Оё хизмати блогерҳо хирсона аст?

Талбандагӣ дар ҷомеаи имрӯз як одати маъмули барои қисме аз одамон шудааст. Агарчи то солҳои охир мо талбандаҳоро танҳо дар кӯчаву бозор ва қадҳои роҳ медидем, аммо вақтҳои охир талбандагӣ ё гадоӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври назаррас зиёд шудаистодааст. Перомуни ин масъала баҳсҳои зиёде мешавад, баъзеҳо ин амалро маҳкум ва баъзеи дигар тарафдорӣ мекунанд.

Асосан ин навъи гадоӣ тавассути блоггерҳое, ки дар сомонаҳои интернетӣ дорои обуначиёни зиёд ҳастанд, сурат мегирад. Шахсони дорои маъюбият, беморон, ятимон, оворагон ва умуман он нафароне, ки вазъи зиндагониашон номусоиду вазнин аст, маҷбур мешаванд, ки ба блогерҳо муроҷиат намоянд, то онҳоро ба навор гиранд ва ба ин васила аз мардум дархост мекунанд, ки ба қадри тавон кӯмакашон намоянд.

Дар бисёри ҳолат ба сӯйи ин нафарон дасти ёрӣ дароз мешавад. Миқдори зиёди афроди хайркунандаро муҳоҷирони меҳнатӣ ташкил медиҳанд. Новобаста ба мушкилоте, ки худи муҳоҷирон доранд, ба афроди камбизоату имконияташон маҳдуд ёрӣ мерасонанд. Барои ин кор, албатта, блогерҳо восита мешаванд.

Ба назари қисме аз мардум, ин кор ба нафъи ҷомеа нест. Масалан, вақте ки ин навъи талбандагӣ зиёд мегардад, танбалӣ зиёд мешавад ва  шахсони камбизоату бечора меҳнат карданро як тараф гузошта, дар ҷӯстӯҷуйи блоггерҳо мешаванд. Чанд вақт пеш аз рӯзгори сангини як зани аробакаш блогерҳо ва ҳатто баъзе расонаҳо навор гирифта, пешниҳоди омма карданд, ки бо дастгирии мардуми хайрхоҳ он зан соҳиби манзили зист шуд. Ин амале, ки тавассути мардуми хайрхоҳ сурат гирифт, бисёр ҳам иқдоми хубу олист ва арзандаи таҳсину офаринҳост. Аммо чизи нигаронкунанда ин аст, ки баъди он ки дигарон фаҳмиданд рӯзгори аробакашзан рӯ ба беҳбудӣ овардааст, якбора тибқи мушоҳидаҳо шумораи занони аробакаш зиёд шуд.

Инчунин, баъзе аз талбандаҳо аз сохтакориҳо истифода бурда, дар хонаҳои вайрону валангор рафта сукунат мекунанд ва аз блогерон дархост менамоянд, ки онҳоро навор гирифта, дар саҳифаҳои инртернетии худ гузоранд, то мардум барояшон кӯмак намоянд.

Ҳама тарафдори он аст, ки шахсони бечораву овара ва имкониятҳояшон маҳдуд рӯзгори осудае дошта бошанд, аммо набояд ҳар касе ки худро камбизоату имконияташ маҳдуд муаррифӣ намояд, ӯро ба навор гирифту ба саҳифаҳои иҷтимоӣ паҳн намуд. Ҳамон муроҷиаткунандаро аввал бояд омӯхт, ки воқеан дар чӣ шароите ба сар мебарад.

Ба гуфти журналист, Бахтиёр Раҳматуллоев соли гузашта як зан аз шаҳри Истаравшанро ба онҳо муроҷиат мекунад, то вазъи номусоиди зиндагии ӯро тавассути шабакаи ютуб инъикос кунанд. Онҳо  аз ҳолати зиндагониаш навор гирифта, пешкаши омма намудаанд. Чизи тааҷҷубовараш ин аст, ки журналист барои духтари ҳамон зан ҷойи кори хубе меёбанд, аммо духтар пешниҳодро  рад мекунад. Ин гувоҳи он аст, ки аксарият муфт ба даст овардани маблағро дӯст медоранд ва ба он одат кардаанд. Ин кор боис шудааст, ки онҳо ва аз меҳнат кардану нони ҳалол ёфтан даст кашанд.

Аз рӯйи баъзе маълумотҳо, чанде аз блогерҳо гӯё бо ҳамон шахсони бечораву бесарпаноҳу имкониятҳояшон маҳдуд барои рӯйи навор овардани онҳо шартнома баста, аз миқдори маблағи аз ҳисоби кӯмаккунандаҳо ба дастомада фоиз мегирифтаанд. Албатта, ки ин амали зиштро на ҳамаи блогерҳо анҷом медиҳвнд. Ҳастанд боз блогерҳое, ки фақат барои хайру савоб ва инсону инсонгарӣ ин амалро пеш гирифтаанд.

Ҳамаи мо тарафдорӣ ободиву осоиштагии ҳамватанони худ ҳастем. Бигзор ҳама зиндагии хубу хушу сари ҳол дошта бошанду Тоҷикистони азизи мо аз ҳозира дида зеботар гардад.

Муҳаммад СУБҲОНЗОД

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here