Аҷоиб мардуманд гулободиҳо. Дар мавриди таомпазӣ касе ба эшон баробар шуда наметавонад. Махсусан, дар истифодаи намак ҳангоми пухтани хӯрок чунон нозукона рафтор менамоянд, ки дилхоҳ таббох аз ҳунари эшон ангушти ҳайрат мегазад. Мардуми Гулобод дар сухан низ истифодаи намакро ба дараҷаи некӯ ба роҳ мондаанд, ки шунавандаи суханашону хонандаи матлабашон намехоҳад поён пазирад каломи ширину чун гулҳои Гулобод гуворои эшон.

Гулободиҳо аз мақолу зарбулмасал, ки намаки сухан аст, хеле устокорона ва бамаврид истифода менамоянду ҳар як мақолро тавре меоранд, ки гӯё офарандаи ин мақол маҳз онро барои ҳамин маврид гуфта бошад. Барои мисол, “То омадани табар кунда меосояд”-ро шояд маҳз барои истироҳати бофароғати неокомиссарони комиссариатҳои ҳарбӣ гуфта бошанд, эшон имрӯзҳо зери лаб ин мақолро замзама доранду ба таътил баромада, тӯли шаш моҳ то даъвати навбатӣ бо ҷуброни қувваи ба сафи артиш даъват намудан сарфкардаи хеш машғуланд. Ба қавли бобои Гулбиддину кампири Гулбибӣ, ки аз ҳаводиси лаҳзаҳои даъват ба артиш огоҳии комил доранд ва маслиҳату машварат низ ба даъватшавандагону даъваткунандагон додаанд, ин кундаҳо чунон корозмудаву соҳибтаҷриба гаштаанд, ки метавонанд табарро ба самти дигар равона созанд. Раисони ҷамоатҳову муаллимини Гулобод, дигар ташкилоти ғайриҳарбӣ бояд вазифаи комиссариатҳои ҳарбиро иҷро намоянд. Боз шиор низ доранд, ки шиорашон аз шиори давраи ҶБВ – “Ҳама ба Фронт” ҳам болобаландтар аст. Маҳз бо ҳамин мақсади наҷибу амали савоб дар маҳалҳои Гулобод штабҳои даъвату сафарбарӣ ташкил мегарданд, ки генштаби Жукову Рокосовский ё нақшаи ҳуҷуми “Барбарос”-и фелдмаршал Паулюс назди ин “фаврияту масъулиятшиносии” комиссарҳои Гулобод ҳеҷ аст. Эшон шиори “Бояд дар муҳофизати Ватан-Модар ва даъвати ҳарбӣ муташаккилона амал намуд!”-ро сармашқи кори хеш медонанду ба гардани раисони шаҳру ноҳия савор шуда, нақшаи даъватро иҷро мекунанд. Агар дар ҶБВ чунин муташаккилӣ дар штаби Жуков мебуд, бовар кунед, ин ҷанги хонумонсӯз тӯл намекашиду дар муддати ҳамагӣ як сол фашистро дар лонааш торумор менамуданд. Баъди дахолати раиси шаҳру ноҳия дигар мансабдороне, ки аз тарси аз даст рафтани курсӣ намедонанд худро ба кадом кӯй зананд ва монанди “сагҳои сӯзанхӯрда” ҳар дареро мекӯбанд, то “нормаи” супоришдодаи ҳукумати шаҳру ноҳияро иҷро кунанд, боз ҳам корди комиссарҳо болои равған мешаваду кайфу сафоро идома дода гаштан мегиранд.

Лекин ин неокомиссарҳои танбали шикампарвару дар ғами кисаҳои вараминбударо куҷо парвои Ватану муҳофизаташ. Ватану Модари эшон кисаҳои бетагашон. Агар “масъулини даъвати ҳарбӣ” 50 нафарро ба комиссариатҳои ҳарбӣ ҳозир созанду аз муоинаи тиббӣ гузаронанд, то қисми ҳарбӣ 25 нафар даъватшаванда мерасаду халос. Боқӣ 25 нафари дигар ё дар роҳ бухор мешаванд, ё гургҳои дупои комиссариат нӯши ҷон мекунанд. Боз дарди сари бечора муаллимину раисони маҳаллаву ҷамоатҳо зиёд мегардад. Бечора раисакону роҳбаракони ошиқи зори мансаб мисраи “Аз ту як соат ҷудоӣ хуш намеояд маро”-ро зери лаб замзама намуда, шабҳои бедорӣ мекашанду аз фироқи даъватшаванда зор-зор мегирянд ва аламашонро аз муаллимин, ки “гунаҳкори асосӣ” ба ҳисоб мераванду ба қавли ин раисакони зор ғояҳои ватандӯстонаву мардонагиро ба толибилмон наомӯхтаанд, мегиранд.

Бобои Гулбиддин, ки дар маркази баҳсу мунозираи даъвати гузашта буд, ба хотир меорад, ки соҳибмансабону соҳибкурсиҳои бечора, ки ҳузуру ҳаловати курсиҳоро дар ҷояки нармаки ҷисми худ санҷидаанд, дар асоси амри “штаби асосӣ” боз штабчаҳои хешро таъсис дода, аз лаббайкгӯёни хеш “разведротае” ташкил кардаанд, то муайян намоянду аниқ созанд, ки дар кадом маҳали шаҳру дар кадом ҷамоати деҳот чанд нафар даъватшавандаи бепуштупаноҳ ба қайд гирифта шудаасту бояд онҳоро “мувофиқи хоҳишу дархости зиёдашон ихтиёрӣ” ба сафҳои артиш “сафарбар” намоянд. Вале чӣ хеле ки бузургони Гулобод борҳо гуфтаанду мегӯянд: “Кӯза на ҳар бор ба лаби об сиҳат рафта меояд…”. Сафи “ихтиёриёни хизмати ҳарбӣ” низ рӯз аз рӯз кам мегардаду кор то ба ҷое мерасад, ки раисони маҳаллаву ҷамоат, директорони муассисаҳои таълимӣ аз кор ронда мешаванду касе пишаки ин неокомиссарҳоро пишт намегӯяд.

Бобои Гулбиддин бо оҳи чуқури дарднок “Ҳалворо ҳаким хӯраду калтакро ятим” гуфта монд.

– Барои чӣ нео?,- гӯён кампири Гулбибӣ аз бобо пурсон шуд.

– Барои он ки солҳои қабл даъвати ҳарбӣ вазифаи ҷонии комиссариатҳои ҳарбӣ буду аз даъват то даъвати дигар комиссарҳо аз пайи кор мешуданд. Имрӯзҳо бошад, ин комиссарҳои нав “кунҷи хилвату шабҳои тор”-ро гирифта, дами беғам мезананду ба ҷойи онҳо “муздурони бемузд” кор мекунанд,- ҷавоб гардонд бобо.

Бобои Гулбиддин, ки ҳам вазниниву ҳам тартиботи давраи Сталинбоборо дидааст, имрӯзро бо он рӯз дар қиёс мебинаду месӯзад ва мушти Сталинро тасаввур намуда, дандонҳояшро ба ҳам совида, гӯё аламашро каме бошад ҳам, паст месозад. Лекин суоле ӯро ҳеҷ ором гузошта наметавонад, ки чаро фарзандони ҳамон соҳибмансабоне, ки пайи ҷустуҷӯйи наваскар хӯру хобро гум кардаанд, ба хизмати Ватан-Модар намераванд, ё муҳофизати Ватан фақат вазифаи халқи оддии Гулобод аст?

Шояд дар Гулобод бобои Гулбиддин ягона нафаре бошад, ки кампири мушфиқу меҳрубонаш Гулбибӣ ҳамеша дар канорашу бо ӯ ҳамфикр аст. Кампири Гулбибӣ аз ин ранҷу азияти бобо ранҷи бештаре кашида, пешниҳоди саривақтии стратегӣ намуд, ки бобои Гулбиддин ба ин ақлу ҳуши кампираш қоил шуд. Мазмуни пешниҳоди кампири Гулбибӣ аз ин нуктаҳои муҳим иборат буд, ки комиссариатҳои ҳарбиро аз итоати Вазорати мудофиа бароварда, ба Вазорати маориф супоранд. Вазири маориф таътилро ба чашмашон нишон медиҳад. Дар як сол 365 рӯз кор мекунанду савияи даъвати ҳарбиро баланд мебардоранд. Дар баробари ин, барои рушди соҳаи ҳарбӣ барномаҳои гуногунро ба роҳ меандозанд, ки аз барномаҳои дигар кишварҳо ба куллӣ фарқ мекунаду дигар имкони шикамро дар офтоб тафсонидан ба ин неокомиссарҳо муяссар намегардад. Ҳатто метавонанд бо Вазорати кишоварзӣ ҳамкорӣ намоянду дар фосилаи байни даъвати баҳорӣ ва тирамоҳӣ ба ин неокомиссарҳо замин барои кишти картошка ҷудо намоянд, то қобилияти кишоварзиву меҳнати саҳроиро инкишоф диҳанду бар замми муҳофизати марзу буми кишвар амнияти озуқавориро низ дарк намоянду вақтро беҳуда нагузаронанд. Зеро беҳуда нагуфтаанд, ки “Вақт рафт, нақд рафт”. Бар замми ин, неокомиссарҳо метавонанд аз кишти картошка фоидаи назаррасе ба даст оранду болои ришваи (туҳфаи) аз соҳибони даъватшавандагон мегирифтаашон картошкаро ба қисмҳои ҳарбии наваскар фиристодаашон фурӯхта, “капиталашонро” афзун гардонанд. Ин стратегияи санҷидашуда буда, дар ҷисми муаллимини Гулобод ҳамчун манбаи лабораторӣ бо тамоми нозукиҳояш, бо тамоми дахлу харҷаш таҳлил карда шуда, “ба натиҷаҳои нишонрас” ноил гардидаанд. Дар ҳақиқат стратегияи назаррас аст, пешниҳоди кампири Гулбибӣ, ки бобои Гулбиддинро ба қавле шокӣ намуду ба таври дигар мот. Ба саволи беҷавобаш низ кампири Гулбибӣ посух ёфту гӯё боборо бо тамоми тору пудашу шоҳу филу тӯраву фарзинаш кушт.

Кампири Гулбибӣ, ки дурандешиву бар кашидани андешаро аз бобо омӯхта буд, ин дафъа явош-явош сухан мекард, ки бобои Гулбиддин гоҳ ба кампирашу гоҳ ба гирду атроф назар дӯхта, мутаҳаййир менишаст. Кампир бе яъневу мисолу масалан ба сухан оғоз намуда, исбот карда дод, ки курсидӯстдорони гулободӣ илоҷи аз хизмати ҳарбӣ озод намудани фарзандони хешро ёфтаанд. Дар ин кор ба эшон шуъбаҳои сабти ном ва шиносномадиҳӣ кӯмаки “беғаразона” кардаанд. Онҳо ба зодномаи эркатулфорони Гулобод “тағйироти кӯчаке” ворид намудаанд, ки мақоли “Ҳам лаъл ба даст ояду ҳам ёр наранҷад”-ро ба хотир меорад. Дар зоднома ному насаби “писарон” дар шакли Саидова Саида, Алиева Хуршеда, Валиева Мунира ва амсоли ин зикр мегардад, ки ҳангоми дар мактаб хондану аз комиссияи комиссариати ҳарбӣ гузаштан аз “учёт” берун мемонанд. Дигар, вақти шиносномагирӣ бошад, ҳамон “дӯстиву туҳфаи дӯстона”, аз қабили мошину хонаҳои дакаданг кӯмакрасони баргардонидани номи дуруст мегардад, ки мушкилоте надорад. Ҳангоми шиносноманависӣ овозҳои “а”-и охири ному насаб нохост меафтанду халос. Математикаи оддӣ.

Бобои Гулбиддин аз ин таҳлилу хулосабарорӣ ва дақиқии гуфтаҳои кампири Гулбибӣ ҳам тарсиду ҳам қаноатманд гардида, аввал гиребонашро кушода, ба қафаси синаи хеш туф-туф намуду баъдан, бо нишони таслим ва тасдиқ ба каллаҷунбонӣ гузашту дар лабонаш табассуми меҳрубононае пайдо шуд ва аз он аламу азияте, ки дар оғози муҳокимаи масъала дошт, чизе боқӣ намонд. Ин ҳолатро дида, дар чашмони кампири Гулбибӣ қатраҳои ашки шодӣ пайдо шуд, ки аз қаноатмандии кампир дар ором намудани мӯйсафеди ба ҷон баробараш дарак медод. Дар ҳақиқат ин ҷуфти ба ҳам мувофиқ дар ҳама ҳолат дастгиру мададгори ҳамдигаранду мушовиру маслиҳатчии мардуми шарифи Гулобод. Шояд масъулин аз ин истеъдоди эшон дар идораи ҷомеаи Гулобод истифода намуда, онҳоро ба вазифаи мушовирӣ мепазиранд.

А, лаббай?

 

Бахтиёр Облоқулзодаи ГУЛОБОДӢ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь