(Марсияи Ҷумахон Нурзода дар марги фарзанди ҷавонмаргаш Мадамон Нурзода)

Фарзандам! Ҷигарбанди ҷавонмаргам!

Аз рӯзе, ки он ҳодисаи шум рух доду туро аз мо барои ҳамеша рабуд, падарат хӯру хобро аз ёд бурдааст, шабу рӯзаш яксон берангу бемаъност. Симои ту, қади чун алифи ту, рафтору гуфтори туро пеши назар меовараму хун мегирям. Туро меҷӯяму намеёбам, туро меҷӯяму мегӯям:

Ҷони худ бидҳаду ҷони ту иваз бистонад,

Гар бувад қобизи арвоҳ ба фармони падар…

Аммо дареғо, ки ОДАМ бо ҳама қудрату тавонаш пеши МАРГ бечора будааст…

Эй кош, ба ҷои ту ман мемурдаму ин рӯзи сиёҳро намедидам…

Эй кош, ту дар он соати шум ба роҳ намебаромадӣ.

Эй кош, се фарзанди маъсуматро ятими нолону гирён намекардӣ…

Эй кош…

Туро, ки нахустин фарзанди хонадони мо будӣ, бо ҳазорон орзу бузург кардем, ба ту номи падарамро гузоштем: МАДАМОН. Дар кӯдакиат бо умеде дастатро мегирифтам, ки дар пирӣ ту дастгирам бошӣ. Балки тобути маро ту бардориву ту гӯрам кунӣ… Аммо афсӯс…

Ту бузург шудиву баъди хатми донишгоҳ ба мақомоти корҳои дохилӣ ба кор оғоз кардӣ. Ҳадафат хидмати содиқона ба халқу Ватан буд. Ва то охирин рӯзи ҳаётат дар ин роҳ қадам гузоштӣ… Мегуфтӣ, ки нони ҳалол дар хидмати ростин аст. Ва фарзандонатро бародару хоҳаронатро ба ин роҳ ташвиқ мекардӣ.

Рӯзе, ки аз ҷои корат (ноҳияи Шаҳритус) ба самти шаҳри Душанбе ба хонаат бармегаштӣ, зану фарзандонат бехабар аз бозиҳои ноаёни тақдир туро интизор буданд. Ғофил аз ин ки дигар дида ба дидор нахоҳад расид.

Охир, рафтиву ғами маро нахӯрдӣ, ғами бародару хоҳаронатро нахӯрдӣ? Ҳамаро дидагирёну синабирён кардӣ. Ҳама як тараф, дилат ба се фарзанди нозанинат насӯхт? Ман ба он бачаҳои маъсуму бегуноҳ чӣ ҷавоб хоҳам дод, вақте ки аз ман суроғи туро мегиранд? Чӣ хоҳам гуфт, вақте онҳо “падарам куҷост?” мегӯянд?

Оҳ, фарзандам! Оҳ, қалби пора-пораам! Чӣ қадар гарон аст бардоштани тобути фарзанд аз ҷониби падар! Магар раҳмат ба падарат наомад? Тобу тавони бардошти ин мусибатро надорам. Ҷигарам лахт-лахт шуду аз дидаам фурӯ чакид, писарам…

Рехтӣ хуни дил аз дидаи гирёни падар,

Раҳм бар ҷони падар н-омадат, ай ҷони падар.

Кошки умри дароз медидиву фарзандонат аз дидорат ташнагӣ мешикастанд. Кошки дар айни ҷавонӣ – дар 33-солагӣ аз мо намерафтӣ.

Эй дунё, дунёи бевафо! Баҳорон ҳар гуле баъди хазон шудан дубора сар аз хок мекашаду сабз мешавад. Оё ту ҳам, эй шохаи сабзи барвақт шикастаи ман, ту дубора пеши чашми ман қад кашидаву сабз хоҳӣ шуд? Оё дубора меоиву “падарҷон” гуфта, аз дар медароӣ? Оё дубора меоиву фарзандони ғамгинатро ба оғӯш мегирӣ?

Оҳ, писарам! Оё чӣ сиррест дар 33-солагӣ, ки бузургтарин шахсиятҳо, беҳтарин ҳунармандону шоирон, ба мисоли Аҳмад Зоҳиру Кароматуллоҳи Қурбон, Фурӯғи Фаррухзоду Брюс Ли ва чандин нобиғаҳои дигар дар ҳамин сину сол ба таври фоҷиавӣ тарки ин дунё кардаанд. Мегӯянд, ки ҳамаи одамонро Худованд 33-сола месозаду баъд ба биҳишт ворид мекунад… Бо дидаи гирёну нолон аз Худо мехоҳам, ки равонатро шоду маконатро биҳишти ҷовидон гардонад. Ёду номи ту ҳаргиз аз хотири мо нахоҳад рафт, ҷигарбандам.

Дидор дар қиёмат, фарзанди ҷавонмаргам! Дидор дар қиёмат!

Бо дуо, падари ҷигархуни ту Ҷумахон Нурзода

Нурзода Мадамон Ҷумахон якуми июни соли 1989 дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин таваллуд шудааст. Соли 2013 баъди хатми Донишгоҳи аграрии шаҳри Красноярски Федератсияи Россия дар Вазорати корхои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор шуруъ кард. Соҳиби рутбаи “майор” буда, дар вазифаи муовини сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Шаҳритузи  вилояти Хатлон фаъолият мекард. Оиладор, соҳиби се фарзанд.  20 октябри соли 2022 дар як садамаи нақлиётӣ дар роҳи Шаҳритус – Душанбе дар синни 33-солагӣ ҳалок шуд.

Ҳайати эҷодии рӯзномаи “Фараж” ба дӯсту бародари азиз Ҷумахон Нурзода бинобар фоҷиаи сангини ба сарашон омада, сахт андӯҳгин буда, ба пайвандони марҳум аз даргоҳи илоҳӣ сабр мехоҳанд. 

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь