Саидаи машшота  ба мизоҷи дар курсӣ нишаста муроҷиат намуд:

-Хоҳари азиз, басо ғамгин метобед, ҳоло ба зулфонатон шона зада, шуморо ба соҳибҷамоле табдил медиҳам!

-На, мехоҳам, мисли бонуи амалдоре бошам, то бароям ҳама дарҳо боз шаванд, -эътироз кард ҷавонзан.

-Магар, ҳоло дарҳо ба рӯятон баста аст?

-Оре, мани маҳкумшударо бо доғи судӣ кадом даргоҳ қабул мекунад?

-Ба Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният муроҷиат кунед,-оромона гуфт Саида, -мана, ин ҷо суроғаи онҳо: шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 137, ошёнаи 6, ҳуҷраи 607

-Оҳҳо, магар он ҷо машварати ройгони ҳуқуқӣ медиҳанд?

-Бале, машварат ва кӯмак мекунанд, – тасдиқ намуд Саида,-ман қиссаи худро нақл кунам, сонӣ шумо бовар мекунед.

– Тахминан понздаҳсола будам, ки хостгорон дари хонаамонро охурча мекарданд. Ман, ки то синфи чор таҳсил намуда, аз баҳри мактаби деҳа баромада будам, волидонам низ ҳарчӣ пештар маро хонадор карданӣ шуданд. Аҷоиб вақте ман кӯдакамро ба даст гирифта кӯча баромадам, ҳамсинфонам шоду масрур аз маросими занги охири мактаб меомаданд. Ман бошам, аллакай модари ҷавон бо зангӯлачаҳо дар сари гаҳвора кӯдаки худро алла мегуфтам. Ҳанӯз бистсола нашуда кӯдаки дуюмро ҳам таваллуд кардам. Хушдоману шавҳарам бароям рӯзи равшан намедоданд, аз хидмагори хона камие надоштам. Ба замми ин шавҳарам одати майнӯшӣ пайдо карда моҷаро мебардошт ва маро лату кӯб мекард. Дигар косаи сабрам лабрез гардид ва ба тамом баргаштам ба хонаи волидайн. Асабӣ шудам ва тасмим гирифтам, ки расман бо шавҳарам ҷудо мешавам.

Ман ки маърифати ҳуқуқӣ надоштам дар мурофиаи судӣ бо шавҳарам моҷаро бардоштам. Ҳатто дар толори суд даст ба занозанӣ бурдам. Ба ғояти хашму ғазаб намедонам ба чӣ ҳақоратҳое ва занозаниҳо аз худ як авбоши гузаро тарошидам. Ғофил аз он ки дар бинои суд чунин рафтор натанҳо авбошӣ балки беэҳтиромӣ ба суд аст. Баробари талоқхати худро гирифтан барои чунин рафтори ноҷо дар биноги суд ба 80-соати корҳои ислоҳӣ маҳкум намуданд.

Ҳангоми адои ҷазо эҳсос намудам, ки волоияти қонун муҳим аст ва дарки маърифати ҳуқуқӣ барои зан шарти асосист. Боре аз ташкилоти ҷамъиятии  “Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният” ҳуқуқшиносе ба ман тавсия дод, ки аз маслиҳатҳои ҳуқуқии ин ташкилот баҳраёб шавам.

Чун доғи судӣ доштаму дарҳои баста пешам пайдо шуд, роҳи ҳамин ташкилоти ҷамъиятиро пеш гирнифтам. Дар сӯҳбат бо корманди ҳуқуқии ин ташкилот аҳволи хешро баён доштам ва онон маслиҳат доданд, ки нахуст барои тасдиқи шахсият бояд аз Хадамоти бақайдгирӣ-шиносномадиҳӣ соҳиби шиносномаи нав шавам. Инчунин барои кӯдакон дар Раёсати сабти асноди шаҳрвандӣ шаҳодатномаи таваллудро соҳиб шавам.

Дар мавриди таъмини ҷойи корӣ тавсия доданд, ки ба Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Алишер Навоӣ 5/12  муроҷиат намоям. Дар Агентӣ ҳолати осебпазириамро ба инобат гирифта номамро ба рӯйхати курсҳои ҳунаромӯзии Маркази таълимии калонсолон навиштанд ва дар ҳамин ҷо ҳунарҳои машшотагӣ, дӯзандагӣ ва қаннодиро аз худ намуда соҳиби диплом гардидам.

Гузашта аз ин дар доираи лоиҳаи дастгирии соҳибкории  иҷтимоии ташкилоти ҷамъиятии ““Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният”  тартиб додани бизнес-планро ёд гирифтам. Лоиҳаи маро оид ба таъсиси кошонаи ҳусн дастгирӣ намуданд.

-Оҳҳо, ҳамааш афсона барин метобад, наход ҳамин кошонаро аз рӯйи лоиҳа таъсис дошта бошед?- аз нақли Саида шубҳа намуд ҷавонзан,- ман дар асоси қонуни авф ба тозагӣ аз маҳбас халос шудам.

-Наход ҳамин хел бонуи зебо паси панҷара бошад?

-Аз ин пеш боз ҳам зеботар будам…Ба доми фиреб афтидам.

Ман он баҳор маликаи Наврӯз интихоб шудам. Дар васфи ҷамоли нотакрори худ мадҳияҳо мешунидам. Ситораи синамо шудам, баъди иҷрои як нақши хурд дар филме. Харидоронам ба маротиб афзуд. Гоҳ барои иҷрои ин ё он рекламаи тиҷоратӣ таклиф мекарданду гоҳ ба барои аксбардорӣ барои ягон плакати таблиғотӣ. Дар оғӯши шӯҳрат мешукуфтам. Боре ҷавони қоматбаланде маро ба муоширату ҳусни расояш мафтун намуд ва хайма зад бар дилам ишқ. Ба таклифаш розӣ шуда барои таблиғи моли ширкати тиҷоратие ба Дубай парвоз кардем. Чанде аз шайхҳои аҷнабӣ маро ба маҳфили хосае таклиф намуданд ва то поси шаб зиёфати айшу нӯш карда, субҳ худро дар бистари марди аҷнабие ёфтам. Он ҷавон қурбонӣ шуда маро таъкид намуд, ки минбаъд барои раҳоӣ ёфтан аз доми ин аҷнабиён бояд аз кишвари худ дигар моҳлиқоёнро ба ин ҷо орам ва соҳиби сарвату озодӣ мегардам.

Ба чормағзи пуч домани духтарони соҳибҷамолро пур карда ба Дубай меовардам ва сарвати зиёдеро ғун кардам. Гули тиҷорат шукуфт. Аммо, рӯзе кӯза аз лаби дарё мешикастааст. Мақомот дастгир намуда дар мурофиа аз озодӣ маҳрум намуданд. Зиндагӣ дар паси панҷара ба хирмани ҳусн ва орзуҳои ҷавонӣ оташ зад. Пушаймон шудам аз кирдори худ. Ангушти надомат газидам. Ба меҳнат ислоҳ шудам.

-Акнун, боз орою торо дода пешаи даллагиро давом медиҳӣ?

-На, -эътироз кард ҷавонзан,-гуфтам ку бонуи расмӣ шудан мехоҳам ва ҳоло ба ҳидояти ту роҳи   “Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният”-ро пеш мегирам.

-Номам Малика, насабам Тӯхтаева, – худро шиносонд ҷавонзан ва маълумотномаи аз маҳбас озод шудаашро ба корманди ҳуқуқшиноси   “Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният” пешниҳод намуд.

Баъди омӯхтани санадҳо Маликаро ба Маркази ҷумҳуриявии профилактика ва мубориза бо ВИЧ/СПИД дар суроғаи шаҳри Душанбе кӯчаи Деҳотӣ, 41 равон намуданд, то ройгон аз ташхиси тиббӣ гузарад.

Натиҷаҳои неки ташхиси тиббиро гирифта Малика ба маркази кӯмаки ҳуқуқии вазорати адлия муроҷиат намуд. Дар ин идораи давлатӣ аз машварати ройгони ҳуқуқӣ баҳраёб шуда баҳри такмили ҳунар кӯшиш ба харҷ дод. Аз асрори пешаи дӯзандагӣ воқиф гардид ва чун шогирди дӯзандаи моҳир Меҳринисо-апа либосҳои нав ба нав медӯзад.

Аз хаёли хоми беҳуда касбу ҳунар дунёи маънавии инсонро ғанӣ месозад. Шабеҳи Малика нафарони гумроҳ дар маҳбас кам нест, ки ба умеди аз сари нав гирифтани ҷилави зиндагӣ ва тасмими ислоҳ шудану дигар даст ба ҷиноят назадан касбомӯз мешаванд. Ва дар чунин ҳолат  ба кӯмаки  онҳо шарикони лоиҳаи “Беҳтар намудани дастрасӣ ба ҳуқуқҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии маҳкумшудагон ва собиқ маҳкумшудагон дар Тоҷикистон” ташкилоти ҷамъиятии  «Ҷахон», “Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният” ва муаллимони муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» мерасад.

Мавриди зикр аст, ки тайи солҳои охир маҳкумшудагони ду  муассисаи ислоҳии кишвар  дар доираи  лоиҳаи “Беҳтар намудани дастрасӣ ба ҳуқуқҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии маҳкумшудагон ва собиқ маҳкумшудагон дар Тоҷикистон” бо дастгирии Барномаи Иттиҳоди Аврупо “Ташаббуси Аврупо дар масоили демократия ва ҳуқуқи инсон” ба корҳои таълимӣ ва истеҳсолӣ ҷалб карда мешаванд.

Яке аз мушкилоти асосие ки собиқ маҳкмшудагон дучор меоянд, ин дарёфти ҷои кори муносиб аст. Ва дар ин самт ташкилоти ҷамъиятии “Бюрои ҳуқуқи инсон” низ ба туфайли машваратҳои ройгони ҳуқуқӣ ба собиқ маҳкумшудагон ва оилаи онҳо дасти мадад дароз мекунад.

Ба нашр расонидани китобчаи кисагии “Роҳнамо барои шахсони аз маҳбас озодшуда”  аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии “Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният” аз рӯйи моҳияти роҳнамоиаш барои шахсоне ки аз муассисаҳои ислоҳоти ҷазои ҷиноятӣ озод шудаанд, бо мақсади раванди ҳамгироии иҷтимоии онҳо дар ҷомеа пешбинӣ шудааст. Ин дастурмал дар чаҳорчӯбаи “Ҳимояи ҳуқуқи маҳкумшудагон ва шахсони аз маҳбас озодшуда дар Тоҷикистон, ки аз тарафи Намояндагии Институти  ҳамкории байналмилалии Асосиатсияи донишгоҳҳои халқии Олмон DVV International дар Тоҷикистон ва бо кӯмаки молиявии Иттиҳоди Аврупо татбиқ мегардад, коркард шудааст.

Зайниддин Орифӣ,

узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон

 P.S. Ному насаби қаҳрамони  мавод бо хоҳишаш тағйир дода шуд. Маводи мазкур дар доираи лоиҳаи «Беҳтар намудани дастрасӣ ба ҳуқуқҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии маҳкумшудагон ва собиқ маҳкумшудагон дар Тоҷикистон», ки аз тарафи Иттиҳоди Аврупо ва Вазорати федералии Олмон оид ба рушд ва ҳамкории иқтисодӣ маблағгузорӣ мешавад, омода ва нашр шудааст. Мундариҷаи маводи мазкур мояи масъулияти муаллиф буда, ифодагари нуқтаи назари маблағгузорон намебошад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь