Асри 21-ро аслан бо сабаби рӯйи кор омадани шабакаи интернет, ширкатҳои мобилӣ ва умуман, маҷмуи шабакаҳои иҷтимоии дохили интернет асри пешрафти илму техника меноманд. Махсусан, ба вуҷуд омадани телефонҳои мобилӣ кори инсонҳоро бешак осон намуда, алоқаи фавриятро таъмин намуда истодааст. Вале ҳар як чиз ҷиҳати мусбат ва манфии худро дорад ва телефонҳои мобилӣ низ аз ин раванд холӣ нестанд.
Имрӯзҳо шумораи истифодабарандагони шабакаи иҷтимоии интернет ва телефонҳои мобилӣ дар дунё ба 5 миллиард нафар мерасад, аз ин ҷост, ки сари ҳар қадам шахси дар даст телефон доштаро вохӯрдан мумкин аст. Аз меъёр зиёд истифода бурдани телефонҳои мобилӣ ба саломатии инсон зарар дошта, инсонро ба бемориҳои гуногун оварда мерасонад. Олимон исбот кардаанд, ки баъди 10 то 60 дақиқа тариқи телефон сӯҳбат кардан организми инсон барои барқароршавӣ бояд 8-14 соат истироҳат кунад. Ҳол он ки истифодабарандагони телефон онро на 10-60 дақиқа, балки 6-7 соат истифода мебаранд ва акнун барои барқароршавии организми инсон чӣ қадар вақт лозим аст?
Организми инсон қобилияти якбора барқарор кардани ин ҳамаро надорад, бинобар ин боиси ба вуҷуд омадани бемориҳои гуногун дар организм мегардад. Мисоли ин ҳамон таъсири радиатсионии телефон мебошад, ки ҳатто аз масофаҳои дур низ ба инсон таъсир карда, организмро заҳролуд мекунад ва инсон ба дарди сар, хасташавӣ, чархзании сар, паст шудани фаъолиятнокии хотира ва зеҳн оварда мерасонад. Хирашавии чашм нишонаи пиронсолист, аммо имрӯзҳо шумораи зиёди ҷавонон аз сабаби наздик нигоҳкунӣ ба экрани телефонҳои мобилӣ тезиши биноии чашми худро аз даст додаанд. Ончунон ба телефонҳои мобилӣ банд ҳастанд, ки ба касе ва ё чизе аҳамият намедиҳанд ва соатҳои дароз ба тамошои он машғуланд. Имрӯзҳо телефонҳои мобилӣ тавонистанд, ки инсониятро новобаста аз синну сол ба худ ғулом кунанд. Масалан,агар чанд соли қаблро пеши назар орем, вақте кӯдакони хурдсол гиря мекарданд, барои ором шуданашон ба дасти онҳо бозича медоданд, аммо имрӯз телефонҳои мобилӣ ҳатто бозичаҳои кӯдаконро низ ҷойгузин кардаанд. Пас, тасаввур кунед, вақте телефони мобилӣ ба организми инкишофёфтаи одами калон ин қадар зарар мерасонад, акнун ба организми номукаммали кӯдаки хурдсол чӣ қадар зарар мерасонад.
Кор то ба ҷое расида, ки аксар одамон ҳангоми хоб кардан телефонҳои худро барои барқпуркунӣ ба ҷараёни барқ пайваст мекунанд ва баъд хоб мераванд. Саҳар вақте аз хоб мехезанд, онҳоро сардарди шадид фаро мегирад ва тамоми рӯз табъашон хира мегарданд.
Агар мо ба ҷиҳати мусбати телефонҳои мобилӣ назар намоем, мебинем, ки онҳо аз бисёр ҷиҳат кори моро осон кардаанд: аз як канори дунё ба дигар канори он алоқа мекунем, аз ҳолу аҳвол ва кору бори ашхоси наздикамон бохабар мешавем. Вале новобаста ба ин ҳангоми истифодабарии телефонҳои мобилӣ мо набояд беаҳамиятӣ зоҳир кунем, зеро саломатӣ асоси некӯаҳволии инсоният, шахс, оила ва ҷомеа ба шумор меравад.
Пас, биёед, худ ва наздиконамонро солим нигоҳ дорем!
Анӯшервон Амонзода, донишҷӯи курси 2-и факултети журналистикаи ДМТ.