То фарорасии Соли Нави мелодӣ рӯзҳои башумор монданд. Ба сифати ид қайд намудани он ба анъана табдил ёфтааст. Ба ин ид тайёрии ҳаматарафа дида истодани маъмурияти пойтахти кишварамон шаҳри Душанберо ҳам аз тағйиротҳои симои шаҳр ҳис намудан мумкин аст. Мувофиқи супориши раиси шаҳр соли ҷорӣ дар маркази пойтахт «Арчаи солинавӣ» -и мӯҳташами баландиаш 30 метр ва бараш иборат аз 16,5 метр қад афрохт. Инчунин, дар минтақаҳои дигари сайрбоби шаҳр ҳам оро дода шуда истодани арчаи Соли Нав хушҳолӣ мебахшад. Ба тарзи ба худ хос оро додани майдони Сирки давлатии шаҳр ҳам ба одат табдил ёфтааст. Аллакай бо армуғонҳои гуногун, таҷҳизоти мухталифи равшаниро паҳн менамудагӣ оро дода шудааст. Диққати хурду бузургро  ҷалб намуда истодани арчаи Соли Нав рост аст. Хусусан бегоҳӣ дар гирди арча ҷамъ омадани кӯдакон, сурат гирифтанашон таваҷҷӯҳро ҷалб менамояд. Дар навбати худ ба тарбияи эстетикии авлоди инкишоф ёфтаистода таъсири мусбат доштани ба таври ба худ хос ба ид тайёр шудани пойтахт дилҳоро шод менамояд. Бо саъю кӯшиш ва ғамхориҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президении Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон торафт фаровон шуда истодани тарзи зиндагии аҳолии кишварамон дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти мо баръало ба чашм намоён аст. Супориш ва дастурҳои Президенти мамлакатро дар ҳаёт татбиқ намуда истода, корҳои ободонӣ ва бунёдкории бо ташаббуси раиси шаҳри Душанбе мӯҳтарам Рустами Эмомалӣ ба роҳ монда шуда истода ҳамчун омили гулгулшукуфии пойтахтамон хизмат намуда истодааст.

Дар шароити пандемияи аҳли тамоми ҷаҳонро ба ташвиш оварда соли гузашта иди Соли Нав қариб истиқбол гирифта нашуд. Бо тадбирҳои дар вақташ андешидаи роҳбарияти олии мамлакатамон шукронаҳо, ки соли ҷорӣ хавфи бемории коронавирус дар кишварамон паст шуд. Ин ба мо тоҷикистониён барои чорабиниҳои сиёсӣ ва иҷтимоии гуногунро ба роҳ монданамон имконият фароҳам овард.

Соли Нави омадаистода ташвишҳои ба худ хос ҳам дорад. Ин ташвишҳо хусусан дар пойтахт зудтар ҳис карда мешаванд. Яке аз муаммоҳои ба ташвиши шаҳрвандон боисгардида ба мисли ҳамасола масъалаи хлопушкаҳо шуда истодааст. Бо вуҷуди ҳоло то ид будани хеле рӯзҳо дар маҳаллаҳои пойтахтамон хлопушка таркондани ҷавонон ва наврасон торафт авҷ гирифта истодааст.

-Дар яке аз ду биноҳои баландошёнаи паҳлӯи ҳам қомат афрохта истиқомат менамоям, мегӯяд ҳамсӯҳбати мо, сокини наздикии  маҳаллаи «Гипрозем»-и шаҳр худро Зуҳур Амиров гуфта муаррифинамуда.-Ҳанӯз аз рӯзҳои охири моҳи ноябр, рӯзҳои аввали моҳи декабр наврасон ба таркондани хлопушка шурӯъ намудаанд. Рӯзона аз «қилиқ»-ҳои онҳо он қардар азият накашем ҳам, хусусан рӯзҳои истироҳат пас аз шом сабаби нороҳатии бисёриҳо шудани ин шавқунҳо касро ба фикр водор менамоянд. Аз сабаби ба тарбияи фарзандонашон эътибори ҷиддӣ надода истодани баъзе падару модарон чунин амалҳои ноҷо аз ҳаёти мо мавқеъ нагирифта истода бошанд? Дар бораи ҳамон маблағи барои «шӯхи»-и фарзандонамон барабас рафтаистода фикр намоем хуб мешуд. Зеро, дар ҳар як баромадашон дар бораи сарфакорӣ бо ғамхорӣ сухан гуфтани сарвари давлатамон, дастурашон дар бораи захираи дусола доштани ҳар як оила аз сабаби аҳолии дунёро ба ташвиш овардани баланд шуда истодани нархи маҳсулоти озуқаворӣ беҳуда нест, охир.

Дар ҳақиқат, дар хабарҳои рӯзҳои охир дар васоити ахбори оммаи кишвар паҳн шудаистода ҳам ҳамин муаммо ба чашм мерасад.

Мувофиқи хабари паҳннамудаи хадамоти матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзҳои наздик кормандони милитсияи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе 3,5 ҳазор дона воситаҳои пиротехникиро аз муомилот мусодира намудаанд. Дар хабар гуфта мешавад, ки навраси 17-солаи турсунзодагӣ дар паҳн намудани воситаҳои пиротехникӣ гумонбар шуда, боздошт гардидааст.

Мувофиқи хабари дар хадамоти матбуоти вазорат овардашуда ҳоло аз рӯи ин воқеа тафтишот давом дорад. Аз ҷумла, муфаттишон манбаъҳои ба Тоҷикистон ворид шудани воситаҳои пиротехникиро ҷустуҷӯ намуда истодаанд.

Мувофиқи моддаи 119 (прим 1)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба ҳудуди кишвар ворид намудани воситаҳои пиротехникӣ, истеҳсол намудан, нигоҳ доштан, фурӯхтан, ба каси дигар додан ва воситаҳои пиротехникиро истифода намудан барои ҳисобҳо ба миқдори аз 200 то 500 (аз 12 ҳазор сомонӣ то 30 ҳазор сомонӣ)-и нишондиҳанда ҷарима ё ҷазои аз як сол то ду сол аз озодӣ маҳрум намудан муайян карда шудааст.

Ҳар сол дар арафаи Соли Нави мелодӣ бо вуҷуди мамнӯъ буданаш дар фурӯш воситаҳои пиротехникӣ, аз ҷумла, хлопушкаҳо пайдо мешаванд. Мақомоти хадамоти ҳифзи ҳуқуқ аз рӯи муайян намудани вайронкунандаҳои қонун рейдҳои махсус мегузаронанд. Аммо садои нофорами моддаҳои тарканда баъзан дар он ҷо, баъзан дар ин ҷо ба гӯш мерасад.

Аз рӯзи ба ҳаёт татбиқ гардида истодани қонуни 2 августи соли 2011 қабулнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзандон» аз даҳ сол гузашт. Қонуни дар вақташ бо ташаббуси Президенти кишварамон қабул кардашуда дар амал ҳаётӣ ва рӯзмарра будани худашро исбот намуд. Бисёр амалҳои ноҷои бо ҷавонон ва наврасон рабтдошта аз миён бардошта шуданд. Дар миёни ҷавонон ба дараҷаи эҳсосшаванда кам гардидани ҷинояткорӣ ҳам самараи дар амал татбиқ гардидани қонун аст.

Албатта, ҳикмати халқамон «Кӯдак азиз, одобаш аз вай азизтар»-ро фаромӯш нанамуданамон даркор аст. Дар ҳаёти имрӯзаи тағйирёбанда, хусусан дар замони тараққиёти техника ва технологияҳо ба таълиму тарбияи фарзандон эътибори ҷиддӣ намудан ба мавзӯи рӯзмарра табдил ёфта истодааст. Дар тамоми дунё, хусусан вақти дар миёни ҷавонон паҳн шуда истодани ақидаҳои гуногуни экстеримимистӣ ва тундгароӣ ба  вазифаи худашон бо масъулияти боз ҳам баланд муносибат намудани ҳар як падару модар, оммаи васеи ҷомеа ва омӯзгорони муассисаҳои таълиму тарбия тақозои давр аст. Вазифаи ҳар як шаҳрванд будани пешгирӣ намудани амалҳои ноҷои ҷавонону наврасонро, ки имрӯз дар ҳаётамон ба чашм расида истодааст, фаромӯш нанамоем.

Искандар МАҲМАДАЛИЕВ, журналист

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here