Худкушӣ ва ё даст задан ба ҷони хеш амалест, ки  боиси нигаронӣ ва ташвиши ҳамагон аст. Масъалае, ки барои ҳар як миллат нангбор аст. Худкушӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки инсон дар назди мушкилоти зиндагӣ оҷиз монда, роҳи дигари ҳал намудани мушкилотро намебинад ва таслим мешавад. Худкушӣ кирдори номатлуб ва даҳшатбори ҷомеа буда, бо шунидани чунин хабари шум кас ба ваҳму таҳайюр меафтад. Ин амали ношоиста натанҳо ба худи инсон, балки ба хешовандону наздикони ӯ ҷабри зиёд меоварад. 

Ҳолатҳои ба худкушӣ даст задан аз ҷониби психологон ба се синф ҷудо карда шудааст: худкушии ҳақиқӣ, худкушии намоишӣ ва ба худкушӣ расонидан.

Худкушии ҳақиқӣ: он синфи худкушиест, ки инсон муддатҳост, ки ин кирдорашро ҳаматарафа ба нақша мегирад: макон ё олоти худкушиашро якчанд маротиба месанҷад, қарзҳояшро бармегардонад, бо наздикон мисле, ки хайрбодӣ мекунад. Ёддоштҳои худкушии бо шарҳи чунин рафторашро менависад. Оқибати кирдорашро ҳамаҷониба санҷида, баъдан даст ба чунин амал мезанад. Тамоми фикру ақида ва ҳиссиёти наздиконаш барои ӯ аҳамияте надорад. Ин намуди худкушон дар марги худ касеро гунаҳкор намеҳисобанд.

Худкушии намоишӣ: мақсади чунин афроди худкуш аслан қассос аст. Қассос аз волидайн, дӯстону наздикон ва ё атрофиён. Дар ҳолате, аз ҷониби волидайн беаҳамиятӣ, сарзаниш ва хунукназарӣ зоҳир мегардад бо чунин рафтор онҳо мехоҳанд, ки қассос гиранд ва ё ҷазо диҳанд.

Ба худкушӣ расонидан: равандест, ки бо сабаби дигарон даст ба худкушӣ мезананд, яъне аз ҷониби наздикон мазаммат, таъқир, туҳмат, пастзанӣ, бадбинӣ карда мешавад. Таҷовуз, лату кӯб, монда шудан аз зиндагӣ, надоштани шавқу ҳавас ба ҳаёт, тарс аз ҷазо ва доғдор шудан, дар ҳолате, ки аз ҷониби наздикон ва ҷамъият таҳқир карда мешавад, бархе аз омилҳое мебошанд, ки инсонро ба худкушӣ водор месозанд.

Мувофиқи моддаи 109 – и кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ барои водор сохтан ба худкушӣ ҷазо пешбинӣ шудааст, ки аз ду банд иборат аст:

1.Бо роҳи таҳдид, муомилаи бераҳмона ё пастзании мунтазами шаъну эътибори шахси ҷабрдида ба худкушӣ ё сӯиқасди худкушӣ расонидани шахс, бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдор нисбати шахсе, ки аз ҷиҳати моддӣ ё аз ҷиҳати дигар тобеи гунаҳгор мебошад ё ин ки дар ҳаққи ноболиғ содир шудааст, бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазо дода мешавад

Саидзода Баҳрулло, номзади илмҳои психологӣ, мудири кафедраи психологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон вобаста ба психологияи синну солӣ ва таъсири он ба буҳронҳои гузариш чунин қайд карданд: “Айёми наврасӣ замоне, ки инсон дар буҳрони гузариш байни кӯдакӣ ба наврасӣ қарор дорад, ҳиссиёти зиёд ӯро фаро мегирад. Дар ин ҳангом ҳисси таваҷҷуҳхоҳӣ зиёд мегардад.  Ӯ мехоҳад, ки падару модар ӯро таърифу тавсиф намояд. Дар тамоми ҷо машҳуру маъруф бошад. Дар мадди таваҷҷуҳи дӯстон, мактаб, ҳамсоягон, оила ва хешу наздикон бошад. Чизе, ки мехоҳад фавран ба даст орад. Тамоми орзуе, ки мепарварад, зуд амалӣ шавад. Вай дар як ҷаҳони пур аз хайёлҳои худ зиндагӣ мекунад. Зиндагиро пур аз мӯъҷиза ва руё тасаввур мекунад. Ин аст, ки бо хурдтарин сарзанишу озор дар наврас амали худкушӣ парварида мешавад. Баъзе аз наврасон ҳатто тасаввур карда наметавонанд, ки онҳо абадан мемиранд. Онҳо тавассути худкушӣ ҳисси афсусу надомат ва таассуфу таваҷҷӯҳи атрофиёнро махсусан волидонро бедор кардан мехоҳад.

Давраи ҷавонӣ замонест, ки инсон аз хаёлҳои хом ба ҳақиқат назар мекунад. Ин давра бо хусусияти мақсад ва мароми зиндагиро пайдо намудан, фарқ мекунад. Ин бӯҳрони гузариш дар инсон ҳисси муҳаббат, нафрат, кина, ҳасрат ва дигар эҳсосотро бедор месозад. Ва дилшикастагӣ, хиёнат, душманӣ ва ноадолатӣ метавонад дар инсон нафрат ба ҳаёту зиндагиро пайдо намояд, ки ин дар навбати худ имконияти даст задан ба ҷони худро меафзояд. Масъалаҳои дигари ҳаётие, вуҷуд дорад ки ҷавонон ба неруи мустақилонаи худ бовар намекунанд, фикр мекунанд, ки аз уҳдаи вазифа ва ҳалли онҳо баромада наметавонанд. Ҷавонон бо мушкилиҳои худ танҳо мемонанд, ки дар натиҷа ба паст шудани худбаҳодиҳӣ оварда мерасонад. Аз тарафи волидон ва аъзоёни оила муҳаббату дӯстдорӣ ва таваҷҷӯҳро ҳис намекунанд ва роҳи халосӣ аз ин мушкилиҳоро танҳо дар роҳи  худкушӣ мебинанд. Маҳз ҳал нагардидани ин мушкилиҳо ҷавононро ба парешонҳолию афсурдаҳолии равонӣ ва худкушӣ оварда мерасонад. Инчунин дар даврони наврасӣ ва ҷавонӣ хусусияти тақлидӣ дар афкори инсон пайдо мегардад. Онҳо аз филм ё ҳолати шунидаву дидаи худ намунаи идеалӣ месозанд. Ва айнан чунин кирдорро ба худ раво мебинанд.”

Миров Фирӯз номзади илмҳои фалсафа, дотсент, мудири кафедраи сотсиологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мегӯяд, ки яке аз сабабҳои даст задани инсон ба худкушӣ ин дарк накардани моҳияти марг аст:

“Марг зуҳуроти табиӣ – биологӣ аст ба истисони ҷиҳатҳои иҷтимоии ба мисли садама, бемориҳои табобатнашаванда, ё офатҳои табиӣ. Ҳамеша инсоният кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки намирад. Агар ба таърихи ташаккули инсоният назар андозем, шоҳид мешавем, ки инсоният ҳамеша бо марг мубориза мебурд. Тамоми он ихтирооту кашфиётҳо ва он ҳама падидаҳои иҷтимоӣ маҳз барои пешгирӣ, шарҳ ва дароз намудани умри инсонӣ равона карда шудааст. Дар даврони ҷавониву миёнаҳолӣ одамон ба моҳияти марг камтар таваҷҷуҳ  мекунанд. Агар ягон хатар эҳсос нашавад, аз марг наметарсанд.

Худкушӣ сифати биологӣ, табиӣ ва ирсию ботинии шахс нест. Он дар натиҷаи муносибату робитаҳои иҷтимоӣ сар мезанад. Хоҳиши худкушӣ намудан гузаранда аст, ҳатто дар умқи шуури шахсони аз ҳаёт безоргардида низ дилбастагӣ ба зинда мондан вуҷуд дорад. Психологҳо сабаби асосии худкуширо дар бемории рӯҳӣ мебинанд. Аммо тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки то 85%-и шахсони қасди худкушӣ намуда, одамони солиманд.

Мувофиқи ахбороти Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар ҳар як 40 сония дар ҷаҳон як нафар ва дар як сол то 800 000 нафар бо роҳи худкушӣ ҷони худро аз даст медиҳанд. Аслан, инсон дар синну соли наврасӣ ва ҷавонӣ даст ба худкушӣ мезанад, чун умр барояшон арзиш надорад. Тафаккур низ дар сатҳи зарурӣ инкишоф наёфтааст. Инчунин замони аз давраи кӯдакӣ ба наврасӣ ва аз наврасӣ ба ҷавонӣ буҳрони гузариш пайдо мешавад, ки дар ин давра инсон бениҳоят ҳассосу нозук аст. Худкушӣ барои ҳар як оила ин худ як фоҷиа ва бадбахтӣ аст, зеро ҳаёти як ҷавон барбод меравад ва баъдан, боиси ғаму андуҳ ва сарпастию маломати волидону аъзоёни оила мегардад. Новобаста аз сабабҳои сар задан худкушӣ ба оила тамға мегузорад, атрофиён бо оилаҳое, ки аъзояшон худкушӣ намудааст, бо шубҳа ва эҳтиёт муносибат менамоянд ва дар алоҳидагӣ онҳоро маҳкум мекунанд. Кӯшиш мекунанд, ки бо ин гуна оила ё хонаводаҳо муносибати хешутаборӣ пайдо накунанд ва аз онҳо дурӣ ҷӯянд.”

Инчунин, Миров Фирӯз қайд карданд, ки сабабҳои даст задани инсон ба ин амал ҷабҳаҳои гуногунро дорост. Ҳастанд омилҳои аниқи тасдиқшуда, ки сабабгори даст задан ба худкушӣ мегарданд. Инҳо мушкилиҳои иқтисодиву молиявии ҷавонон, ки бо омили камбизоатӣ, бекорӣ, қарздории оила алоқамандӣ дорад, низову зуроварии оилавӣ байни ҳамсарон, волидон, фарзандон, хоҳару бародарон, келину хушдоман, хоҳари шавҳару келин, хиёнати яке аз ҳамсарон, аздастдиҳии шахси наздик, муноқишаҳои байни писару духтари ҷавон, ки бо якдигар муносибат доранд, бемориҳои табобатнашаванда, паҳншавии овозаву туҳматҳо ё ошкори сирру асрори шахсӣ, тарсу изтироб ва таҳдидҳо мебошанд.

Ҳарчанд дар аксарияти давлатҳо барои пешгирии ин падидаи номатлуби иҷтимоӣ барномаҳои мушаххас ва нақшаю стратегияҳо кор карда баромада шуда бошанд ҳам, аммо то ба ҳол ин масъала роҳи ҳалли худро пайдо накардааст. Махсусан, динҳо, ки ба ҳаёти шаҳрвандон таъсири назаррас доранд, худкуширо маҳкум менамоянд, аммо эътиқоди қавии динӣ низ пеши роҳи худкуширо гирифта натавонист, зеро ҳамасола дар ҷаҳон ҳазорҳо нафар бо ин тариқ ҷони худро аз даст медиҳанд ва чандин нафар дигар ашхосони наздикашонро дар ҳолати маъюси ва шармандагӣ мегузоранд.

“Мувофиқи натиҷаҳои таҳлили маълумотҳо дар минтақаҳое, ки алоқаҳои анъанавӣ миёни волидону фарзандон ва аъзоёни дигари оила мустаҳкам ҳастанд, шумораи худкушӣ камтар дида мешавад. Махсусан, наврасону ҷавонон, ки ҳоло таҷрибаи ҳалли мушкилиҳои зиндагиро надоранд ва давраи гузариши ҳётии худро аз сар мегузаронанд, бояд зери таваҷҷуҳи волидон ва дигар аъзоёни оила қарор гиранд. Агар дар ҷавоне, ки нишонаҳои майли худкушӣ ошкор карда шавад, бояд аз тарафи атрофиён ва махсусан, аъзоёни оила пинҳонию ошкоро бояд ҳар як рафтору амалаш зери назорати ҷиддӣ қарор гирад. Кӯмаки психологӣ барои пешгирии худкушии ҷавонон мусоидат менамояд. Мутаассифона, дар шаҳрвандони Тоҷикистон ҳанӯз маданияти муроҷиат ба кӯмаки равоншинос қариб шакл нагирифтааст ва аз хизмати онҳо қариб истифода намебаранд. Рисолати психологҳоро дар Тоҷикистон ба таври ғайрипрофессионалӣ, ғайриилмӣ ва хурофотӣ ба ном муллою фолбинҳо, дилбинҳо ва дигар авомфиребону қаллобон иҷро менамоянд. Вақти он расидааст, ки тавассути ВАО манфиат ва аҳамиятнок будани ташхисҳо ва кӯмакҳои психологӣ ба аҳолӣ фаҳмонида шавад”- таъкид карданд Миров.

Худкушӣ аз назари динӣ, хусусан дини мубини  ислом маҳкум гардидааст. Онро дини ислом чун амали ношоиста ва номатлуб арзёбӣ мекунад. Искандаршоҳ Умаров, муаллими калон, муовини ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа амали ҳудкушӣ ва ҳукми онро дар дини ислом чунин изҳор намуданд: Худкушӣ аз байн бурдани нафс ба ҳисоб меравад, ки Худованд онро ба амонат гузоштааст. Ва ҳеҷ кас ҳақ надорад, на танҳо хиёнат кардан, балки нисбати ба ин амонат бетаваҷҷуҳӣ кардан низ иҷозат дода намешавад.

Худованд дар ояти 29-уми сураи «Нисо» мефармояд:

«…Ва хештанро макушед. Ба дурустӣ, ки Худо ба шумо меҳрубон аст».

Пайғамбар (с) низ дар ҳадиси мубораки хеш мефармоянд: “Онҳоеро, ки даст ба худкушӣ задаанд, аз лутфу карами Худованди меҳрубон маҳрум дониста, аз зумраи ба ғазаби Худованд гирифторшавандагон медонад.

Ҳар касе бо кадом воситае, ки набошад худкушӣ кунад, бо ҳамон чиз дар охират азоб дода мешавад.

Ҳаёти инсон муқаддас аст, зеро он аз нафаси раҳмонӣ сарчашма гирифтааст, барои ҳамин ҳеҷ кас ҳақ надорад, ки ҷони худ ва дигаронро бо роҳҳои ғайри илоҳӣ ба ҳалокат расонад. Худованд мефармояд:

 «Ва нафсеро, ки Худо (куштанашро) ҳаром кардааст, ҷуз ба ҳақ мекушед! Ва ҳар ки ба ситам кушта шавад, пас вориси ӯро қуввате додааст, пас, бояд, ки дар куштан зиёдаравӣ накунад…» (сураи «Исро», ояти 33).

Дар ояти 34-и сураи «Аъроф» Аллоҳ таоло фармудааст:

«Ва ҳар гурӯҳеро мӯҳлате ҳаст. Пас чун мӯҳлаташон биёяд, на як соат таъхир кунанд ва на пеш раванд».

Дар ояти 78-и сураи «Нисо» омадааст:

 «Ҳар ҷо, ки бошед марг шуморо дармеёбад, агарчи дар кохҳои баланд бошед…».

Вазифаи ҳар фарди ҷомеа аз он иборат аст, ки барои аз байн бурдани ингуна ҷиноятҳои мудҳиш, ки хилофи шариати исломӣ ва сиришти инсонӣ мебошад, якҷо мубориза барем ва нагузорем ҷавонони зебою баркамоли мо бо ин кори бешарафона худро аз неъматҳои ҷовидонаи биҳишт маҳрум созанд” Пас аз чунин таҳлилҳо бармеояд, ки худкушӣ на танҳо дар ҷамъияти ҳар мамолики ҷаҳон, балки дар илму дини башарӣ низ кирдори зишту нораво ва ғайриқобили қабул пазируфта шудааст. Пешгирии чунин зуҳурот натанҳо аз ҷониби ҳукумат ва ё ташкилотҳои махсус, балки аз ҷониби худи ҷамъияту оила вобастагии зич дорад. Ин аст, ки аз падару модар ва калонсолони оилаву хонавода талаб карда мешавад, ки ба фарзандони худ беаҳамиятиро зоҳир нанамоед. Барои оянда ва рушди фарзанд бояд вақту қувва сарф намоянд. Аз олами ҳастии кӯдак ҳамеша огоҳ бошанд. Ҳамеша кӯдакро дар як давраи пур аз меҳру муҳаббату ғамхорӣ иҳота намоянд, то ки кӯдак худро танҳо ҳис накунаду дар фикру хаёлҳои хоми худ гумроҳ нашавад.

Латифабону РУСТАМЗОДА

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here