Ҳаёти дурахшони фарзандони вафодор ва озодандеши миллати тоҷик дар худ саҳифаҳои зарринро таҷассум кардааст. Чунин симоҳову чеҳраҳои намоёни тоҷик дар таърихи башарии тоҷикон кам нестанд. Ному насаби онҳоро имрӯз мардум бо ифтихор ва руҳияи баланд вирди забон овардаву истиқбол мегиранд. Чунин наслҳоро миллати тоҷик имрӯз ҳам дар худ дорад ва фарҳангу тамаддуни гузаштагони худро гиромӣ дошта истодаанд.

Ҳоло дар бораи чеҳрае ҳарф мезанам, ки соле қабл матлабе барояш дар ҳафтаномаи овозадори кишвар – “Фараж” чоп намуда будам. Он шахс арзандаву шоиста ба тамоми суханҳост. Он шахс медонад ба куҷо рафтанашро ва ҳатто дунё барои идома додани роҳи ин шахс як тараф меистад. Шахсе, ки ахлоқи нек, сухани нек, озодии калом, симои кушода, самимият дорад ва ғамхор аст, ҳеҷ гоҳ дар пайроҳаи зиндагӣ мағлуб намешавад, пайваста ғолиб асту душманонаш мағлуб. Орзу Исоев яке аз шахсони эътирофшудаи кишвар мебошад, ки тариқи демократӣ ба умқи дили мардуми дохиливу берунии мамолик ҷой гирифтааст. Ӯ рисолати инсонии худро бо озодбаёниву деморатизми худ анҷом дода, дар дили ҳар як фарди кишвар – пиру барно бо доштани малакаи касбии рӯзноманигорӣ, бо шеърҳои зебову муосир, таронаҳои пурмазмун, барномаҳои ҷолибу диданӣ, садои дилнишину форам ва амсоли инҳо ҷойгоҳ ёфтааст. Ӯ аз уҳдаи ҳамаи фаъолияташ моҳирона баромадаасту баромада метавонад. Касби рӯзноманигориро моҳирона анҷом медиҳад. Шеърҳояшро моҳирона иншо мекунад. Рассомиро моҳирона менигорад. Барномаҳоро моҳирона таҳия мекунад…

Бояд гуфт, устод Орзу шахси тасодуфӣ нест. Чун дидаму шунидаму мушоҳида намудам. Бобоҷон Ғафуров мегӯяд: “Одамонро мутафаккир менамояд меҳнати машаққат”. Дар пайроҳаҳои зиндагӣ мустақилона, аз хурдӣ то имрӯз мубориза бурда, обутоб ёфта, то ба чунин зинаву мартабаҳо омада расидааст. На мансаб дорад, на мансабхоҳ аст. Танҳо дар худ донишу малака ва истеъдоди худододӣ дорад, ки мардум эътирофаш кардаанд. Объективона ва бо итминони комил мегӯям, ки бояд муҳити имрӯза аз чунин шахсият самаранок истифода намояд, аз ӯ омӯзанд. Дуруст аст, ки дар зиндагӣ ҳамон замон ба қадри шахсе мерасем, чун ӯ аллакай дар ҳаёт нест. Бояд чунин шахсон дастгирӣ ёбанд ва камолдиҳандаи чандин насли дигар бошанд. Чунин шахсонро дар таърих ба некӣ ёд мекунанд. Чун дар васфи Орзу Исоев Хайрандеш гуфтааст:

Ман туро дар шеър чун дар фалсафа,

Бо Аристотел баробар кардаам.

Дар бораи рӯзгору фаъолияти устод Орзу, ки як паҳлуи ҳаёташ мебошад, гуфтаему дар оянда боз хоҳем гуфт.

Устод Орзу Исоев 14-уми октябри соли 1976 дар шаҳри Бохтар (Қӯрғонтеппаи пештара) таваллуд шудааст. Мактаби миёнаро дар ҷойи зисташ ба итмом расонидааст. Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ва Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода мебошад. Устод Орзу Исоев ҳоло узви Иттифоқи журналистон ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад. Ду маҷмӯаи шеърҳояш ба табъ расидаанд. Шеърҳояшро овозхонҳои машҳури кишвар Нигина Амонқулова, Сироҷиддин Фозилов, Дамирбек Олимов, Шабнами Сурайё, Меҳринигори Рустам ва дигар ситораҳои кишвар сароидаанд. Чандин барномаҳо, аз қабили “Тақ-тақ”, “Ногуфтаҳо”-ро пеш мебарад, ки бинандаҳои зиёди худро дорад.

Ҳарчанд дар бораи устод Орзу Исоев гӯяму нависам, қаламам сарҳад намепазирад. Устод арзандаи тамоми суханҳои тиллоӣ ва нек аст. Чунин шахсон ангуштшуморанд. Бояд қадр карду ба қадрашон расид ва аз буданашон дар даврони хеш ифтихор кард, чун чунин чеҳраҳо нотакроранд.

Устод Орзу Исоев санаи 14-уми октябр ба синни рамзии дуто чор (44) қадам ниҳод. З-ин хотир, ба устод тамоми хушиҳоро дар кору пайкор ва зиндагиаш таманно дорам. Ҳамеша устод чун имрӯз дар дили пиру барно ҷавон бимонад ва беҳтарин зинаҳои зиндагӣ насибаш гардад. Қаламаш ҳамеша сабз ва ҳамеша дар паҳлуи мо бошад.

Хушо, хушбахтиву хуш зодрӯзӣ,

Хушо умри хушо толеъи рӯзӣ.

Хушӣ андар хушӣ печида бас хуш,

Хушо ҷашни сафову хуш фирӯзӣ.

Худодод АВҒОНОВ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь