– Агар мехоҳем зиндагии аврупоӣ дошта бошем, бояд пеш аз ҳама тафаккурамонро аврупоӣ кунем,- ин суханонро чанд сол қабл яке аз сиёсатмадорони кишвар гуфта буд. Шояд барои баъзеҳо, ки бӯе аз ҳикмат, рамз ва мантиқ набурдаанд, ин суханони оддӣ бошад. Вале агар онро ба риштаи таҳлил кашем, маънӣ ва мантиқи ин гуфта амиқ ва фарохтар аз оне мепиндорем, ҳувайдо мегардад.
Эътироф бояд кард, ки бардошту шинохти мо доир ба Аврупо, мардуми Аврупо ва демократияи аврупоӣ ба таҳлилу хулосаи асоснок камтар рабт дорад. Дар баъзе маврид нодида мегирем, ки “чизе барои мағрибӣ қобили қабул аст, барои машриқӣ ба нобудӣ баробар мебошад”. Матлаби зер кӯшиши банда баҳри бозгӯйӣ намудани одамият ва демократияи аврупоӣ аст…
Чаро зиндагии ғарбӣ бо тафаккури шарқӣ “орзӯи мушкил” аст?
Барои мардуми Аврупо лозим нест, ки ҷиҳати танзими ҷашну маросим қонуни алоҳида қабул кунад. “Дар замоне, ки ба моҳ бояд рафт”, ғарбиҳо дар фикри он нестанд, ки андозаи риш бояд чӣ қадар бошаду тобутро бояд аз кадом гӯшааш бардошт?
Аз андешарониҳои ашхосе, ки зиёд ба Аврупо сафар кардаанд, метавон хулоса кард, ки аврупоиҳо вожаҳои дӯстӣ, самимият, садоқат ва амсоли онҳоро моли таърих ва сюжети филмҳои ҳиндӣ намедонанд.
Ғарбӣ баробари аз мансаб рафтани соҳибмансаби қаблӣ, бо ӯ аз салом намудан ҳазар намекунад. Мардуми Аврупо замони мақомдор буданаш, ба ҳеҷ ваҷҳ атрофи нафаре парвона намешаванду баробари аз мансаб канор рафтанаш, дурӣ намеҷӯянд. Ангуштшуморанд нафароне, ки бо вуҷуди мувофиқи матлаб набудани ақлу идрокашон, аҳли фазлро эрод гиранд ва аз он ки ҳамкорашон нисбат ба онҳо муваффақтару соҳибмуътабар аст, «хобу хӯр барояшон ҳаром намешавад».
Талаботи қонунро риоя мекунанд ва иддао надоранд, ки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз ҳадди ваколатҳои хизматиашон мебароянд. Шояд набошад аврупоие, ки агар нафаре аз пайвандони соҳибмансаби “зарурӣ” фавтад, «хун гиря кунад»-у ба ҷанозаи нодоре рафтанро, бо вуҷуди қаробат доштанаш, чандон зарур надонад.
Демократияи аврупоӣ. Чаро оби даҳони баъзеҳо барои он мерезад?
Мушоҳида мекунам, ки зиёданд ашхосе, ки аксар вақт дар қиболи дастоварду пешравиҳои кишвари худ «нобино» мешаванду ба зиндагиву усули давлатдории мамлакатҳои ғайр бо ҳавас менигаранд.
Манзурам «рехтан»-и «оби даҳон»-и баъзеҳо барои демократияи кишварҳои Аврупо мебошад, ки аксари вақт дар баъзе воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ бозгӯйӣ мегардад.
Ба ҳеҷ ваҷҳ мавҷудияти демократияро дар мамлакатҳои фавқуззикр инкор намуданӣ нестам. Вале ашхоси аз набзи ҷомеа огоҳ, хуб медонанд, ки на дар ҳама ҳолат демократияи Аврупо он демократияе аст, ки роҳбарияти давлатҳои мавриди назар ва ташкилоту созмонҳои «муваззафгардида» тарғиб, талқин ва таҳмил менамоянд. Ин амри табиӣ аст, зеро сиёсат ва бархӯрди тамаддунҳо инро тақозо дорад. Масъулини кишварҳои фавқуззикр дар ҳоле аз нақзи ҳуқуқи шаҳрвандон дар мамлакатҳои дигар, хоса ҷумҳуриҳои рӯ ба инкишоф изҳори «нигаронӣ» менамоянд, ки дар ин давлатҳо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бидуни мавҷудияти ҳолатҳои пешбинишуда, нафарони бегуноҳро қатл мекунанд.
Дар ин росто, кишварҳои Аврупо алайҳи вуруди муҳоҷирон ба мамлакатҳояшон муборизаи «оштинопазир»-ро, ки тибқи он ҳатто бо истифода аз неруҳои низомӣ нобуд намудани киштиҳое, ки дар он муҳоҷирони ғайриқонунӣ қарор доранд, пешбинӣ шудааст, шурӯъ намудаанд.
Тибқи маълумоти дастрасшуда, дар давоми соли ҷорӣ аз кишварҳои ғайр тариқи роҳи баҳрӣ зиёда аз 100 000 нафар тасмими вуруд ба давлатҳои Аврупоро намудаанд. Нуктаи муҳим ва ҷолиб он аст, ки аз ин миқдор ба шарофати «чораандешӣ» – ҳои сохторҳои марбутаи кишварҳои Аврупо, зиёда аз 2000 нафар зимни убури сарҳад дар баҳр ба ҳалокат расиданд. Онҳоеро, ки бо сад азоб ба кишварҳои Аврупо мерасанд, мисли рамаи гӯсфандон як муҳлати муайян дар боздоштгоҳҳои махсус нигоҳдорӣ намуда, сипас ба макони зисташон «интиқол» медиҳанд. Барои роҳбарияти давлатҳои мавриди назар, ки аз «пиш» гуфтани «пишак»-и баъзеҳо дар мамлакатҳои дигар «нороҳат» гардида, онро нақзи ҳуқуқҳои инсон арзёбӣ менамоянд, ин омил падидаи маъмул буда, касеро ба ташвиш наовардааст. Баръакс, ин давлатҳо дар заминаи баргузории чорабиниҳои гуногун, аз қабили ҳамоиши сохторҳои марбута тадбирандеширо дар ин ҷода вусъат бахшиданианд.
Вақте усули давлатдории кишварҳои абарқудратро, ки аксарашон давлатҳои аврупоӣ маҳсуб меёбанд, амиқтар мавриди пажӯҳиш қарор диҳем, «махсусият»-ҳои зиёд ҳувайдо мегарданд. Ин андешаи инфиродии банда набуда, дар заминаи таҳлилҳои амиқу доманадор аз ҷониби коршиносони сатҳи байналмилалӣ низ ошкор ва бо роҳу василаҳои гуногун ироа гардидаанд. Яке аз «махсусият»-и мавриди назар дар он зоҳир мегардад, ки ҷомеаи Ғарб ҳанӯз сесад сол пеш зарурати бунёди давлати дунявиро таври бояду шояд дарк намудаву то имрӯз ба он устувор аст. Вале дар ҳамин ҳол, давлатҳои Аврупо гӯё ба арзишҳои динии давлатҳои ақибмондае, ки қисми аъзами сокинонашонро мусулмонон ташкил медиҳанд, «арҷгузорӣ» намуда, ба ҳеҷ ваҷҳ «роҳ намедиҳанд», ки онҳо дар ҷодаи эъмори давлати воқеан ҳам дунявӣ собитқадам бошанд, зеро замоне, ки чунин кишварҳо рӯй ба дунявият оварданд, аз муноқишаву низоъҳои динӣ дур мешаванд. Тамоми имконоту захираҳои дар ихтиёрбудаи ин мамлакатҳо, барои амалисозиии ниятҳои нек, ки моҳияти бунёдкориву созандагӣ доранд, равона мегардад. Табиист, чунин ҷараён гирифтани вазъият ба манфиати абарқудратҳо набуду нест. Чунки онҳо мехоҳанд, ки мусалмонон таври ҳамешагӣ машғул ба мушкилоти дохилии хеш, ки он низ ба «шарофат»-и абарқудратҳо рӯи кор омадааст, бошанд.
Таҷрибаи ҷаҳонӣ далели возеҳи он аст, ки дар сурати зиёд гардидани таъсири созмонҳои динӣ дар дилхоҳ кишвар, рух додани табаддулоти давлатӣ, ба оташи ҷанги шаҳрвандӣ кашида шудани мамлакат, нобасомониҳои сиёсӣ, фалаҷ гардидани рукнҳои давлатдорӣ ва дигар омилҳои номатлуб падидаи маъмул хоҳад буд. Ибрози ин андешаҳо аз ҷониби банда асоси воқеӣ дорад ва ҳақиқати бебаҳс аст, ки онро бояд эътироф намоем.
«Махсусият»-и дигар он аст, ки ин кишварҳо зери «ниқоб»-и арзишҳои демократӣ ҳамон усулҳоеро коркард, омода ва роҳандозӣ мекунанд, ки ба «ҷомаи амал пӯшидан»-и аҳдофашон мусоидат менамоянд. Дар ин сурат пурра имконпазир аст, ки манфиати давлатҳои мавриди чунин «таҷоҳум» қароргирифта, умуман ба инобат гирифта нашавад. Рӯйдодҳои охири ҷаҳони муосир, ки шиддат гирифтани бархӯрди манфиатҳо, дар шакли нав зуҳур намудани гурӯҳҳои ифротгаро ва падидаҳои дигари номатлуб аз ҷузъҳои он мебошанд, далели возеҳи ин гуфта мебошанд.
Далелу арқоми зиёди тасдиқкунанда мавҷуданд, ки қисмати аъзами падидаҳои номатлуби ҳаёти сиёсии Шарқи Наздик, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Яман, Украина ва дигар нуқоти олам аз «тасмимгирӣ»-ҳои кишварҳои Аврупо маншаъ гирифтаанд.
Боиси таассуф аст, ки аксари ба ном «коршиносони мустақил» ва сиёсатмадорони мо зимни пешниҳоди шарҳу эзоҳи ин масъала ҳақиқати ҳолро доир ба демократияи Аврупо сарфи назар мекунанд. Мушоҳида намудаам, ки зимни шарҳи масъалаҳои барояшон «зарур» ин «бузургон» ҳатто нафарони марҳумро бо вуҷуди ба кишвари мо умуман рабт надоштанашон, таҳқир намуда, Муаммар Қаззовӣ ва Саддом Ҳусейнро диктатор меноманд.
Вале имрӯз, бо гузашти вақти на он қадар зиёд, собит гашт, ки нафарони фавқуззикр ҳамон гунае, аз ҷониби «баъзе»-ҳо зикр мешавад, набуда, баръакс қурбонии сиёсат ва манфиатҳои абарқудратҳои ҷаҳон шудаанду ин мамлакатҳо (манзурам Ливия, Миср, Ироқ, Украина, Яман ва ғайра мебошанд) на шумори кишварҳои пешрафтаи демократӣ, балки рӯйхати минтақаҳои даргири оламро зиёд намуданд.
Қисмати дигари ин «бузургон» дар хориҷи кишвар дар қиболи «чашмбандӣ»-и аврупоиҳо «муҳри хомӯшӣ ба лаб задаанд». Ба назар чунин мерасад, ки ин ашхос намедонанд, ки сохторҳои зиддахл ва ташкилоту созмонҳои аз ҷониби кишварҳои мавриди назар маблағгузоримешуда, зимни ин амали худ «як гул бидиҳему сад баҳорро бибарем»-ро шиори фаъолият қарор додаанд.
Ё ки медонанду вонамуд мекунанд, ки намедонанд.
Дар маҷмӯъ, «махсусият»-ҳои зикршуда «муште аз хирвор» буда, ҳамватанонамонро мебояд, ки дар қиболи онҳо танҳо аз зовияи ақлу хирад хулосабарорӣ ва ё тафаккурашонро аврупоӣ кунанд…
Далер Мерганов,
журналист