“Бобо”-и Маъмур аз ашаддитарин мухлисони нос дар Тоҷикистон аст, ки таҷрибаи 40-солаи носкашӣ дорад. Ӯ 45-сола аст ва дар яке аз деҳаҳои дурдасти ноҳияи Панҷ бо се фарзанду модари онҳо зиндагии камбағалонае мегузаронад. Ҳарчанд ҳоло ягон нафар аз фарзандонашро оиладор накардааст, вале кӯдакони гузар ӯро “бобо” садо мезананд. Ин ба хотири он аст, ки дандонҳои поёнаш пурра рехта, аз қисмати болоӣ ҳисобӣ ба назар мерасанд.

“Бобо”-и Маъмур аз синнаш калонсолтар ба назар мерасад. Шояд бузургтар намуданаш ба хотири мушкилоти зиёди рӯзгор бошад, вале бедандонӣ ҳам ба чеҳрааш таъсири ногувор гузоштааст. Ӯ аз он ки чӣ гуна ба ин одати бад гирифтор шуд, ба мо нақл кард.

— Шояд ҳоло мактабхон набудам ва ё дар синфи як мехондам, ки аввалин бор маҷбурӣ ба ман нос доданд. Аз миёни деҳаамон канали калоне мегузарад, ки аз дарёи Панҷ маншаъ мегирад ва ҳамин тавр, мардуми ҷамоатҳои деҳоти поёнии ноҳияро бо оби полезию ошомиданӣ таъмин мекунад. Мо шаш нафар ҷӯраҳо, ки иҷозати дар канал оббозӣ карданро аз волидонамон надоштем, дар ариқчае, ки аз канали калон барои обрасонии хоҷагиҳои дуртар канда шуда буд, оббозӣ мекардем. Он замон на ҳама ҷои ариқча барои оббозӣ муносиб буд. Маконе, ки барои оббозии мо амнтар буд, аз ҳудуди ҳавлии як нафар ҳамдеҳаамон мегузашт. Ин ҳамдеҳаамон, ки худу аҳли хонаводааш носкаш буданд, шарт гузошт, ки то нос накашем, бароямон иҷозати оббозӣ намедиҳад. Дигар илоҷ надоштем, ба ҷуз он ки розӣ шавему ҳарчи зудтар худро аз зери шуои офтоби сӯзон ба об андозем. Аҳволи баде, ки пас аз носкашии нухустинам доштам, то ҳол аз ёдам намеравад. Қариб се рӯз аз ҷой хеста наметавонистам. Сардард, дилбеҳузурӣ, беҳаракатӣ, беиштиҳоӣ таркам намекард. Чанд рӯз пас, баъди он ки каме ба худ омадам, рафиқонам маро боз ба оббозӣ хонданд. Боз ҳамон аҳвол. То нос накашем, оббозӣ намекунем… Ҳамин тавр, ману рафиқонам носкаш шудем,- ба ёд овард солҳои кӯдакияшро “бобо”- и Маъмур.

Номбурда мегӯяд, ки чанд бор кӯшиш кард аз ин одати бадаш даст кашад, аммо асабонияташ бештар мешавад. Ҳар бор, ки нафареро мебинад, ки нос ба даҳон мебарад, дилаш гум мезанад ва пойҳояш ба хотири як каш нос, беихтиёр, ӯро сӯи носкаш мебаранд: “Чанд соли охир ба хотири бас кардани нос ба сигор рӯ овардам, аммо чун сигор қиммат аст, боз ба нос баргаштам. Лаънат ба ҳардуяшон”.

Феълан дар ҳудуди кишвар навъҳои зиёди нос мавҷуданд, ки бо номҳои гуногун маъруфанд. “Носи Калинин”, “носи аэропорт”, “кабелний”, “011” дар пойтахт, “носи Узун” дар минтақаи Бохтар, носи “кампири Чинӣ” дар Файзобод, “носи қорӣ Раҳмат” дар Конибодом ва ғайра аз ҷумлаи брендҳое ҳастанд, ки миёни ҷомеаи носкаш маҳбубияту маъруфият доранд.

Чаро одамон носу сигор мекашанд?

Табибон бар онанд, ки одат кардан ба тамоку ба никотини таркиби он вобаста аст, ки системаи марказии асабро кайфият мебахшад. Никотин моддаи ниҳоят заҳрнок аст. Ҳангоми кӯшишҳои аввалини тамокукашӣ дилбеҳузурӣ, сарчархзанӣ, қайкунӣ ва ҳатто беҳушшавӣ мушоҳида карда мешавад. Дар ҳар як одами тандуруст чунин ҳолат рух медиҳад, аммо вақте организм ба никотин одат мекунад, таъсири заҳрҳо суст мешавад ва тамокукаш фақат таъсири форами онро эҳсос мекунад.

Олимон исбот кардаанд, ки дар таркиби тамоку зиёда аз 1200 намуд моддаи заҳрноку кислотаҳо мавҷуд аст ва он ба мубталошавии инсон ба бемории саратон боис мегардад. Дар таркиби дуди сигор, ғайр аз никотин, беш аз 4 ҳазор заҳрхимикат мавҷуд аст, ки инсонро гирифтори бемориҳои шуш, саратон, резиши мӯй, пӯсишу зардшавии дандонҳо, бемории рӯда ва ғайраҳо мегардонад. Ҳангоми сигоркашӣ, ин моддаҳо ба ковокии даҳон ва роҳҳои нафас даромада, ба пардаи луобӣ ва лифофаи ҳубобчаҳои шуш мечаспанд ва ба воситаи оби даҳон ба меъда дохил мешаванд. Аз назари тиб, истифодаи барзиёди тамоку ба тангшавии рагҳои хунгард оварда мерасонад, ки дар натиҷа одам ба сактаи дилу пӯсидашавии бофтаҳои бадан мубтало мегардад.

Равоншинос Марям Давлатова яке аз сабабҳои майл кардани ҷавононро ба носу сигоркашӣ бештар дар пайравӣ аз падар ва ё муҳит, инчунин, эътироз ба фишори наздикон медонад.

«Сабабҳои сигоркашии одамон, хоҳ зан ва хоҳ мард, ба ҳамдигар монанд аст. Кӯшиши худро қавитару калонтар ҳис кардан, эътироз ба фишори калонсолон, тақлид ба рафиқон барои аз ҷониби онҳо пазируфта шудан ва амсоли ин аз ҷумлаи сабабҳои маъмулӣ ҳастанд. Баъзан пайравӣ ба калонсолони муътабари оила, волидон ва дигар аъзои хонадон ҳам метавонад яке аз ин сабабҳо бошад”,- мегӯяд М. Давлатова.

Номбурда андешаи онро ки “сигор асаби одамро ором мекунад”, афсона медонад: «Ин баҳонаи сигоркашонест, ки онро партофта наметавонанд, вале вобастагияшонро эътироф кардан намехоҳанд». Ба гуфтаи ӯ, «дар асл сигор асабро метавонад бо вобастагӣ хароб намояд ва ягон сарчашма манфиати онро тасдиқ накардааст».

Тиб исбот кардааст, ки тамокукашҳо назар ба ашхосе, ки тамоку намекашанд, ба саратони шуш 10 маротиба, саратони ҳалқ аз 6 то 10 маротиба, ба саратони сурхрӯда аз 2 то 6 маротиба бештар гирифтор мешаванд. Варами доимии шуш, сил ва нафастангӣ барои ин гуна одамон аз касалиҳои муқаррарист. Касалии паҳнгаштаи тамокукашҳо стенокардия аст, ки ҳангоми ин беморӣ рагкашии дил ба амал меояд, қафаси сина сахт дард карда, касро ваҳми мурдан фаро мегирад. Стенокардия бисёр вақт боиси инкишофи миокардит — иллати вазнинии дил мегардад. Тамокукашӣ имконияти ҷисмонии одамро хеле маҳдуд менамояд. Никотин қувваи ҷисмонӣ ва эҳсоси мушакҳоро суст гардонида, мувозинати ҳаракат, суръат ва хусусан тобовариро ба ҳолати бад гирифтор месозад. Истеъмоли тамоку дар шакли сигор ҳар сол дар тамоми мамлакатҳои дунё ҳазорҳо одамонро ба ҳалокат мерасонад.

Қонун чӣ мегӯяд?

Аввалин маротиба соли 2010 дар Тоҷикистон Қонун “Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку” қабул шуда буд, вале бо пеш омадани зарурат ва талаби ҷомеаи шаҳрвандӣ он соли 2018 дар таҳрири нав пешниҳоди ҷомеа гардид. Аммо то куҷо Қонуни мазкур ба дарди ҷомеа бармехӯрад? Оё меъёру талаботҳои он миёни ҷомеа риоя карда мешавад?

Соли сеюм аст, ки Қонун “Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку” дар Тоҷикистон амал карда истодааст. Ҳарчанд мақомот дар ин самт чораҳои зарурӣ андешида бошанд ҳам, аммо боз ҳолатҳое вомехӯранд, ки бандҳои Қонуни мазкур поймол карда мешавад.

Тибқи банди 3, моддаи 5 (Манъи фурӯши маҳсулоти тамоку)-и қонун “Фурӯши сигарету папирос, ки дар борпечи истеъмолӣ аз бист дона кам мебошанд, фурӯши сигарету папирос ба таври донабайъ, инчунин фурӯши маҳсулоти тамоку бе борпечи истеъмолӣ ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи сифати маҳсулоти тамоку манъ аст”. Аммо мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки то ҳанӯз фурӯши донабайъи сигор на танҳо дар савдои кӯчагӣ, балки дар баъзе мағозаву дӯконҳои шаҳру навоҳии кишвар вуҷуд дорад. Ин албатта боиси нигаронӣ аст, чун бо сабаби гарон шудани арзиши қуттии сигор имконияти харидорӣ каме маҳдуд шудааст, аммо барои шахси сигоркаш ёфтани як сомонӣ барои харидории як дона сигор мушкил нест.

То қабул шудани Қонуни мазкур тамоку хеле тарғиб мешуд. Қуттиҳои навъҳои гунонуни сигор, ки дар рафҳои пеш, дар ҷои намоёни мағозаву супермаркетҳо гузошта мешуд, исботи гуфтаҳои болост. Албатта ҳадафи асосӣ ҷалби диққати харидор аст. Хушбахтона, алҳол чунин ҳолат кам аст ва ё умуман ба назар намерасад. Тибқи муқаррароти қонун акнун ҷои қуттиҳои тамоку иваз шуда, дур аз чашми харидор гузошта шудаанд. Ҳамчунин, на кам аз 75 фисади сатҳи умумии қуттии сигор бо расм ва навиштаҷот оид ба зарари тамоку таъмин аст, ки қаблан он на бештар аз 30 фоизро ташкил медод.

Рӯзи байналмилалии бидуни тамоку

Ба хотири пешгирӣ аз амали номатлуби тамокукашӣ бо ташаббуси созмонҳои байналмилалӣ 31-уми май дар тамоми ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии бидуни тамоку (World No Tobacco Day) қайд мегардад. Ин рӯз ба хотири ҷилавгирии мардум, бахусус ҷавонон, аз истеъмоли тамоку аст. Вобаст ба ин рӯз дар бештари кишварҳои дунё чорабиниву маҳфилҳои мухталиф алайҳи тамоку ва таблиғи шеваи солими зиндагӣ гузаронида мешавад. Дар робита ба ин, як қатор созмонҳои байналмилалӣ дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ вазифа гузоштаанд, то алайҳи ин падидаи аср дастаҷамъона мубориза баранд. Аммо Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аз он изҳори нигаронӣ кардааст, ки дар мавриди мубориза алайҳи тамоку ва хатари он ба саломатии инсон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба таври ҷиддӣ муносибат карда намешавад.

Тибқи иттилои омори ҷаҳонӣ, агар вазъият бетағйир боқӣ монад, то соли 2030 аз сигоркашӣ мумкин аст, ки дар як сол то 8 миллион нафар ба ҳалокат расанд.

Мувофиқи ҳисоботҳои тахминӣ, алҳол дар ҷаҳон 1 миллиарду 300 миллион нафар аз тамоку ва нос истифода мебаранд, ки дар Тоҷикистон низ теъдоди тамокукашон кам нестанд.

Шамсулло ФОЗИЛОВ, «ФАРАЖ»

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here