Дар литсейи касбии металургии шаҳри Турсунзода 650 хонанда таҳсил мекунад, ки 63 нафари онҳо духтарон мебошанд.

Литсейи мазкур аз рӯи 10 ихтисос мутахассис омода менамояд. Аз харрот, мошиначии кранҳо, монтёри барқ то кафшергари газу, барқчӣ, устои мошин, челонгар (муҳаррики автомобил), тракторист, мутахассиси системаи компютерӣ ва муҳосиб.

Ҳамчунин, дар ин муассиса касбу ҳунарҳои миллӣ аз қабили оҳангарӣ, дуредгарӣ, дӯзандагӣ, бофандагӣ ва дигар намуди касбу ҳунарҳо, барои ҷавонон омӯзонида мешавад.

Вале мушкили аслии хатмкунандаҳо ин пайдо кардани ҷои кор аст. Аз ҷумла, соли 2024 ин муассисаро 260 нафар хатм кардаанд ва аз ин шумора ҳамагӣ 68 нафар тавонистаанд бо ҷойи кор таъмин шаванду халос.

Боқимонда ба муҳоҷирати меҳнатӣ, хидмати ҳарбӣ рафтаанд ва ё умуман кор наёфтанд.

Фарҳод Раҳимӣ, Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ҳам дар нишасти хабарӣ гуфт, ки масъалаи бо кор таъмин кардани хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ яке аз мушкилоти асосӣ аст, ки бояд ҳалли худро ёбад.

Коршиносон сабаби инро ба чанд омил рабт медиҳанд.

Аз ҷумла, Субҳон Ашӯров  иқтисоддони тоҷик мегӯяд, яке аз омилҳо ин ба талаботи бозори меҳнат мутобиқ набудани барномаҳои таълимии ин муассисаҳо аст.

“Сабаби дигар ин атс, ки дар Тоҷикистон қувваи корӣ барзиёд аст.  Қувваи корӣ барзиёд аст, бинобар ҳамин дар дохили кишвар ҷои кор ёфтан мушкил мешавад. Бинобар ҳамин ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, онҷо ҷои кор ёфтан мумкин аст”, – гуфт ӯ.

Мушкилӣ дигар дар ин самт ин биноҳои фарсудаву таъмирталаб ва таҷҳизоти куҳнаву корношоям дар литсейҳои касбӣ ва техникӣ мебошад.

Томас Томсон, роҳбари барномаи кумаки техникии Иттиҳоди Аврупо, ки вазъи муассисаҳои таҳсилоти ибитоӣ ва миёнаро таҳлил мекунанд, дар як чорабинӣ дар Душанбе гуфт, биноҳои марказҳои омодагии касбӣ ҳоли хароб дошта солҳо инҷониб рӯи таъмирро надидаанд. Маводҳои таълимӣ, махсусан таҷҳизот куҳна ва фарсуда мебошанд.

Ба таъкиди ӯ, маҳз ин чизҳо сабаб шудааст, ки дар кишвар шуғли пурмаҳсул ба таври назаррас рушд намекунад ё ба кунди пеш меравад.

Шодӣ Мавлонов, муовини директори касбии металургии шаҳри Турсунзода ҳам мегӯяд, бинои муассисаи онҳо то чанд сол пеш фарсуда буд ва ба наздикӣ таъмир шуд.

“Муассисаи мо низ аз сабабе, ки соли 1976 ба истифода дода шудааст. Биноҳои таълимӣ хеле фарсуда шуда буд ва аз боми он об мечакид. Бо дастгирии раиси шаҳри турсунзода, боми бино аз таъмир бароварда шуд. Айни замон тамоми шароитҳо барои таълим фароҳам оварда шудааст.” – гуф ӯ.

Президенти кишвар зимни паёми солонаи худ дар мавриди бо шуғли пурмаҳсул таъмин намудани аҳолӣ яке аз ҳадафҳои стратегӣ будан ишора намуд. Ӯ ба масъулин супориш дод, ки дар 5 соли оянда тамоми имкониятҳоро барои таъсис додани 1 миллиону 400 ҳазор ҷойи кории нав сафарбар созанд.

https://youtu.be/fBxN8mmzzvg

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь