Модар ганҷинаи бебаҳои умри инсон аст. Афсус, ки фарзанд ба таври дилхоҳ аз дарёи муҳаббати беканори модар баҳра гирифта наметавонад. Ин амал номумкин аст.

Инсон мавҷуди миранда буда, вақту соати маргашро намедонад. Ва марги талх ҷавонию пирӣ ҳам надорад. Соли 2021 барои дӯсти азизамон, устоди ДМТ Хушбахт хушбахтӣ ато накард. Санги кӯҳи ғам ғелида санги орзуяшро беҷо намуд. Хушбахт ин сол худро хушбахт надид. Зеро модари бузургвораш – апаи Ҷӯраева Бибикалон моҳи июн аз деҳаи Мадм бо умеди раҳоӣ аз беморӣ ба Душанбе омада, дар ҳамин шаҳр аз олам чашм пӯшид.

Тири аламу дард синаашро чок кард. Ҷойи худро дар хона наёфта, ҳавлиро гаштаю баргашта давр мезанад. Умед дошт, ки модар пайдо мешавад ва бо табассуми малеҳ истиқболаш мегирад. Аммо сад афсӯс…

Тавре ки худи Хушбахт арз кард, “то модарам буд, дунё аз ман буд ва рисқи фаровон пеши дарам буд”.

Бемории модар ва талоши фарзандон

Бемории модар бемории хонадон аст. Таъму лаззати таом бароят бегона менамояд. Асал хӯрда ширинӣ намефаҳмӣ. Садои хуш нохуш мерасад. Гармии офтобро ҳис ҳам намекунӣ.

Камҳаракатӣ ва беиштиҳоии модар дар ҳақиқат фарзандонро ба ташвиш овард. Худро нороҳат ҳиc карданд. Охир ки ҷойи ин фариштамодарро барояшон иваз карда метавонад?

Ду бародари калонӣ пайваста аз Россия ба Хушбахт занг зада, аҳволи модарро пурсон мешуданд. Хеле хавотир шуда буданд. Дар мамлакати бегона дард зиёдтар эҳсос мешавад.

Хушбахт бошад, то ҳадди имкон модарро аз як табиб ба табиби дигар мерасонид то аз ҷамъи фикрҳо роҳи наҷот пайдо шавад. Дигар вақт худаш дар хизмати модар буд. Барояш дар хона ҷойи муносиб ва салқин омода мекард. Ҳамсараш барои хушдоман таоми нав ба нав мепӯхт. Вале  иштиҳои хароби модар Хушбахтро нороҳат мекард. Дарун – дарун чун шамъ месӯхт. Охир ӯ мехост каме ба модар дар ҳамин лаҳза хизмат намояд. Аммо накшаҳояшро ҳоли афкори модар барбод медод. Аз бехобии модар бехоб буд. Аз нотобии модар – нотоб.

Модар чи хел рафт, касе намедонад. Ва касе бовар надорад…

Аҷаб расмест, расми одамизод,

Ки ҷонаш меравад, бовар надорад.

Дар ҳақиқат, марги модари Хушбахт муаммост. Дар вақти эҳсоси нороҳатӣ зуд модарро тавассути мошин ба беморхона бурданд. Табибон дар вуҷуди модари азиз ҷонро надиданд. Бар гуфтаи яке аз табибон модар чанд дақиқа пештар шояд дар дохили мошин гузашта бошанд.

Ин тири алам бар ҷигари Хушбахт расид. Додаш ба фалак печид. Худро бекасу аламдида ёфт. Ҳама дар ҳайрат буданд. Охир лаҳзае пештар гап мезад. Ӯ чӣ хел рафт, касе намедонад, ба ҷуз Аллоҳ. Рӯҳаш шод бошаду ҷояш ҷаннат.

Дуои сабз ба Хушбахту Хуршед

Модар ҳанӯз дар зинда будан, ба фазандони дар наздаш буда, Хушбахту Хуршед дуои сабз дода буд. Охири умр по бештар бар остонаи хонаи фарзандон гузошт. Сари фарзандони фарзандонро сила кард. Барояшон шеъру афсона гуфт. Баракати рӯзгорашонро фузуд. Меҳри бародаронро дида, шукр намуд. Кафи дасти дуо кушод, то дар амну осоиштагӣ умр ба сар баранд. Барояшон дафтари панду насиҳатро мерос гузошт. Оре:

Модар, модар каси ба ҳиммат бошад,

Дидори шарифи ӯ ғанимат бошад.

Аз махзани панди ӯ бигир арзонӣ,

Фардо чӣ кунӣ, ки ганҷи қиммат бошад.

Шаби соли нав дар деҳаи Мадм

Бо амри тақдир шаби соли нави 2019  як гурӯҳ дӯстон бо роҳбарии устод Зубйдов З. ва шоир Халифабобо Ҷумъазода дар хонаи модари Хушбахт меҳмон буданд.

Сӯгвории шоир Халифабобо Ҷумъазода барои Хушбахт далели рафоқати дустона аст:

Хушбахт, Хушбахт алам кашидам, додар,

Аз базму тараб қадам кашидам, додар.

То баҳри ту ман рисолаи бинвисам,

Бо хуни дилам қалам кашидам, додар.

Ҷамолиддини ҶАЛОЛИЁН

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь