Ҳифзи табиат ва захираҳои он, пеш аз ҳама аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “ Дар бораи ҳифзи муҳити зист” ва “Дар бораи ҳифзи табиат”, кодексҳои об, ҷангал ва шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад.

Махсусан Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи табиат” шаҳрвандонро уҳдадор менамояд, ки “муҳити зист ва захираҳои табиатро ҳифз ва эҳтиёт кунанд”.

Аммо бар хилофи талаботҳои санадҳои меъёрии ҳукумат, баъзе масъулини  мақомоти ҳифзи муҳити зист аз ваколатҳои худ берун баромада, аз ким – кадом лиҳози номаълум ба шаҳрванд Ғиёсова Дилафрӯз, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Испечак 2, М25, хонаи 17 иҷозати аз реша буридани дарахтони сояафкан ва мевадиҳандаи зардолу ва тутро, ки дар пушти бинои истиқоматии суроғаи номбурда қарор доштанд, додаанд.

Санаи 18-уми ноябри соли 2022 ҳангоми пеши роҳи ин қонуншиканиро гирифтан аз тарафи ҳамсояҳо, номбурда гӯш накарда, бо супориши вай аз дарахтон осор намонд. Духтари номбурда ба ҷои пешгирӣ кардани ҳолати мазкур ғайричашмдошт, дар вақти корӣ, тақрибан соати 15 ба ҷои ҳодиса омада, ба  буридани дарахтон талқин мекард.

Боварӣ дорам, ки шахсони масъул ҳолати мазкурро санҷида, нисбати қонуншиканон чораҳои қонунӣ меандешанд.

Замонов О,

Шаҳрванди Душанбе

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь