Нодонӣ, ҷаҳл ва таассубу хурофот дарди вогирест, ки миллатҳо, ҷомеаҳо, кишварҳо ва тамадунҳоро аз байн мебарад. Яке аз мушкили таърихии башар, ки боиси ҳазорон навъи ҳаводиси фоҷеъабор дар дарозои замон гардидааст, ноогоҳӣ дар баробари ҳаводиси ҷаҳон ва аз роҳи тахаюл маънӣ бахшидан ба ҳаводис ва ин маънибахшиҳои хешро бовар кардану онҳоро муқаддас донистан будааст. Бо ҳамин даъвии шинохти ҳақиқат ва ботил эълон кардани назари дигарон дар таърихи инсоният ҳазорон нафар ҷони хешро аз даст дода кишварҳо харобу валангор гардидаанд. Шояд аз нисф бештари ҷангҳову хунрезиҳоро дар таърих ҳамин даъвии “ҳақ будани ин ё он бовар” ташкил диҳад.

Дар ҷуғрофиёи Аврупо низ то замони расидан ба даврони Эҳёву саддаи Рушангарӣ нодониву таасуб ва ҷаҳли мураккабу вопасгароӣ бедод мекард. Дар ин кишварҳо бо одитарин дидгоҳе, ки бар хилофи дидгоҳи бовармандону руҳониён бошад мавриди  ҷазои сахт яъне нобудӣ қарор мегирифт. Бо ҳамаи нигоҳ накарда аврупоиён тавонистан ба ҳаводиси ҷаҳон ва шинохти худу масоили иҷтимоӣ аз даричаи хирад назар афкананд ва ҷиҳати рафъи ҷаҳолати қуруни вустоӣ ҷомеаи дунявиро бо дидгоҳи илммеҳвар рӯи кор биёваранд.

Мусаллам аст, ки дар қарни 18-ум  аврупоиён ба пешрафтҳои чашмгире ноил гаштаанд, ки асоси онро дониш, пажӯҳиш ва маърифати илмӣ ташкил мекард. Ин кишварҳо ақлгароиро ҷойгузини суннатгароӣ намудаанд ва бори дигар зина ба зина арзишҳои то ин замон дар фарҳангашон бударо мавриди таҷдиди назар қарор додаанд ва ин асрро қарни рӯшангароӣ ва қарни хирад ном бурдаанд. Маҳз аз ҳамин марҳилаи рӯшангароӣ дар Аврупо уфуқҳои наве боз мешаванд, ки рушди бемайлони ин кишварҳоро муҷиб гардида, онҳоро ба сатҳи тамаддуни имрӯзии башар мерасонанд. Минбаъд урупоиён танҳо бо хирад ва донишҳои илмӣ такя намудаанд ва илмро меҳвари асосии ҳалли мушкилоти иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии хеш қарор доданд.

Пас аз тавсеъаи сармоядорӣ дар ҷаҳон ба хотири дар зери султаи худ нигоҳ доштани кишварҳои осиёӣ ва махсусан, давлатҳое, ки аксари бошандагони онро мусалмонон ташкил медиҳанд, кор гирифтан аз бовару эътиқод ва аз ин роҳ мардумони ин сарзаминҳоро дар зери фишор қарор дода, онҳоро ба ҳайси қувваи арзони корӣ истифода намуда, захираю сармояҳои табииашонро бидуни ранҷ ба даст овардан аз шоеоти таъсис намудани ҳукумат ва режимҳои динмеҳвар кор гирифтаанд, ки сабаби оқибмондагӣ, вопасгароӣ ва бебандуборӣ дар ҷомеаҳои мусалмоннишин гардидааст. Бартарият бахшидан ба табақаи рӯҳоният ва тавсеъа додани таассубу хурофот мардумонро аз донишҳои илмиву воқеӣ дур нигоҳ медорад ва сафи нодону ҷаҳолатписандро дар ҷомеа меафзояд. Табиист, ки инсони нодон дастнигар ва бозичаи дасти дигарон қарор мегирад.

Мутаассифона, дар кишварҳои шарқи мусалмонӣ ин қарнҳо онҳо на танҳо ба рӯшангарӣ нарасидаанд, балки дар ҳоли ҷаҳли мураккаб ва хурофоти мазҳабӣ ба сар мебурданд. Ҳамин аст, ки кишварҳои мусалмоннишин бисёр ба осонӣ ба мустамликаи давлатҳои дигар қарор гирифтанд.

Аҷиб ин аст, ки имрӯз баъзе аз ба ном коршиносон ва муҳаққиқон дар бобати зери мустамлика рафтани ин кишварҳо кишварҳои мустамлика кунандаро интиқод мекунанд. Доду бедодро аз дасти ғосбон мегуянд, ки ин он онҳоро ба ғорат бурдаанд, вале боре ин суолро матраҳ намекунанд, ки чаро ин кишварҳо зери бори мустаъмира рафтанд ва сарафкандаву дастнигар боқӣ мондаанд? Чаро натавонистаанд дар баробари онҳо қад алам кунанд ва забардасту фотеҳ бошанд?

Сабаби аслӣ он буд, ки ғарбиён бо ақлу хирад ва илм такя намуданд ва аз ин роҳ афзалият ба даст оварда дигар миллатҳоро дар вобастагӣ қарор доданд. Яъне ғарбиён ба пирӯзӣ расиданд. Шарқиён ва махсусан мусалмонон бо таассубу хурофот тақдирзадагӣ такя намуда ва ба шикаст мувоҷеҳ шуданду зери султаи ғарбиён рафтанд.

Яъне имрӯз моро зарур аст, ки сабабҳои фарҳангӣ ва суннатии оқибмондагӣ ва зери бори истеъмор рафтани кишварҳои шарқиро муайян намоем. Пеш аз  ҳама дар он нодонӣ, таассуб, ноогоҳӣ ва ҷаҳлу хурофоти мазҳабӣ ба ҳайси омили асосӣ будааст. Инчунин, қишри рӯҳоният, ки идораи аслии ҷомеа дар дасти онҳо буд бузургтарин омили боздоранда ва сади ислоҳоту дониш ва тарвиҷи ҷаҳлу хурофот дар ин ҷомеаҳо гардидаанд, ки омили асосии заъф ва вопасгароии ҷомеаҳои шарқи мусалмонӣ шудаанд. Замоне ки аврупоиён ақлро ва илмро мояи асосии пешрафту қудрат қарор доданд, дар кишварҳои шарқи мусалмонӣ рӯҳониён масири дигареро барои зиндагии ҷомеа думболагирӣ карданд, ки онро метавон дар Бухорои амирсолор ва чи дар хонадони қочориён ва дигар султаҳои кишварҳои шарқи мусалмонӣ мушоҳида намуд. Онҳо хурофотро ба либоси илм дароварданд ва дар фаҳмиши илм на фаҳмиши илми аврупоӣ балки фаҳмиши динии онро таблиғ намуда беҳбуд, пешрафт, такомул, тараққӣ ва инҳитоти ҷомеа ҳамаро ба дасти қувваҳои мовароутабиа супориданд ва онро илми илоҳӣ таъбир карданд. Табақаи рӯҳоният ба ҷои аз роҳҳои ақлонӣ роҳ гирифтан дар баробари вазъияти мавҷудаву хатарот ҳамаро ҳаволаи қазову қадар намуданд ва ҷомеаро таслим дар баробари ҳамагуна қувваи беруна карда муқовиматро салби салоҳ намуданд. Ҷаҳлу хурофоти мазҳабӣ, суннати қазову қадар ва таваҳҳуми қудрати мовароутабии ҷонишини хираду шуур, интихобу ирода ва мубориза шуданд, ки ҳамаи инҳо аз мағзи ноқиси табақаи рӯҳоният таровиш карда буд ва дар аввалин ҳуҷуми бегонагон ин кишварҳо зери бори истеъмор рафтанд ва ба мустамликаи кишварҳои дигар табдил ёфтанд. Мутаассифона, табақаи рӯҳонӣ ба ҷои ин ки вазъияти воқеиро таҳлил намоянд боз мардумро ба кунҷи масҷид даъват карданд ва дар пайи тоату ибодат ба дуохонӣ машғул шуданд ва талабашон аз нерӯҳои мовароӣ ин буд, ки худоё ту амволи онҳоро нобуд кун, барои онҳо сахт гир, ту ба онҳо тарсу азобро фурӯ биёвар, онҳоро пароканда кун ва амсоли ин. Ин гуна роҳи муборизаро дар давлатҳои зери мустамлика рафтаи шарқи мусалмонии он рӯз чи дар аморати Бухоро ва чи дар давлати қочориён бар алайҳи русу англис метавон ба осонӣ мушоҳида намуд. Илми асоси онрӯзӣ  барои ҷомеаҳои мусалмонӣ ҷинбарорӣ, дуонависӣ, одоби таҳорат ва амсоли ин буд.

Хурофоту таассуб, ки аз мағзи табақаи рӯҳоният берун омадааст, ҳамеша ва дар ҳама маврид боиси вопасгароӣ ва бебандубории кишварҳои Шарқ гардида, афкори пешқадаму рӯшангаронаи мутаффакирон мавриди ҳамла қарор додааст. Рӯшангаро ва нафароне, ки хирадро масири асосии пешрафти башар ҳисобидаанд, мавриди бархӯрди шадид қарор гирифта, барчаспҳое аз қабили муртаду кофар ба онҳо зада шудааст ки дар маҷмӯъ раванди хирадгароиро ба шикаст мувоҷеҳ намудааст. Аз ҷумла, бузургмардоне ба мисли Закариёи Розӣ, ки китобҳояшро дар сари пиронасариаш ба сараш кӯбида, чашмонашро нобино намудан ва онҳоро олудаи куфру бидъад эълон намуданд ва сӯхтаву нобуд гардониданд. Ибни Сино ки бузургтанрин мутафаккири ҷаҳони ислом ба ҳисоб меравад ва осори зиёди ӯ ба забонҳои лотинӣ нашр шуда, ба ҳайси китоби дарсӣ муддате дар донишгоҳҳои Аврупоӣ пазируфта шуд ба куфр айбдор мешавад ва дар соли 555 ҳиҷрӣ бо амри халифа китобҳояш сӯзонида мешаванд. Ба ин монанд метавон ҳазорон мисол зад. Ҳамин тавр, дар кишварҳои мусалмоннишини минтақаи Шарқ донишмандон, озодандешон, хирадпешагон ҳамеша мавриди таъқибу озор қарор гирифта, ҳазорон навъ барчасп ба онҳо зада шудааст. Ҳамин аст, ки ин кишварҳо ҳамеша ва махсусан, дар асри навин зери бори мустаъмира рафтанд ва дастнигари кишварҳои дигар монданд. Ҳанӯз ҳам кишварҳои Шарқи мусалмонӣ гирифтори таассуб, хурофот ва ҷаҳолати динианд, ки онҳоро дар вазъи гирифтроӣ, дастнигарӣ, пешипоуфтодагӣ ва ҳараҷу мараҷ нигоҳ доштааст. Аммо мутаассифона, ҷои ин ки ин ҳама мушкиливу сабабу авоқибашро аз худу аз ҷомеаҳои худ ҷӯянд ва баҳри рафъи он неруҳои хешро сафарбар намоянд фақат омили беруна меҷӯянд ва мехоҳанд онро гунаҳкори асосӣ ҳисобанд. Дар ин маврид бояд як масъала ба ҳисоб гирифта шавад, ки ҳар кишварро вобаста ба ҳамон дидгоҳу зарфияту андешааш ба он муносибат менамоянд ва аз тарафи дигар агар афроди як ҷомеа огоҳ ва хирадандеш набошаду дар ин роҳ кушуше бак харҷ надиҳад, ҳеҷ кишваре барои ӯ огоҳиву хирадварзиро намеоварад. Дар ин маврид ҷаҳон ҳамеша ҷойгоҳи муборизаву рақобат буду ҳаст. Барои кишварҳо муҳим он аст, ки рақиб нодонтару осебпазиртар ва муҳтоҷтару дастнигартар бошад. Аз ин хотир, дар ин самт набояд ба умеди дигарон буд. Неруҳои худиро пеш аз ҳама дар ин самт бояд равона сохт.

Вазъи кунуние, ки дар кишвари Афғонистон аст, маҳз аз нодониву таассуб ва ҷаҳли мураккаб маншаъ мегирад. Имрӯз ҳар кишваре мехоҳад ин вазъро бар навъи аҳсан бар суди хеш истифода намояд. Аз як тараф қудратҳои ҷаҳонӣ ва аз сӯе ҳам қудратҳои минтақавӣ ба хотири тавсеаи манофеъи худ анвоъи нави гурӯҳҳои сиёсии мазҳабӣ ва артишҳои бо барчаспҳои динӣ месозанд. Маорифи дунявиро аз байн мебаранд. Озодманиширо дар ин кишвар нобуд месозанд ва ё шароите ба вуҷуд меоваранд, ки донишмандони рушангарон ва соҳибандешону хирадгароён тарки ин кишвар намоянд. Суоли асли ин аст ки чаро чунин вазъро ба вуҷуд меоваранд?! Ҷавоби он бисёр содда аст, зеро баданаи қавии як ҷомеа ба дасти сиёсатмадорони донишманд ва донишмандону зиёиёну фарҳангиён сохта мешавад. Ин зиёиён ё рӯшангаронанд, ки ба масобаи машъал шоми тираи миллатҳоро равшанӣ мебахшанд ва ба онон роҳи саодати миллату давлатро нишон медиҳанд. Вақте ин ҳама маҳдуд карда мешаванд ва фарори мағзҳо сурат мегирад, ин миллатҳо пайкараи муқовимии маънавии хешро аз даст медиҳанд.

Масъала ба ин соддагиҳо нест ва ҳоло низ агар миллатҳо ва кишварҳои минтақа хирадгароӣ, дунявият ва инсонсолориву мардумсолориро аз даст медиҳанд ва вазъиятҳои мавҷуда ва бавуҷудояндаро пайваста мавриди таҳлилу паёомадҳои онро баррасӣ наменамоянд, ин хатар ба нобудии онҳо таҳдид мекунад. Раванду рӯзафзуни тарғиби афкори хурофотиву таассубзада ва тарҷеҳи нодониву ҷаҳолат бар огоҳиву хирадварзӣ метавонанд авоқиби нохушоянде барои кишварҳову миллатҳои минтақа дошта бошанд. Кишварҳо ва ҷомеаҳое, ки бошандагонашон аз маорифи дунявӣ бархурдори нестанд, донишу огоҳии саҳеҳ надоранд, ҷаҳолату хурофот дар онҳо бедодӣ мекунад, дар баробари рақобатҳову хатарҳои афзоянда муқовиматпазир нахоҳанд буд, инҳо ҷомеаҳоеанд, руҳияи мқовимати надоранд, зеро тақдирзадаву таваккулиянд, ҷомеаҳояшон имунитети иҷтимоиро аз даст додааст, аз ин рӯ онҳо хатарпазиртарин кишварҳоянд. Дар саддаи равон барои мардумони ғафлатзада, нодон, тассубӣ ҷойе нахоҳад буд. Онҳо мисли чӯбҳое, ки аз худ кирм бароварда худро нобуд мекунанд, хоҳанд буд. Нодиниву ҷаҳолату тассубашон муҷиби нобудии онҳо хоҳад гашт, ки мо заминаҳои онро  ҳоли ҳозир дар иддае аз кишварҳои ҷаҳон мушоҳида менамоем.

Аз таҳлилҳои боло чунин бармеояд, ки сабаби вопасгароии кишварҳои минтақа дар динмадорӣ ва тарвиҷи ҷаҳл ва таассубу хурофот аст, ки ин мардумро дар ҳоли навмедӣ, нигаронӣ ва бебандуборӣ қарор додаст. Дигар замони он аст, ки ин кишварҳо бори дигар таърихи хешро таҷдиди назар кунанд ва авомили боздорандаву монеи рушдро дуруст тарҷеҳ диҳанд ва пеш аз ҳама худро бо донишҳои навини илмиву фановарӣ мусаллат намуда ҷомеаи хешро аз роҳи ақлу хирад созанд. Имрӯз ҳам ин кишварҳоро зарур аст, ки ба хотири таъмини рушди бемайлони кишварҳои хеш аз хирадсолорӣ, дунявият ва донишҳои муосири башарият истифода намуда илмро маҳаки асосии ҷомеаи хеш қарор диҳанд. Бо тарвиҷи аҳзоби динӣ ва мутлақ кардани арзишҳои эътиқодӣ ба ҷое нахоҳанд расид ва бо ҳараҷу мараҷ, даъвиҳои мазҳабӣ ҳамдигарро нобуд карда хешро маҳв хоҳанд кард.

Исомиддин Шарифзода,

номзади илмҳои фалсафа,

мудири кафедраи гуманитарии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here