Ёде аз шоири бачаҳо Наримон Бақозода
24-уми январи соли равон дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба муносибати 90-солагии адиби маъруфи кӯдакон, шодравон Наримон Бақозода ҳамоиши адабӣ баргузор шуд. Дар ин маҳфил адибон, пайвандон ва дӯстони шоир дар мавриди шахсият ва шеъри ӯ суҳбат карданд. Ҳамчунин, хонандагони мактабҳои пойтахт аз ашъори шоир шеърҳо қироат намуданд.
…Ростӣ, чанд вақти охир дар чунин як маҳфили зебо набудам. Одат шудааст, ки маҳфилҳои адабии мо бо маърӯзаҳои дурудароз ва тумтароқ сипарӣ мешаванд. Вале Азизи Азиз, мудири бахши адабиёти кӯдаки Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, ки маҳфили 90-солагии Наримон Бақозодаро сарварӣ мекард, аз оғоз таъкид кард: “Дар маҳфили мо маърӯза хонда намешавад, мо хотираҳои ширини даврони гузаштаро ба ёд меорем ва шеър мехонем”. Воқеан, чунин ҳам шуд…
Ато Мирхоҷа, муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, дар суханронии ифтитоҳии хеш аз нақши Наримон Бақозодаро дар рушди адабиёти кӯдак ёдоварӣ карда, гуфт, ки осори ӯро метавон дар радифи ашъори шоироне бузурге чун Убайд Раҷаб ва Гулчеҳра Сулаймонӣ ном бурд.
Воқеан, Наримон Бақозода аз зумраи шоиронест, ки фақат барои кӯдакон асар навиштааст. Вале Азизи Азиз мегӯяд, ки агар кас ӯро медид, дар аввал бовар намекард, ки адиби бачаҳо аст, зеро шахси қоматбаланди босалобат ва хеле ҷиддӣ будааст. “Вақте устод ба минбар мебаромаданд, кӯдакон дар аввал ба ҳарос меафтоданд, вале ҳамин ки ба шеърхонӣ даромаданд, ҳамаи кӯдакон завқ мебурданд ва гӯшу ҳуш мешуданд. Вақте эшон шеъри машҳурашон:
Офтобак механдад,
Зебо механдад!
Бар ту, бар ман, бар олам,
Бар мо механдад:
Ҳо–ҳо–ҳо–ҳо–ҳо,
Ҳо–ҳо–ҳо–ҳо–ҳо!
-ро мехонданд ҳама баробарашон мехонданд ва механдиданд.”
Нависандаи бачаҳо Софияи Носир дар суханронии хеш гуфт, ки шеъри Наримон Бақозода ба кӯдакон таъсири амиқ мегузошт. “Мо барои фарзандонамон ҳамеша шеърҳои эшонро мехондем. Писари мо дар кӯдакӣ аз хоб дер мехест. Вақте ӯ аз ҷойгаҳ хестан намехост, як шеъри Бақозодаро дар бораи кӯдаки танбал мехондам. Як рӯз ӯ ба ғазаб омада, китоби эшонро пора кард. Ба Бақозода қазияро гуфтам. Хурсанд шуда гуфтанд, ки кош ба ҳамаи кӯдакон шеърҳои ман чунин таъсир расонаду онҳо китобро пора кунанд. Ва рӯзи дигар як китоби нав оварда ба фарзандони ман ҳадя карданд.”
Шоири маъруфи бачаҳо Ҷӯра Ҳошимӣ Наримон Бақозодаро устоди шеъри кӯдаки тоҷик ном бурда, шеърҳои ӯро бачахӯрак, арзёбӣ кард:
“Шеърҳои Наримон Бақозода бо содагӣ ва самимияташон писанди кӯдакон аст ва онҳоро зуд ба хотир мегиранд. Барои мисол:
Маро боғча набаред,
Ванг, ванг, ванг!
Боғчаро ин ҷооред,
Ванг, ванг, ванг!
Ё:
Ман давидам ӯ давид,
Ҳар ду давидем,
Ман шапидам, ӯ шапид,
Ҳар ду шапидем,
Ҷомаи ӯ аз танаш
Ҷаррӣ ҷудо шуд,
Куртаи ман як та буд,
Шартӣ ҷудо шуд.
Дар ин шеърҳо дунёи кӯдакон бисёр амиқ тасвир шуда, ҳамчунин шоир онҳоро бисёр одӣ ва барои кӯдакон фаҳмо гуфтааст. Ин гуна шеърҳо, шеърҳои бачахӯрак ҳастанд”-гуфт Ҷӯра Ҳошимӣ.
Ҳамчунин, Шоири халқии Тоҷикистон Ҷӯра Ҳошимӣ пешниҳод кард, ки ба хотири абадӣ гардонидани номи Наримон Бақозода ягон мактаб ё муассиса ба номаш гузошта шавад.
Дар ин маҳфил зикр гардид, ки Наримон Бақозодаро асосгузори жанри драматургияи бачагона дар адабиёти тоҷик аст. Режиссёр ва драматурги маъруф Тӯрахон Аҳмадхонов, ки бо Наримон Бақозода ҳамкорӣ дошт, мегӯяд “Бахтатро бедор кун” ном песаи ӯ яке аз беҳтарин асарҳои саҳнавӣ барои бачагон аст. “Вақте банда ин асарро дар саҳнаи Театри Лоҳутӣ гузоштам онро дар тамоми гӯшаю канори кишвар намоиш додем ва мардум онро хуш истиқбол карданд. Ҳатто бисёриҳо ба хотири қаҳрамони асосии асар номи фарзандашонро Бахтовар гузоштанд” – гуфт Тӯрахон Аҳмадхонов.
Адабиётшинос Абдураҳмон Абдуманнонов гуфт, ки Наримон Бақозода дар зиндагӣ шахси озода буд, байни хоксориву эҳтироми худ ва ғуруру худписандӣ тафовут гузошта метавонист ва эҳтиромашро нигоҳ медошт.
“Ягон вақт дар ягон маҷлис, сӯҳбат ва дар муносибатҳо ман аз эшон ягон сухани хушомадомез нашунидам, ки ба касе гуфта бошад. Меҳрубонӣ мекард, вале хушомад намекард. Иззату нафси худро нигоҳ медошт ва ҳеҷ гоҳ нописандона ба касе муносибат намекард”, – гуфт ӯ.
Дар суҳбатҳои гардонандаи маҳфил Азизи Азиз ва адиби кӯдакон Муҳаббат Юсуфӣ сухан аз фестивали “Ҳафтаи китоби наврасон ва наврасон” рафт, ки ҳамасола аз 2-юм то 9-уми апрел баргузор мешавад ва дар саргаҳи он Наримон Бақозода меистад. “Дар солҳои душвори 90-ум ва оғози 2000-ум Наримон Бақозода адибонро ба шаҳру навоҳии кишвар мебурданд ва бо кӯдакон вохӯриҳо баргузор мекарданд. Қабл аз сафар бо раисони шаҳру навоҳӣ маслиҳат карда, маҳфилҳоро дар сатҳи баланд баргузор мекарданд. Мизбонон ҳам ба хотири эҳтиром ба устод Бақозода адибонро хуш истиқбол карда тӯҳфаҳо медоданд. Худи муаллим ҳам ба мо ҳақи қалам медоданд, ки дар он солҳо дар зиндагиамон ёрмандии бузурге буд”- ёдоварӣ кард Азизи Азиз.
Азизи Азиз ҳамчунин як лаҳзаеро аз он рӯзгорон нақл кард, ки бисёр ҷолиб аст: “Соли 2000-ум дар дораи фестивали “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон” ба шаҳру навоҳии вилояти Хатлон рафтем. Моро дар сатҳи баланд пазироӣ карда туҳфаҳо доданд. Дар яке аз ноҳияҳо ба ҳамаи адибон ҷомаву тоқа пӯшониданд. Дар ноҳияи Панҷ ҳам, раиси ноҳияи Шукуҷон Зуҳуров моро гарм истиқбол карданд. Баъди вохӯриҳо эшон ҳам ба мо ҳадяҳо доданд. Чун диданд, ки газели мо аз қутиҳо ва бухчаҳои ҷомаву тоқӣ пур аст гуфтанд: “Агар мо ҳам ба шумо туҳфа диҳем дар мошинатон ҷой намемонад.” Наримон Бақозода ҳозирҷавобӣ карданд: “Ҳеҷ гап не, Шумо туҳфаҳоро диҳед, мо пиёда меравем”. Ҳама хандиданд.”
Маҳфили бузургдошти 90-солагии Наримон Бақозода бо суханронии фарзанди шоир Қаҳрамон Бақозода анҷом ёфт. Ӯ хотироти хешро аз падараш нақл карда, ҳамчунин, хабар расонид ки ба қариби сомонаи шоирро боз карда, ҳамаи осори ӯро он ҷо нашр мекунад. Илова бар ин, китоби меҳрномаҳоро бахшида ба падараш чоп хоҳад кард. Ҳамчунин, дар ин маҳфил зикр кардид, ки маҷмӯаи ашъори Наримон Бақозода аз ҷониби Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон омода ва нашр шудааст, ки соли равон ба дасти хонанда мерасад.
Маълумотнома: Наримон Бақозода, 26 январи соли 1936 дар шаҳри Самарқанд, дар оилаи Абулато Бақозода, рӯзноманигори маъруфи «Овози тоҷик» зода шудааст. Соли 1960 факултети таъриху филологияи УДТ ба номи В. И. Ленин (ҳоло ДМТ)ро хатм кардааст. Ходими адабӣ, мудири шуъбаи рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» (1960—1967), мудири шуъбаи адабиёти бачагон ва наврасони Нашриёти давлатии «Ирфон» (1967—1970), таҳсил дар мактаби кинодраматургии назди Киностудияи «Тоҷикфилм», сардабири шуъбаи филмҳои ҳуҷҷатии «Тоҷикфилм», сармуҳаррири Комитети давлатии Тоҷикистон оид ба кинематография (1970—1974), котиби масъули маҷаллаи «Машъал» (1974—1979), муовини аввали раиси Комитети Тоҷикистнии муҳофизати сулҳ ва мудири Тоҷикистнии Хазинаи сулҳ (1974—2003) будааст.
Аз соли 2003 то охири умр ба корҳои эҷодӣ машғул буд. Барои кӯдакону наврасон як силсила шеъру достон офаридааст, ки дар маҷмӯаҳои «Гулдара» (1969), «Шеърҳо, афсонаҳо, чистонҳо» (1971), «Сурнайчӣ» (1975), «Оши ҳалол» (1978), «Чӣ хуш аст?» (1983), «Дафтари мо — кони панҷ» (1985) ва ғ. фароҳам омаданд.
Наримон Бақозода рӯҳу равони кӯдаконро мефаҳмид, ба завқашон муносиб рафтор менамуд. Асарҳое меофарид, ки завқи кӯдакони синни томактабӣ ва хурди мактабхонро ангехта тавонанд. Аввалин либреттои операи бачагонаи тоҷик «Хонаи заргӯшбибӣ» (1969), драмаҳои «Бузаки ҷингилапо» (1975), «Бахтатро бедор кун» (1985) ва ғайраро эҷод кардааст. Киносенарияи «Пули ларзон» (ба забони русӣ), радиопйесаи «Истиқболи Барфибобо», драмаи телевизионии «Кадри ҳавоӣ» ҳам маҳсули эҷоди ӯ ҳастанд. Асарҳои ӯ дар саҳнаи театрҳои Душанбе, Хуҷанд, Чкаловск ва ғ. ба намоиш гузошта шудаанд. Чандин асари нависандагони шӯравӣ — «Доктор Айболит»-и К. Чуковский (1984), шеърҳои С. Маршак, ҳикояву афсонаҳои А. Гайдар ва дигаронро ба забони тоҷикӣ тарҷума кардааст. Ба забони русӣ маҷмӯаҳои Наримон Бақозода «Хандаляк» (1969), «Ишь ты, озорной» (1974), «Что всегда слаще?» (1990), ба забони узбекӣ маҷмӯаи шеърҳои «Гулсара» (1979) ба табъ расидаанд.
Бо медали «Барои меҳнати шуҷоатнок. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В. И. Ленин», «Нишони Фахрӣ»-и Кумитаи сулҳхоҳони Олмон ба номи Жолио Кюри, медали тилои Федератсияи байналхалқии хазинаи сулҳ сарфароз гардидааст. Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон, Ходими шоистаи фарҳанги Тоҷикистон (1993) буд. Узви ИН Тоҷикистон аз соли 1974 буд.
О. НОЗИР