Ҷаласаи рӯзнома тӯл кашид. Муҳаррир ба ҳайати эҷодӣ эрод гирифт, ки ба мавзуоти дархӯри рӯз даст намезананд, барои рафъи мушкилоти иҷтимоъ ва фарҳанги мардум чорасоз набуда, жанри фелетон тухми анқо шудааст. Набояд аз танқид биҳаросем, бибояд сатҳи ғоявии рӯзномаро баланд бардорем, ҳампои замон бошем. 

Панҷ соли дар бахши журналистикаи Дорулфунун таҳсил карданам аз устодони соҳа дарс омӯхта будам, ки рӯзномаву маҷаллае, ки минбари баҳсу андеша ё дархӯри дарди мардум набошад, хубаш ё ба дасти хонанда нарасад, ва ё аз чоп набарояд. Ҳушдори баҷо ба мо руҳи тоза бахшид ва пайи кор шудем.

Бо супориши редаксия ҷиҳати таҳияи матлаб аз боби хизматрасонии нақлиёт дар хатсайрҳо ба вокзали автомобилии шаҳри Кӯлоб омадем. Бо ҳамсафарам Зоҳирҷон Абдуллоев, мухбири махсуси Радиои Тоҷикистон дар минтақаи Хатлон (ёдаш ба хайр) билет харида, дар толор интизор менишастем. Азбаски тобистон бағоят гарм буд, мусофирон дар сояҷоҳо-зери дарахтон паноҳ мебурданд. Билетҳо фурӯхта шуда буд, аммо аз чи бошад, ки ронанда таъхир мекард.

Баъди як соати интизорӣ таксии мусофирбар ба роҳ баромад.   Масофаи зиёд не, тахмин ду фарсахро напаймуда, дуртар аз истгоҳ ронандаи сиёҳҷурдаи шофбурут аз кабина фуромаду ба  мусофирон чунин амр кард:

– Э мардум, ҷафстар бишинед! Инсоф доред ё не, нозири хадамоти роҳбонӣ боздорад, ҷарима месупорам.

– Гапатон дуруст, амак, – бетоқат шуд мусофире, – лекин ҷой нест, ба ошёнаи дуюм бароем-чӣ?..

Аз таъсири гармо дар таксии рӯйпӯш нафасгирӣ муҳол буд. Бештари одамон рост меистоданд. Гиряи ғашовари тифлони ширхора, «ах»-у «туф»-и носкашҳои шилқин ба дил мезад.

То расидан ба макони лозим андешаҳои чанде аз мусофиронро нисбати ҳолати ногувор сабт намудем. Худи ронанда аз суҳбат бо мо рӯй гардонд.

Хулоса, баъди имзои муаллифон ва масъулони рӯзнома фелетон зери унвони “Дар чархакот ҷонам…” чоп шуд. Аммо дертар ба сарамон борони тӯҳмату ҷанҷол борид. Ронандаи “тағо”-дор ба кумитаи ҳизбии собиқ вилояти Кӯлоб мактуб навиштааст, ки  фелетон дар ҳаққи ӯ буҳтон аст. Пайванди ронанда бо сӯйистифода аз мансаб мехост муаллифонро маъзул гардонад. Инро шунида, Зоҳирҷон Абдуллоев аз ҳаммуаллифӣ сар печид, «пуштибонҳо»-яш ӯро барои суҳбат даъват накарданд. Баъди бурду оварди бешумор коммунистон мани узви ҳизб набударо дар маҷлисашон ба таври худ “муҳокима” карданд. Аз ноҳаққиҳо ҷонам ба лаб расида, дар тараддуди ба маҷаллаи “Журналист”, воқеъ дар шаҳри Маскав, нома ирсол карданӣ будам, ки ба имдодам Шералӣ Яҳёев, мудири бахши таблиғотии кумитаи ҳизбии вилоят, расид. Вақте ӯ дарак меёбад, ки журналистро муҳокима доранд, ба муҳаррири рӯзномаи “Роҳи Ленинӣ” Шоҳмузаффар Ёдгорӣ занг зада, асли воқеаро мепурсад. Далелҳои шайъӣ: андешаҳои мусофирон (дар шакли хаттӣ) ва сабти овозашонро аз боби сифати пасти хизматрасонӣ ба масъулон пешниҳод намудам. Хайрият, кор ба пуштибонии ҳақиқатҷуён анҷом пазируфт.

Овардани муқаддимаи боло ба ин хотир аст, ки шахсияти журналисти маъруф, собиқадори хизмати давлатӣ, гирандаи нафақа барои хизматҳои махсус дар назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Шералӣ Яҳёев дар оинаи хотираҳо бармало гардад.

Ҷавони ҳушманд ба олами рӯзноманигорӣ осон роҳ напаймуда, то қаламрави сабзи орзуҳо гармиву сардиҳои зиёдеро дидааст. Волидайн намехостанд, ки яккаписари хонадон лаҳзае аз канорашон дур бошад. Ба муроди рӯзноманигор шудан Шералӣ ба факултаи навтаъсиси журналистии Университети давлатии Тоҷикистон ба номи Ленин (соли 1966) ҳуҷҷат супурд ва аз имтиҳоноти қабул сарбаланд гузашт.

Бо нони қаламкашӣ басар бурдану соҳиби шаъну эътибори омма гаштан на ба ҳар журналист даст медиҳад. Шералӣ, ки дар муҳити фарҳангии хонавода тарбият ёфта буд, насиҳатҳои падари омӯзгораш Яҳё Абдуллоевро умре фаромӯш намесозад. Яъне хидматгузорӣ ба халқро яке аз суннатҳои деринаи мардуми тоҷик меҳисобид, ки шоҳону пешаварон аз ин зовия ба мақсуд расидаанд. Чи дар Дастгоҳи кумитаи ҳизбии вилоят ва чи аснои рӯзноманигорӣ яксон рафтор мекард. Шабҳое, ки дар рӯзномаи вилоятии “Роҳи Ленинӣ” навбатдорӣ мекард, то расидани ҷигарбандаш падарро хоб намебурд.

Шералӣ Яҳёев дар миёни ҳампешагон бо фазилатҳои хосса тафовут дошта, ҳамнафаси мардум буданро авлотар мешуморад. Дар яке аз китобҳои  алломаи Машриқзамин Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо номи “Қиёфашиносӣ” омадааст, ки инсонҳоро ба зоҳир метавон бештари хисолашонро бозгӯ намуд. Дар симои ин марди покизасиришт аломатҳои донишмандиву дурандешӣ, олиҳиммативу эҳсонкорӣ ва ростравию ростнигарӣ, садоқатмандиву вафодорӣ таҷассум ёфтааст. Биноан, ӯ дар масири фаъолияти пурбаракаташ ҳаргиз бо сифлатабъону дурӯягон созгор наомада, ҳеҷ гоҳ сафедро бо сиёҳ намеомезад.

Гоҳе дар такяи андеша пеши назар меоварад, ки аксар инсонҳо якрӯву якзабон нестанд? Ӯ дасти садҳо корафтодагонро гирифта, аз дарду аламашон бохабар будааст. Дареғо, иддае бо сад макру ҳиял дар гирдаш  анкабутвор тор танидаву рӯбоҳсифат дум зада, чун харашон аз ҷӯбор мепарид, якбора дар ниқоби дигар намудор мешуданд. Эҳа, куҷо шуд он лобаву зорӣ ва худро гарданкаҷ гирифтанҳо? То ҳатто дар тӯйи хонаободии як ҷигарбандаш хабисаки бадзоти лӯлирафторе ба ҷойи муборакбодӣ ба дили ҳассосаш заҳри забон зада буд.  Худкомаи дигаре даҳсолаҳо инҷониб раҳи эҷодгарони асилро баста, дӯстонро дар нигоҳи ҳамдигар ҷанг андохта, дар олами бепаҳно танҳо худро дидан мехост. Ана ҳамин нигорандаи шуҳратпараст дар ҷанозаи ҳамтои марҳумаш, ки маҳз дар барҳаётӣ ба сараш рӯзи сияҳ оваронида буд, якбора пеши назари омма пайдо мешавад. Бо дидани башараи манҳус  медонистагиҳо оҳи сард кашида, пай наҳсашро нораво хонда, байнихудӣ пичир-пичир мекарданд. Вале бо дидани ин шумқадам Шералии ҳақгӯй аз худ раҳида, аз миёни издиҳом берун меояду раҳи рӯбоҳаки ҳилагарро мебандад ва бо садои шунаво мегӯяд:

-Магар ту ҳамоне нестӣ, ки то барҳаётии мардон аз пасашон забони ғайбат мекушоӣ ва номашонро пеши ҳамтабақонат паст мезанӣ? Имрӯз бо кадом рӯву риё хеста ба ҷанозаи ин марди шариф меоӣ? Рӯи аслият кадом аст, нобакори ҷангандоз?!

Рубоҳсурати пархошгар раҳи гурез наёфта, охир дар гӯшае паси одамони маҳшар паноҳ бурд.

Шералӣ Яҳёев борҳо гуфтааст, ки дар зиндагӣ қаламкашони якрӯву якзабонеро, ки сурату сираташон якранг бошад, кам вархӯрдааст. Бисёр мекӯшад, ки мардум дар ғоибаш ҳам алфози нек бигӯяд. Аз фарзандонаш низ тақозо мекунад, ки шабеҳи бобоёну бибиҳояшон зиста, ба номи шаҷараи иззатмандашон иснод наоваранд. Ҷамъи ҷигаргӯшаҳояш аз хатти кашидаи падару модар намебароянд, пеш аз оғози ҳар амал фотиҳаи кор мегиранд.

Ӯ ба ҳайси журналист ва публисисти номвар ҷойгоҳи вижа пайдо кардааст. Шояд, аз ангуштшумор қаламкашоне бошад, ки дар барқарории Ҳукумати конститутсионӣ дар иҷлосияи ХУ1-уми сарнавиштсози миллат дар шаҳри Хӯҷанди бостон ширкат варзида, рисолати таърихияшро содиқона ба ҷой овардааст.

Шералӣ Яҳёев марди бомулоҳизаву хушбин аст, ба масъалаи мавриди назар сатҳӣ наменигарад, паҳлуҳои афкори мусоҳибашро санҷида, он гоҳ хулоса мегӯяд. Ӯ одобу назокати муоширатро ҳини дар   Кумитаи ҳизбӣ, раиси Иттифоқи журналистони вилояти Хатлон ва мудири шуъбаи назоративу ёвари Шаҳрдори Душанбе фаъолият доштанаш аз афроди соҳибтаҷриба омӯхта, ба фардои дурахшони Тоҷикистони азиз эътимод парвардааст.

Журналисти собиқадор ба даври лавҳу қалам диду мушоҳидаҳояшро дар дафтарҳои зиёде болои сафҳа оварда, хазинаи матбуоти тоҷикро боғановат гардонидааст. Барчидаҳои зеҳнии Шералӣ Яҳёев дар маҷмуаҳои “Аз як дона садҳо тонна”- (“Қурғонтеппа”, 2001), “Марде аз канори Хоҷасартез”- (“Нашри анвор”, 2012), “Расонаҳои хабарии мустақил ва ғайридавлатӣ дар вилояти Хатлон”- (Душанбе, “Ирфон”, 2013), “Дирӯз ва имрӯзи хоҷагӣ”- (Душанбе, “Ирфон”, 2013), “Шукри тақдир”- (Душанбе, “Ирфон”, 2013), “Лутфи намакёфта”- (Душанбе, “Ирфон”, 2013), “Сарбаландам бо падар”- (ҶДММ “Балоғат”, 2013) ва “Табиби дардошно”- (ҶДММ “Балоғат”, 2014) ба ин гувоҳи барҳақанд.

Дар миёни журналистони бешумор собиқадори соҳа, устод Шералӣ Яҳёевро ҳамин гуна шинохтаам.

Зодрӯзи дӯсти киромиқадр хуҷаста бод!

Сипеҳр Абуабдуллоҳи ҲАСАНЗОД, адиб

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь