Муттахассисони соҳа мегӯянд, вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) марговар нест, ба шарте, ки нафарони олуда ба ин вирус таҳти назорати ҷиддӣ бошанд, сари вақт дар дармонгоҳҳо доруҳои махсуси ин бемориро истеъмол кунанд. Бино ба гуфтаи онҳо, дар 7-8 соли аввали олудашавӣ ба ин вирус одам, ба мисли дигар бемориҳои сироятӣ, ягон дардро эҳсос намекунад. Монанди одамони солим ҳаёти маъмулӣ пеш мебарад, фарзанддор мешавад ва ғайра.

Сокини пойтахт Мақсуда (номи шартӣ) 30 сол ва 2 фарзанди ноболиғ дорад. Ӯ ва ҷигарбандонаш- ҳар се олудаи вируси ВНМО мебошанд.

Бо номбурда, ки дар хонааш суҳбат оростем, гуфт, миёни мардум овозаҳо дар мавриди он ки ба ин вирус танҳо занони сабукпо олуда мешаванд, нодуруст аст. Ӯ чунин мепиндорад, ки аз олудашавӣ ба ин вирус касе пурра дар амон буда наметавонад.

Бо Мақсуда дар хонааш суҳбат оростем. Номбуда гуфт, 18 сол дошт, ки падараш ӯро ба як ҷавони хешашон, ки аз вай 9 сол калон буд, ба занӣ дод.

-Соли 2005 падарам маро ба шавҳар дод. Ҷавонро қаблан дуруст намешинохтам, ӯ чанд сол боз дар Русия буд. Шаш сол зиндагии якҷоя доштем. Аввалҳои зиндагиямон дилбеҳузурӣ дошт, гоҳ-гоҳ табаш баланд мешуд, бештар хоб мекард. Фикр мекардам, ки бемор аст, аммо ба беморхона рафтан намехост. Баъдан фаҳмидем, ки муътоди маводи мухаддир будаасту онро ба воситаи сӯзандору ба баданаш мегузаронидааст. Ҳамин тавр, соли 2007 писарам ва соли 2009 духтарчаам таваллуд шуд. Соли 2010 шавҳарам ба бемории сил гирифтор шуд ва барои табобат дар беморхона лозим шуд, то аз ташхиси ВНМО гузарад. Вақте ба Маркази ҷумҳуриявии бар зидди ВНМО муроҷиат кардем, дар хунаш вирус пайдо шуд. Сипас ба ман ва кӯдакон ҳам супориш доданд, ки хун супорем. Дар хуни мо ин вирус пайдо шуд. Ҳолатеро, ки он замон, пас аз фаҳмидани олудашавиям доштам, бо сухан тасвир карда намешавад. Зистан намехостам, вале ба хотири фарзандон чӣ кор карданамро намедонистам. Тоқат накардаму чанд рӯз пас ба падару модарам гуфтам. Маро фаҳмиданд, аз ман дурӣ наҷустанд. Аз ҳамон рӯз эътиборан бо фарзандонам ба қайди марказ ҳастем ва сари вақт доруҳои тавсияшударо истеъмол мекунем. Шавҳарам, ки болои ин боз ба бемори сил ва гепатит мубтало шуда буд, соли 2011 вафот кард,-гуфт Мақсуда.

Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, зиндагии маъмулӣ дорад, вале доим аз эҳтиёт кор мегирад. Ба ҷуз наздикон касе аз ҳамсояҳо дар бораи олуда буданаш ба ин вирус хабар надоранд. Бино ба гуфтаи Мақсуда, фарзандонаш дар мактаби ҳамагонӣ таҳсил мекунанд, аълохон ҳастанд, вале дар бораи беморияшон касе дар мактаб намедонад.

Ман фарзандонамро аз ҳоло барои фаҳмидан дар бораи беморияшон тайёр карда истодаам. Ба онҳо дурӯғ намегӯям. Айни ҳол онҳо медонанд, ки дар хунашон вирус ҳаст, вале кадом навъи вирус намедонанд. Баъдтар, вақте калонтар мешаванд, хоҳам гуфт. Онҳо медонанд, ки агар ё дар мактаб ё саҳни ҳавлӣ ҳангоми бозӣ афтида, бинӣ ё ягон ҷои баданашон хун ояд, бояд касе ба онҳо даст нарасонад, танҳо худашон онро пок кунанд. Инро ман доимо ба онҳо таъкид мекунам,-гуфт дар идома Мақсуда.

Мақсуда мегӯяд, илова бар ин 6 сол мешавад, дар Маркази ҷумҳуриявии бемориҳои ВНМО ба ҳайси машваратчӣ кор мекунад. Ӯ бо нафароне, ки тоза аз олудашавияшон огоҳ мешаванду дар ҳолати бади равонӣ қарор доранд, суҳбат мекунад ва мекӯшад, онҳоро мутмаин созад, ки дар сурати зери назорати духтурон будан, сари вақт истеъмол кардани доруҳо ва идора кардани вирус ин беморӣ ҳалокатбор нест.

Қаҳрамони мо бовар дорад, вирусе, ки дар баданаш мавҷуд аст, хуруҷ намекунад, зеро пайваста доруҳои лозимаро истеъмол мекунад.  Ӯ мегӯяд, метавонад оила бунёд карда, зиндагияшро обод кунад. Ба хостгорҳои, ба қавлаш, хира ҳам рӯирост аз беморияш ҳарф мезанад, то аз онҳо огоҳ бошанду худ тасмими ниҳоӣ бигиранд. Мақсуда намехоҳад касеро фиреб диҳад, вале мабодо агар он нафар аз ҷои дигар, масалан тавассути хунгузаронӣ дар беморхона ва ё роҳҳои дигар мубтало шавад, баъдан наздиконаш ӯро гунаҳкор меҳисобанд. Ҳарчанд касе аз олудашавӣ ба ин вирус эмин буда наметаравад. Аз ин рӯ, беҳтар медонад, сабр кунад, то дар оянда шояд назари ҷомеа нисбат ба мубталоён дигар шаваду табъиз миёни аҳолӣ ба барандагони ин вирус аз байн равад. Мақсуда гуфт, ҳолати издивоҷи зани олуда вируси ВНМО-ро ба марди солим медонад, ки зиндагии осудаву хушбахтона доранд. Зан ҳар се моҳ пас аз назорати табибони соҳа мегузарад, доруҳояшро мегирад. Ин ҷуфт чор сол боз бо ҳам зиндагӣ доранд, соҳиби писарчаи дӯстрӯяки солим ҳастанд. Мард ҳар шашмоҳа ташхис мегузарад, аз сабабе, ки вируси занаш фаъол нест, мард олуда намешавад.

Ба фарқ аз Мақсуда, ки мегӯяд, соли 2005 аз шавҳараш сироят ёфтааст ва то ҳоло бо истифода аз доруҳои лозима ва ташхисҳои саривақтӣ ба зиндагии маъмулияш идома дода истодааст, Розия (номи шартӣ)-и 27-сола ҳамсуҳбати дигари мо се моҳ қабл аз олуда буданаш ба ин вирус огоҳ гардидааст.

Мутахассисони соҳа бемори ВНМО-ро яке аз муаммоҳои ташвишовари ҷомеаи ҷаҳонӣ, бахусус Тоҷикистон арзёбӣ мекунанд ва ба қайд гирифтани аввалин нафари олуда ба ин вирусро дар кишвар ба соли 1991 рабт медиҳанд, ки аз он замон то ҳозир хеле доман паҳн кардааст.

Духтури эпидемиолог, мутахассис оид ба арзёбӣ ва баҳодиии Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бо бемории ВНМО Камолиддин Боймуродов мегӯяд, нишонаҳои нахустини ВНМО аввали соли 80-уми асри гузашта дар Амрико пайдо шудааст ва аз ҳамин давра ин эпидемия дар ҷаҳон рӯ ба паҳншавӣ ниҳодааст.

Камолиддин Боймуродов мегӯяд, то соли 2010-2011 омили асосии паҳншавии вируси ВНМО дар кишвар ин беморони тазриқӣ, ки тариқи сӯзандору ба баданашон маводи мухаддир ворид мекунанд, буданд. Таҳлилҳо нишон додааст, ки бо истифода аз роҳҳои фаҳмондадиҳӣ, паҳн кардани сӯзандоруҳои яккаратаву рифолаҳо миёни ин табақаи осебпазир фоизи паҳншавии вируси ВНМО аз ин ҳисоб кам гардидааст. Вале ин мутахассиси ҷавон бо таассуф иброз дошт, солҳои охир ин вирус аз ҳисоби расонандагони хизматҳои шаҳвонӣ, фоҳишаҳо, ки ба алоқаи ҷинсии бетартибона машғуланд, ба қайд гирифта шуда истодааст ва беш аз 60 фоизи мубталоён дар ҷумҳурӣ аз ин ҳисобанд.

Тибқи омори расмӣ аз соли 1991 то санаи 1-уми октябри соли равон дар ҷумҳурӣ 10 842 нафар мубталоёни ин вируси ВНМО ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин ҳисоб 65 дарсадро мардон ва 35 фоизашонро занон ташкил медиҳанд. Аз шумораи умумии ба қайдгирифташудагон 2816 нафар аллакай фавтидаанд.

Соли 2016 дар ҷаҳон бар асари ин беморӣ беш аз 1 млн. нафар фавтидааст. Сабти сирояти он бештар дар гурӯҳи осебпазири аҳолӣ-муҳоҷирони корӣ ва аҳли оилаи онҳо дониста мешавад.

Шамсулло ФОЗИЛОВ, “ФАРАЖ”

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь