Маҳмадалиев Сорбон Абдуҳалимович, ҷудокори ҷавону қавииродаи тоҷик аст, ки барои рушди варзишии худ корҳои зиёд кардаасту мекунад. Сорбон зодаи деҳаи Меҳвари ҷамоати Чубеки ноҳияи Мирсаид Алӣ Ҳамадонӣ буда, айни ҳол дар курси аввали факултети омодагии дифои ҳарбии Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов таҳсил мекунад. Ӯ дорандаи шаҳодатномаи номзад ба устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба “гӯштингирӣ” мебошад.
Дар ин баробар ӯ дар клуби варзишии Обидов дар шаҳри Душанбе ба тамрини гӯштини ҷудо машқу машғул мешавад. Айни ҳол бо сабаби ҷароҳат доштани зонуяш барои гум накардани ҳолати варзишии худ ба варзиши сабук машғул аст. Сорбон аз синни 11-солагӣ варзишро оғоз намудааст. Дар ин миён номбурда дар намудҳои гуногуни гӯштин, аз ҷумла гӯштини миллӣ, гӯштини ҷудо ва гӯштини самбо машқ намудааст.
Сорбон аз нахустин қадамҳояш дар ҷодаи варзиш чунин ёдовар мешавад: “Хурд будем. Ҳар субҳ акаам барвақт аз хоб хеста куҷое мерафт. Баъд, як рӯз аз ӯ суол кардам, ки ту субҳгоҳон ба куҷо меравӣ? Гуфт, ки ба толори варзишӣ меравам. Гуфтам, ба кадом толор меравӣ? Гуфт, толори гӯштин. Ман дар аввал завқ надоштам ва гӯштинро намефаҳмидам. Як бор рафта аз наздик тамошо кардам ва бениҳоят шавқманд шудам. Соҳиби ҳамин толори варзишӣ, ки номаш Хисрав буд, ба падарам гуфт, ки Сорбонро биёр, бе пул машқ кардан гирад”.
Устоди аввалини Сорбон Эргашев Олим мебошад. Ӯ аз устоди худ бисёр миннатдор аст ва мегӯяд, ки меҳнатҳои устодашро ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад кард.
Ҳамин тавр, ҳаёти варзишии Сорбон аз мактаби варзишии деҳаашон шурӯъ мешавад. Ӯ нақл кард, ки пас аз 5 моҳи тамрин дар ноҳияи Ҳамадонӣ бори аввал ба мусобиқа рафтааст. Ин мусобиқа дар намуди гӯштини ҷудо байни мактабҳо доир гаштааст. Аммо Сорбон дар нахустин мусобиқаи худ аз ҳарифаш шикаст мехӯрад. Баъди ин бо гузораи 7 моҳи дигар дар мусобиқаи ноҳиявӣ, ки дар Ҳамадонӣ баргузор шудааст, ширкат меварзад ва аввалин мақоми ифтихории худро ба даст меорад.
“Дар ин мусобиқа аз дигар ноҳияҳо ҳам иштирок доштанд. Ман дар вазни 27 кг баромад намуда, ба се ҳарифи худ пирӯзӣ ба даст овардам ва сазовори ҷойи сеюм шудам”, – нақл мекунад Сорбон.
Сорбон баъди муддати беш аз як сол тамрин дар гӯштини ҷудо маҳорати худро дар намуди дигари гӯштин ҳам санҷид. Ин дафъа ӯ то муддати ду сол ба гӯштини самбо машғул гашт ва дар нахустин мусобиқаи худ сазовори ҷойи аввал шуд.
Соли 2018 Сорбон баъди гирифтани зинаи сеюми ифтихорӣ дар даври шаҳрии мусобиқаи гӯштини самбо ба мусобиқаи ҷумҳуриявӣ роҳхат мегирад. Баъди баромади хуб дар ин мусобиқа ҳунари Сорбон ба устодони риштаи варзиши гӯштин писанд меояд. Баъдан Ҷамолов Сафар мураббии риштаи гӯштин аз падари Сорбон мехоҳад, ки ӯро барои идомаи машқу тамринаш ба шаҳр равон кунад. Пас аз он ки Сорбон ба шаҳр меояд, ин омӯзгор ӯро ба мактаб-интернати варзишии ба номи Иброҳим Ҳасанов дар шаҳри Душанбе барои тамрин мебарад ва тамоми шароити машқу тамринро барояш муҳайё мекунад, аз ҷумла ҷойи хобу макони таҳсилро. Ин ҳангом Сорбон хонандаи синфи ҳаштум буд.
Сорбон нақл мекунад, ки ӯ дар аввалин рӯзи тамринаш бо хости мураббӣ якбора бо се нафар аз ҳамон мактаб-интернати варзишӣ қувва меозмояд ва ҳарсеро мағлуб мекунад, ки ин кораш мураббиро ба шавқ меорад.
Сорбон дар ин муддат дар мусобиқаҳо дар вазнҳои 27 кг, 30 кг, 32 кг, 35 кг, 38 кг, 41 кг, 45 кг, 46 кг, 48 кг, 52 кг, 55 кг, 60 кг ва 66 кг баромад намудааст. Ӯ борҳо дар мусобиқаҳои ноҳиявиву вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтиорӣ гаштааст. Дар умум, ӯ тақрибан 40 медали гуногун ва наздик ба 60 диплому ифтихорномаҳоро ба даст овардааст.
Сорбон соли 2020 дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо байни наврасон, ки дар шаҳри Бохтар шуда буд, сазовори зинаи сеюм гашт. Баъди ин ӯ соҳиби шаҳодатномаи номзади устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба “гӯштингирӣ” шуд. Ҳарчанд, ин шаҳодатнома бо сабаби коронавирус ба ӯ каме дертар супурда шуд, вале онро устоди аввлинаш Олим Эргашев оварда ба дасти Сорбон мерасонад, ки ин кор боиси хурсандии зиёди ӯ мешавад.
Чанд муддат пеш Сорбон ҳангоми тамрин зонуяш лат бардоштаву то ҳол он пурра барқарор нашудааст. Ӯ ният дорад, ки ба наздикӣ зонуи худро ҷарроҳӣ кунад. Бо вуҷуди он ки ӯ ҷароҳат дошт, боз дар гӯштинҳои наврӯзии имсола чанд маротиба майдондорӣ карда, ба гирифтани ҷойизаҳои гуногун дастёб гардид.
Сорбон аз оғози варзиш то ба имрӯз зери дасти устодон Эргашев Олим, Ҷамолов Сафар, Ҳикматов Рауф ва Обидов Адаб машқу тамрин намудааст. Ин варзишгар мақсад дорад, ки баъди хатми курси аввал ба шаҳри Москваи Федератсияи Русия барои идомаи машқу тамринҳои худ биравад. Ҳозир ба варзиши сабук машғул аст ва барои он талош мекунад, ки вазни худро дар як сатҳ нигоҳ дорад.
“Айни ҳол ки моҳи шарифи Рамазон аст, агар бисёр машқ кунӣ, чарбуҳоят месӯзанд ва дигар вазн намегирӣ”, – мегӯяд ӯ.
Шаҳриёри Ҷаҳонгир