Суҳроб Шарипов, арбоби сиёсӣ, олим ва таҳлилгари номии тоҷик агар умр вафо мекард, имсол ба синни 60 медаромад. Ба муносибати ин сана сиёсатшинос Шералӣ Ризоён матлабе иншо кардааст, ки мо онро ба таваҷҷуҳи Шумохонандагон пешкаш менамоем.

Таҳлилгарӣ аз касбҳои муҳим дар шароити имрӯза ба шумор меравад. Давлатҳои собиту пешрафта ниҳодҳои мухталифро аз рӯйи мактабҳои гуногуни илмӣ роҳандозӣ мекунанд, то дар бораи як вазъ, мушкил, тамоюл, хавфу таҳдид, инчунин осебпазирию фурсат аз дидгоҳҳои мухталиф иттилоъ ва арзёбӣ дошта бошанд. Ҳамин иқдом имкон медиҳад, ки сенарияҳои гуногуни рушди вазъ (i), роҳҳалҳои мушкил (ii), дарки тамоюл, хавфу таҳдид ва осебпазирӣ (iii), шинохти тавонмандиҳо барои аз даст надодан ё истифодаи фурсат (iv) ва ояндабинии ба куҷо овардани шароит (v) маълум шаванд. Баҳогузориҳо ва баррасиҳои мазкур аз рӯйи меъёрҳои илмӣ анҷом мешаванд. Онҳо хусусияти умумӣ дошта, вобаста ба мактаби илмие, ки пажуҳишгар ба он такя мекунад, ҳамчун маҳсули таҳлил рӯйи қоғаз меояд (навишта мешавад). Дар Тоҷикистон мактаби миллии таҳлилгарӣ дар замони худсолорӣ шакл гирифт, вижагиҳои худро касб намуд, сабку нигориши вижаи худро дорад. Азбаски, соҳаи мазкур дар чорсӯйи илми назариявӣ ва амалӣ қарор дорад, матлабҳои кории андешакадаҳо тақрибан нашр намешаванд (ба таври комил бояд оммавӣ нашаванд) барои доираи васеъи пажуҳигарони илмҳои сиёсӣ ноошно боқӣ мондааст. Онҳое, ки бо фаъолияти амалии таҳлилӣ машғул буданд, хуб дарк мекунанд, ки сухан дар бораи чӣ меравад. Имрӯз китобу дастурҳои мухталиф дар бораи таҳлил ва фаъолияти таҳлилӣ ба нашр расидаанд ва ба доираи васеъи хонандагон дастрасанд. Барои ҳифзи рӯҳияи ватании таҳлилгарӣ омӯзиши таҷрибаи мавҷуда аз аҳамият холӣ нест, то дар омода кардани кадрҳои соҳа аз он васеъ истифода гардад. Ангезаи овардани пешсухани мазкур як қадами вурудӣ ба баррасии таҷрибаи ватанӣ аст. Бешубҳа, яке аз пояҳо ва асосгузорони таҳлилгарии ватанӣ устод Суҳроб Шарипов мебошанд ва агар зинда мебуданд, рӯзи 18 апрел 60 сола мешуданд. Ба ин муносибат тасмим гирифтам, андешаҳои устоди зиндаёдро дар соҳаи равобити байналмилал, модели фикрӣ, критерия ва принсипҳои аслиашон перомуни таҳлили равандҳои байналмилал ва сиёсати хориҷии Тоҷикистон арзёбӣ намоям. Барои чунин иқдом камтар ҳақ дорам, чун собиқаи зиёди шиносоӣ надоштам ва устодони дигар дар ин бора беҳтару комилтар навишта метавонанд. Аз ин рӯ, ҳар ҳарфи навиштаам, бардошти шахсӣ аз суханрониҳои устод Суҳроб Шарипов дар ҷаласаҳои Маркази тадқиқоти стартегӣ, ҳамоишҳои илмию амалӣ ва мутолиаи мусоҳибаҳои расонаии он кас мебошад. Пеш аз даст ба таҳлили андешаҳои устод, бардошти худро ҳамчун донишҷӯ ва корманд зикр мекунам:

 Бардошти як донишҷӯ

Дар замони таҳсил дар донишгоҳ дар Хуҷанд мо ҳамкурсон ба риштаи худ рағбати зиёде доштем ва вақти муайяни худро дар китобхонаи Тошхуҷа Асирӣ мегузаронидем. Азбаски дар гурӯҳи русӣ таҳсил менамудем, бештар газетаи Азия-плюсро мехондем. Ҳар ҳафта ҳамкурсонам Шавкат Ворисӣ ё Суҳроб Ахилов шумораи нави газетаро ба дарс ҳамроҳ меоварданд. Агар намеоварданд, пиёда ба назди бинои “Авеста” омада, ки дар канораш ҷойи махсуси насби газета буд ва шумораи навро аз онҷо мехондем. Баъдан, аз интернет низ барои хондани матлабҳо истифода мекардем. Нағз дар ёд дорам, ки дар саҳифаҳои матбуоти онвақта назару мусоҳибаҳои Суҳроб Шарипов, Сайфулло Сафаров, Абдуллоҳи Раҳнамо, Рустам Ҳайдаров ва дигарон зиёд нашр мешуд. Дар газетаи Азия-плюс сутуни муаллифии акои Фахриддин Холбек таваҷҷуҳи моро бештар ҷалб менамуд ва то ҳол як навиштаашон дар бораи НОБ-и Роғунро дар ёд дорам. Дар замони анҷоми соли сеюми таҳсил ба хулоса омадам, ки сиёсатшинос мешавам ва дар мавзуи манфиатҳои миллии Тоҷикистон рисолаи номзадӣ менависам. Барои интихоби касбам таъсири андеша ва таҳлилҳои ин устодон, бахусус устод Суҳроб Шарипов калидӣ буд, чун ҳамаи ҳарфи онҳо бароям нав буду ангезаи аз куҷо пайдо шудану дар кадом асос садо доданаш бароям ҷолиб менамуд…

 Бардошти як корманд

Баъди хатми донишгоҳ барои навиштани рисолаи илмӣ ба Душанбе омадам. Бо мусоидати устод Абдуллоҳи Раҳнамо бо устод Сайфулло Сафаров шинос шудаму он кас барои роҳбар шудан ба кори илмиям ризоят доданд. Аввалин бархурди кориям бо устод Суҳроб Шарипов рӯзи 1-уми апрели соли 2009 дар ҷаласаи Шӯрои олимони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуқуъ пайваст. Дар ҳамин ҷаласа, ки дар толори ошёнаи 5-ум баргузор мешуд, масъалаи охирон қабули унвонҷӯён ва тасдиқи мавзуи илмии онҳо буд. Инак, навбат ба мо расид (ману як хонуми дигар ҳуҷҷатҳоро барои унвонҷӯйӣ пешниҳод карда будем), котиби илмӣ шарҳи мухатасари ҳол ва номи мавзуро қироат карданд. Ҳозирин чанд саволе дар атрофи мавзуи рисола доданд ва посухи кутоҳе пешкаш намудам. Охирон саволе, ки пеш аз овоздиҳӣ ба ман дода шуд, аз ҷониби устод Суҳроб Шарипов буд. Он кас пурсиданд, ки соҳиби чанд фарзанд ҳастам. Дар посух гуфтам, ки ҳоло фарзанд надорам. Устод таъкид намуданд, ки то соҳиби фарзанд шудан рисоларо ба анҷом расонам, чун масъулияти падарӣ (бахусус таъмини молиявии оила) ба рафти навиштани рисола ва анҷоми пажуҳиши илмӣ таъсири манфӣ мерасонад… 14-уми январи соли 2010 ба кор ба Маркази тадқиқоти стратегӣ қабул шудам ва то охири соли 2011 устод Суҳроб Шарипов директори мо буданд ва баъдан вакили Парлумон интихоб шуданд. Маъмулан, кормандон ҳамеша аз дастгирии роҳбаронашон менависанд. Замони корам дар Маркази тадқиқоти стратегӣ се директор иваз шуд, ки ҳар кадомашон барои рушди шахсиям таъсири нек расониданд ва аз устодон Бобохон Маҳмадов ва Худобердӣ Холиқназар ҳамеша сипосгузорам. Дар ин самт лозим мешуморам аз чанд мисоли мушаххас ҳарф занам, ки барои рушди касбиям таъсири амиқ расониданд: Мисоли якум, моҳи майи соли 2010 дар курси академикии “Давлат, миллат ва давлати миллӣ: назария ва таърих”, ки аз ҷониби Институти фалсафаи Академияи илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Ҳумболди Берлин баргузор шуда буд, ширкат намудам. Баъди анҷоми бахши назариявии курс, иштирокдорони фаъол барои шиносоӣ бо таҷрибаи Олмон ба Берлин барои 2 ҳафта сафар мекарданд. Мактуби даъватро гирифтам ва барои сафар иҷозати директор лозим буд. Бидуни кадом монеъ ва ҳарфе ба сафар иҷозат доданд, ҳол он ки банда корманди ниҳоят ҷавону танҳо 10 моҳ собиқаи корӣ дар Маркази тадқиқоти стратегӣ доштам. Мисоли дуюм, Академияи САҲА дар Бишкек озмунеро барои қабули шунавандагон ба тренинги “Таҳлили сиёсати давлатӣ (Analysis of public policy)” эълон намуд ва аз Маркази тадқиқоти стратегӣ чанд нафар корманд тасмим гирифтем дар он иштирок кунем. Тарзи пешниҳоди ҳуҷҷатҳо бо ду роҳ сурат мегирифт: якум, мактуб аз муассиса бо пешниҳоди роҳбар; ва дуюм, аризаи шахсии хоҳишманд. Хулоса, то таҳияи ҳуҷҷатҳоям, мактуб аз номи устод Суҳроб Шарипов ба унвонии Академияи САҲА дар Бишкек имзо шуд ва онҷо номи ман набуд. Бо кумаки акои Вафо Ниятбекзода мактуби дигаре омода кардем ва онро гирифта ба назди директор дорамадам. Устод Суҳроб Шарипов мактубро диданд ва гуфтанд, ки аллакай чунин ҳуҷҷатро имзо карданд ва довталабон онро фиристодаанд ва ба мактуби дуюм имзо намегузоранд (баъдан, бо пайдо шудани собиқаи корӣ фаҳмидам, ки корам хато буд). Вале гуфтанд, ки агар аз номи худам ҳуҷҷат супораму ба тренинг қабул шавам, барои сафар иҷоза медиҳанд. Ниҳоят чунин шуд ва дар курс иштирок карда, дониш, рӯйкард ва модели нави таҳлилиро аз худ кардам, ки то имрӯз дар фаъолияти касбиам истифода мебарам.

Мисоли сеюм, моҳи сентябри соли 2010 акои Парвиз Муллоҷонов даъват намуданд, ки дар пажуҳиши саҳроӣ ба он кас мадад расонем. Барои сафари мо иҷозати директор лозим буд, ки гирфтем ва якҷо бо ҳамкорам Оятуллоҳ Носирҷонов дар Исфара ва Масчо назарпурсӣ гузаронидем. Октябри соли 2011 боз чунин даъвати дигар аз ҷониби акои Парвиз шуд ва боз устод Суҳроб Шарипов иҷозат доданд. Ин навбат якҷо бо акои Хуршед Додихудоев пажуҳиши васеъро дар шаҳру ноҳияи вилоятҳои Суғду Хатлон гузаронидем. Дар рафти баргузории ҳардуи ин пажуҳиш, ки яке то ҷое миқдорӣ (назарпурсӣ бо анкета) ва дигаре комилан сифатӣ (суҳбату мусоҳибаҳо бо коршиносон) буд, донишу малакаи навро дар бораи роҳҳои таҳияи саволнома, пурсишнома, техникаи пурсиши миқдорӣ ва мусоҳибаи сифатӣ ба даст овардам, ки то ҳол барои фаъолияти касбӣ ба ман мадад мерасонанд. Лозим аст, то дар бораи таҳлилу баррасиҳои устод Суҳроб Шарипов дар маҷлисҳои дохилии Маркази тадқиқоти стратегӣ ёдовар шавам. Дар матбуот дар бораи қавӣ будани таҳлилҳои устод зиёд навиштаанд. Ҳар касе агар хост, бо навиштани номашон дар ҷустуҷӯ назарҳои эшонро пайдо мекунад. Вале он чизе, ки ниҳоят муҳим асту бояд ёдрас шавад, дар маҷлисҳои дохилии Маркази тадқиқоти стратегӣ буд, ки ҳаммонанди онҳо дар расонаҳо дида намешавад. Ин ҷаласаҳо мисли мастер-класс ё дарси такмили ихтисос барои мо кормандони ҷавон буданд, ки вазъи ҷаҳону минтақа ба таври васеъ таҳлилу баррасӣ мешуд. Масъалаҳои атрофи Тоҷикистон возеҳ баён меёфтанд ва барои вусъати диди таҳлилии мо мусоидат мекарданд. Дар анҷоми ҳамоишҳо устод Суҳроб Шарипов таъкид мекарданд, ки дар баёни андеша аз мулоҳиза кор гирем. Дар ҳамоишҳое, ки дар Маркази тадқиқоти стратегӣ баргузор мешуданд, қавитарин суханрониҳо аз ҷониби устод Суҳроб Шарипов садо медоданд, ки дар ин бора сиёсатшиноси шинохтаи мо Абдуллоҳи Раҳнамо чанд сол пеш дар навиштаи худ васеъ зикр кардаанд.

Суҳроб Шарипов ва таҳлили сиёсати хориҷии Тоҷикистон

Дар китобу мақолаҳо, маҷмуаҳо ва саҳифаи расонаҳову сомонаи интернетӣ таҳлилҳои устод Суҳроб Шарипов дар бораи равандҳои байналмилал ва сиёсати хориҷии Тоҷикистон ҳифз шудаанд. Ҳар касе агар хост, онҳоро меёбад ва ҷолибияти ҷомеаи иттилоотӣ ҳам ин аст, ки дастрасӣ ба онҳо осон мебошад. Дар асоси матлабҳои ба нашр расида, консепсияи геополитикии устодро таҳия намудан мумкин аст, ки барои илми сиёсии ватанӣ ва тарбия намудани кадрҳои соҳаи таҳлилӣ аҳамияти фавқуллода муҳим доранд. Инҷо ба ҳайси як руйкарди муқаддамотӣ модели фикрии устодро, ки зимни таҳлили равандҳои ҷаҳонию минтақавӣ ва таъсири онҳо ба сиёсати хориҷии Тоҷикистон истифода мекарданд, пешкаш мекунем. Ва боз ҳам таъкид мекунам, ки ин бардошти шахсӣ буда, даъвои комилан фарогир буданро надорад ва қадами аввал барои як пажуҳиши том мебошад:

 Якум, меҳвар қарор додани манфиатҳои миллии Тоҷикистон

Устод ҳамчун хатмкунандаи риштаи фалсафаи Донишгоҳи Ломоносови Маскав ва аспирантураи ин мактаби олӣ заминаи қавии бунёдӣ дар соҳаи илмҳои ҷомеашиносӣ доштанд. Бо истифода аз меъёрҳои илмҳои мазкур андешаҳои бикру ҷолиби диққатро дар бораи сиёсати хориҷии Тоҷикистон ва равандҳои минтақавию ҷаҳонии атрофи кишвар баён менамуданд. Унсури асосию марказии ҳамаи навиштаҳо ва гуфтаҳои устод дар меҳвар қарор додани Тоҷикистон ва манфиатҳои миллии кишвар буд. Аз ин ҷост, ки дар баёни андеша дар соҳаи равобити байналмилал ба осонӣ таҳлилҳои наву ошкорро пешкаш мекарданд.

Дуюм, диди жарф нисбат ба ривоятҳои дохилии давлатҳо ва бозтобаш дар амалкарди хориҷии онҳо

Вақте назари устодро дар бораи равандҳои байналмилалӣ ва муносибати ин ё он давлат бо Тоҷикистон мехонед, эҳсос мешавад, ки шинохти васеъ аз вазъи дохилии онҳо доштаанд. Сиёсати хориҷӣ ва ҳадафҳои кутоҳмуҳлату дарозмуҳлати ин давлатҳоро дар иртибот ба равандҳои дохилиашон таҳлил менамуданд, ки як манзараи комилро ба вуҷуд меовард. Агар имрӯз мусоҳибаҳои устодро хонед, маълум мешавад, ки дар бораи ривоятҳои дохилӣ ва афзалияти хориҷии давлати мавриди назари худ шинохти васеъ доштаанд. Дар асоси арзёбии вазъи имрузаи минтақа ва ҷаҳон метавон хулоса кард, ки устод қадамҳои баъдии ин давлатҳоро ба таври саҳеҳ пешбинӣ намудаанд.

 Сеюм, нигоҳи роҳбурдӣ ба вазъ, масъала ва мушкил

Вижагии муҳимтарини устод Суҳроб Шарипов дар ироаи андеша – дидгоҳи роҳбурдӣ ба вазъ, масъала ё мушкил дар соҳаи равобити байналмилал буд. Таҳлилҳои устод дар мавриди сиёсати хориҷии Русия, ИМА, Чин, ояндаи Афғонистон, муносибатҳои Тоҷикистон бо Русия, ИМА, Чин, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва дигарҳо ин нуктаро собит мекунанд. Таҳлили мусоҳибаҳои устод собит мекунад, ки ангезаи шаклгирии вазъро дақиқ ташхис мекарданд ва ояндаи эҳтимолии онро низ баён менамуданд.

 Чорум, арзёбии хавфу таҳдидҳо дар таносуби осебпазирӣ ва фурсат

Вижагии дигари андешаҳои устод дар самти равобити байналмилал ба назар гирифтани хавфу таҳдидҳои мавҷуда, дуруст ташхис намудани осебпазириҳо ва пайдо намудани фурсат барои пешрафти сиёсати хориҷии Тоҷикистон мебошад. Замоне дар бораи анҷоми мушаххаскунии сарҳади давлатӣ бо Чин андешаи худро баён намуда буданд, аксари фаъолони фазои иттилоотӣ ин таҳлилро танқид карданд. Вале шароити имруза собит мекунад, ки дидгоҳи мазкур аз рӯйи дарки дурусти хавфу таҳдидҳои воқеию эҳтимолӣ, бо назардошти ояндаи босуботи Тоҷикистон баён ёфта буд. Аксари мусоҳибаҳои устод дар бораи равандҳои байналмилал бо назардошти хавфу таҳдидҳои воқеию эҳтимолӣ ё бо ишора ба онҳо баён шудаанд, ки меҳварашон ҳифзи манфиатҳои миллии Тоҷикистон аст.

Панҷум, бовар ба роҳи худии Тоҷикистон дар ҷаҳони муосир

Таҳлили андешаҳои устод собит мекунад, ки афсурдагии фикриро перомуни ояндаи сиёсати хориҷии Тоҷикистон қабул надоштанд. Бар он боварманд буданд, ки мо роҳи худро дорем ва сиёсати хориҷии “дарҳои кушода” ё бисёрсамтӣ комилан ба манфиатҳои миллии кишвар ҷавобгӯ аст. Аз ин ҷост, ки сиёсати усулии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба таври муосир, аз дидгоҳи васеъ таҳлилу баррасӣ ва дар фазои иттилоотӣ муаррифӣ мекарданд. Нуктаи собиткунанда: ҳануз моҳи майи соли 2014 дар авҷи буҳронӣ шудани вазъ дар Украина зикр кардаанд, ки ин кишвар “қурбонии бозиҳо” шуд. Арзёбии имрузаи масъала нишон медиҳад, ки бесуботӣ ва буҳрон дар Украина солҳои наздик ба анҷом намерасад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь