Сабзиҷон, ҳой Сабзӣ, маро бубахш, ки туро ночиз шумурдам, на сурхӣ ва на зардиатро ба эътибор нагирифтам! Акнун, гуфти бародарони эронӣ, шармандатам.

Ту ҳам акнун эрка шудӣ, Сабзиҷон. Гоҳ аз узангу мефароӣ, гоҳ болои зин мебароӣ. Болои зин ку дарди бахайр, боз ҳам болову боло париданиӣ. Наход эроди ман ба ту ҳамин қадар сахт расида бошад-а!? Гунаҳгор шудам, ки дар ошхона оши камсабзӣ фармоиш додам? Агар ҳа, боз бахшиш, аз қаҳрат фаро акнун. Ё мехоҳӣ забони акаи Азизи ошпаз дароз шавад? Бе ин ҳам ҳар нисфирӯзӣ мазоҳу масхараамон мекунад, ки «оши бесабзӣ кашам?».

Рости гап, Сабзиҷон, ман он қадар боварӣ надорам, ки ту чунин бераҳму беинсоф бошӣ. Шояд айб дар бозор ва фурӯшандаҳои молу маҳсулот аст. Зеро, чанд рӯз пештар овозае пайдо шуд, ки дар бозори «Панҷшанбе»-и шаҳри Хуҷанд сабзии эронӣ «ҳоким» гардидааст ва нархаш гӯшхарошу дилрешкунанда — 10 сомонӣ. Аммо баъдтар маълум шуд, ки савдогарони беинсоф сабзии куҳнаву тосидаро бастабандӣ кардаву бо нархи гарон фурӯхтаанд. Хайр, дидӣ, ки айби ман набудааст!? Биё, акнун ситеза бас аст! Асаби бе ин ҳам харобамро нохун назан. Ҳолам он қадар ҳам хуб нест. Дилам сих мезанад, гӯшҳоям ғув-ғув мекунанд, иштиҳо надорам, базӯр се-чор коса шӯрбо мехӯрам, дастам ба кисаам намеравад, то як кило сабзӣ гирам.

Ҳе-е-е, чӣ, фикр кардӣ, ки воҳимаву хасисӣ мекунам!? Не, охир! Ҳасан шоҳид аст, дар шаҳри Истаравшан худамон бо чашми сар дидем, ки нархи сабзӣ аз нархи биринҷ болост. Аз ин дида таҳқири зиёд нисбати бани одам ва биринҷ ҳаст? Не, ҳаргиз не! Камбағал биринҷ, чанд вақт пеш нозҳои хари Бӯриро мекард. Фикр намекард, ки ҷову усулаш ояд, нимобӣ он тараф, ҳатто лалмӣ обиро ба як нӯл мезанад!

Дидӣ, Сабзиҷон, ман чӣ қадар шефта ҳастаму туро зебо-зебо таъриф мекунам!? Баръакси акаи Асрор. Ҳатто чанд рӯз пеш аз пушти ту қариб буд бо ӯ дастбагиребон шавам. Медонӣ чӣ мегӯяд? Кафки даҳон паронд, ки «ҳамин сабзии эркаатонро чанд сол пеш ба гов медодем, дилаш беҳузур мешуд!». Лекин, гап байни худамон, гапаш дурӯғ нест. Худам шоҳид, боре як ҳамсоя ба бозор сабзӣ бурд. Ду соати расо дар бозор нишаст, аммо харидори ҷазмие пайдо нашуд. Нафаре як халтаи чилкилоии сабзиро 13 сомонӣ нарх монд. Ҳамсоя ба ғазаб омад, аз обилаҳои кафи дасташ шиква кард ва сабзии халтаро батамом назди хари канори бозор лангаршуда рехту баргашт.

Намурдему чанд сол зиндагӣ кардем ва медидем, ки ту он қадар қадри кироӣ ҳам надоштӣ. Имрӯз бошад, буҷулат асп хест. Чунон фохиру гаронарзиш шудӣ, ки кас ҷуръат намекунад фикри дар ош андохтанатро ба сар парварад. Акнун, намедонам то чанд шӯрбо, дақиқтараш пиёзоба мехӯрем. Ҳатто, имрӯз туро ба мард ташбеҳ мекунанд, занҳоро ба пиёз. Ба қавле, қаҳрамони масоили гендерӣ шудаӣ. Гӯё сабзӣ мисли мардҳо каму бақадр шуд. Аммо, рости гап, истилоҳоте ба монанди «сабзии пиёзмонанд» ҳам ба гӯш мерасанд, ки маънияшон пастсифатии сабзӣ аст. Яъне, раванди иҷтимоӣ шудани ту дар авҷ аст. Дур бод он рӯз, ки туро ба гирдоби сиёсат кашанду баҳси сабзиро сиёсӣ кунанд!

Чӣ? Чаро аз сиёсат гуфтам? Бемаврид гуфтам? Ноҷо гап задам? Агар чунин фикр дошта бошӣ, боз ҳам маро бубахш. Аммо бояд ҳама вақт, дар ҳама ҳолат ҷони гапро гуфт. Аз худ нарав, ки суханравои мутлақ шудаӣ. Инро вақт нишон медиҳад. Зеро, ҳама чиз ҷои худро дорад ва имрӯз не, фардо дар нуқтааш қарор мегирад. Картошка ҳам, пиёзу кадуву лӯбиёву боимҷон ва лаблабу низ. Ғазабамро наёр! Косаи сабрамро лабрез накун! Набошад, худи пагоҳ назди вазири кишоварзӣ ҳозир мешавам ва мушовирии ӯро бемузд ба уҳда мегираму муқобилат чунон маъракаи идеологие ташкил кунам, ки то дунё боқист, фаромӯшат нашавад!

Рости гап, дилам суст аст, намехоҳам бо касе сахт гап занам ва касеро ранҷонам. Аммо, охир, аз сустии дили ман истифода набар ту! Чун, ҳадафам ранҷонидани ту ва хафа кардани марди деҳқон нест. Ҳатто аз вазир ҳам домангир нестам. Танҳо мехоҳам, ки дар ин марҳилаи душворандешӣ ҳамаамон ба муросо биёем. Мегӯянд-ку, «ҷомаи бомаслиҳат кӯтоҳ намеояд». Муросокорӣ бошад, тухмро ба чанд навъ пазонидан мумкин аст. Дақиқтараш, маро барои иҳонатам нисбатат бубахш ва ман дар ҷавоб ҳамчун қосиди ту назди вазири кишоварзӣ медарояму хоҳиш мекунам, ки аз ин пас дар мавриди зироаткорӣ танҳову танҳо аз таҳлилу ташхис кор бигиранд. Яъне, бо деҳқон робитаи зич барқарор намоянд, ба далелҳои оморӣ таваҷҷуҳ диҳанд, бозори истеъмолии мардумро омӯзанд, аз тағйири рӯзафзуни қурби асъор ҳама вақт огоҳ бошанд, пешгӯии бодуҳавосанҷҳоро ба мазоҳ нагиранд, ҳолатҳои фавқулоддаву офатҳои табииро дар назар дошта бошанд, ҳамвориву ноҳамвории роҳи байни истеҳсолкунандаву истеъмолгарро дақиқ созанд, ҳолати мелиоративию муқоисавии заминҳоро санҷанд, меҳнатолоту дорувориҳоро ташхис кунанд. Яъне, зироаткориро аз рӯйи принсипи «ҳар чиз дар ҷои худ ва ба андозаи худ» ба роҳ монанд. Охир, шарт нест, ки як сол нархи сабзӣ гарон шуд, соли дигар ҳама ба коштани сабзӣ камар бубандем. Ё пиёзро аз меъёр зиёд истеҳсол кардаву баъд пӯсонида, ба дарёҳо бирезем.

Ана ҳамин хел, Сабзии ҷон! Ту аз қаҳрат фаромадаву паст мешавӣ ва ман қосидиатро ба уҳда мегирам. Охир, худат фикр кун, дар ҳамин замонаи пешрафти илму техника агар вазири кишоварзӣ бо баҳонаи ту, яъне Сабзӣ ба истеъфо равад, айб нест? Албатта айб аст.

Беҳтараш вазир дар вазифааш монад ва ба таҷдиди ҷиддии соҳаи кишоварзӣ машғул шавад. Вақте таҳлилҳо коршиносонаанду дурнамо пешбинӣ мешавад, бовар дорам, ту ва ҳамаи дигар сабзиҷот соҳиби адолат ва дастраси мардум мегардед. Шояд он вақт акаи Хуршеди ошхоначӣ, ки сарпӯши деги ошпазиашро бо сабаби гароннархии ту қулф задааст, дари ин зарфи урфиро кушояду мизоҷонро хурсанд намояд.

Бай-бай, дилам бисёр мехоҳад, ки як оши серсабзӣ бошад…

Фазлиддин ХОҶАЕВ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here