман одами забон медонистагӣ) бисёр ҳам калидӣ будааст.

Ин матлабро на ба хотири таблиғ ё худамоиву худситоӣ навиштам, балки бароям бисёр гуворо аст, ки вақте забони як каси дигарро мефаҳмиву корашро то ҳадди имкон осон мекунӣ. Ва ба ана ҳамин хотир хуб мешуд, ки ҳар як тоҷику тоҷкистонӣ дар баробари донистани забони модарӣ ҳадди ақал ду забони хориҷии дигарро низ дар сатҳи муошират аз худ намояду дар ягон шебу фарози зиндагӣ дарнамонад.

Шодии Габриел шодии моро садҳо бор афзун менамуд. Пас, як чизи дигар низ ҳаст, ки забондонӣ савоб ҳам будааст.

P.S. Барои забономузӣ кунун шарт нест, ки дар кадом як ихтисоси махсус ё кадом як маркази омӯзишӣ бихонед, балки аз интернет ҳам омӯхта мешавад.

Сайтҳои @zabonomuz ва @beha_en -ро пайгирӣ кунед(онҳое ки ҳануз хабар надоред албатта) умед мебандам, шавқи омӯзиши забони англисӣ дар дил дучанд мешавад.

Қаландар Норов, донишҷӯи курси 2-юми факyлтети журналистикаи ДМТ.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь