Аз 22-юм то 25-уми ноябр дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон мусобиқаи байналмилалӣ дар навъи варзиши муайтай (бокси таиландӣ) миёни занон баргузор гардид, ки дар он Ганҷина Аъзамова, духтари шоир Фурӯзонфар дар вазни 54 кг  соҳиби ҷои аввал шуд ва медали тиллои ин мусобиқаро ба гардан овехта, Парчами миллии кишварро бо садо додани Суруди миллии Тоҷикистони маҳбуб баланд бардошт.  

Ин аввалин пирӯзии Ганҷина баъд аз тамрини дусола бо роҳбарии мураббии шинохта Нормуратов Шерзод дар арсаи байналмилалист. Ганҷина Аъзамова, ки дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 93-и пойтахт таҳсил мекунад, духтари зодагони деҳаи Каздони ноҳияи Айнӣ ва нахустин духтари муштзан аз ин минтақаи кӯҳистон ва водии Зарафшон аст, ки гом ба майдонҳои байналмилалӣ мегузорад. 

Тавре рӯзноманигори тоҷик Мирзо Салимпур дар сомонаи худ “Akhbor.com” навиштааст, “Ганҷина Аъзамова, муштзани ҷавони навраси тоҷик дар саҳифааш дар Инстаграм хабар дод, ки дар мусобиқаи байналмилалии бокси таиландӣ дар шаҳри Тошканд соҳиби ҷои якум ва медали тилои ин мусобиқа шудааст. Ганҷина ба устодаш Н. Шерзод барои омода кардани ӯ ба ин мусобиқа изҳори сипос карда ва бо ифтихор навиштааст, ки “ман шуморо сархам накардам!”. 

Ганҷина Аъзамова духтари шоир Фурӯзонфар, яке аз муқаррабони шоири шаҳиди тоҷик Махсум Олимӣ мебошад. Ӯ дар синфи 11 таҳсил ва дар толори варзишии “Чарх”-и шаҳри Душанбе машқ мекунад. 

Падари ӯ Фурӯзонфар ҳамеша дар суҳбатҳои хоса бо мо изҳори умед мекард, ки духтараш як рӯз ҳатман парчамбардори миллат мешавад ва инак, бо нахустин пирӯзиаш дар арсаи байналмилалӣ Ганҷина орзуи падарро ҷомаи амал пӯшонд.  

Ганҷина, ки пирӯзии гурдофаридона дорад, нахустин духтар аз рустои Каздон ва водии Зарафшон аст, ки дар варзиши муштзанӣ ба чунин мақом расида, боиси ифтихори каздониҳо, зарафшониҳо ва болотар аз ҳама муҷиби ифтихори миллати тоҷик гардидааст.

Бояд гуфт, ки то кунун дар варзиши муштзанӣ комёбии аз ҳама баландро Мавзуна Чориева ба даст овардааст, ки соли 2012 дар Олимпиадаи Лондон сазовори медали биринҷӣ шуд. Умед бар он дорем, ки Ганҷина Аъзамова аз ҷониби Кумитаи олимпии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ бо Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз мегардад. Зеро дартоварди он боиси қадршиносӣ ва сипосгузорӣ аст. Аммо то куҷо ин мақомоти дахлдор ба ин музаффарият таваҷҷуҳ мекунанд, вақт нишон хоҳад дод.

Бори дигар пирӯзии гурдофаридонаат муборак, хоҳари азиз! Бароят пирӯзиҳои бештарро орзуманд ҳастем.

Ш. ОЛИМОВ,

Х. ШОҲСАИДОВ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь