Пеши ҳайкали шумо истода, саломи самимии худамро ба шумо мерасонам, устоди гиромиям, Ҷомӣ. Солиёну асрҳои зиёде аз замони зиндагии шумо гузаштанд, вале номи шумо ҳанӯз ҳам вирди забони ҳамагон аст. Бароятон ҳатто ҳайкал сохтаанд. Магар зебо нест?

Ба замми ин, натанҳо ҳайкали одӣ, балки нишонаи дӯстиву рафоқат, меҳру садоқат дар ҳайкали мазкур ниҳон аст. Медонед бобо, маҳз чӣ диққати маро ба худ ҷалб кард?  рафоқати шумо бо устод Навоӣ…

Аз Навоӣ мерасад бонги навои дӯстӣ!

Жомийи ширинсухандир раҳнамои дӯстӣ!

Тоҷику ӯзбек азалдан “эт билан тирноқ эрур”,

Дилга дил пайванд эрур аз ибтидои дӯстӣ!

Бале, на ҳама вақт шахсонеро пайдо кардан мумкин аст, ки дӯстии содиқонаву беғаразе дошта бошанд. Дар мавзуи чунин як намуд дӯстии мустаҳкам байни устоду шогирд умуман дам намезанам. Ба андешаи ман, дар замони мо умуман байни устоду шогирд чунин муносибати самимӣ дида намешавад ва онҳо аз доираи таълим берун намебароянд. Лекин шумо бо устод Навоӣ на танҳо рафиқ будед, ҳатто тавонистед то охири умр тарафдори ҳамдигар боқӣ монед.

Бобоҷон, рафоқати шумо бо устод Навоӣ қадамҳои нахустин дар муносибати  ду давлат ва ду миллату халқият гардид. Шумо намунаи беҳтарини дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек мебошед.  медонед бобоҷон, ин дӯстӣ сол то сол мустаҳкам шуда истодааст ва имсол 30 юмин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар ҷашн гирифта шуд.  Имрӯзҳо муносибат дар соҳаҳои гуногун байни кишварҳои ҷаҳонӣ мустаҳкам шуда истодааст ва имконияти пайдо кардани ҳамфикрон аз миллатҳои дигар низ ҳаст.

Чизи дигаре, ки да ҳаёти шумо маро ба ҳайрат овард, ин фарқият дар соли шумо ва устод мебошад, зеро он кас аз шумо 27 сол хурд будаанд ва ба ин нигоҳ накарда шумо тавонистед ёру рафиқи ҷонӣ шавед. Барои ман ин нишонаи дигаре аст, ки дар дӯст будан бо кас сол аҳамияте надорад, зеро мо имкон дорем, ки аз ҳамдигар чизе омӯзем. Умуман ба зиндагиномаи шумо назар карда бисёр чизҳоро ёд гирифтан мумкин аст ва ман кӯшиш менамоям, то ки аз ин дониш пурра истифода кунам. Дар охир ба шумо як хушхабар дорам. Дар аввали номаам навишта будам, ки ба ҳайкали шумо ва устод Навоӣ нигоҳ мекунам. Бале, чунин ҳайкал воқеан вуҷуд дорад, ки он соли 2018 аз ҷониби Президенти Тоҷикистон ва Президенти Ӯзбекистон кушода шуда буд. Айни ҳол ҳар кас метавонад аз назди он гузарад ва аз дӯстии ду шахси донишманд огоҳ шавад.

Дар охири номаам гуфтаниям ки мо наберагонатон бо шумо фахр мекунем, зеро барои мо аз худ мероси маънвӣ ва гароназишро боқӣ гузоштаед.

 Баъди гузашти асрҳо чабераатон Гулистон

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь