Бо ташаббуси Намояндагии DVV International дар Тоҷикистон ва сармоягузории Вазорати федеролии Олмон оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (BMZ) шоми 2 декабр дар шаҳри Душанбе дар мавзуи “Таъсиси минтақаҳои таълимгиранда ва навоварӣ дар таҳсилот ва таълими калонсолон барои суръат бахшидани рушди иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон” нишаст баргузор шуд. Дар ин чорабинӣ намояндагони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, намояндагони ташкилотҳои иҷтимоии марбут ба таълими калонсолон ва намояндагони ташкилоти тиҷоратӣ ширкат карданд.

Дар мавзуи мазкур Ҷамшед Қуддусов, коршиноси бахши бозори меҳнат маърӯза кард. Ба гуфтаи Ҷамшед Қуддусов, Созмони Милали Муттаҳид соли 2015 Ҳадафҳои рушди устуворро то соли 2030 қабул кардааст, ки бино ба банди 4-уми он ҳадафҳо барои рушди устувор бояд таҳсилоти босифати фарогир ва одилона, ҳавасмандкунии имкониятҳои таҳсил дар тӯли ҳаёт барои ҳама таъмин карда шавад.

“Ҳадафи ҷолиб аст. Барои расидан ба ин ҳадаф мо бояд ҳамеша дар фикри нав кардани донишҳоямон бошем. Мо бояд биандешем, ки чи гуна метавонем, ба ҳамаи сокинони кишвар: минтақаҳо, шаҳрҳо, деҳаҳо, деҳаҳои дурдаст шароити дастрасӣ ба донишҳои навро фароҳам оварем? Ва дар маҷмуъ, дастрасӣ ба сарчашмаҳои таҳсилотро муҳайё созем. Дар таҷрибаи байналхалқӣ консепсияи UNESCO – Ташкилоти Созмони милали муттаҳид (СММ) оид ба масоили маориф, илм ва фарҳанг – рушди шабакаи шаҳрҳои таълимгиранда, минтақаҳои таълимгиранда ва ҷомеаи таълимгиранда мавҷуд аст. Барои расидан ба ҳадаф, мо метавонем аз ин консепсия намуна бигирем”, – гуфт Ҷамшед Қуддусов.

Ба иттилои вай, UNESCO шабакаи ҷаҳонии шаҳрҳои таълимгирандаро таъсис додааст, ки айни замон ин шабака 294 шаҳр аз 76 кишварро фаро мегирад.

“Шаҳри таълимгиранда” – шаҳрест, ки зарфиятҳои худро барои ҳадафҳои зерин ба таври самаранок истифода мебарад:

Зарфиятҳои инсониро барои рушди таҳсилоти фарогир сафарбар месозад;

Таҳсилотро дар хонаводаҳо ва гуруҳҳо равнақ медиҳад;

Барои дастарсӣ ба таҳсилот дар ҷойи кор мусоидат мекунад;

Технологияҳои муосири таҳсилотро истифода мебарад;

Сифати таҳсилотро боло мебарад, имконоти таҳсилотро барои аҳолӣ меафзояд;

Барои рушди фардӣ ва такомул, муттаҳидшавии иҷтимоӣ ва мавқеи шаҳрвандӣ имконот фароҳам меорад ва ғайра.

Ба гуфтаи Ҷамшед Қуддусов, амалисозии консепсияи “Шаҳри таълимгиранда” барои дастёбии Тоҷикистон ба Ҳадафҳои рушди устувори СММ мусоидат мекунад. Вай гуфт, дар шароити Тоҷикистон низ метавон, шаҳр, ноҳия ё муҳити таълимгиранда ташкил кард.

“Барои мисол, дар Тоҷикистон ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ баргузор мешаванд. Аммо чаро ярмаркаҳои ташкилотҳои таҳсилотӣ ва имкониятҳои омӯзишӣ ташкил накунем? Чунин ярмаркаҳо метавонанд, бештар барои фаро гирифтани аҳолӣ бо таҳсилоти гуногун мусоидат кунанд, дар навбати худ аҳолии бомаърифат заминаи хуб барои расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор мебошад”, – афзуд Қуддусов.

Қисмати дигари маърӯзаи вай ба Муассисаи давлатии “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон”-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ рабт дошт. Қуддусов гуфт, марказҳои мазкур дар бештари шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ташкил шудаанд, вале барои фарогирии бештари аҳолӣ теъдоди чунин марказҳоро бояд бештар кард.

“Ҳар кадом ноҳия ҳадди ақал 6-8 ҷамоат дорад. Аз ҷамоатҳо то маркази ноҳия омадан ҳам вақт мегирад, ҳам харҷ. Беҳтар аст, ки дар ҷамоатҳо марказҳои таълими калонсолон сохта шаванд. Мисоли хуби чунин таҷриба и рушди шабакаи Марказҳои таҳсилотии калонсолони маҳаллӣ (Community Learning Centers) мебошанд, ки консепсияи онро DVV International дар якчанд давлатҳо ҷорӣ карда истодааст ва дар Тоҷикистон, дар ҳамкорӣ бо марказҳои таълими калонсолон чор адад чунин марказ таъсис дода шудааст”- гуфт Қуддусов.

Дар ин нишаст Файзиддин Қурбонзода, сардори Раёсати таҳсилоти ибтидоии касбӣ, таълими калонсолон ва рушди хунармандии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ҶТ гуфт, ки аз пешниҳоди васеъ кардани шабакаи  марказҳои таълими калонсолон дар ҷамоатҳо, ҷонибдорӣ мекунад. Ба гуфтаи вай, дар вазорат дар бораи амалисозии чунин тарҳе ташаббусҳо рӯи даст гирифта шудаанд.

“Талошҳо ҳаст, ки дар ҷамоатҳо марказҳои омӯзишӣ бо 2-3 сифнхона барои таълими касбҳои зарурӣ сохта шаванд”, – афзуд Файзиддин Қурбонзода.

Манзура Ҷӯраева, роҳбари ҶДММ “Мултикид” гуфт, ки барои амалисозии муҳити таълимдиҳанда бояд намояндагони тиҷорат ҷалб карда шаванд.

“Агар сохторҳои тиҷоратӣ ҷалб шавад, ин пешниҳод дар муддати кутоҳтар амалӣ мешавад. Ҳукумат, бахши тиҷорат ва ҷомеа бояд бо ҳам кор кунанд. Ташкили ярмаркаҳои ташкилотҳои таҳсилотӣ ва имкониятҳои омӯзишӣ бахшест, ки дар он ҳукумат, тиҷорат ва ҷомеа баробар саҳм гиранд”, – гуфт Ҷӯраева.

Дар хотимаи нишаст пешниҳод шуд, ки консепсияи кишвари таълимгиранда коркард карда шавад. Ҳозирин гуфтанд, дар як нишаст, имкон надорад, ки ҳамаи масоили марбут ба ташкили кишвари таълимгирандаро баррасӣ кард, бино бар ин пешниҳод шуд, нишастҳои иловагӣ ташкил ва таҳияву такмили консепсияи кишвари таълимгиранда дар онҳо муҳокима гардад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь