Ҷаҳонишавӣ аз як ҷониб манфиат, аз ҷониби дигар хатарҳову зарарҳои зиёд овард, ки ҳақиқати бебаҳс аст. Ба ҳам овардану ҳарчи бештар наздик намудани миллатҳои мухталифи олам, табодули таҷрибаҳои муфид ва ғайра аз хубиҳояш аст. Аммо дар партави интишори зудсуръати урфу одот, фарҳангҳо ва таҳоҷуми он ба ниҳоди баъзе арзишҳои динӣ  ва миллию инсонӣ латма зад ва қисме аз онҳоро ба вартаи маҳву нобудӣ расонид, ки ҷои таассуф ва нигаронӣ аст.

Арзишҳои динию исломӣ фаротар аз ҳама урфу одот ва арзишҳои дигаранд. Ба таъбири дигар фарогир ва оламшумуланд ва хоси як миллату қабила не, балки моли маҷмуи инсонҳо мебошанд. Силаи раҳм ва ё пайванди хешутаборӣ аз он қабил арзишҳои динию инсониест, ки аз баъзе аҳкому арзишҳои дигари динӣ фарқ мекунад ва мадҳу санои он аз қаъри ҳазорсолаҳо, қабл аз зуҳури адёну мазоҳиб ба гӯш мерасад, дар фарҳанги ҳама милалу ақвом ва дину мазоҳиби дунё ҳамчун амали нек ба назар мерасад. Силаи раҳм, васл намудан, пайванд кардан, алоқаи доимӣ доштан бо наздиконро мегӯянд. Вожа худ оҳанги гушнавоз дорад, мавриди қабули ҳамагон аст, ки дар муқобилаш қатъ меистад ва садояш ба гӯш нохуш аст. Васлгарӣ дар ҳама давру замон, дар ҳар самту соҳа натиҷаҳои мусбию нек ба бор овардааст, аммо қатъгарӣ ба инсоният ҳеҷ хайру некӣ наовардаву намеорад. Силаи раҳм дар истилоҳ, бо як мафҳуми кӯтоҳу пурмаънӣ хулоса мешавад, ки хусусияти ҷомеасозияш бараъло намоён аст: “Некӣ кардан дар ҳаққи наздикон ва дур сохтани шарру бадӣ аз эшон”, баръакси он “Некӣ накардан ва ҳатто бадӣ кардан дар ҳаққи наздикон аст”, ки тахрибгарӣ ва вайронкорияш пӯшида нест. Бо таассуф рӯз аз рӯз ин арзиши волои инсонӣ, динӣ, ахлоқӣ моҳият ва ҳақиқати худро дигар мекунад ва ба як унсури камаҳамият табдил меёбад. Дар кишвари ба қавле мазҳабии мо фарзандоне мавҷуданд, ки моҳҳову солҳо аз аҳволи падару модари худ хабар надоранд, бародарону хоҳарон ва дигар пайвандон риштаи хешутабориро қатъ кардаанд. Вазъ то ҷое расидааст, ки хешу табори дуртарро наслҳои ҷадид умуман намешиносанд ва бо ҳам ҳеҷ робитае надоранд. Чунин амалкард оқибати вахим дошта, руҳи хештанхоҳӣ ва барҳам хӯрдани мададу дастгирии иҷтимоӣ аз ҳаминҷо маншаъ мегирад.

Дар бораи силаи раҳм оёти қуръонӣ ва аҳодиси набавӣ фаровон зикр гардидаанд, ки ҳар кадоми аз онҳо паҳлуҳои гуногунҷанбаи масъаларо баён намуда, дар маҷмуъ аҳамияти созандаи онро бозгӯ мекунанд. Дар навбати аввал ба ҷо овардани робитаи хешутаборӣ амру фармони Худову Паёмбар буда, пасон фоидаҳову натиҷаҳои неки он ба шахс бар мегардад. Аз маҷмӯи оёту аҳодис метавон хулоса кард, ки силаи раҳм инсонро ҳам дар дунё ва ҳам дар охират саодатманд гардонида, аз азоби Худо наҷоташ мебахшад, ба раҳмати Ӯ сазовораш мегардонад, ризқашро фаровон месозад, ҷисмашро дар амон нигоҳ медорад ва маҳбуби ҳамагонаш мекунад. Худованд вобаста ба силаи раҳм чунин фармудааст: «Ва онон, ки паймони Худоро пас аз устувор карданаш мешикананд ва он чиро, ки Худо ба пайвастани он (силаи раҳм) фармон дода, қатъ мекунанд ва дар замин фасод мекунанд, лаънат (дурӣ аз раҳмати Худо) бар онҳост ва бадиҳои он ҷаҳон (дӯзахи сузон) насибашон» (Раъд, 25).  Паёмбар (с) дар ин маврид чунин фармуданд:  «Ҳар ки мехоҳад ризқаш фарох гардад ва пас аз марг номаш ба некӣ ёд шавад (ҷисмаш сиҳату нерӯманд гардад), пас, риштаи хешутабориро пайванд гардонад» (Ривояти Бухорӣ). Аз ояту ҳадиси мазкур дарк мегардад, ки агар аз як ҷониб силаи раҳм омили раҳоӣ аз азоби Худо бошад, аз ҷониби дигар хусусияти иқтисодию иҷтимоӣ ва тандурустӣ дорад. Ҷои шубҳа нест, ки ризқу рӯзии инсоне, ки бо падару модар ва дигар хешу ақрабо робита барпо мекунад ва муносибати нек нишон медиҳад, афзоиш меёбад. Ҳамзамон, шарофату мардонагияш дар ҳаёт ва пас аз маргаш вирди забонҳо давр мезанад. Чуноне аз ривояти дигари ҳадис маълум мешавад, саломатии инсон низ ба ин амал рабт дорад. Шояд ин андеша зери суол қарор бигирад, ки бидуни муолиҷа ва истифодаи доруву даво чӣ гуна метавонад инсон шифо ёбад? Бояд дарк кунем, ки давоҳо танҳо моддӣ нестанд, балки маънавиянд. Чуноне қироати Қуръон беморро даво мебахшад, ба ҳамин монанд аёдати наздикону пайвандон ва некӣ дар ҳаққи эшон давои нерӯмандест. Яъне Худованд бо фазилати ин амали нек ба инсон даво мебахшад, ҷисмашро аз бемориҳо солиму бардам нигоҳ медорад. Афзоиши ризқи инсон низ ба ҳамин монанд аст. Ин ҳақиқатро мусалмонон бояд дарк кунанд. Масалан Паёмбар (с) гуфтаанд: “Мол аз садақа кардан кам намешавад”, яъне зиёд мешавад. Ин ҳақиқатест, ки аксарият ба он бовар надоранд ва гумон мекунанд, ки бо додани пул фақир мешаванд, молашон кам мегардад. Аммо баръакс бо роҳу воситаҳои мухталиф, ки инсон онро дарк намекунад, Худо молашро меафзояд. Афзоиши ризқу рӯзӣ, сиҳат ёфтан ва ғайра ба ҳамин монанд аст. Ҳамин тариқ пайванди хешутаборӣ аз арзишҳои волои инсонию исломӣ буда, эҳё ва барқарор намудани он омили ҷомеаи муттаҳид ва устувор буда метавонад.

Хайруллоҳи АКОБИР

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь