Одати дерина аст, ки баъди як соли фаъолият ду нашрияи муътабари Иттиҳодияи нависандагон – ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” ва маҷаллаи “Садои Шарқ” дар ҷаласаҳои вижа бурду бохти корашонро баррасӣ мекунанд. Дирӯз ҳамин гуна нишаст ба “Адабиёт ва санъат” ихтисос дошт.

Боз ҳам аз рӯйи одати дерин чаҳор навъи эҷоди бадеӣ ва иҷтимоӣ (ё публисистиро) дар 50 шумораи ҳафтанома муҳаққиқони донишманд – нақду адабшиносиро Боймурод Шарифзода, насрро Шодӣ Раҷабзод, насри иҷтимоиро Сангини Гулзод ва назму шеърро Хуршеди Эҳсон таҳлил карданд. Ҳар яке (ба ҷуз Сангини Гулзод) камобеш 25 дақиқаӣ суҳбат карданд, ҳол он ки то 10 дақиқа хоҳиши раиси маҷлис буд.

Беҳтар мебуд, ки тӯлонитар суҳбат мекарданд (масалан, то 1 соат), чунки дар мавриди назму наср ва анвои гуногуни нақду мақолоти иҷтимоӣ гуфтаниҳо бояд бисёртар мешуданд, зеро фаъолияти минбаъдаи ҳайати таҳрир ва умуман масъулине, ки кори миёншикани ҷамъовариву таҳрир ва нашри маводи адабӣ ба шонаи онҳост, аз ин гуфтугузор боистӣ барои худашон барнома месохтанд: чӣ кор кунанд, то ҳафтанома бо сифати беҳтар манзури хонанда шавад…

Одат шудааст, ки соле як бор ва ҳамагӣ дар як нишаст тамоми маводи адабии ҳафтаномаро баррасӣ мекунанд. Ва ин ҳам дар тӯли якуним-ду соат. Акнун тасаввур кунед, ки ин ҳафтаномаи маҳбуб (чун ба мушоҳидаи банда, хонандагонаш аз дигар ҷаридаҳо хеле бештар аст, ҳатто медонам, ки чандин касон як газетаро дасти ба даст ҳам мегардонанд, ҳарчанд обуна намешаванд) соле аз 50 то 52 шумораи 16-саҳифаӣ нашр мекунад ва дар ҳар шумора ҳадди ақал як ҳикоя, як даста шеър, як тақриз ё китобиёт, як мусоҳиба ва ё анвои гуногуни хабару мақола чоп мешавад.

Боймурод Шарифзода гуфт, ки танҳо унвони тақризу мақолаҳое, ки ба нақд ва адабиётшиносӣ дахл доштанд, 6 саҳифаи чопи роёнаро пур кард, танҳо номи мақолаҳо… Акнун бишмаред, ки дар ин 50 шумора чӣ миқдор шеърҳо нашр шудаанд, чӣ қадар маводи насри иҷтимоӣ ё публисистика… Ба замми инҳо, боз саҳифаи вижаи “Мушфиқӣ”, ки ҳаҷву танзу сатира дорад…

Сад офарини муҳаққиқоне, ки ин ҳамаро мутолиа карданд ва ҳазор офарини дигар, ки ҳамагӣ дар 25 дақиқа ба замми зикри чизҳои хуб пешниҳодҳо ҳам карданд, то сифати ҳафтанома хубтар шавад…

Сад гуфтам, ҳазор гуфтам, акнун ду ҳазор офарин ба сардабири ҳафтанома Толиби Луқмону ҳамкоронаш, ки аз ин анбуҳи мавод, ки шояд даста-даставу халта-халта бошад, нури чашм рехта, чизҳои сараро аз носара ҷудо мекунанд ва сари вақт ҳафтанома мебароранд. Ва боз мувофиқ ба тақозоҳои деринаи одатшуда – созгор будан ба руҳи замон (аз нигоҳи сиёсиву иҷтимоӣ, яъне нашри мақолоти иҷтимоӣ ва тарбиятиву шаҳрвандӣ), нақди осори нави адабӣ, бо навбат чоп кардани осори манзуму мансури адибон (шуруъ аз бузургсолон, ки бо гузашти умр хеле ранҷидахотир мешаванд ва унвонҳо доранд), дарёфти тарҷумаҳо ва як мушкили дигар – аз ёд набаровардани адибоне, ки ба синни шасту ҳафтоду ҳаштод ва беш аз ин расидаанд, яъне мақолоти ҷашнӣ…

Аз як тараф, эҳтироми адибони солманд, аз сӯйи дигар, таваҷҷуҳ ба ин ки чизҳои хому бесифат нашр нашавад, аз ҷониби севум – мабодо, ки ҷашни касе нагузарад, баъдан – аз маводи таги даст ҷудо кардани навъҳои лозими адабӣ, ки буданашон ҳатмист, диққат ба ин ки мабодо аз як муаллиф пайиҳам ду мавод наравад ва боз чандин давуғеҷу гирудори дигар…

Ва аз ҳама чизи муҳим – ҳисси масъулият! Масъулият назди кӣ? Назди раиси Иттифоқ? На, назди худи адабиёт. Дар кори таҳқиқ як чиро сарчашмаи аввалия мегӯянд, яъне нашри нахустини ин ё он мавод. Касе, ки ба пажӯҳиш сару коре дорад, қимат ва аҳаммияти инро медонад. Ҳамин “Адабиёт ва санъат” ва “Садои Шарқ” ҳастанд, ки роҳу равиши адабиётро мушаххас ва муайян мекунанд, раванди адабиро, ба куҷо бо чӣ бор рафтани адабиётро дақиқ мекунанд.

Ин масъулият агар барои имрӯзи адабиёт муҳим бошад, барои ояндаи адабиёт аҳаммияташ садчандон хоҳад шуд, аз ҳамин сарчашмаҳои аввалия муҳаққиқони баъдӣ (баъди 30 ё 50 сол) роҳи пешрафт ва ё таназзулу муаммоҳои адабиётро ташхис хоҳанд кард. Ҳоло ки мардум хеле кам китобу газета мехонанд, аммо кӣ қатъан гуфта метавонад, ки баъди панҷоҳ сол ҳамин вазъ тағйир намеёбад?

Хуб, сухан дароз шуд, кунун мегузарам ба асли мақсад, ки ба хотири он сари роёна нишастам. Ато Мирхоҷа музокираро аз адибони солманд шуруъ кард, чун одати дерин, албатта. Аз рӯйи эҳтиром, аз рӯйи таҷриба, албатта. Ҳамон замоне, ки Атои Мирхоҷа ба солмандон сухан медод, фикре ба сарам омад, ки чаро адибони бузургсоли мо дар саҳафоти ҳамин ҳафтанома аз таҷрибаи адабии хеш ба хотири рушди ҳунари навқаламон тадбире ба кор намебаранд?

Мисли адибони бузурги хориҷӣ дар як сутуни газета “сутундорӣ” намекунанд? Аз ҳолу ҳавои адабиёт, қиёси арзишу ормонҳои адабии пешину имрӯз чизе наменависанд? Маслиҳату машварат намекунанд?

Хеле бузургони адабиёт аз ҳамин таҷрибаи “сутундорӣ” дар ҳафтавору маҷаллаҳо ба қуллаи шуҳрат расидаанд ва нақши мураббии фаъоли ҷавонони навроҳро иҷро кардаанд. Сейтлин муҳтавои дар сутунҳои газета ба хотири ҷавонони навқалам навиштаашро баъдан як китоби омӯзишӣ кард.

Марио Варгас Лйоса танҳо ба пурсиши як ҷавоне, ки мехост румон нависад, як китоби азиме аз асрори румон ва кайфияти эҷоди он нашр кард… Даҳҳо мисоли дигар оварданам мумкин. Ин чиз, мутаассифона, дар мо нест. Ҳатто баъди расидан ба ҳаштод ё ҳаштоду панҷ ба ёду хотири адиби бузурсоли мо намерасад, ки аз таҷрибаҳояш дастуре, силсиламаводе бинависад ва бо ҳамин қарзи адабиашро назди ояндаи адабиёт ба иҷро расонад…

Чун аз раванди адаби ҷаҳон андак-андак огаҳӣ дорем, медонем, ки дар ҳама нашрияҳои адабӣ таҳти унвони “Ишораҳои нависанда” (ё қайдҳо, ё мавқеи адиб, ё ҳар чизе, ки бигӯем) на фақат афкори иҷтимоӣ, мавқеи шаҳрвандӣ нисбат ба ин ё он падидаҳои ҳаёт (масалан, беътибор шудани арзишҳои фарҳангӣ, ки онро аномия мегӯянд, ҷараёни пурсӯзу гудози азхудкунии мерос ва номи бузургони мо аз ҷониби бегонагон ва ғайра), балки андешаҳои эстетикиву бадеӣ низ бо шӯру шааф тарғиб мешаванд… Кӯтоҳи сухан, нависанда ва ё шоир ошкоро менависад, ки ҷомеа ва адабиёти онро чӣ гуна дидан мехоҳад…

Вақте ки Шодӣ Раҷабзод аз бурду бохти ҳикоя мегуфт, ҳаминро дарк кардам, ки насри хурди бадеии мо асосан бо равиши вуқуънигорӣ ё ҳамон реализми даврони шуравӣ то кунун пеш меравад… Анвои гуногуни ин навъи адабӣ нест, агар андак бошад ҳам, дар қиёс бо садҳо равияҳои тоза дар адаби ҷаҳон чашмгир нест… Зеро реализм бозтоби ҳамон ҳаёте ҳаст, ки мо дорем, аз ҳаводиси ин ҳаёт сужа сохтан ва характер офаридан нисбат ба ҷараёнҳои нави постмудерн хеле сабуктар аст. Чанд муддат аст, ки аз удабои тоҷик ҳикояе нахондаам, ки мисли “Китобхонаи Бобил”-и Борхес дар розкушоии муҳтавояш ҳафтаҳо фикр карда бошам…

Акнун фикр мекунам: ба самъи насрнависоне, ки минбаъд дар ҳафтанома чизе нашр кардан мехоҳанд, боистӣ эълон шавад: хонед, баҳраҳо бардоред, ҷустуҷӯ кунед ва чизҳои наву тоза бо тақозои равияҳои нави адабӣ нависед…

Фикр мекунам, ки аз анвои гуногуни шеър (дар радифи ашъори суннатӣ) намунаҳо нашр шавад, масалан, ҳойку, шеъри зулол, ашъори минётурӣ ва ғайра…

Фикр мекунам, ки ҳоло “Адабиёт ва санъат” бариловаи маводи адабӣ бори ниҳоят вазнини инъикоси ҳаёти театрҳо, муассисоти фарҳангӣ, ҷашнвораи ҳунармандон, фаъолияти намояндаҳои дигар анвои ҳунарро ба дӯш дорад, ки ниҳоят мушкил аст. Адабиёти бадеиро аз ин навъи ҳунарҳо ҷудо бояд кард: бигзор ин ҳафтанома танҳо ва танҳо ба адабиёти бадеӣ ихтисос дошта бошад, инъикоси дигар масъалаҳои фарҳангиро Вазорати фарҳанг дар нашрияи худаш ба уҳда бигирад. “Адабиёт ва санъат” газетаи сирф адабӣ бошад, бо он ҳаҷму андозае, ки ҳоло дорад.

Намедонам, ба киҳо ва чӣ гуна муроҷиат кардан лозим, аммо миқдори саҳифаҳои ин ҳафтаномаро афзудан даркор, ақаллан 32 саҳифа. Мутаносибан шумораи кормандонро низ ду баробар зиёд бояд кард.

Чаро чунин мегӯям? Чунки доиман мушоҳида мекунам, ки ин ҳафтаномаро, ки ҳам шеър дораду ҳам ҳикоя, ҳам мақола дораду ҳам ҳаҷв, зиёд мехонанд… Ва аз даст ба даст гаштанашро ҳам дидаам…

Масалан, парерӯз дар таксие будам, ки паҳлуи ронанда “Адабиёт ва санъат” буд. Гуфтам, ки чиро хондӣ? Гуфт: ҳикояи аҷибе, мобайни се “заказ” тамомаш кардам. Дарди зиндагиро гуфтааст. Гуфтам, ки муаллифаш кӣ бошад? Гуфт: Ҷалол Икромӣ, ба фикрам.

Гуфтам, ки шояд Ҷалол Икромӣ неву Сироҷиддин Икромӣ бошад? Дар посух шунидам: эҳ-ҳо, вақти мактабхонӣ муаллим аз Ҷалол Икромӣ нақл мекард, фикрам ба ҳамон нависанда рафт… Касе набошад, чизи хуб навиштааст…

Ана ҳамин ҷумлаи ахири як ронандаи таксӣ бисёр муҳим ба гӯши ҳушам расид: муҳим, ки чизи хуб нашр шавад… Кӣ будани муаллиф хоҳу нохоҳ маълум мешавад…

Ва ниҳоят, як хоҳиши дигар: навбатпойӣ барои нашри навиштаҳо набошад, ҳамчунин муқаррар кардани ҳаҷму андозаи навиштаҳо…

Ин ду “меъёр” танҳо бар зарари ҳафтанома ҳасту бас.

Ҳафиз РАҲМОН

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь