«…То расму ойин ва маросимҳои милливу динии худро ба як низоми муайян надарорем ва хароҷоти беҳудаву  зиёдатии мардумро аз байн набарем, ба қабулу татбиқи барномаҳои давлатӣ ва сарфи маблағҳои зиёд дар масъалаи паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ ба натиҷаҳои дилхоҳу  назаррас ноил шуда наметавонем».

Эмомалӣ РАҲМОН

Анъана  ва ҷашну маросимҳо ҳарчанд омили муҳимми зуҳуроти иҷтимоӣ бошад ҳам, дар ҳар давру муҳит зарурат ба танзим дошта, мутобиқи талаботи ҳамон замон бояд инкишоф ёбанд. Зеро анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ яке аз рукнҳои асосии фарҳанги миллӣ маҳсуб ёфта, дар ҳаёти ҳар қавму миллат ба шаклҳои гуногун зуҳур меёбанд.

Дар моддаи 1- и Конститутсияи Тоҷикистон зикр шудааст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад.

Бинобар ҳамин, ҷиҳати татбиқи ин меъёри конститутсионӣ ва бо мақсади таъмин намудани нуфузи бештари суннатҳои фарҳангиву арзишҳои мардумӣ ва боз ҳам устувор гардонидани пояҳои давлатдории миллӣ бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори суҳлу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон 8 июни соли 2007  Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки ин санад дар самти ба низом ва тартиб даровардани маросиму ҷашнҳои милли  нақши барҷаста гузошт. Бешак, ин қонун бо тақозои рушди ҷомеа анъана ва ҷашну маросимҳоро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ баҳри баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст.

Ва хушбахтона, наздик ба 15 сол аст, ки бо баракати қабули қонуни мазкур ҳаёти мардуми тоҷик ба тағйироти куллӣ майл намуда, он сокинонро аз чанголи исрофу хурофот раҳонид. Марҳилаи мазкур ҷомеаи Тоҷикистонро баҳри сарфаву сариштакорӣ ҳангоми баргу­зории маросимҳои хурсандиву азодорӣ ҳидоят намуда, имконият фароҳам омад, то мардум ҳамнабзи замон бошаду дар натиҷаи сарфакорӣ барои худ зиндагии шоистаро муҳайё созад.

Қабули Қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо собит сохт, ки он бар пояи арзишҳои фарҳанги миллӣ асос ёфта, суннатҳои диниву мардумиро ба танзим даровард, анъана ва маросиму ҷашнҳои миллиро мушаххасу дақиқ намуд, пеши роҳи хурофоту таассуб, худнамоиву зоҳирпарастӣ ва исрофкориву зиёдаравиро гирифт ва ба ҷорӣ гардидани низому тартиботи ягонаи баргузории чорабиниҳои милливу мардумӣ роҳ кушод. Ин аст, ки баъди қабули ин қонун дар Тоҷикистон пасопеш дигар давлатҳои ҳамсоя ва ҷамоҳири пасошӯравӣ дар пайравӣ ба мо зарурати қабули чунин қонунро дарк намуда, онро дар кишварҳои худ ҷорӣ намуданд.

Тибқи маълумотҳои ҷойдошта, дар 14 соли амалӣ гардидани ин қонун беш аз ду миллиону сесад ҳазор маърака ба қайд гирифта шудааст, ки барои баргузории онҳо ба ҳисоби миёна 6,2 миллиард сомонӣ харҷ гардида, сарфаи умумӣ аз ҳамаи намуди маъракаву маросимҳо беш аз 25 миллиард сомониро ташкил кардааст.

Ба ин минвол, баъди қабули қонуни мазкур бо дарёфти сарчашмаҳои маблағгузории дохилӣ, аз ҷумла кам намудани хароҷоти нолозим сатҳи камбизоатӣ дар байни 14 сол аз 53 фоиз то 26 фоиз коҳиш дода шудааст, ки ин дар самти паст кардани сатҳи камбизоатӣ таҷрибаи беназир аст.

Бархе бар ин назаранд, ки қабул гардидани қонуни мазкур бар хилофи демократия буда, ҳуқуқҳои оммаро поймол мекунад ва ба рушди фарҳанги миллӣ лакнат меоварад.

Ин дар ҳолест, ки қонуни танзим тамоми рас­му оини гуногуни минтақаҳои кишварро ба ҳам овард ва мардумро дар меҳвари як расму оини миллӣ муттаҳид сохт.

Вале ба таври аён, ҳадаф аз танзими ҷашну маросимҳои миллӣ, агар аз як ҷониб танзими рӯзгори омма бошад, аз ҷониби дигар дар меҳвари миллатсозӣ сарҷамъ на­мудани мардум аст. Зеро ҷаҳони муосир дар ҳоли глобализатсия пур аз таззод аст, дар ҳар рӯзу соате метавонад забону миллатеро маҳв гардонад.

Мо низ агар амиқан сари ин масъала биандешем, дарк хоҳем кард, ки ҳикмати чунин тасмимгириҳои пайгиронаи Пешвои миллат ва Парлумони мамлакат ба ҳам овардан ва зери як фарҳангу расму ойин муттаҳид сохтани ҷомеа мебошад, ки дар ҷаҳони имрӯз нақши муҳим хоҳад дошт.

Аз ин рӯ, набояд нодида гирифт ва ба чашми сар диду ба ақл шинохт, ки маҳз ҳамин қонун тамоми рас­му ойини минтақаҳои гуногуни кишварро ба ҳам овард ва мардумро дар меҳвари як расму ойини миллӣ муттаҳид сохт.

Бинобар ҳамин, тавре Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими таҷлил аз 10-умин солгарди Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо итминон иброз доштанд, мардуми бонангу номуси кишвар минбаъд низ бояд бо эҳсоси масъулият барои рушди давлатдории миллии худ бо тамоми нерӯ кору фаъолият баранд ва Ватани аҷдодии хешро ба гулистони ҳақиқӣ табдил диҳанд.

Ҷамиламоҳ Обидзода,

котиби маҷлиси судии Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь