Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

Ба завқи сарбаландиҳо талоши хоксорӣ кун,

Ниҳоли ин чаман гар реша дорад, дар замин дорад.

Бедил

Тоҷикистони навин саршор аз олимону орифони бузурги адабу забон ва манбаи обу барқу энергияи сабз мебошад. Ба шарофати истиқлоли миллӣ мардуми Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳо ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, аз ҷумла эҳёи арзишҳои миллӣ ва динии худ ба дастовардҳои бузург ноил гардид. Дар Паёму суханронии худ сарвари сулҳпарвари Тоҷикистон пайваста таъкид менамоянд, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ ҷашни шахсиятҳои машҳур аз ҷумла Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Бедил, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Муҳаммад Ғаззолӣ, Мирсаид Алии Ҳамадонӣ ва дигар шоирону мутафаккирони маъруф таҷлил мегарданд.

Дар чунин минтақаи пурфайзу маконҳои дилрабо фарзандоне ба дунё омаданд, ки бо доштани илму донишу ҳунар ҷаҳонро ба хусуси мардумони Осиёи Ҷанубиро дар рӯҳияи хираду тамаддун мунаввару муаттар гардониданд. Ҳамин тариқ, дар ин минтақа тифле ба дунё омад, ки Мирзо Абдулқодир ном гирифта, бо тахаллуси Бедил ва Абулмаъонӣ дар саросари ҷаҳон маъруфият пайдо кард. Ба андешаи устод Садруддин Айнӣ изофа шудани вожаи «Мирзо» ба номи Бедил сардор будани пешиниёни ӯ медонад. Бедил дар оилаи Мирзо Абдулхолиқ ном марди сипоҳӣ ба дунё омада, падараш яке аз орифони вораста ба мактаби Абдулқодири Гелонӣ буд. Бинобар ин фарзандашро Абдулқодир ном гузошт. Ҳамин тариқ, Бедил дар 4-солагӣ аз падар ятим монда, дар тарбияи модари хушсаводашро бузург шуда, илмҳои замони худро аз ёд карда, забони банголӣ, урду, санскрит, туркӣ, сарфу наҳви тоҷикиву форсиву арабиро омӯхта, ба мутолиаи осори назму наср машғул шуд.

Мирзо Абдулқодири Бедил ба монанди баҳри пурасрору маънист, ки бо розу ниёзҳои хайрхоҳу хайрандешаш, масдару маншаи адабу фарҳанги Осиёи Миёна ва Осиёи Ҷанубӣ маҳсуб ёфта, сабки баланди ҳиндиаш на фақат доираҳои адабиву ҳунариро тасхир намуда, балки ба ҳар хонадон роҳ ёфтаст. Ӯ тавонист мушкилоти давро раҳо сохта, забону адабро ҷилвагар намуда,“сабки ҳиндӣ”-ро ба авҷи камол расонад, ки дар Ҳинду Хуросону Мовароуннаҳр ҳамчун дастоварди бузург пазируфта шуда, пайваста тавсеа меёбад.

Дар Тоҷикистон эҷодиёти Бедил ба сабки ҳиндӣ шуҳрат пайдо кардааст, ки шинохту шахсияти он дар китобҳои дарсии мактабҳои миёна аз ҷумла адабиёти синфи 10-и Тоҷикистон бо шеърҳо оварда шудааст. Ин ҳама баҳри насли наврас монанди зарфест, ки дар он ғизои серғизову фоидабахш гузошта шуда, тавассути истеъмолу он рӯҳу равони онҳо тавонтару такомултар хоҳад гашт. Ҳамасола, аз ин ғизои солим беш аз 1 миллион насли ҷавону соҳибзавқ файзбахш мегарданд. Шиносномаи Бедил дар китоби адабиёти синфи 10-и Тоҷикистон ба зикри ному шеъру ҳаёт ва эҷодиёташ оварда шудааст. Ҳамин тариқ, санаи 6-уми августи соли 2006 Президенти Тоҷикистон ба Ҳиндустон сафара карда, аз мақбара ва боғи Бедил дидан намуда, таъкид доштанд, ки Бедил дар оғози асри XXI пайвандгари таърихӣ ва маънавии ду кишвари дӯст — Тоҷикистон ва Ҳиндустон аст. Панди бузурги ӯ дӯстӣ ва ҳамкории ҳамаҷонибаи мо ба манзури таъмини амнияту субот, пешрафт ва шукуфоии кишварҳо ва мардумони мост.

Мояи шарафу ифтихори Тоҷикистону навин мебошад, ки бузургтарин шоир, мутафаккир ва нависандаи тоҷику форс Мирзо Абдулқодири Бедил яке аз он эҷодкоронест, ки на танҳо дар адабиёти қадим, балки ба ҷараёни минбаъдаи таърихи адабиёт низ таъсири амиқ гузоштааст. Абдулқодир ном ва Бедил тахаллуси адабии шоир буда, унвони фахрии эҷодиётиаш Абулмаонӣ мебошад. Бедил ба маънои дилдода яъне ошиқ шарҳ дода шудааст. Падару бобоёни Бедил аз мардумони гирду атрофи Самарканд буда, аз сабаби нобасомониҳои давр ба Ҳиндустон сафар карданд. Қобили зикр аст, ки Бедилро чун Рӯдакӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Хайём ва Муҳаммади Иқболи Лоҳурӣ дар Тоҷикистон мешиносанд ва бо ташкил ва таблиғи осору афкораш маҳфилҳои Бедилхонӣ доир мегардад.

Мавриди зикр аст, ки дар миёни мамолики Осиёи Ҷанубӣ маҳфилу маҷлисҳои Бедилшиносӣ ба монандаи “Урси Бедил” дар Ҳиндустон, “Анҷумани дӯстдорони Бедил дар Афғонистон ва силсила семинари илмӣ “Бедилфаҳмӣ” дар Покистон ва ғайраҳо баргузор мегардад, ки заминаи хубро дар дарки дурусти осору афкори Мирзо Абдулқодири Бедил фароҳам хоҳад овард. Бо ташаббуси Идораи фурӯғи забон ва Донишгоҳи Покистон силсила семинари илмӣ зери унвони “Бедилшиносӣ” ё Бедилфаҳмӣ ба роҳ монда шудааст, ки ҳадафи асоси барнома қадршиносӣ ва дарки дурусти олиму орифи шаҳири тоҷиктабори Шибҳи қораи Ҳинд Мирзо Абдулқодири Бедил мебошад.

Дертар дар соли 1981 донишманди тоҷик Бобобек Раҳимӣ то охирин лаҳзаи ҳаёти худ моҳи январи соли 2023 ба тадқиқу омӯзиши аҳволу осор ва нашри мероси адабии Мирзо Абдулқодири Бедил машғул шуда, соли 1917 китоберо зери номи “Зиндагиномаи Бедил” бо ҳаҷми 496 саҳифа дар нашриёти «ЭР-граф» ба нашр расонд. Китоби зиндаёд шомили хотироту воқеъаҳои ҳаёти Бедил аз замони кӯдакӣ, ҷавониву пирӣ, мактабу мадраса, сафарҳои гуногуну иртиботи ӯ бо шоирони ҳамзамонаш, муносибаташ ба хокимони аср, хислатхои шахсии шоир, лаҳзаҳои охирини зиндагии шоир мебошад.

Мавсуф дар раванду равиши рисолати бедилшиносии худ бисёр дақиқбинона, назокатшиносона, покдилона ва баинсофона ба замону зиндагии шоир аз назару нигоҳҳои воқеъбинона нигариста, ҳақиқати онро пайдо намуда дар навиштаҳояш ифода кардааст, ки ба ин ё он сабаб муносибати вайро ба ҳаёт, фаҳмиши қадимиҳоро нисбати одаму одамгарӣ, нисбати ишқу оиладорӣ, боварӣ, ҷаҳл ва фиреб, забон ва дил ифода мекунад.

Ҳамин тариқ, Бедилу бедилшиносӣ дар Тоҷикистон ба авҷ расида, тадриҷан ба камолот расидаистода, то андозаи хело хуб дар тадқиқоти зиндаёд Бобобек Раҳимӣ таҷассум ёфтааст. Шодравон Бобобек Раҳимӣ 26 майи соли 1947 дар Деҳи Калони воҳаи Яғноби ноҳияи Айнӣ таваллуд шуда, соли 1954 дар ҷараёни кӯчондани сокинони кӯҳистони Яғноб, аз ҷумла хонадони падари Бобобек Раҳимӣ дар ба шаҳри Душанбе ва атрофи он ҷой гирифтанд.

Дар даври ҳозир адабиётшиноси тоҷик профессор Нуралӣ Нурзод бештар ба осори Бедил тадқиқот бурда, соли 2002 дар мавзӯи «Маърифат ва шарҳи ашъори Бедил» рисолаи номзадӣ дифоъ карда, дар мавзӯи «Поэтикаи ғазалиёти Мирзо Абудқодири Бедил» рисолаи докторӣ таълиф намуд.

Хулосаи калом, Мирзо Абдулқодир дар замони соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон бештару беҳтар шуҳрати ёфта, бо чунин фазлу хираду адаб дар рушди ҷомеаи солиму созанда нақш офарида, ба камол расида, қадру манзалат ва эҳтирому инсонро боло бурд. Ва ба қавли худи ӯ:

Олам варақе зи дафтари инсон аст,

Гардун дуде зи маҷмари инсон аст.

Он дона, ки ҳаст шоху баргаш ба ҷаҳон,

Гулкарда зи ҷайбаш самари инсон аст.

Мирсаид Рахмонов

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь