Ҳамсояе дорам, ки касби тиҷорат дорад. Миёнаҳол аст. Чӣ навъи тиҷорат дорад, то кунун напурсидаам. Гоҳ-гоҳе саҳар ва ё шом мебинамашу халос. Ин субҳ, ки хостам дар боғчаи пушти бино каме гардиш кунам, бо ҳам рӯбарӯ шудем:
– Маълим, чанд вақт боз чизе наменависед, касал-ку нестед?
– Не, Худоро шукр, мебинед, ки ба пойи худ мегардам…
– Кам-кам чизҳои Шуморо мехондам, як-ду моҳ шуд, ки хомӯшед, тинҷӣ бошад?
– О, бе ман ҳам менависанд-ку, бисёриҳо менависанд…
– Рост, аммо ҳар кас чизи шахсиашро менависад, ними фейсбук хабари маргу мурда, ними дигар табрикотабрик, чизҳои омӯзанда кам…
– Чизҳои омӯзандаро аз китобҳо хонед, дӯстам. Аз қиссаву роману ҳикояҳо…
– Дуруст, аммо гоҳ-гоҳ, ки вақти холӣ монад, бо телефон зуд ба ин ҷо медароям, барои китобхонӣ вақти зиёдтаре даркор… Як чиз пурсам, мегӯянд забонро дигар кардаанд…
– Забонро не, имлоро, яъне тарзи навишти калимаҳоро…
– О, баробари қабул кардан боз танқид сар шуд-ку… Менависанд, ки ин имло пури ғалат аст…
– Шояд. Гӯё пироҳани даридаи имлои пешинро дарбеҳ карданд… Оё пироҳани дарбеҳшуда зебост?
– Не, албатта, куртаи бедарбеҳ зеботар. Намешуд, ки ҳама донишмандонро ҷамъ карда, имлое месохтанд, ки касе эрод гирифта наметавонист?
– Ҳам мешуду ҳам намешуд. Беҳтар мешуд, ба шарте матни онро ба баррасии ҳама мемонданд, як комисиюни босалоҳият аз пешниҳодҳои мардум матни комилтар месохт. Намешуд ба он маънӣ, ки табиати ҳар забонро расмулхати аслии худаш дуруст ифода мекунад. Магар дар шӯрахок зироати хуб мерӯяд?
– Яъне боз имло дигар мешавад?
– Гоҳо фикр мекунам, ки ин ҷараён охир нахоҳад дошт…
– Хайр, ин масъала барои ман чандон муҳим не, аммо барои бачаҳоям лозим, ки бесавод нашаванд…. Ҳоло чизи дигарро мехоҳам пурсам. Чаро бензину газ имсол якбора қимат шуд? Дина як литр газ 6 сомониву 90 дирам буд, бензини одӣ – 9-сомониву 80 дирам. Зарбаи сахте ба мо, соҳибкорон, ки аз нақлиёт зиёд истифода мекунем…
– Шояд касе фикр кард, ки нархи газу бензин набояд фарқ кунад, охир, ҳарду ҳам маводи сухт-ку… Ҳамин ки арзиши газро бо бензин баробар карданд, “адолат” барқарор мешавад. Охир, нон ҳам нон, нонреза ҳам нон-ку… Шӯхӣ кардам, ин масъаларо аз вазорати иқтисод ё кумитаи зиддиинҳисорӣ пурсидан даркор. Гунҷишка кӣ кушад, қассоб, гуфтаанд. Ман аз куҷо донам? Лекин як сабаби куллашро медонам: иқтисодро бо усули иқтисодӣ танзим мекунанд, на маъмурӣ…
– Онҳо чӣ ҳам мегӯянд? Боз ҳамон сабабҳои порсола: дар тамоми ҷаҳон буҳрон аст, мо газу бензин истеҳсол намекунем ва ғайра…
– Қурбони фаҳму даркатон, ҳамсоя. Агар медонед, вақтатонро беҳуда зоеъ накунед.
– Ба ҳар ҳол, донистан хуб аст, маълим… Мебинам, ки гоҳ-гоҳ касоне чизҳое менависанд, ки ё чизҳои навиштаашонро медонанд, ё намедонанду таваккаливу сарсарӣ менависанд. Гоҳо чунин ба назар мерасад, ки баъзеҳо ба донистаҳояшон ҳам шубҳа доранд… Оё метавонед дар ин бора ё ягон чизи омӯзанда нависед, бегоҳ ҳатман мехонам…
– Хуб, ба хотири Шумо як-ду андеша аз мутолиаҳоям хоҳам навишт…
***
… Ҳамсоя ба мошин нишасту аз пайи кораш рафт. Андешаи ахири ӯ дар бораи донистану надонистан, умуман маърифати олами ашё хеле машғулам дошт. Ҳадди ақал, се қишри ҷомеа аз пеши назарам гузашт:
- Як қишри бузурги ҷомеаи моро мисли ҳамин ҳамсояи ман одамоне ташкил медиҳанд, ки донистан мехоҳанд, аммо зиндагӣ ба онҳо чунин имкон намедиҳад, бояд ғами шиками зану фарзандҳояшонро хӯранд…
- Қишри дигаре ҳаст, ки имкони дониш гирифтан доранд, аммо хоҳиш надоранд, ҳавсалаашонро ё муҳит ва ё фикри оянда, баъди таҳсил дар куҷо коршоям шуданашон “пир” кардааст. Банда донишҷӯёнро дар назар дорам, ки хеле кам майли хондан доранд, принсипашон аҷиб аст: “хондагиҳо чӣ шуданд, ки мо ҳам хонем?”. Фоизи хеле ками онҳо ба идеалҳои иҷтимоӣ бовар доранд.
- Қишри савум шавқу завқи зиёди донистан доранд, аммо солхӯрдаанд, имкони истифода кардани зарфияти диду дарёфтҳояшонро дар корҳои ҷомеа надоранд… Як замоне онҳо дар соҳоти гуногун мақому вазифа доштанд, сафиру кабиру раису ҳоким ва ба ин монанд вазифадор будаанд, шароити хуберо барои зиндагии осудаи оилаҳояшон таъмин карда, ғами ҷойи кори фарзандон ва асбоби маишати онҳоро ҳам хӯрдаанд, аммо имрӯзҳо мавқеи истифодаи донишу таҷрибаашонро надоранд.
Бархе ҳатто ба кори адабӣ, дурусттараш “китобнависӣ” иштиғол меварзанд, бархе дигар ба қаламкашони касбӣ пул дода, дар барои худашон китобҳо фармоиш медиҳанд. Бад-ин восита баъди мурдан мехоҳанд дар ҳофизаи миллат ҷо пайдо кунанд. Гурӯҳи дигаре дар ин қишр ҳаст, ки то хотимаи пайраҳаи умр мехоҳанд аз олами маъно баҳра бардоранд, чун пештар аз пайи кору вазифа ва молу ҳол шуда чунин имкон надоштанд, маҳз дар айёми пирӣ тасаввурашон аз оламу одам тағйир кардааст…
***
Акнун тибқи ваъда як-ду андешаро манзури ҳамсоя мекунам, шояд ба дигарон ҳам нофеъ бошад…
Оид ба панҷ сатҳ ё ҳолати донистану надонистан…
Ҷараёни маърифат ё шинохти неку бади олами ҳаводисро шарҳу тафосири гуногуне ҳаст, бузургони Шарқу Ғарб хеле зиёд изҳори назар кардаанд, махсусан назарияи маърифати Иммануил Кант иштиҳоре дар олами ҳикмату фалсафа дорад.
Хуб, ин рисолаи илмӣ нест, ки якояк андешаҳоро манзур кунем, мухтасар аз хондаҳову ҳазмшудаҳо мегӯем.
Бо таваҷҷуҳ ба афкори он ҳакимоне, ки банда андаке аз онҳо огоҳӣ дорам, муаммои донистану надонистанро дар панҷ зина ё сатҳ метавон чунин шарҳ дод. Гумонам, хеле одиву дастрас ба ҳар мағз бояд бошад:
Сатҳи аввал: Вақте ки мо медонем, ки медонем,- яъне итминон дорем, ки донишамон дуруст аст, ба он бовар дорем ва онро собит карда метавонем).
Сатҳи дуюм: вақте ки мо медонем, ки намедонем,- назари Суқроти ҳамешаёд. Дарки чунин ҳол моро аз баҳсу муноқишаҳои лафзии нозарур нигаҳ медорад ва мағзамонро такон медиҳад, ки ба ҷустуҷӯ машғул шавем. Ҳолате ҳаст, ки шаъну эътибори инсонро аз ҳар навъи ҳуҷум муҳофиза мекунад: варианти дигараш – намедонем, аммо кӯшиш мекунем, ки дониста бошем.
Сатҳи сеюм: Вақте ки мо намедонем, ки медонем,- ин вазъ мушкилтарин вазъи равонии инсон аст. Онҳое, ки чунин ҳол доранд, аксаран густоху беадабанд, ҳар назарияву фаразияи шунидаро чун чизҳои хондаи худашон таҷаллӣ медиҳанд, ки басо нофорам аст.
Сатҳи чаҳорум: Вақте ки мо намедонем, ки намедонем,- соҳибони ин навъи ҳол хеле мағруранд, барои мағлуб кардани мусоҳибашон аз василаҳои дурӯғу бадномсозӣ истифода мекунанд, ҷаҳолати азиме дар вуҷудашон ҳаст.
Сатҳи панҷум: Вақте ки мо намедонем, аммо ба ин андеша ҳастем, ки медонем,- яъне надонистанро ҳамчун донистан вонамуд кардан. Онҳое, ки чунин ҳол доранд, басо хатарноканд, чунки аз чизҳое номавҷуд маъние сохта, пешниҳоди дигарон мекунанд. Барои ҳақиқатнамо шудани андешаашон ибораҳоеро, аз қабили “ба фикри ман”, “ба ин андешаам, ки”, “фикр мекунам, ки” ва ғайра сӯистифода мекунанд…
Роҷеъ ба сирри саодати одамӣ
Табиист, ки ҳар кас ба андозаи ҳимматаш фикру зиндагӣ мекунад (қавли Ҳофиз: “Фикри ҳар кас ба қадри ҳиммати ӯст…”). Нисфи умри мо ба ҳамоҳанг сохтани ду ҳолати фикрӣ мегузарад: яке “мехоҳам” ва дигаре “лозим аст”. То инҳоро ба ҳам созиш дода, ба натиҷае мерасем, ки умр ҳам пушти сар мешавад. Бисёр мушкил аст тақобулҳоро ба ҳам пайвастан, ду чизи муқобилро ба ҳам овардану яке кардан. Фаразан, зоҳиру ботинро ба ҳам созгор намудан (Ҳофиз: “Эй ман ғуломи он ки дилаш бо забон якест”).
Ҳар касе ҳадафе дорад, агарчи примитив ҳам бошад, хешро ба ҳар сурате қарздор меҳисобад (масалан, иҷрои қарзу фарзи бандагӣ назди Худованд, нигоҳубини волидони бемори солманд, масъулияти донишманду худкифо намудани фарзанд ва ба ҳамин монанд, қарзи шаҳрвандӣ назди ватану ҷомеа (агарчи фоизи инҳо хеле кам аст)…
Ҳадафмандӣ ва эҳсоси қарздорӣ заҳмати зиёд, иродаи комил, назди хештан тақозову талаботи сангин гузоштанро мехоҳад. Аммо зиндагӣ саросар аз ин сахт гирифтану сахт рафтанҳо ҳам нест, бояд андак-андак фароғат ҳам кард, рӯҳу равон ва ҷисму нафси хештанро аз бархе неъматҳо ва рангорангиҳои ҳаёт қаноатманд сохт…
Ба эътибор гирифтани ин ҳама аносири зиндагӣ (ягонагиву гуногунрангӣ, заҳмату истироҳат, ҳадафу беҳадафӣ, дар умум – “мехоҳам” ва “лозим”) ва роҳи дурустро интихоб кардану раҳнавард шудан, муҳимтар аз ҳама, дар нимароҳ раҳгум назадан маънои саодати зиндагиро дорад. Ин маъниро хеле хуб ва хеле фаҳмо адиби тавоно Пауло Коэлйо дар “Кимиёгар” ном романаш ба воситаи як тамсил шарҳи зебо додааст.
Саъй мекунам, ки онро мухтасар биёварам:
…Тоҷире хост фарзандашро аз сирри саодати одамӣ огоҳ кунад ва ӯро фиристод назди ҳакиме, балки ҳакими ҳакимони олам. Чиҳил шабонарӯзи писар дар биёбон гузашт, то расид ба қалъаи он ҳаким, ки дар болои куҳи азиме воқеъ буд. Ғайриинтизор он қалъаро пуропури одам дид, як сӯ мусиқаву як сӯ мизҳои пур аз ғизо. Дар як тараф савдогарон молу колояшонро мефурӯхтанд, дар мавзеи дигар гуруҳе бо ҳам суҳбат мекарданд.
Ин ҷавон ду соат интизор шуд, то он хирадманд даъваташ кунад. Ниҳоят мақсади ташрифи он ҷавонро шунид, аммо гуфт, ки ҳоло вақт надорад, ки сирри саодати одамиро ба ӯ фаҳмонад. Аз ӯ хоҳиш кард, ки тӯли ду соат дар қалъа гардишу тамошо кунад ва ҳама зебоиҳои қасрро бубинад. Дар зимн хоҳише кард:
– Ана ин чумчаро бигир, ки дар он ду қатра равған ҳаст. Эҳтиёт кун, ки вақти гардиш карданат равғанро нарезонӣ…
Писар “хуб шудааст”-гӯён ду соат болову поини қалъаро гашт, борҳо аз зинаҳо боло шуду фуромад, аммо чашм аз чумчаи равғандор намеканд. Баъди ду соат назди он хирадманд ҳозир шуду чумчаро бо равғанаш баргардонд.
– Ҳа, ҷавони нағз, қалъа ба ту писанд омад? Зеботарин қолинҳои форсиро дидӣ, боғи маро тамошо кардӣ, ки беҳтарин боғдорони дунё тӯли даҳ сол онро ба ин зебоӣ расондаанд? Китобхонаи маро дидӣ, ки аз дастнависҳои уламои замони куҳан иборатанд, пергаментҳои чандҳазорсоларо дидӣ?
Ҷавон аз шарм сурх шуда, сар поин кард ва посух дод, ки чизеро аҳаммият надодааст, ҳама диққаташ ба чумчаи равғандор буд.
– Акнун боз бирав ва ҳама он шукуҳу шаҳомат ва зебоиҳои қалъаи маро дигарбора тамошо кун. Ба касе набояд бовар кард, то нафаҳмӣ, ки дар куҷо ва чӣ гуна зиндагӣ мекунад…
Ин дафъа писар ҳушу ёдаш батамом ба тамошо банд шуд, тамоми ҳуҷраҳоро дид, ба мусаввараҳову нақшбандиҳо, гулу раёҳин, дарахту ниҳолакони боғ, ба китобхона сар зад, ба муҷассамаҳои зебои қад-қади роҳ таваҷҷуҳ карду лаззату ҳаловати зиёде гирифт…
Баъди тамошои дубора назди хирадманд нишасту таассуроташро якояк ба забон овард.
– Бисёр хуб, – қаноатмандона сухан оғоз кард он ҳакими ҳакимон, – аммо куҷост равғане, ки дар чумча ба ту дода будам ва хоҳиш кардам, ки онро нарезонӣ?
Ҷавон ба ҳуш омада дид, ки заррае аз равған намондааст, чумча холист.
– Ягона маслиҳате, ки ба ту дода метавонам, ин аст: сирри бахту саодати одам ҳамин аст, ки ҳама мӯъҷизоти зиндагиро бубинӣ, бифаҳмӣ, ки олам чӣ гуна рангоранг сохта шуда, аммо ба ҳеч ваҷҳ аз ду қатраи равған дар чумча фаромӯш накунӣ…
Ҳафиз РАҲМОН